Панҷшанбе 18 Апрел 2024 мелодӣ / 9 Шаввол 1445 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
 Дарси ҷадид: Дарсҳое аз он ҷаноб дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад; Аҳодиси саҳиҳе аз Паёмбар дар ин бора; Ҳадиси 3. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Гуфтори ҷадид: Гуфторе аз он ҳазрат дар бораи инки фуру бурдани амдии сар дар об ҳаргоҳ сабаби расидани об ба гулӯ шавад, сабаби қазоъи рӯза аст. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Пурсиши ҷадид: Оё ақиқа кардан барои навзод, машрӯъ аст? Барои мутолеъаи посух, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед. Нақди ҷадид: Ман ба унвони касе ки даъвати ҷаноби Мансурро пазируфта ва мусаммам ба заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ аст, чигуна метавонам таколифи шаъии худам монанди намозу рӯза ва ҳаҷҷу закотро анҷом бидиҳам? Қабули даъвати ҷаноби Мансур сарфи назар аз инки барои зуҳури Маҳдӣ лозим аст, чи фойидае барои ман аз ҷиҳати амали ба таколифи шаръӣ дорад?! Барои мутолеъаи барраси, инҷоро клик кунед. Номаи ҷадид: Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он дар бораи шиддат гирифтани бало ҳушдор медиҳад ва иллати он ва роҳи пешгирӣ аз онро табйин мекунад. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Нуктаи ҷадид: Нуктаи «Як қадам монда ба субҳ» навиштаи «Илёс Ҳакимӣ» мунташир шуд. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед.
loading
Матни дарс
 
Тарҷумаи шарҳи форсии шайх Солеҳи Сабзаворӣ
Дарси чиҳилу дуввум
Мавзӯъ:

Ихтилофи мусалмонон (4)

(أعوذ بالله من الشیطان الرجیم

بسم الله الرحمن الرحیم

الحمد لله ربّ العالمین و صلّی الله علی محمّد و آله الطاهرین

Дар дарси қабли рӯшан шуд ки таъаллуқ ё адами таъаллуқ ба аҳли байти Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам, меҳвари аслии ихтилофи мусалмонон аз баъди он Ҳазрат то ба имрӯз ва эҳтимолан то рӯзи қиёмат будааст ва бо ин васф, ақли салим бо таваҷҷуҳ ба нусуси Қуръони карим ҳукм мекунад ки Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам бо он ҳама эҳтимоме ки ба ҳидоят ва саъодати умматаш дошта, нисбат ба чунин масъалаи хатир ва ҳассосе бетафовут ва хомӯш набуда бошад, балки дар бораи он рӯшангариҳои лозимро анҷом дода бошад. Ин дар ҳоле аст ки мутаъассифона бештари мусалмонон аз дер боз дучори ин таваҳҳуми номаъқул будаанд ки он Ҳазрат дар ин бора бетафовут ва хомӯш буда ва ба истилоҳ дар бораи ҳукумат баъд аз худ васияте накарда ва бо онки дар бораи масоъилӣ ба маротиб хурдтар ва камаҳмияттар аз ин изҳори назар фармуда, бидуни ҳеҷ изҳори назаре дар ин бора аз дунё рафта ва ба ин тартиб, уммати худро бо ҳазорон ибҳом ва ихтилофи хунин танҳо гузоштааст! Рӯшан аст ки ҳеҷ мусалмони мунсиф ва озодае чунин гумони бадеро ба Паёмбари худ намепазирад, ҳар чанд бисёр ройиҷ ва машҳур бошад; Чароки чунин гумони баде бо ақли солим ва бо Қуръони карим созгор нест.)

Қадри мусаллам (яъне миқдоре аз баҳс ки ҷо дорад бо илтизом ба ақли салим ва Қуръони карим, мавриди қабули ҳар мусалмонӣ воқеъӣ шавад) ин аст ки он Ҳазрат, бе ҳеҷ ибҳоме (чун бархӣ мепиндоранд ки он Ҳазрат чизҳое дар ин бора фармуда, вале сароҳати кофиро надорад ва мубҳам аст ва ба ҳамин далил, устозунал Мансур –ин мудофеъи Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам– таъкид дорад ки он Ҳазрат бе ҳеҷ ибҳоме), чигунагии (ташкил, интиқол ва идораи) ҳукумат баъд аз худ ва таъаллуқ ё адами таъаллуқи он ба аҳли байташ (ин суъоли аслии уматаш) ро табйин фармудааст (яъне қатъи назар аз инки он Ҳазрат ҳукумати баъд аз худро мутаъаллиқ ба аҳли байти худ ё мутаъаллиқ ба дигарон дониста, шакке нест ки таклифи онро маълум карда ва қабули ин воқеъият, қадами аввал аст ки мусалмонон