Панҷшанбе 28 Март 2024 мелодӣ / 17 Рамазон 1445 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
 Дарси ҷадид: Дарсҳое аз он ҷаноб дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад; Аҳодиси саҳиҳе аз Паёмбар дар ин бора; Ҳадиси 3. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Гуфтори ҷадид: Гуфторе аз он ҳазрат дар бораи инки фуру бурдани амдии сар дар об ҳаргоҳ сабаби расидани об ба гулӯ шавад, сабаби қазоъи рӯза аст. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Пурсиши ҷадид: Оё ақиқа кардан барои навзод, машрӯъ аст? Барои мутолеъаи посух, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед. Нақди ҷадид: Ман ба унвони касе ки даъвати ҷаноби Мансурро пазируфта ва мусаммам ба заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ аст, чигуна метавонам таколифи шаъии худам монанди намозу рӯза ва ҳаҷҷу закотро анҷом бидиҳам? Қабули даъвати ҷаноби Мансур сарфи назар аз инки барои зуҳури Маҳдӣ лозим аст, чи фойидае барои ман аз ҷиҳати амали ба таколифи шаръӣ дорад?! Барои мутолеъаи барраси, инҷоро клик кунед. Номаи ҷадид: Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он дар бораи шиддат гирифтани бало ҳушдор медиҳад ва иллати он ва роҳи пешгирӣ аз онро табйин мекунад. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Нуктаи ҷадид: Нуктаи «Як қадам монда ба субҳ» навиштаи «Илёс Ҳакимӣ» мунташир шуд. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед.
loading
Матни дарс
 
Тарҷумаи шарҳи форсии шайх Солеҳи Сабзаворӣ
Дарси ҳабдаҳум
Мавзӯъ:

Мавонеъи шинохт; Тақлид аз олимон (1)

(أعوذ بالله من الشیطان الرجیم

بسم الله الرحمن الرحیم

الحمد لله ربّ العالمین و صلّی الله علی محمّد و آله الطاهرین

Дуввумин навъ аз тақлид ки дар миёни мусалмонон шуюъи фаровоне пайдо карда ва ба фарҳангӣ умумӣ барои онон табдил шуда, тақлид аз олимон аст. Манзур аз олимон дар инҷо касоне аз мусалмонон ҳастанд ки муддати қобили таваҷҷуҳе ба таҳсили улуми динӣ аз тариқи мутаъораф пардохтаанд. Таваҷҷуҳ кунед; Мавзуъи баҳси устозунал Мансур дар ин мабҳас он аст ки оё тақлид ба маънои пайравӣ аз гуфта ва кардаи чунин касоне бидуни далил, ҷойиз аст ё ҷойиз нест? Посухе ки ин бузургвор ба ин пурсиш медиҳад он аст ки ҷойиз нест; Чароки ба таври куллӣ, пайравӣ аз ҳеҷ ғайри маъсуме бидуни далил наметавонад ҷойиз бошад ва ин як қоъидаи куллӣ аст. Табиъӣ аст ки ин баҳси эшон низ монанди баҳси қаблӣ, ҳасосиятҳои зиёдеро дар миёни мусалмонон хусусан аҳли ташаюъ барангехтааст; Чароки ҷойиз надонистани тақлид аз олимон, мабнои динварзии бештари ононро бо чолишӣ ҷиддӣ мувоҷеҳ мекунад ва низоми тақлид ва ба табъи он иҷтиҳод ки ҷойгоҳи муҳимме дар зиндагии онон пайдо кардаастро мутазалзил месозад, вале бояд таваҷҷуҳ дошт ки дидгоҳи устозунал Мансур дар ин бора, аз як мабнои мушаххаси Қуръонӣ ва бурҳонӣ моя мегирад ва он ҳамоно «Адами кифояти занн» дар Ислом аст. Эшон дар табйини ин мавзуъи бисёр хатир мефармояд:)

[Дуввум; Тақлид аз олимон]

