Шанбе 20 Апрел 2024 мелодӣ / 11 Шаввол 1445 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
 Дарси ҷадид: Дарсҳое аз он ҷаноб дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад; Аҳодиси саҳиҳе аз Паёмбар дар ин бора; Ҳадиси 3. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Гуфтори ҷадид: Гуфторе аз он ҳазрат дар бораи инки фуру бурдани амдии сар дар об ҳаргоҳ сабаби расидани об ба гулӯ шавад, сабаби қазоъи рӯза аст. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Пурсиши ҷадид: Оё ақиқа кардан барои навзод, машрӯъ аст? Барои мутолеъаи посух, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед. Нақди ҷадид: Ман ба унвони касе ки даъвати ҷаноби Мансурро пазируфта ва мусаммам ба заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ аст, чигуна метавонам таколифи шаъии худам монанди намозу рӯза ва ҳаҷҷу закотро анҷом бидиҳам? Қабули даъвати ҷаноби Мансур сарфи назар аз инки барои зуҳури Маҳдӣ лозим аст, чи фойидае барои ман аз ҷиҳати амали ба таколифи шаръӣ дорад?! Барои мутолеъаи барраси, инҷоро клик кунед. Номаи ҷадид: Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он дар бораи шиддат гирифтани бало ҳушдор медиҳад ва иллати он ва роҳи пешгирӣ аз онро табйин мекунад. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Нуктаи ҷадид: Нуктаи «Як қадам монда ба субҳ» навиштаи «Илёс Ҳакимӣ» мунташир шуд. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед.
loading
Матни дарс
 
Тарҷумаи шарҳи форсии шайх Солеҳи Сабзаворӣ
Дарси бисту нуҳум
Мавзӯъ:

Мавонеъи шинохт; Такаббур (1)

(أعوذ بالله من الشیطان الرجیم

بسم الله الرحمن الرحیم

الحمد لله ربّ العالمین و صلّی الله علی محمّد و آله الطاهرین

Дар сайр ва сулуки худ барои ошноӣ бо мавонеъи бузурги шинохт, ба «Такаббур» мерасем ки нақши бисёр кӯҳна ва муҳимме дар суқути инсон ва бадбахтии ӯ доштааст; Зеро чизе ки иблисро ба сарпечи аз фармони Худованд ва душманӣ бо инсон то ҳадди иғво ва излоли ӯ водошт, такаббур буд; Бо таваҷҷуҳ ба инки вақте Худованд аз ӯ хост то дар баробари Одам саҷда кунад, ӯ худро аз вай бартар шумурд ва гуфт: ﴿أَنَا خَيْرٌ مِنْهُ خَلَقْتَنِي مِنْ نَارٍ وَخَلَقْتَهُ مِنْ طِينٍ [Аъроф/ 12]; «Гуфт ман аз ӯ бартарам манро аз оташ офаридӣ ва ӯро аз гил офаридӣ». Лизо Худованд бар ӯ ғазаб кард ва фармуд: ﴿فَاهْبِطْ مِنْهَا فَمَا يَكُونُ لَكَ أَنْ تَتَكَبَّرَ فِيهَا فَاخْرُجْ إِنَّكَ مِنَ الصَّاغِرِينَ [Аъроф/13]; «Фуруд ой аз он ки туро намерасад ки дар он такаббур кунӣ, пас берун шав ки ту аз фурумоягонӣ» ва ин сабаби кинатузии ӯ бо фарзандои Одам ва табъан бадбахтӣ ва гумроҳии онон буд. Бо ин ҳисоб, такаббурро бояд хислати шайтонӣ ва аз шумтарин мавонеъи шинохт донист ки мутаъассифона ҳанӯз нақши худашро дар бадбахтӣ ва гумроҳии одамиён ийфо мекунад. Бар ин асос, устозунал Мансур дар бораи ин монеъи хатарнок ҳушдор медиҳад ва таҳти унвони)