бояд барои расидан ба тафоҳум бардоранд); Чароки ин мавзӯъ (яъне таъаллуқ ё адами таъаллуқи хилофат ба аҳли байти он ҳазрат), асл ва меҳвари ихтилофи асҳоби ӯ дар замони ҳаёташ (ба унвони намуна дар явмул хамис) ва баъд аз ӯ (ба унвони намуна дар Сақифаи банӣ Соъида) буд; Бо таваҷҷуҳ ба инки гурӯҳе аз асҳоби ӯ монанди Салмони (Форсӣ), Абузари (Ғиффорӣ), Миқдод (ибни Асвад), Аммор (ибни Ёсир) ва Зубайр (ибни Авом ки албатта баъдҳо тағйири мавзеъ дод ва низ Холид ибни Саъид ибни Ос ва Бурайдаи Асламӣ ва Убай ибни Каъб ва Хазимат ибни Собити зулшаҳодатайн ва Абулҳайсам ибни Тайҳон ва Саҳл ибни Ҳаниф ва Абу Аюби Ансорӣ ва Ҳузайфа ибни Ямон ва Қайс ибни Саъд ибни Убода ва Абдуллоҳ ибни Аббос ва бархӣ дигар), аҳли байти ӯро ба ҳукумат баъди ӯ аз дигарон (Ҳатто аз Абу Бакр, Умар ва Усмон) сазовортар медонистанд (ва ба ҳамин далил, дар оғоз ҳозир ба байъат бо Абу Бакр нашуданд ва дар хонаи Алӣ ва Фотима таҳассун карданд) ва гурӯҳӣ дигар аз асҳоби ӯ монанди Умар (ибни Хаттоб ки дар раъси ин гурӯҳ буд ва ба ҳамин далил, устозунал Мансур нахуст аз ӯ ном бурдааст), Абу Бакр (ибни Абӣ Қуҳофа), Абу Убайдаи (Ҷарроҳ) ва Солим (Мавло Абӣ Ҳузайфа ва бархӣ дигар), дар ин бора бо онон ҳамназар набуданд (устозунал Мансур назар ба аҳаммияти ин нукта, манобеъи дасти аввал ва мадорики мӯътабари бисёреро барои он дар ҳомиши китоб зикр фармудааст ки ҷои ҳеҷ шакке барои ҳеҷ мусалмони мунсиф ва озодае боқӣ намегузорад ва аз рӯӣ ин ҳақиқат парда бар медорад ки бар хилофи тасаввури бисёрӣ аз авом, дар бораи хилофти Абу Бакр иҷмоъе дар миёни саҳоба вуҷуд надошт, балки ниҳояти ду дастагӣ вуҷуд дошт ва дастае аз онон мӯътақид ба хилофати аҳли байти Паёмбар буданд)[1] ва ҳамин (ду дастагии саҳоба дар мавзеъи хилофат ё адами хилфати аҳли байти Паёмбар) асл ва меҳвари ду дастагии мусалмонон аз он ҳангом то кунун будааст. Аз инҷо дониста мешавад ки васияти Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам табъан ва билиҷбор (яъне ба ҳукми зарурат), маътуф ба ҳамин мавзӯъ ва дар ростои табйини он буда; Чароки вазифаи он Ҳазрат (ба иқтизои Паёмбариаш ва бино бар амри Худованд ба ӯ дар Қуръон), пешгирӣ аз ихтилофи миёни мусалмонон ва эҷоди имкон барои ҳалли он будааст (қатъи назар аз инки амалан ба сабаби итоъати онон ҳал бишавад ё ба сабаби исёни онон ҳал нашавад. Ин истидлоли устозунал Мансур як истедлоли ақлӣ аст; Бо ин тақрир ки аз илм ба вуҷуди мавзӯъ, илм ба вуҷуди ҳукм ҳосил мешавад; Бо таваҷҷуҳ ба инки бино бар қоъида, ҳеҷ мавзӯъе нест магар инки ҳукми он дар Қуръон ва суннат омадааст); Чунонки Худованд фармудааст: ﴿وَمَا أَنْزَلْنَا عَلَيْكَ الْكِتَابَ إِلَّا لِتُبَيِّنَ لَهُمُ الَّذِي اخْتَلَفُوا فِيهِ ۙ وَهُدًى وَرَحْمَةً لِقَوْمٍ يُؤْمِنُونَ;[2] «Ва китобро бар ту нозил накардем магар барои инки ҳар чи дар он ихтилоф кунандро барояшон табйин намоӣ ва ҳидоят ва раҳмате барои гурӯҳе бошад ки имон меоваранд»! (Ин ояи шарифа сариҳ дар он аст ки вазифаи табйини мавзӯъоти мавриди ихтилоф миёни мардум бар ӯҳдаи Паёмбар аст ва агар мо имон дорем ки он Ҳазрат ба ҳамаи вазифаи худ амал карда, бояд имон дошта бошем ки ба ин вазифаи худ низ амал карда ва таъаллуқ ё адами таъаллуқи хилофат ба аҳли байташро сариҳан табйин фармудааст.) Бар ин асос, рӯшан аст ки он Ҳазрат, бар хилофи пиндори бадгумонон ба ӯ (яъне аксари мусалмонон), ин вазифаи худро бо табйни чигунагии ҳукумат баъд аз худ ва таъаллуқ ё адами таъаллуқаш ба хонадонаш ки асл ва меҳвари ихтилофи умматаш буда, анҷом дода (аст ва бояд пазируфт ва изъон кард ки дар ин ҷое ҳеҷ баҳсе нест. Баҳсе агар бошад дар ин аст ки муҳтавои табйини Паёмбар чи буда ва он Ҳазрат билохира хилофатро мутаъаллиқ ба аҳли байташ дониста ё надонистааст; Яъне