Яке дигар аз гунаҳои роиҷи тақлид, пайравӣ аз гуфта ва кардаи олимон (бидуни далил) аст; Чароки бештари мусалмонон (аз мазоҳиби мухталиф), гуфта ва кардаи олимонро (ба эътибори инки дар бораи шаръ маълумоти бештаре доранд) дар ҳукми шаръ мепиндоранд (яъне ҳамон тавр бо фатовии онон бархурд мекунанд ки бо аҳкоми шаръ бархурд мекунанд) ва фарқӣ миёни он ду намешиносанд (яъне тасаввур мекунанд ки фатвои олим ҳукми шаръ аст ва ба ҳамин сабаб, бидуни далил аз он пайравӣ мекунанд), дар ҳоле ки мусалламан шаръ (ба унвони ақойид ва аҳкоми ношӣ аз иродаи Худованд), гуфта ва кардаи олимон нест (чунонки олимон худ малзум ба пайравӣ аз он ҳастанд), бал гуфта ва кардаи Худованд (ба унвони шаръ) аст ки бо гуфта ва кардаи олимон, мулозимае надорад (яъне лузуман бо он мутобиқат надорад) ва мутобиқти он ду бо ҳам, зотӣ нест (балки иттифоқӣ аст, ба ин маъно ки гоҳе ҳаст ва гоҳе нест); Чунонки адами мутобиқати бисёрӣ аз гуфтаҳо ва кардаҳои олимон бо шаръ, (иҷмолан) маълум аст (яъне филҷумла ҳама медонанд ки бархӣ гуфтаҳо ва кардаҳои олимон бо шаръ мунофот надорад, ҳар чанд дар таъйиди масодиқи он ихтилофи назар дошта бошанд), то ҳдде ки Худованд дар бораи онон фармудааст: ﴿يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا إِنَّ كَثِيرًا مِنَ الْأَحْبَارِ وَالرُّهْبَانِ لَيَأْكُلُونَ أَمْوَالَ النَّاسِ بِالْبَاطِلِ وَيَصُدُّونَ عَنْ سَبِيلِ اللَّهِ;[1] «Эй касоне ки имон овардид! Бисёрӣ аз олимон ва роҳибон, ҳароина амволи мардумро ба ботил мехуранд ва аз роҳи Худо боз медоранд»! (Рӯшан аст ки «Олимон» ва «Роҳибон» мунҳасир ба аҳли китоб нестанд ва мусалмонон ҳам олимон ва роҳибоне доранд ва далиле нест бар инки олимон ва роҳибони мусалмон аз хӯрдани амволи мардум ба ботил ва боз доштан аз роҳи Худо масвун ҳастанд, балки далоиле бар хилофи он, ҳам аз ҳйси ақлӣ ва таҷрибӣ ва ҳам аз ҳайси шаръӣ ва ривойи вуҷуд дорад. Ин як иллат барои он аст ки наметавонем аз гуфта ва кардаи олимон бидуни далил пайравӣ кунем; Чун илми иҷмолӣ дорем ки дар миёни гуфтаҳо ва кардаҳои онҳо, қатъан мавориде бар хилофи шаръ вуҷуд дорад ва эҳтиёти ақлӣ ҳукм мекунад ки барои шинохти ин маворид ва парҳез аз онҳо, ҳамаи гуфтаҳо ва кардаҳои олимонро баррасӣ кунем ва ҳеҷ якеро бидуни далил напазирем то мабодо бо пайравии чашм ва гӯши баста аз гуфтаҳо ва кардаҳои онон, ба мавориде ки мухолиф бо шаръ аст мубтало шавем.) Ба илова, (иллати дигаре низ вуҷуд дорад ва он инки) ихтилофи онон бо якдигар дар гуфтаҳо ва кардаҳояшон, (аз лиҳози кайфӣ) фоҳиш ва (аз лиҳози каммӣ) фаровон аст; (як олим як тавр фатво медиҳад ва олими дигар таври дигар ва ҳар ду ҳам фатвои худро мутобиқ бо шаръ медонанд) Дар ҳоле ки ҳақ, (ҳамон тавр ки дар мабҳаси «Ваҳдати ҳақ ва меъёри шинохти он» табйин фармуд) мусалламан гуфта ё кардаи воҳиде аст ва (бар хилофи таваҳҳуми тасвибгароён ва такассургароён) қобилияти таъаддуд ва такассур надорад ва бо ин васф, пайравии (мардум аз) онон, аз як сӯ мутаноқиз ва бемаъност (чун пайравӣ аз ҳамаи онон мумкин нест ва пайравӣ аз бархишон ба маънои адами пайравӣ аз бархӣ дигар аст ва ин «Пайравӣ аз олимон» ро ба корӣ мутаноқиз ва бемаъно табдил мекунад) ва аз сӯӣ дигар, ба ихтилофи мусалмонон меанҷомад (чун бархӣ мусалмонон аз бархӣ олимон ва бархӣ дигар аз бархӣ олимони дигар пайравӣ мекунанд ва ба иқтизои ихтилофи олимон бо ҳам, онҳо низ бо якдигар ихтилоф пайдо мекунанд); Ҳамчунонки (амалан ва дар мақоми воқеъи) ба он (яъне ихтилоф) анҷомидааст; Чароки ихтилофи мусалмонон дар ақойид ва амалашон (ки мо имрӯз ба вузуҳ мушоҳида мекунем), беш аз ҳар чиз (чун чизҳои дигаре ҳам ҳаст), маълули пайравӣ онон аз олимони мухталиф аст (ба ин тартиб ки ҳар гурӯҳ аз онон ба дунболи як олим афтода ва аз мазҳаби ӯ пайравӣ кардааст); Бо тавҷҷуҳ ба инки (умуми) онон (дар ҷаҳони Ислом), дар ақойиди худ, аз олимонӣ монанди (абул Ҳасани Алӣ ибни Исмоъили) Ашъарӣ (д.324қ) (бунёнгузори мактаби Ашоъира ки то чиҳил солагӣ Мӯтазили буд ва сипас тағйири рӯйкард дод ва усули мушаххасеро барои ақойиди Исломӣ таъриф кард ки тақрибан ҳамаи аҳли суннат ва ҷамоъатро фаро гирифт ва Худо медонад ки агар чиҳил соли дигар зинда мемонд, оё бар ин рӯйкарди ҷадидаш боқи мемонд ё дубора ба ҳамон эътизоли гузашта боз мегашт ё рӯйкарди севвумеро ихтиёр менамуд; Чун касе ки як бор аз рӯйкарди эътиқодиаш мутаҳаввил шуд, мумкин аст ки бори дигар ҳам аз он мутаҳаввил шавад ва бо ин васф, пайравӣ аз рӯйкарди эътиқодии ӯ бидуни далил, кори оқилонае нест) ва (Аҳмад ибни Абдулҳалим) ибни Таймия (д.728қ) (ки бе ҳеҷ тардиде имоми салафиён аст ва бештарин таъсирро бар рӯйи ақойиди онон гузошта ва китобҳояш ҷаҳони Исломро пур карда ва афкори бисёрӣ аз мусалмононро шакл додааст) ва дар аъмоли худ (аъам аз ибодот ва муъомилот), аз олимонӣ монанди (Нӯъмон ибни Собит маъруф ба) абу Ҳанифа (д.150қ) (бунёнгузори мазҳаби Ҳанафӣ ки бештари мусалмонони ҷаҳон хусусан дар кишварҳои шарқиро дар худ ҷой дода), Молик (ибни Анас) (д.179қ) (бунёнгузори мазҳаби Моликӣ), (Муҳаммад ибни Идриси) Шофеъӣ (д.204қ) (бунёнгузори мазҳаби Шофеъӣ) ва (Аҳмад) ибни Ҳанбал (д.241қ) (бунёнгузори мазҳаби Ҳанбалӣ) пайравӣ мекунанд; Дар ҳоле ки пайравӣ (мусалмонон) аз онҳо (чи дар ҳавзаи ақойид ва чи дар ҳавзаи аҳком), мубтанӣ бар (яқин ба мутобиқати мазоҳиби каломӣ ва фиқҳии онҳо бо шаръ нест; Чароки чунин яқине бо таваҷҷуҳ ба адами исмати онҳо аз хато ва нисён ва низ таъорузи мазоҳибашон бо якдигар имкон надорад, балки ба рӯшанӣ мубтанӣ бар) занни пайравонашон ба мутобиқти гуфтаҳо ва кардаҳои онҳо бо шаръ аст ки мусалламан барои пайравӣ аз онҳо, кофӣ нест; Бо таваҷҷуҳ ба инки илм (яъне яқин) ба мутобиқати чизе бо шаръ, барои эътиқод ё амали ба он, зарурӣ аст ва занн (бар хилофи таваҳҳуми ройиҷ) наметавонад мабнои ақида ва амали мусалмон вақеъ шавад; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿وَمَا لَهُمْ بِهِ مِنْ عِلْمٍ ۖ إِنْ يَتَّبِعُونَ إِلَّا الظَّنَّ ۖ وَإِنَّ الظَّنَّ لَا يُغْنِي مِنَ الْحَقِّ شَيْئًا;[2] «Ононро ба он илме нест; Онон ҷуз аз занн пайравӣ намекунанд, дар ҳоле ки занн чизеро аз ҳақ бениёз намегардонад»! (Аз ин сухани Худованд дониста мешавад ки занн, илм шумурда намешавад; Чароки мефармояд онҳоро илме нест, балки танҳо аз занн пайравӣ мекунанд ва ин ба он маъност ки занн ғайр аз илм аст ва танҳо чизе ки аз ҳақ яъне шинохти он кифоят мекунад илм аст на занн ва лизо устозунал Мансур дар инҷо аз яқин, бо унвони «Илм» ёд кардааст. Ин далили аслӣ бар адами кифояти тақлид аз олимон аст; Чароки тақлид аз олимон ба таври қатъ заннӣ аст; Яъне ҳам мубтанӣ бар занн ба мутобиқати фатвои онон бо шаръ аст ва ҳам муфиди занн ба ҳукми шаръ аст, дар ҳоле ки занн дар Ислом кофӣ шумурда намешавад ва ин ба он маъност ки тақлид аз олимон дар Ислом кофӣ нест.)