6. Такаббур

(мефармояд:) Яке дигар аз мавонеъи шинохт, «Такаббур» ба маъноӣ худбузург пиндорӣ аст ки (танҳо барои Худованд саҳиҳ аст; Чун танҳо Ӯст ки воқеъан бузург аст ва ҳеҷ нуқсоне надорад ва дигарон ҳама кам ё беш хурдтаранд ва такаббур дар онҳо як таваҳҳум ба маъноӣ бузургтар пиндоштани худ аз чизе ки воқеъан ҳастанд аст ки) дар бениёз пиндоштани худ аз шинохти ҳақ намуд меёбад (яъне такаббур сабаб мешавад ки мутакаббир худашро аз шинохти ҳақ бениёз бидонад ва ба худаш ё дигарон бигӯяд ки ман худам ҳама чизро медонам ва ниёзе ба донистани чизе надорам ва касе наметавонад ба ман чизе биёмӯзад) ва (ин таваҳҳуме аст ки) ба саркашӣ аз қабули он (яъне қабули ҳақ) меанҷомад; Чунонки Худованд (дар бораи ин паёмади такаббур) фармудааст: ﴿كَلَّا إِنَّ الْإِنْسَانَ لَيَطْغَىٰ؛ أَنْ رَآهُ اسْتَغْنَىٰ;[1] «Чунин нест, ҳароина инсон саркашӣ мекунад; Чун бинад ки бениёз шудааст»! Зеро касе ки худро бузургтар аз чизе ки (воқеъан) ҳаст мепиндорад, (як эҳсоси истиғноъи козиб пайдо мекунад ва дар қадами аввал) ниёзи худ ба шинохтро дар намеёбад (монанди беморе ки эҳсоси дард намекунад ва ниёзи худ ба муъолиҷаро дар намеёбад) ва табъан (дар қадами дуввум) барои таъмини он (ниёзи худ ки воқеъан вуҷуд дорад), иқдоме намекунад (монанди беморе ки мепиндорад солим аст ва табъан ба пизишк муроҷиъа намекунад) ва (дар қадами севвум) таъмини он тавассути дигариро низ (ки дар қолиби тазаккур ба ӯ анҷом мешавад) мунофии бузургӣ хеш меингорад ва намепазирад (ва лизо ҳар тазаккуреро ба маънои беэҳтиромӣ ба худ медонад; То ҷойе ки вақте мӯҳтарамона ба ӯ мегӯӣ: Фалон ақида ё амали ту бар асоси ақл ё шаръ нодуруст аст, ба ҷои онки мутазаккир шавад ба хашм меояд ва туро ба тавҳин муттаҳам мекунад, дар ҳоле ки худаш расман ба ту дашном медиҳад ва тӯҳматҳои бузург мезанад ва онро тавҳин намедонад! Мисли ин қулдурҳое ки шумо мебинед нақдҳои илмӣ ва тахассусии устозунал Мансур дар ин китоби Исломиро ҳамли бар беэҳтиромӣ ба ақойиди худ ё аъмоли худ ё ҳуккоми худ мекунанд ва ҳатто мисдоқи ановини муҷримонаи мисли иқдом алайҳи амнияташон мепиндоранд ки аз авҷи такаббури онҳо ҳикоят дорад, вале бадтарин тавҳинҳо ва тӯҳматҳоро ба вуҷуди мубораки эшон раво медоранд ва аз ҳеҷ шайтанат ва шарорате бар зидди ин олими мазлум фуругузор намекунанд ва касе ҳам ҳаққи эътироз надорад; Чароки қудрат дар дасти онҳост! Ин ҳамон такаббур аст ки аз мавонеъи шинохти ҳақ шумурда мешавад; Яъне намегузорад ки мутакаббир дар баробари ҳақ сар фуруд оварад); Чунонки Худованд фармудааст: ﴿كَذَلِكَ يَطْبَعُ اللَّهُ عَلَى كُلِّ قَلْبِ مُتَكَبِّرٍ جَبَّارٍ;[2] «Ин гуна Худованд бар ҳар дили мутакаббири ҷабборе мӯҳр мениҳад» (дил дар Қуръон ба маънои ақл аст; Яъне Худованд бар ақли ҳар мутакаббири ҷабборе мӯҳр мегузорад то ҳаққро нашносад ва ин ишора ба монеъияти такаббур барои шинохти ҳақ аст) Ва фармудааст: ﴿سَأَصْرِفُ عَنْ آيَاتِيَ الَّذِينَ يَتَكَبَّرُونَ فِي الْأَرْضِ بِغَيْرِ الْحَقِّ وَإِنْ يَرَوْا كُلَّ آيَةٍ لَا يُؤْمِنُوا بِهَا وَإِنْ يَرَوْا سَبِيلَ الرُّشْدِ لَا يَتَّخِذُوهُ سَبِيلًا وَإِنْ يَرَوْا سَبِيلَ الْغَيِّ يَتَّخِذُوهُ سَبِيلًا ۚ ذَلِكَ بِأَنَّهُمْ كَذَّبُوا بِآيَاتِنَا وَكَانُوا عَنْهَا غَافِلِينَ;[3] «Касоне ки дар замин ба ноҳақ такаббур меварзандро аз нишонаҳои худ боз хоҳем дошт то чун нишонаеро бубинанд ба он имон наёварданд ва чун роҳи рушдро бубинанд онро роҳи хеш нагиранд ва чун роҳи бадбахтиро бубинанд онро роҳи хеш бигиранд! Ин ба он сабаб аст ки онон нишонаҳои моро дурӯғ шуморданд ва аз он бехабар буданд» (инки мефармояд «Касоне ки дар замин ба ноҳақ такаббур меварзандро аз нишонаҳои худ боз хоҳем дошт» ишора ба он дорад ки такаббур варзидан ба ноҳақ дар замин, монеъ аз шинохти нишонаҳои ҳақ аст ва манзур аз «Такаббур ба ноҳақ» ин аст ки инсон худро аз чизе ки воқеъан ҳаст бузургтар шуморад) Ва фармудааст: ﴿إِنَّ الَّذِينَ يُجَادِلُونَ فِي آيَاتِ اللَّهِ بِغَيْرِ سُلْطَانٍ أَتَاهُمْ ۙ إِنْ فِي صُدُورِهِمْ إِلَّا كِبْرٌ مَا هُمْ بِبَالِغِيهِ ۚ فَاسْتَعِذْ بِاللَّهِ ۖ إِنَّهُ هُوَ السَّمِيعُ الْبَصِيرُ;[4] «Ҳароина касоне ки дар бораи нишонаҳои Худо бидуни ҳуҷҷате ки ононро омада бошад муҷодила мекунанд, дар синаҳошон ҷуз кибре ки ба он намерасанд нест! Пас ба Худо паноҳ бибар; Чи онки Ӯ шунавои биност»! (Ин низ ишора ба он дорад ки вуҷуди кибр дар синаи инсон ӯро ба муҷодила дар бораи нишонаҳои Худо бидуни ҳуҷҷат вомедорад ва ба ҷойе мерасонад ки бояд аз ӯ ба Худованд паноҳ бурд! Лизо Мӯсо алайҳи салом низ мефармуд: ﴿إِنِّي عُذْتُ بِرَبِّي وَرَبِّكُمْ مِنْ كُلِّ مُتَكَبِّرٍ لَا يُؤْمِنُ بِيَوْمِ الْحِسَابِ [Ғофир/ 27]; «Ман ба Парвардигори худ ва Парвардигори шумо паноҳ мебарам аз ҳар мутакаббире ки ба рӯзи ҳисоб имон намеоварад»! Аммо суъол ин аст ки маншаъи такаббур дар инсон чист? Аҳаммияти шинохти маншаъи мавонеъи шинохт, монанди аҳаммияти шинохти маншаъи беморӣ аст ки барои дармони он зарурат дорад ва лизо устозунал Мансур дар таҳлили мавонеъи шинохт, маношеӣ онҳоро шиносоӣ ва муъаррифӣ мекунад то ба ин шева, заминаи рафъи онҳоро фароҳам созад. Дар инҷо низ таҳти унвони)