асли судури ин табйин аз он Ҳазрат мусаллам ва ғайри қобили тардид аст ва набояд мавриди ишкол ва муҷодилаи мусалмонон қарор гирад ва онон танҳо метавонанд бипурсанд ки он Ҳазрат чи назареро дар бораи ҷойгоҳи аҳли байташ пас аз худ эълом фармудааст? Ин суъоли баҷо ва бисёр муҳимме аст ки устозунал Мансур бо шуҷоъат ва сароҳат ва бо такя бар Қуръон ва суннати мутавотир ва мавриди қабули ҳамаи мазоҳиби Исломӣ эълом медорад ва аз маломати маломатгаре ҳам наметарсад. Эшон мефармояд:); Чунонки ба унвони намуна (чун мавориди дигаре ҳам ҳаст ва маҳдуд ба ҳамин як маврид нест), пеш аз даргузашти худ, дар мавотин ва ба анҳоъи мухталиф (масалан дар Тоъиф, Арафа ва Ғадири Хум ва бо алфозу ибороти гуногун) фармудааст: «أيّها النّاسُ إنّي أُوشَكُ أنْ أُدْعَى فأُجيبَ و إنّي مَسؤُولٌ و أنتُم مَسؤُولونَ فإنّي تارِكٌ فيكُمُ الثَّقَلَينِ خَليفَتَيْنِ كتابَ اللّهِ و عِتْرَتي أهلَ بَيتي إنْ تَمَسَّكْتُم بهما لَن تَضِلُّوا بَعدِي فانْظُرُوا كَيفَ تَخْلُفُوني فيهما و إنّهما لَن يَفْتَرِقا حتّى يَرِدا عليَّ الحَوضَ نَبّأني بذلكَ اللّطيفُ الخَبيرُ»; «Эй мардум! Ман наздик шудааст ки фаро хонда шавам пас иҷобат кунам (яъне аз дунё биравам), дар ҳоле ки ман масуълам ва шумо низ масъул ҳастед (яъне ман ба унвони Паёмбари шумо ва шумо ба унвони уммати ман, ҳар ду нисбат ба сарнавишти шумо масъул ҳастем ва ман масъулам ки иблоғ кунам ва шумо масъулед ки бипазиред ва амал кунед); Пас ман дар миёни шумо ду гаронмояе (ду чизи бисёр муҳим ва арзишманд) ро ба унвони халифа боқӣ мегузорам: (яъне бар хилофи тасаввури бадгумонон, ба фикри баъд аз худам ҳастам ва бидуни таъйини халифа аз миёни шумо намеравам) Китоби Худо ва итратам (яъне зуррияам) ки аҳли байтам (яъне хонадонам) ҳастанд, ҳаргоҳ (барои шинохти ҳақ) ба он ду тамассук ҷӯйед (ҳамон тавр ки дар замони ман, ба китоби Худо ва ба ман тамассук меҷӯйед) ҳаргиз пас аз ман гумроҳ нахоҳед шуд (ҳамон тавр ки дар замони ман гумроҳ намешудед), пас бингаред ки пас аз ман бо он ду чи мекунед (яъне ба тамассук ба он ду эҳтимом дошта бошед) ва он ду ҳаргиз аз ҳам ҷудо намшаванд (яъне бо ҳам таъоруз пайдо намекунанд) то он гоҳ ки назди ҳавз бар ман ворид шаванд, Борикбини огоҳ (яъне Худованди баландмартаба) манро ба ин хабар додааст»! Ин ҳадис бисёр муҳим ва бунёдин ки (ошкор дар наздикии даргузашти Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам –яъне ҳамон замоне ки лозим буд– содир шуда ва сарнавишти уммати Ислом баъд аз он Ҳазратро ба беҳтарин ваҷҳи мумкин таъйин карда ва ҳамаи алфоз ва ибороташ дар камоли итқон ва вузуҳ аст) ба «Ҳадиси сақалайн» маъруф аст ва бар вуҷуби тамассук ба итрат (яъне зуррия) ва аҳли байти (яъне хонадони) он Ҳазрат дар канори Қуръон (ба унвони мубаййини он бо таваҷҷуҳ ба ибороти «كتابَ اللّهِ و عِتْرَتي أهلَ بَيتي» ва замоъири мусанно дар ҳамаи маворид) ва хилофат (бо таваҷҷуҳ ба иборати «فإنّي تارِكٌ فيكُمُ» ва лафзи «خَليفَتَيْنِ») ва табъан ҳокимияти онон баъди он Ҳазрат (ки натиҷаи қаҳрӣ ва лозимаи хилофати онон барои он Ҳазрат аст) аз ҷониби Худованд (бо таваҷҷуҳ ба ибороти «Борикбини огоҳ манро ба ин хабар додааст»), далолат дорад, бо мазомини мушобе (ва алфози мутафовит), тавассути беш аз си тан аз асҳоби он Ҳазрат (ки устозунал Мансур ба понздаҳ тан аз бузургони онон ишора фармуда), монанди Салмони Форсӣ[3], Абузари Ғиффорӣ[4], Абу Саъиди Худрӣ[5], Зайд ибни Арқам[6], Ҷобир ибни Абдуллоҳи Ансорӣ[7], Ҳузайфа ибни Усайд[8], Зайд ибни Собит[9], Абдурраҳмон ибни Авф[10], Саъд ибни Абӣ Ваққос[11], Ҷубайр ибни Мутъим[12], Умми Салама[13], Абу Рофеъ[14], Абу Ҳурайра[15], Замура[16], Абдуллоҳ ибни Ҳантаб[17] ва дигарон,[18] барои даҳо тан аз тобиъон (ки устозунал Мансур ба даҳ тан аз машоҳири онон ишора