Ба илова, (ишкол вақте шиддат пайдо мекунад ки) мусалмонон, барои огоҳӣ аз гуфтаҳо ва кардаҳои касоне ки аз онҳо тақлид мекунанд (монанди ҳамин олимоне ки аз онҳо ном бурда шуд), ба худи онҳо муроҷиъа намекунанд; Зеро онон ғолибан аз касоне тақлид мекунанд ки мурдаанд (ва муддатҳост ки дигар дар миёни мусалмонон нестанд) ва дастрасӣ ба онҳо мумкин нест (то ҳаддиақал қатъ ба гуфтаҳо ва кардаҳои онҳо ҳосил шавад) ва ошноӣ бо осорашон (яъне китобҳошон ки баъзан бо тариқи мӯътабар аз онҳо бар ҷо монда) низ ба муқаддамоте (илми) аз қабили ошноӣ бо забони Арабӣ (бо таваҷҷуҳ ба инки навъи ин осор бо ин забон нигошта шуда) ва мусталаҳоти фиқҳӣ ва каломӣ (бо таваҷҷуҳ ба инки дар ин осор барои баёни мақосид ба кор рафта) ниёзманд аст ки онон (яъне мусалмонони ғйри олим) фоқиди онанд ва аз ин рӯ, ба касоне ҷуз онҳо (яъне олимони муъосир ва зинда таҳти унвони «Муллоён») муроҷиъа мекунанд ки аз гуфтаҳо ва кардаҳои онҳо (яъне имомони мазоҳиби каломӣ ва фиқҳӣ) хабар медиҳанд, дар ҳоле ки мутобиқати хабари инҳо бо воқеъ (яъне бо гуфтаҳо ва кардаҳои воқеъии он имомон, ба ин тартиб ки масалан абу Ҳанифа ин тавр гуфта ва Шофеъӣ он тавр гуфта ва назари Ашоъира чунин буда ва назари ибни Таямия чунон будааст), монанди ҳар хабари воҳиди дигаре қатъӣ нест (яъне мумкин аст воқеъан онҳо ин тавр нагуфта бошанд ва бар онҳо дурӯғ баста шуда бошад ё назарашон кам ва зиёд шуда бошад) ва таъассури он (ҷабр) аз ҷаҳл ё аҳвоъи инҳо муҳтамал аст (яъне эҳтимол дорад ки ин муллоён, иттилоъи комиле аз гуфта ва кардаи олимони гузашта надошта бошанд ё ҳатто бино бар далоиле бар онҳо дурӯғ бибанданд) ва ин ба маънои таҳсили занн (ба аҳкоми шаръ бо тақлид аз олимони гузашта), аз тариқӣ заннӣ (яъне тақлид аз олимони феълӣ) аст ки торикӣ бар рӯӣ торикӣ шуморида мешавад (чароки занн андар занн аст). Рӯшан аст ки диёнате то ин андоза муттакӣ бар занн, бисёр суст (яъне дар маърази завол ё дигаргунӣ) ва бе эътибор (яъне ғайри қобили иттико) аст ва наметавонад ҳақиқати Ислом бошад (чун мусалламан ҳақиқати Ислом, дар ниҳояти субот ва истиқомат аст ва аз зунуни мо муназзаҳ) ва (чунин диёнате) аз ин ҳайс монеъи шинохт (ҳақ) шуморида мешавад ки аҳли он (яъне муқаллидони олимон), ҳақро дар сурате ки бар хилофи фатвои олимонашон бошад, ботил мепиндоранд (ва ин мусибати узмое аст ки бисёр шуюъ пайдо кардааст; Чароки бештари мусалмонон даъватеро намешунаванд магар инки ба ҷои баррасии озодона ва мунсифонаи он, аз олимони худ истифто мекунанд ва фатвои олимонашонро меъёри шинохти он қарор медиҳанд; Ба наҳве ки агар олимонашон онро ҳақ шумурданд мепазиранд ва агар олимонашон онро ҳақ нашумурданд намепазиранд; Чунонки ба унвони намуна, имрӯз дар мувоҷеҳ бо даъвати ҳаққи устозунал Мансур ба сӯӣ Исломи холис ва комил ҳамин корро мекунанд ва ба ҷои баррасии далоили эшон бар пояи меъёри шинохт, аз як нафар муллои фосид ва хурофотӣ ё як нафар талабаи муздур ва бесавод истифто мекунанд ва бар пояи назари онҳо ба душмани бо ин олими бузург мепардозанд. Мавридеро ҳикоят кунам ки мояи ибрат аст. Чанде пеш як нусха аз китоби шарифи «Бозгашт ба Ислом» ро ба ҷавоне ҳадия кардам то мутолиъа кунад, вале ӯ китобро тавре ки гӯйи моддаи мунфаҷираеро ба дасташ дода бошам бо нигаронӣ ва тарс ба ман бозгардонд ва гуфт ки моил ба мутолиъаи ин китоб нест! Аз ӯ пурсидам ки оё китобро қаблан мутолиъа кардаи? Гуфт: На! Гуфтам: Пас чаро моил ба мутолиъаи он нестӣ?! Гуфт: Ба ин хотир ки ин як китоби инҳирофӣ аст! Гуфтам: Шумо ки гуфти ин китобро мутолиъа накардаи! Пас чигуна донистӣ ки ин як китоби инҳирофӣ аст?! Гуфт: Матолибе аз фалон талаба хондаам ки дар он гуфта ин як китоби инҳирофӣ аст! Гуфтам: Оё ин талаба сатҳи муқаддамот, марҷаъи тақлиди шумост?! Гуфт: На! Гуфтам: Пас рӯӣ кадом қоъида аз ӯ тақлид мекунӣ?! Каме фикр кард ва тавре ки гӯё ба худаш омада бошад гуфт: Рӯӣ қоъидаи ҷаҳолат! Пас аз ман хост ки китобро ба ӯ бидиҳам. Ман китобро ба ӯ додам ва гуфтам: Шумо метавонӣ ин китобро ҳам монанди матлаби он талаба мутолиъа кунӣ ва сипас бо ҳам муқоиса кунӣ ва аз ҳар кадоме ки мустадалтар ва ба ҳақ наздиктар буд пайравӣ кунӣ. Гуфт: Комилан ҳақ бо шумост, ман ҳамин корро анҷом медиҳам. Ҷолиб аст ки пас аз чанд рӯз ба назди ман омад ва гуфт: Ман китоби шарифи «Бозгашт ба Ислом» ро мутолеъа кардам ва онро ҷуз ҳақ наёфтам! Гуфтам: Пас бо матлаби он талаба чи кор кардӣ?! Шармада шуд ва гуфт: Ман аз бобати пешдовариям узрхоҳӣ мекунам. Ба назари ман он оқо як талаба нест; Чун шарти талабагиро ба ҷо наёварда ва аз рӯӣ таъассуб матлаб навиштааст. Рӯшан аст ки агар ин ҷавон иқдом ба баррасӣ намекард ва ин китобро намехонд, ҳаргиз ба ин ҳақиқат пай намебурд. Албатта ин ҷавон, ҷавони оқиле буд ки мутаваҷҷеҳи иштибоҳи худ шуд ва ба ҷои тақлид ба таҳқиқ рӯй овард, вале мутаъассифона бархӣ дигар аз ҷавонон ин андоза оқил нестанд ва наметавонанд худро аз доми ин шаётин берун бикашанд ва лизо мухолифати ҳақ бо фатвои муллоёнро далил бар бутлони ҳақ мепиндоранд), дар ҳоле ки мухолифати он бо фатвои олимонашон, мусталзими бутлони он нест, балки мусталзими бутлони фатвои олимонашон аст; Чароки мусалламан ҳақ бо риҷол (яъне шахсиятҳо) шинохта намешавад, бал ин риҷоланд ки бо ҳақ шинохта мешаванд, агарчи (монанди олимони гузашта ва ҳол) бисёр мӯҳтарам ва маъзум бошанд ва ҳақ аз риҷол ба эҳтиром ва таъзим сазовортар аст (лизо наметавон ба баҳонаи эҳтиром ба як олим, ҳақро зери по гузошт).

