1 . أَخْبَرَنا عَلِيُّ بْنُ إِسْماعِيلَ الدّامْغانِيُّ، قالَ: قُلْتُ لِلْمَنْصُورِ الْهاشِمِيِّ الْخُراسانِيِّ: إِنَّ لَهُمْ مُعامَلَةً يُسَمُّونَهَا التَّأمينَ وَ فِيها يَلْتَزِمُ الْمُؤَمِّنُ جَبْرَ خَسارَةٍ مُعَيَّنَةٍ إِذا حَصَلَتْ لِلْمُسْتَأمِنِ إِلَى أَجَلٍ مُسَمًّى فِي مُقابِلِ أَن يَدْفَعَ الْمُسْتَأمِنُ مالاً مُعَيَّناً، قالَ: هِيَ الْمَيْسِرُ بِعَيْنِهِ! قُلْتُ: لِماذا؟! قالَ: لِأَنَّها مُعامَلَةٌ عَلَى الصُّدْفَةِ!

Тарҷумаи гуфтор:

Алӣ ибни Исмоъили Домуғонӣ моро хабар дод, гуфт: Ба ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ гуфтам: Барои онон муъомилае аст ки онро бима меноманд ва дар он бима кунанда мултазим ба ҷуброни хасоротӣ муъайян дар сурати вуқуъи он барои бима шаванда дар муддате муъайян мешавад дар баробари инки бима шаванда моли муъайянеро ба ӯ бипардозад, фармуд: Ин айни қимор аст! Гуфтам: Барои чи? Фармуд: Барои инки муъомилае бар бунёди иттифоқ аст!

2 . أَخْبَرَنَا الْحَسَنُ بْنُ الْقاسِمِ الطِّهْرانيُّ، قالَ: قُلْتُ لِلْمَنْصُورِ: إِنَّ مِمّا أَنْعَمَ اللّهُ بِهِ عَلَيْنا مَعْرِفَتَكَ وَ الدُّخُولَ عَلَيْكَ لِتُعَلِّمَنا مَعالِمَ دِينِنا وَ تُوقِفَنا عَلَى حَلالِنا وَ حَرامِنا، فَأَخْبِرْني عَنِ التَّأمِينِ، فَإِنَّ الْفُقَهاءَ عِنْدَنا يَسْتَصْوِبُونَهُ وَ يَقُولُونَ إِنَّهُ مِنَ الْعُقُودِ، قالَ: كَلّا، إِنَّهُ مِنَ الْمَيْسِرِ! أَلا تَرَى أَنَّهُ مُعاوَضَةٌ عَلَى الْإِحْتِمالاتِ؟!

Тарҷумаи гуфтор:

Ҳасан ибни Қосими Теҳронӣ моро хабар дод, гуфт: Ба ҳазрати Мансур гуфтам: Яке аз неъматҳойе ки Худованд ба мо арзонӣ дошта, ошнойи бо шумо ва иртибот бо шумост то маъолими динамонро ба мо биёмӯзӣ ва моро аз ҳалол ва ҳаромамон огоҳ фармойи, пас моро аз бима хабар деҳ; Чароки фуқаҳои назди мо онро саҳиҳ мешуморанд ва мегӯянд ки он аз уқуд аст, фармуд: Чунин нест, он аз қимор аст! Оё намебинӣ ки он муъовизае бар асоси эҳтимолот аст?!

3 . أَخْبَرَنا ذاكِرُ بْنُ مَعْرُوفٍ الْخُراسانيُّ، قالَ: كُنْتُ عِنْدَ الْمَنْصُورِ فَسَأَلَهُ رَجُلٌ عَنِ التَّأمِينِ، فَقالَ: مَيْسِرٌ مَجْهُولٌ! فَحَزِنَ الرَّجُلُ حُزْناً شَدِيداً فَقالَ لَهُ الْمَنْصُورُ: أَلا لَوْ لا أَنِّي أُرِيدُ أَنْ أُزَكِّيَكَ لَما أَخْبَرْتُكَ بِهِ!

Тарҷумаи гуфтор:

Зокир ибни Маъруфи Хуросонӣ моро хабар дод, гуфт: Назди ҳазрати Мансур будам, пас марде аз он ҳазрат дар бораи бима пурсид, пас фармуд: Қиморӣ ношинохта аст! Пас мард бисёр андӯҳгин шуд, пас ҳазрати Мансур ба ӯ фармуд: Агар на ин буд ки ман мехоҳам туро покиза кунам туро аз он хабар намедодам!

Шарҳи гуфтор:

Барои хондани шарҳе бар ин гуфторҳои нуронӣ, ба пурсиш ва посухи 154 муроҷиъа кунед.