фармуда) монанди Мусъаб ибни Абдурраҳмон (д.64қ),[19] Муслим ибни Сабиҳ (д.100қ),[20] Умар ибни Муслим (д.101қ),[21] Омир ибни Восилаҳ (д.110қ),[22] Атият ибни Саъд (д.111қ),[23] Ҳабиб ибни абӣ Собит (д.119қ),[24] Қосим ибни Ҳассон,[25] Ҳасин ибни Сабураҳ,[26] Язид ибни Ҳаён,[27] Алӣ ибни Рабияъ[28] ва дигарон, барои шумори фаровоне аз атбоъи тобиъон (ки номҳои бархӣ аз онон дар силсилаи асноди ин ҳадис омада), барои аъозими мусалмонон ки дар миёни онон машоҳире чун Сулаймон ибни Меҳрон (Аъмаш) (д.148қ), Заҳир ибни Ҳарб (д.234қ), Абу Бакр ибни абӣ Шайбаҳ (д.235қ), Исҳоқ ибни Роҳувей (д.238қ), Аҳмад ибни Ҳанбал (д.241қ), Сӯфиён ибни Вакиъ (д.247қ), Абдуллоҳ Дорамӣ (д.255қ)[29] (ки ҳамагӣ аз аъиммаи ҳадис дар миёни аҳли суннат ва ҷамоъат ҳастанд) ва низ соҳибони сиҳоҳи (ситтаи) мӯътамид (яъне мавриди вусуқ ва эътимод) дар миёни мусалмонон, монанди Муслим (д.261қ), Тирмизӣ (д.279қ) ва Насоъӣ (д.303қ), дида мешаванд, ривоят шудааст ва бисёрӣ аз аъиммаи ҳадис (дар миёни аҳли суннат ва ҷамоъат) монанди Табарӣ (д.310қ), Маҳомилӣ (д.330қ), Ҳоким (д.405қ), Заҳабӣ (д.748қ), Ибни Касир (д.774қ), Ҳейсамӣ, (д.807қ), Суютӣ (д.911қ), Мановӣ (д.1031қ) ва муъосироне монанди Албонӣ (ки дидгоҳҳои риҷолӣ ва ҳадисшиносонаш мавриди эътино ва қабули олимони ҷаҳони Ислом аст) (д.1420қ)[30], ба сиҳҳати он тасриҳ кардаанд, балки аз бархишон иҷмоъ бар сиҳҳати он нақл шуда (ба ин маъно ки мухолифе барои сиҳҳати он шинохта нест)[31] ва бо ин авсоф, сиҳҳати он (монанди сиҳҳати ахбори воҳид аз занниёт нест, балки) аз яқиниёт аст; Зеро аз як сӯ дар мувофиқати комил бо ҳукми ақл ба зарурати насби ҳокимоне аз ҷониби Худованд ва муъаллимоне барои кулли Ислом пас аз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам аст (ки дар мабҳаси «Имкони иқомаи кулли Ислом» аз бахши «Зарурат ва имкони бозгашт ба Ислом» исбот шуд), дар ҳоле ки ҷойгузине барои он аз он Ҳазрат ривоят нашуда (яъне ақлан лозим аст ки ҳадисе дар ин бора аз он Ҳазрат ривоят шуда бошад, вале амалан ҳадисе ҷуз ин аз он Ҳазрат ривоят нашуда) ва дар сурати адами сиҳҳати он, адами насби (ҳоким аз ҷониби Худованд) ва интифоъи ҳукумати Худованд лозим меояд ки муҳол аст (ва табъан вақте лозим муҳол аст, малзум ҳам муҳол аст ва бо ин васф, чорае ҷуз саҳиҳ донистани ин ҳадис нест) ва аз сӯӣ дигар, ровиёни он дар ҳар табақа (яъне ҳар насл) ба теъдоде ҳастанд ки табонии онон бар кизб (яъне ҷаъли ин ҳадис ё ғалат дар он) муҳол аст (зеро ин ҳама саҳобӣ ва тобеъӣ ва тобеъи тобеъӣ ва фақиҳ ва муҳаддис ки бархишон ҷудо аз бархӣ дигар ва чи басо мухолифи якдигар будаанд, ба сурати яксон дурӯғ ё ғалатеро муртакиб намешаванд) ва ин далолатӣ ақлӣ бар судури он аз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам дорад (бо таваҷҷуҳ ба инки мутавотирот аз ҷумлаи яқиниёти ақлӣ ҳастанд ва ҳуҷҷати онҳо зарурӣ ва мусаллам аст). Бо ин васф, моро бо касоне (аз мутаъассибони газзофагӯй ва беинсоф) ки (эҳёнан) дар судури он аз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам тардид мекунанд, муҷодилае нест (яъне баъд аз исботи тавотури ин ҳадис, дигар бо тардид кунандагон дар судури он аз Паёмбар баҳсе надорем); Зеро бештари онон аз касоне ҳастанд ки ба ҳуҷҷати ақл эътиқоде надоранд (ва танҳо дар пайи дифоъ аз мазоҳиби худ аз тариқи таҳаккум ва сафсата ҳастанд) ва муҷодила бо чунин касоне, монанди муҷодила бо баҳоъим (яъне чаҳорпоён) аст! (Рӯшан аст ки ҳеҷ инсони оқиле бо чаҳорпоён муҷодила намекунад; Чароки бефоида аст. Бархӣ аз ин ﴿أُولَئِكَ كَالْأَنْعَامِ بَلْ هُمْ أَضَلُّ касоне ҳастнад ки бидуни таваҷҷуҳ ба тавотури ин ҳадис ва вуруди он дар сиҳоҳ ва масониди мӯътабар мегӯянд Паёмбар нафармудааст: «Китобаллоҳ ва итратӣ аҳли байтӣ», балки