[Маншаъи такаббур]

(мефармояд:) Ончи боъиси пайдоиши ин ҳолати (хатарнок) дар инсон мешавад, фазилатӣ воқеъӣ ё мавҳум (яъне ғайри воқеъӣ) аст ки дар ӯ вуҷуд дорад ва ба он мағрур (яъне фирефта) аст (бинобарин, гоҳе як фазилати воқеъӣ боъиси такаббур мешавад ва он ҳангоме аст ки инсонро аз разоъил ва навоқисаш ғофил мекунад ва дар бораи онҳо мефиребад ва гоҳе як фазилати козиб ин ҳолатро эҷод мекунад); Чунонки бархӣ ба нажоди (яъне асл ва насаби) худ мағруранд (ва ба истилоҳ нажодпараст ҳастанд); Монанди иблис ки нахустин мутакаббир буд ва Худованд дар бораи ӯ фармудааст: ﴿قَالَ أَنَا خَيْرٌ مِنْهُ ۖ خَلَقْتَنِي مِنْ نَارٍ وَخَلَقْتَهُ مِنْ طِينٍ;[5] «Гуфт: Ман аз ӯ бартарам; Чароки манро аз оташ офаридӣ ва ӯро аз гил офаридӣ» (аз инҷо маълум мешавад ки нажодпарастӣ як рӯйкарди шайтонӣ аст) Ва бархӣ ба ҳукумати худ мағруранд; Монанди фиръавн ки Худованд дар бораи ӯ фармудааст: ﴿وَنَادَى فِرْعَوْنُ فِي قَوْمِهِ قَالَ يَا قَوْمِ أَلَيْسَ لِي مُلْكُ مِصْرَ وَهَذِهِ الْأَنْهَارُ تَجْرِي مِنْ تَحْتِي ۖ أَفَلَا تُبْصِرُونَ;[6] «Ва фиръавн дар миёни қавми худ овоз дод, гуфт: Эй қавми ман! Оё ҳукумати Миср аз они ман нест ва ин рудҳо аз зери ман ҷорӣ намешаванд?! Оё пас намебинед?!» (ё монанди ин ҳокимони мустабид ки мепиндоранд чун ҳукумат дасти онҳост ҳар чизе ки мегӯянд дуруст аст ва бояд бидуни чуну чаро пазируфта шавад ва агар касе напазирад муҷрим аст) Ва бархӣ дигар ба сарвати худ мағруранд; Монанди Қорун ки Худованд дар бораи ӯ фармудааст: ﴿إِنَّ قَارُونَ كَانَ مِنْ قَوْمِ مُوسَى فَبَغَىٰ عَلَيْهِمْ ۖ وَآتَيْنَاهُ مِنَ الْكُنُوزِ مَا إِنَّ مَفَاتِحَهُ لَتَنُوءُ بِالْعُصْبَةِ أُولِي الْقُوَّةِ إِذْ قَالَ لَهُ قَوْمُهُ لَا تَفْرَحْ ۖ إِنَّ اللَّهَ لَا يُحِبُّ الْفَرِحِينَ;[7] «Ҳароина Қорун аз қавми Мӯсо буд, пас бар онон ситам кард ва ӯро аз ганҷинаҳо чизе додем ки калидҳояш гурӯҳи зӯроварро ба заҳмат меандохт! Ҳнгоме ки қавмаш ба ӯ гуфтанд: Шодхорӣ накун; Чароки Худованд шодхоронро дӯст намедорад» (ё монанди ин сармоядороне ки мепиндоранд ҳама чизро метавонанд бо пул ба даст оваранд ва ба пуштивонаи сармояи худ ба мардум ситам мекунанд ва табақоти заъифи ҷомеъаро ба бардагӣ мекашанд ва дар роҳи Худо ва барои ҳимоят аз ёрони Ӯ ҳазина намекунанд) Ва бархӣ дигар ба неруӣ низомии худ мағруранд; Монанди ҳокимони Сабаъ ки Худованд дар бораи онон фармудааст: ﴿قَالُوا نَحْنُ أُولُو قُوَّةٍ وَأُولُو بَأْسٍ شَدِيدٍ وَالْأَمْرُ إِلَيْكِ فَانْظُرِي مَاذَا تَأْمُرِينَ;[8] «Гуфтанд: Мо дорандагони неру ва ҷанговаронӣ сахт ҳастем ва кор дар ихтиёри туст пас бингар ки чи фармон медиҳӣ!» (ё монанди ин абарқудратҳои қулдур ва султагар ки ба пуштивонаи таслиҳоти худ ба кишварҳои заъиф зӯр мегӯянд) Ва бархӣ дигар ба неруӣ бадании худ мағруранд; Монанди Од ки Худованд дар бораи онон фармудааст: ﴿فَأَمَّا عَادٌ فَاسْتَكْبَرُوا فِي الْأَرْضِ بِغَيْرِ الْحَقِّ وَقَالُوا مَنْ أَشَدُّ مِنَّا قُوَّةً ۖ أَوَلَمْ يَرَوْا أَنَّ اللَّهَ الَّذِي خَلَقَهُمْ هُوَ أَشَدُّ مِنْهُمْ قُوَّةً ۖ وَكَانُوا بِآيَاتِنَا يَجْحَدُونَ;[9] «Аммо Од дар замин ба ноҳақ бузургӣ ҷустанд ва гуфтанд: Чи касе аз мо нирумандтар аст?! Оё надиданд Худое ки ононро офарида, Ӯ аз онон нирумандтар аст?! Ва нишонаҳои моро инкор мекарданд» (дар ҳоле ки ин рӯйкардӣ кӯдакона аст; Зеро ғолибан кӯдакони қавитар ба кӯдакони заъифтар зулм мекунанд ва афроди болиғе ки ин рӯйкардро доранд аз назари ақлӣ кӯдак ҳастанд) Ва бархӣ дигар ба фаровонии худ мағруранд; Монанди касоне ки Худованд дар бораи онон фармудааст: ﴿أَمْ يَقُولُونَ نَحْنُ جَمِيعٌ مُنْتَصِرٌ;[10] «Ё мегуянд ки мо анбуҳе ҳастем пирузманд» (дар ҳоле ки дар мабҳаси «Тақлид аз аксарият» рӯшан шуд ки касрат нишонаи ҳақ будан нест, балки ғолибан аз хусусиёти ботил аст) Ва бархӣ дигар ба илми худ мағруранд (ва ин аз ҳама аҷибтар аст); Монанди касоне ки Худованд дар бораи онон фармудааст: ﴿فَلَمَّا جَاءَتْهُمْ رُسُلُهُمْ بِالْبَيِّنَاتِ فَرِحُوا بِمَا عِنْدَهُمْ مِنَ الْعِلْمِ وَحَاقَ بِهِمْ مَا كَانُوا بِهِ يَسْتَهْزِئُونَ;[11] «Пас чун Паёмбаронашон бо нишонаҳои рӯшан ба наздашон омаданд ба чизе аз илм ки наздашон буд шодмон шуданд ва чизе ки истеҳзоъаш менамуданд ононро фарогирифт»! (Яъне ҳангоме ки Паёмбаронашон бо илми комил ва холис ба наздашон омаданд, онон ба илми ноқис ва маъюби худ мағрур шуданд ва бар пояи он ба интиқод аз илми Паёмбарон пардохтанд ва масалан гуфтанд ки чаро дар Қуръон ин тавр гуфта шуда ва чаро он тавр гуфта нашудааст?! Ё чаро Паёмбар ин тавр амал карда ва он тавр амал накардааст?! Ё муддаъӣ шуданд ки дин бо илм яъне илми ноқис ва маъюби онон таъоруз дорад! Мисоли дигар, ҳамин олимони мутакаббири замони мо ҳастанд ки дар баробари даъвати устозунал Мансур мавзеъи душманӣ гирифтанд ё сукут пеша кардаанд ва ҳангоме ки аз ҳар ҷиҳат дармонда мешаванд, ба наҳве ки дигар қодир ба инкори ҳақонияти он нестанд, мутакаббирона мегӯянд: Мо худамон ҳамаи онро медонистем!! Ин дурӯғе аст ки аз такаббури онон