фармудааст: «Китобаллоҳ ва суннатӣ»! Дар ҳоле ки «Китобаллоҳ ва суннатӣ» як ривояти бисёр заъиф ва ғариб аст ки дар ҳеҷ як аз сиҳоҳ ва масониди мӯътабар наёмада, балки танҳо Молик ибни Анас ба сурати мурсал яъне бидуни санад дар китоби Ал-Муватаи худ оварда ва шоҳиди он яке ривоёти Ҳоким дар Ал-Мустадрак [ҷ1, с93] аз тариқи Исмоъил ибни Абӣ Увайс хоҳарзодаи Молик аст ки риҷолшиносоне монанди Яҳё ибни Маъин, Насоъӣ ва дигарон ӯ ва падарашро заъиф, балки каззоб ва дузди аҳодис ва ҷоъили онҳо донистаанд ва дигарӣ ривоёти Ҳоким дар Ал-Мустадрак [ҷ1, с93] аз тариқи Солеҳ ибни Мӯсои Талҳӣ аст ки риҷолшиносоне монанди Яҳё ибни Маъин, Ҷаузҷонӣ, Абӣ Ҳотам, Бухорӣ, Насоъӣ ва дигарон ӯро бисёр заъиф ва мункарул ҳадис ва матрукул ҳадис донистаанд ва дигарӣ ривояти Ибни Абдулбир дар Ал-Тамҳид [ҷ24, с331] аз тариқи Касир ибни Абдуллоҳ аст ки риҷолшиносоне монанди Яҳё ибни Маънин, Ибни Ҳанбал, Абу Довуд ва дигарон ӯро бисёр заъиф, балки аз каззобон ва ҷоъилони ҳадис донистаанд ва худи Ибни Абдулбир ки аз ӯ ривоят карда низ гуфтааст ки ҳамагон бар заъфи ӯ иҷмоъ доранд ва дигарӣ ривояти Қозӣ Аёз дар Ал-Илмоъ аз тариқи Сайф ибни Умар аст ки аз каззобон ва ҷоъилони машҳур аст ва бархӣ ӯро ба зиндиқа муттаҳам кардаанд ва бо ин васф, возеҳ аст ки ривоёти «Китобаллоҳ ва суннатӣ» ривоятӣ ҷаълӣ ва ботил аст ки бархӣ навосиби мунҳариф дар баробари ривояти мутавотир ва машҳури «Китобаллоҳ ва итратӣ аҳли байтӣ» сохтаанд, ғофил аз онки агар ин ривояти ҷаълӣ ва ботил, саҳиҳ ҳам бошад ҳеҷ таъорузе бо ривояти «Китобаллоҳ ва итратӣ аҳли байти» надорад; Чароки итрат ва аҳли байти Паёмбар табйин кунандагони суннати он Ҳазрат ҳастанд ва амри ба тамассук ба онон ба эътибори тамассуки онон ба суннати он Ҳазрат аст. Инно Лиллоҳ ва инно илайҳи роҷиъун. Ба ростӣ чаро бархӣ мусалмонон вақте бо ҳадисӣ мутавотир ва қатъӣ аз Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам рӯ ба рӯ мешаванд ки бо мазҳабашон созугор нест, ба ҷои инки мазҳабашонро ислоҳ кунанд, ба тардид дар ҳадиси мутавотир ва қатъӣ ё таъвили он рӯй меоварнад?! Магар инҳо худро «Аҳли суннат» наменоманд?! Пас чаро ба ҷои «Суннат», аз мазҳаби худ табаъият мекунанд?! Бо ин васф, оё беҳтар набуд ки худро «Аҳли мазҳаб» меномиданд, на «Аҳли суннат»?! Магар онки манзурашон аз «Суннат», суннати имомони мазоҳиб бошад, на суннати Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам! Аз инҷо дониста мешавад аҳли суннати воқеъӣ касоне ҳастанд ки ба китоби Худо ва итрати Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам тамассук меҷӯянд, на касоне ки ба китоби Худо ва Абу Ҳанифа ё китоби Худо ва Молик ибни Анас ё китоби Худо ва Шофеъӣ ё китоби Худо ва Ибни Ҳанбал ё китоби Худо ва Ибни Таймия тамассук меҷӯянд; Чароки ҳар чанд ҳамаи ин имомони мазоҳиб олим ва мӯҳтарам буданд, вале суннати Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам, вуҷуби тамассук ба китоби Худо ва итрати Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам аст, на тамассук ба китоби Худо ва ин олимони мӯҳтарам. Бо ин васф, ман таъаҷҷуб мекунам аз касоне ки ба суннати Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам дар бораи баланд кардани риш ва кӯтоҳ кардани сибил ва истифода аз чӯби мисвок ва муқаддам доштани пои чап дар вуруд ба ҳоҷатхона ва пои рост дар хуруҷи аз он ва монанди инҳо, бисёр аҳмият доранд, вале суннати мутавотир ва қатъии он Ҳазрат дар бораи мавзӯъи ҳаётӣ ва бунёдине монанди зарурати тамассук ба китоби Худо ва итрати Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва салламро ба ҳеҷ меингоранд ва зери по мегузоранд ва ҳатто бидъат мешуморанд!!! Ин аҳли бидъат гумон мекунанд ки аҳли суннат будан ба ном аст ё ҳар кас мӯътақид ба хилофати чаҳор халифа ва марҷеъияти яке аз чаҳор имом яъне Абу Ҳанафа, Молик, Шофеъӣ ва Ибни Ҳанбал бошад, аҳли суннат мешаванд ва ҳар кас мӯътақид ба хилофати дувоздаҳ халифа ва марҷаъияти итрат ва аҳли байти Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам бошад, аҳли бидъат мешавад! Дар ҳоле ки вақте ба дур аз мавонеъи шинохт ва беэътино ба бозиҳои мазҳабӣ, ба китоби Худо ва суннати мутавотир ва қатъии Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам дар рӯшанойии ақли салим муроҷиъа мекунем, мебинем ки ҳақиқат бар акс аст ва эътиқод ба хилофати чаҳор халифа ва марҷаъияти яке аз чаҳор имом, ҳеҷ асле дар Ислом надорад ва бидъатӣ ошкор аст, ба ин маъно ки ба эътирофи худи инон, бидуни нассе аз ҷониби Худо ва пас аз даргузашти Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ҳодис шуда, вале эътиқод ба хилофати дувоздаҳ халифа ва марҷаъияти итрат ва аҳли байти Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам мубтанӣ бар китоби Худо ва суннати мутавотир ва қатъии Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам аст ки инон худ онро дар сиҳоҳ ва масониди худ мебинанд ва нодида мегиранд! Инҷост ка бояд ба Худо паноҳ бибарем аз ҷаҳл, тқлид, аҳвоъи нафсонӣ, таъассуб ва такаббур ки Исломро баракс карда, то ҳадде ки суннатро бидъат ва бидъатро суннат ҷилва додааст! Вале аз ин аҷибтар он аст ки бархӣ шайтонҳо ба мо мегӯянд: Ин ҳарфро назанед; Чароки ин ҳарфи шиъаён аст ва онҳоро хушҳол мекунад! Охир эй аҳмақҳо! Ба мо чи марбут аст ки ин ҳарфи чи касе аст ва чи касеро хушҳол мекунад?! Худо ба кори бандагонаш огоҳтар аст ва ҳар касеро ба натиҷаи амалаи хуб ва бадаш мерасонад. Мо тобеъи китоби Худо ва суннати мутавотир ва қатъии Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ҳастем ва коре ба шиъа ва сунниаш надорем! Мо тобеъи далил ҳастем, на тобеъи мазоҳиб! Далил дар ҳар мавзӯъе бо ҳар касе буд, мо дар он мавзӯъ бо он кас ҳастем; Хоҳ шиъа бошад ва хоҳ суннӣ! Далил ки шиъа ва суннӣ надорад! Мо таслими Худо ва Паёмбараш ҳастем ва аҳмияте намедиҳем ки моро шиъа бидонанд ё суннӣ! Бал агар моро кофир ва мушрик ҳам бидонанд ки иттифонақ меноманд, мо сар аз фармони Худо ва Паёмбараш намепечем! Баҳадулиллоҳ мо аҳмақ нестем ки охирати худро бар сари ин бозиҳои мазҳабӣ бигзорем ва ба хотири лаҷоҷат ё адоват бо як гурӯҳ, худамонро ҳалок кунем! Мо тобеъи ҳақ ҳастем; Ҳоло ҳар кас аз тобеъи ҳақ будани мо хушҳол мешавад хушҳол бошад ва ҳар кас аз тобеъи ҳақ будани мо нороҳат мешавад нороҳат бошад, балки аз нороҳатӣ диқ кунад ва бимирад! Магар дин ҷои ин қабил мулоҳизоти мазҳабӣ аст?! Магар оташ бо касе таъоруф ё рӯдарбостӣ дорад?! Агар шиъаро ҳам дар он бияндозанд месӯзонад ва агар сунниро ҳам дар он бияндозанд месӯзонад! Лизо шумо моро бо ин музахрафоти худ фиреб надиҳед ки мегӯйед ин ҳарфи шиъаён аст ва онҳоро хушҳол мекунад! Вонгаҳе куҷо онҳоро хушҳол кардааст?! Феълан ки бузургтарин душманони устозунал Мансур аз ҳамин шиъаён ҳастанд ва он қадар ки инҳо бо ин бузургвор душманӣ мекунанд, дигарон намекунанд! Шумо бубинед дар Эрон ҷиҳо карданд бар зидди ин валии Худо! Чи андоза матолиби кизб навиштанд бар зидди эшон ва тавҳин ва ифтиро мунташир карданд! Чи андоза тариқи иртиботии эшон бо мардумро маҳдуд ва масдуд карданд ва чи андоза ёрон ва дӯстдорони эшонро гирифтанд ва ба банд кашиданд! Оё инҳо ки чунин корҳое карданд, аҳли суннат буданд?! На, балки ба истилоҳ шиъаён буданд! Пас ин иддаъо ки мавзеъи мо шиъаёнро хушҳол мекунад, бар хилофи воқеъияти маҳсус ва берунӣ аст. Иллаташ ҳам он аст ки шиъаёни кунунӣ ҳеҷ пайванди қобили таваҷҷуҳе бо итрат ва аҳли байти Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам надоранд ва то ҳадди зиёде аз ақойид ва