бар мехезад то ғурури ононро ҳифз кунад ки мабодо шикаста шавад; Зеро онон то ҷойе ки метавонанд дар баробари ҳақ муқовимат мекунанд ва сипас ҳар ҷо кам оваранд онро мусодира ба матлуб мекунанд ва мегӯянд: Мо ҳамеша онро мешинохтем ва ҳеҷ гоҳ инкораш намекардем! Монанди мушрикон ки вақте дар рӯзи қиёмат дармонда мешаванд, ба инкори ширки худ рӯй меоварданд ва мегӯянд: ﴿وَاللَّهِ رَبِّنَا مَا كُنَّا مُشْرِكِينَ [Анъом/ 23]; «Ба Худованд Парвардигорамон савганд ки мо мушрик набудем»! Лизо Худованд дар бораи онҳо мефармояд: ﴿انْظُرْ كَيْفَ كَذَبُوا عَلَى أَنْفُسِهِمْ ۚ وَضَلَّ عَنْهُمْ مَا كَانُوا يَفْتَرُونَ [Анъом/ 24]; «Бингар ки чигуна ба худашон дурӯғ мегӯянд ва чизе ки мебастанд аз онон гум мешавад»! Ин ҳолоте ки ман борҳо дар мутакаббирин мушоҳида кардаам. Ба унвони намуна, ҳамин чанд рӯзи пеш бо яке аз ин муддаъиёни илм ки ба илми ночизи худ дар баробари улуми раббонӣ мағрур ҳастанд гуфтугӯ кардам ва ганҷинаи «Бозгашт ба Ислом» ро барои ӯ табйин намудам ва ӯ ба иқтизои такаббури худ ҳамаи талошашро кард то бо таҳаккум ва қулдурӣ ҳақойиқи мавҷуд дар онро рад кунад ва дар ин росто ҳатто муддаъӣ шуд ки ҳеҷ як аз онҳо қобили қабул нест, вале ҳангоме ки ман бо ҳавсила ва истедлол нодурустии дидгоҳашро исбот кардам ва барои ӯ роҳи фароре боқӣ нагзоштам, бо вақоҳатӣ ношӣ аз такаббур гуфт: Матолиби ин китоб ки ҳама возеҳот ва бадеҳиёт аст!! Ман худам солҳост ки ҳамаи инҳоро медонам!! Гӯё на инки то чанд дақиқаи пеш, ҳамин возеҳот ва бадеҳиётро инкор мекард ва ҳеҷ якеро қобили қабул намедонист!! Бадин сон афроди мутакаббир ба таноқуз ва дуруғгӯӣ мубтало мешаванд ва аз таслим дар баробари ҳақ боз мемонанд. Инро ба истелоҳ фарори рӯ ба пеш мегӯянд! Шумо намунаҳои фаровоне аз ин фарори рӯ ба пешро дар мухолифони китоби шарифи «Бозгашт ба Ислом» мушоҳида мекунед; Ба ин тартиб ки аз як тараф ҳамаи талоши худро барои инкори матолиби амиқ ва арзишманди он мекунанд ва аз тарафи дигар дар рӯйкарди сад дар сад мутаноқиз ва хандаовар, матолиби онро бадеҳиёт ва мусалламот мешуморанд!! Бинобарин, устозунал Мансур дар инҷо ба ҳафтто аз муҳмтарин асбоби ғурур ва такаббур ки дар Қуръон омадааст ишора фармуд: Нажод, ҳукумат, сарват, неруӣ низомӣ, неруӣ ҷисмонӣ, касрат ва илм. Аммо баъд аз рӯшан шудани асбоб ва маношии такаббур, ин суъол пеш меояд ки табаъот ва натойиҷи он чист ва чигуна ба ин табаъот ва натойиҷ меанҷомад? Устозунал Мансур дар посух ба ин суъол таҳти унвони)