аъмоли онон бегонаанд. Инҳо агар ба ростӣ шиъаи итрат ва аҳли байт буданд бо даъват кунандаи ба сӯӣ онон ин гуна бархурд намекарданд! Инҳо шиъаи фуқаҳо ва мароҷеъи худ ҳастанд на шиъаи итрат ва аҳли байт; Ҳамон тавр ки дигарон шиъаи Абу Ҳанифа, Молик, Шофеъӣ, Ибни Ҳанбал ва Ибни Таймия ҳастанд ва бо ин васф, фарқе миёни шиъа ва суннӣ нест! Ба ҳар ҳол, ҳамон тавр ки касе бо ном аҳли суннат намешавад, бо ном шиъа ҳам намешавад; Чунонки устозунал Мансур хитоб ба ҳар ду фармудааст: «أَخَذْتُمُ الْأسامي و تَرَکْتُمُ الْمَعاني»; «Асомиро гирифтаед ва маъониро во гузоштаед» [Гуфтори 38]! Лизо инсоф он аст ки зуҳури устозунал Мансур нифоқи ҳар ду гурӯҳро ошкор карда ва нифоқи ин шиъаёни дуруғинро ҳам ошкор кардааст. Шумо бубинед аз миёни ин ҳама муддаъии ташаюъи итрат ва аҳли байт, чанд нафар даъвати Мансур ба сӯӣ Маҳдиро иҷобат кардаанд ва ба ӯ пайвастаанд?! Бештари онон мисли кабк сари худро дар барф фуру бурдаанд ва фарёдҳои ин даъват кунандаи ба сӯӣ Маҳдиро нашунида мегиранд ва бисёришон низ тамоми қад дар баробари ӯ истодаанд ва аз ҳеҷ зулм ва иноде нисбат ба ӯ худдорӣ намекунанд! Ин шаёдҳои дағалбоз агар дар иддаъои худ содиқ буданд, ҳамакнун Маҳдӣ зоҳир буд, вале аксари инҳо дурӯғ мегӯянд ва бо номи итрат ва аҳли байти Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам, якдигарро мечопанд ва саргарм мекунанд! Имрӯз итрат ва аҳли байти Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам, асбоби саргармӣ ва равнақи касб ва кори ин шиъаён шудаанд! Шиъаи итрат ва аҳли байти Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам, Салмон ва Абу Зар ва Имрон ва Миқдод буданд, на ин бадбахтҳои гумроҳ ки ҳеҷ чизашон ба итрат ва аҳли байти Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам намемонад! Ҳоло ба фарз ки ин тоъифа хушҳол ҳам бишаванд! Оё барои инки инҳо хушҳол нашаванд, мо по бар рӯӣ суннати мутавотир ва қатъии Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам бигзорем ва ба ҷаҳаннам биравем?! Ин дигар чи истидлоли аҳмақонае аст?! Возеҳ аст ки ақли салим чунин чизеро иҷоза намедиҳад ва Қуръони карим ҳам аз он наҳй мекунад ва мефармояд: ﴿يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا كُونُوا قَوَّامِينَ لِلَّهِ شُهَدَاءَ بِالْقِسْطِ ۖ وَلَا يَجْرِمَنَّكُمْ شَنَآنُ قَوْمٍ عَلَى أَلَّا تَعْدِلُوا ۚ اعْدِلُوا هُوَ أَقْرَبُ لِلتَّقْوَى ۖ وَاتَّقُوا اللَّهَ ۚ إِنَّ اللَّهَ خَبِيرٌ بِمَا تَعْمَلُونَ [Нисоъ/ 135]; «Эй касоне ки имон овардед! Қиём кунандагони барои Худованд ба адолат бошед ва душманӣ бо гурӯҳе шуморо накашонад ба инки адолат наварзед, адолат варзед ки он ба тақво наздиктар аст ва аз Худованд битарсед ки Худованд ба ҳар чи мекунед огоҳ аст». Лизо мо бояд бидуни эътино ба хушоянд ва бадоянди ин мазҳаб ва он мазҳаб, аз Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам табаъият кунем ва ба итрати ва аҳли байташ дар канори китоби Худо, мутамассик шавем то мутобиқ бо ваъдаи он Ҳазрат ҳидоят ёбем ва гумроҳ нашавем.

Идомаи даср бошад барои ҷаласи баъд Ин Шоъ Аллоҳ.

و السّلام عليکم و رحمت الله)

↑[1] . Барои ошноӣ бештар бо ин ду гурӯҳ, нигоҳ кун ба: Абдурраззоқ, Ал-Мусаннаф, ҷ5, с439, 446, 447 ва 472; Ибни абӣ Шейбаҳ, Ал-Мусаннаф, ҷ7, с615 Саҳеҳул Бухорӣ, ҷ8, с25, 26 ва 27; Ибни Қутайбаҳ, Ал-Имомату вал сиёсаҳ, ҷ1, с16 то 20; Торихул Табарӣ, ҷ2, с443 ва 446; Торихул Яъқубӣ, ҷ2, с124; Ҷавҳарӣ, Аҳмад ибни Абдулазиз, Ал-Сақифа, с37 ба баъд, Ибни Абдулбир, Ал-Истеъоб, ҷ3, с974 ва 975; Ибни Асир, Ал-Комил фий торих, ҷ2, с325 ва 331; Абулфадоъ, Ал-Мухтасару фий ахборил башар, ҷ1, с156; Заҳабӣ, Тарихул Ислом, ҷ3, с5 ва 6.
↑[2] . Наҳл/ 64.
↑[3] . Ибни Уқда, Ал-Вилояҳ, с194.
↑[4] . Ибни Уқда, Ал-Вилояҳ, с193; Сунанул Тирмизӣ, ҷ5, с327.