[Табаъоти такаббур]

(мефармояд:) Ҳамаи ин касон, ба сабаби такаббури худ, аз шинохти ҳақ боз мемонанд (ва чи басо ба муъориза бо он мепардозанд); Чароки ба сабаби бархурдории худ аз як қуввати (ҳақиқӣ ё эътиборӣ), нобархурдории худ аз қувватҳои дигарро нодида мегиранд (ва лизо барои таҳсили онҳо иқдом намекунанд) ва ба сабаби шифтагӣ ба як доштаи (моддӣ ё маънавӣ), аз надоштаҳои худ чашм мепӯшанд (ва лизо барои касби онҳо талош намекунанд); Вагрна рӯшан аст ки ҳеҷ кас ҷуз Худованд комил нест ва ҳар касро қуввате ҳаст, заъфе низ ҳаст ва агар аз заъфе барканор аст, ба заъфӣ дигар дучор аст (яъне шояд ту заъфе ки дӯстат дорадро надошта бошӣ, вале заъфи дигаре дорӣ ки дӯстат надорад ва бо ин васф, далиле барои такаббури ту нест) ва оқил касе аст ки аз заъфҳо ва қувватҳои худ (дар канори ҳам) огоҳӣ дорад (чун агар фақат аз заъфҳои худ огоҳӣ дошта бошад ва аз қувватҳои худ огоҳӣ надошта бошад, эътимод ба худро аз даст медиҳад ва дучори худбохтагӣ мешавад ва агар фақат аз қувватҳои худ огоҳӣ дошта бошад ва аз заъфҳои худ огоҳӣ надошта бошад, мағрур мешавад ва аз ислоҳи худ боз мемонад. Аз ин рӯ, мефармояд: «Оқил касе аст ки аз заъфҳо ва қувватҳои худ огоҳӣ дорад»). Бо ин ҳол, бисёрӣ аз мусалмонон ба сабаби чизҳое (монанди нажод, ҳукумат, сарват, неруӣ низомӣ, неруӣ ҷисмонӣ, касрат ва илм) ки дар дунё ёфтаанд мутакаббир шудаанд ва аз ҳама бештар ба сарват ва қудрати (сиёсӣ) ва илми (динии) худ, мағруранд; Чароки ман (ба унвони яке аз шуҳадои бар онон) ақшори гуногуни ононро дидаам ва ҳеҷ як аз ононро мутакаббиртар аз аҳли сарват, қудрат ва илм наёфтаам (яъне мутакаббир будани ин се гурӯҳ, натиҷаи муқойисаи ъайнӣ ва майдонии гурӯҳҳои мухталифи мутакаббирон аст. Дар идома устозунал Мансур ин се гурӯҳро низ бо якдигар муқойиса мекунад ва ба ин натиҷа мерасад ки аҳли илм, аз аҳли сарват ва қудрат мағруртаранд ва табаъоти ғурури ҳар якеро ба сурати ҷудогона табйин мефармояд ки дар дарси баъди тавзиҳ дода мешавад ин шоъ Аллоҳ).

(و السلام علیکم و رحمت الله)

↑[1] . Алақ/ 6 ва 7.
↑[2] . Ғофир/ 35.
↑[3] . Аъроф/ 146.
↑[4] . Ғофир/ 56.
↑[5] . Сод/ 76.
↑[6] . Зухруф/ 51.
↑[7] . Қасос/ 76.
↑[8] . Намл/ 33.
↑[9] . Фусилат/ 15.
↑[10] . Қамар/ 44.
↑[11] . Ғофир/ 83.
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок гузоред, то ба густариши илм ва маърифати динӣ кӯмак кунед. Шукронаи ёд гирифтани як нуктаи ҷадид, ёд додани он ба дигарон аст.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Метавонед ин матлабро ба забонҳои зер низ мутолеъа кунед:
Агар бо забони дигаре ошнойи доред, метавонед ин матлабро ба он тарҷума кунед. [Форми тарҷума]
Барои шунидани савти дарси бисту нуҳум инҷоро клик кунед.