↑[5] . Ибни Саъд, Ал-Табақотул кубро, ҷ2, с194; Муснади ибни Ҷаъд, с397; Муснади Аҳмад, ҷ3, с14, 17 ва 59; Ибни абӣ Осим, Китобул суннаҳ, с629; Муснади абӣ Яъло, ҷ2, с297.
↑[6] . Муснади Аҳмад, ҷ4, с366; Сунанул Дорамӣ, ҷ2, с431; Саҳеҳул Муслим, ҷ7, с122; Нисоӣ, Фазоилул саҳоба, с15; Ҳаму, Хасоъису амирул муъминин, с93; Саҳеҳ ибни Хузайма, ҷ4, с63.
↑[7] . Сунанул Тирмизӣ, ҷ5, с327; Табаронӣ, Ал-Мӯъҷамул авсат, ҷ5, с89.
↑[8] . Ибни Мухаллад, Мо рувия фил ҳавзи вал кавсар, с88; Сунанул Тирмизӣ, ҷ5, с327; Табаронӣ, Ал-Мӯъҷамул кабир, ҷ3, с67 ва 180; Ҳейсамӣ, Маҷмаъуз-завоъид, ҷ10, с363; Ибни Асокир, Ториху Мадинату Димишқ, ҷ42, с219.
↑[9] . Ибни абӣ Шейба, Ал-Мусаннаф, ҷ7, с418; Ал-Мунтахаб мин муснади абд ибни Ҳамид, с108; Ибни Мухаллад, Мо рувия фил ҳавзи вал кавсар, с137; Муснади Аҳмад, ҷ5, с182 ва 189; Ҳейсамӣ, Маҷмаъуз-завоъид, ҷ1, с170.
↑[10] . Ибни абӣ Шейба, Ал-Мусннаф, ҷ7, с498; Муснади абӣ Яъло, ҷ2, с165; Ҳокими Нешобурӣ, Ал-Мустадрак, ҷ2, с120; Ҳайсами, Маҷмаъуз-завоъид, ҷ9, с163.
↑[11] . Торихул Яъқубӣ, ҷ2, с109 дар зимни ривояти Хутбатул Видоъ.
↑[12] . Ибни абӣ Осим, Китобул сунна, с613.
↑[13] . Ибни Уқда, Ал-Вилояҳ, с244.
↑[14] . Ҳамон, с224.
↑[15] . Ибни Уқда, Ал-Вилояҳ, с206; Ҳейсамӣ, Маҷмаъуз-завоъид, ҷ9, с163.
↑[16] . Ибни Уқда, Ал-Вилояҳ, с227.
↑[17] . Ҳейсамӣ, Маҷмаъуз-завоъид, ҷ5, с195; Ибни Асийр, Усадул ғобаҳ, ҷ3, с147.
↑[18] . Нигоҳ кун ба: Ибни Уқда, Ал-Вилояҳ, с196 ва 197 ва 245.
↑[19] . Ҳокими Нешобурӣ, Ал-Мусталдрак, ҷ2, с120.
↑[20] . Ҳамон, ҷ3, с148.
↑[21] . Муснади Аҳмад, ҷ4, с366; Саҳеҳ Муслим, ҷ7, с122.
↑[22] . Нисоӣ, Фазоъилул саҳоба, с15; Ҳаму, Ал-Сунанул кубро, ҷ5, с45; Ҳокими Нешобурӣ, Ал-Мустадрак, ҷ3, с109; Ибни Асокир, Торихул Мадинату Димишқ, ҷ42, с216. Албатта бархӣ ӯро аз саҳоба шумурдаанд (Нигоҳ кун ба: Ибни Саъд, Ал-Табақатул Кубро, ҷ6, с64).
↑[23] . Муснади Аҳмад, ҷ3, с14 ва 17.
↑[24] . Сунанул Тирмизӣ, ҷ5, с328.
↑[25] . Муснади Аҳмад, ҷ5, с181 ва 189.
↑[26] . Муснади Аҳмад, ҷ4, с366; Саҳеҳ Муслим, ҷ7, с122.
↑[27] . Муснади Аҳмад, ҷ5, с182; Сунанул Дорамӣ, ҷ2, с431, Нисоӣ, Фазоилул саҳоба, с22.
↑[28] . Табаронӣ, Ал-Мӯъҷаматул Кабир, ҷ5, с186.
↑[29] . Нигоҳ кун ба: Арбоби манобеъӣ мазкур дар боло ва шуюхашон.
↑[30] . Албонӣ, саҳеҳ сунанул Тирмизӣ, ҷ3, с543 ва 544; Ҳаму, Зилолул ҷаннат фий тахриҷи сунна, с337.
↑[31] . Барои огоҳии бештар дар ин бора, руҷӯъ кун ба: Вашнавӣ, Ҳадисул сақалайн, шарҳи Муҳаммад Воиззодаи Хуросонӣ, Ал-Мӯъҷамул олами литтақриби байнал мазоҳибул Исломия.
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок гузоред, то ба густариши илм ва маърифати динӣ кӯмак кунед. Шукронаи ёд гирифтани як нуктаи ҷадид, ёд додани он ба дигарон аст.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Метавонед ин матлабро ба забонҳои зер низ мутолеъа кунед:
Агар бо забони дигаре ошнойи доред, метавонед ин матлабро ба он тарҷума кунед. [Форми тарҷума]
Барои шунидани савти дарси чиҳилу дуввум инҷоро клик кунед.