Ба илова (ин танҳо ишколи мавҷуд дар тақлид аз олимони феълӣ нест; Бо таваҷҷуҳ ба инки) бисёрӣ аз олимони мусалмон дар асри ҳозир, одил ба назар намерасанд (ва тақлид аз олими ғайри одил ҳатто бино бар назари мудофеъони тақлид ҷойиз нест); Чароки гурӯҳе аз онон (бо инки олим шумурда мешавад) бо ҳокимони золим ҳамкорӣ мекунанд ва барои ифсод (яъне харобкорӣ) дар замин ва тафриқаафканӣ миёни мусалмонон (аз мазоҳиби мухталиф) мекӯшанд (шояд муроди устозунал Мансур аз ин олимон, бархӣ олимони ҷаҳони Араб хусусан Арабистон бошад ки дар хидмати подшоҳӣ Саъудӣ қарор гирифтаанд ва аз гурӯҳҳои хунрез дар Сурия ва Ироқ ва бархӣ нуқоти дигар ҳимоят мекунанд ва дар оташи тафриқа миёни шиъа ва суннӣ медаманд; Хусусан ин рӯзҳо ки авзоъи ҷаҳони Ислом вориди марҳалаи ҷадиде шуда ва ба дунболи таҳаррукоти шиъаёни Яман, Ироқ ва Эрон дар минтақа, мавҷи шиъаситезии баланде дар ҷаҳони Араб бархоста ва рӯз ба рӯз ҳам дар ҳоли шиддат гирифтан аст ва агар ҳамин тавр идома пайдо кунад, бӯҳрони бисёр ваҳшатнок ва бе собиқаеро дар саросари ҷаҳон эъҷод мекунад; Лизо хуб аст ки мо ҳамин ҷо нисбат ба ин вазъияти хатарнок ҳушдор бидиҳем ва ҳамаи мусалмонони ҷаҳонро ба ҳфзи оромиш ва парҳез аз доман задан ба мунозиъоти мазҳаби даъват кунем ва аз онон бихоҳем ки ба ин бозии ҷунуномез идома надиҳанд ва беш аз ин дар ин оташи фитна надаманд ва бозичаи дасти кофирон ва мунофиқон нашаванд ва ба ҷои рехтани хуни якдигар, даъвати устозунал Мансур ки на шиъаӣ аст ва на сунниро иҷобат кунанд ва ба сӯӣ Исломи маҳз ва орӣ аз мазоҳиб бозгарданд. Ба ҳар ҳол, гурӯҳе аз олимони мусалмон ба ихтилофи миёни мусалмонон доман мезананд) ва гурӯҳи аз онон риёсат металабанд (амон аз риёсат талабӣ ки офати дин ва дунёст!) ва худро авлиёъи (умури) мусалмонон ва арбоби дин ва дунёи онон мешуморанд (ба ин тартиб ки ононро малзум ба итоъати бе чуну чаро аз худ дар умури дин ва дунё медонанд, монанди бархӣ олимони Тоҷикистон ки мутаъасифона ҳами тавранд ва хеле мутакаббир ва гарданкаш шудаанд ва то хир хира дар ботлоқи сиёсатбозӣ ва қудрат талабӣ фурӯ рафтаанд) ва гурӯҳе аз онон дар кӯҳҳо ва дарраҳо пинҳон мешаванд ва ба роҳзанӣ (яъне ҳамла ба корвонҳои мардуми мусалмон) ва интиҳор (яъне куштани худ таҳти унвони фидоӣ ва истишодӣ) мепардозанд (монанди бархи олимони Афғонистон), дар ҳоле ки ҳар як, дастае аз сафиҳон (яъне муқаллидон) ро ба дунболи худ мекашонанд ва қурбонии матомеъи (яъне орзуҳои шахсии) худ мегардонанд. Ҳамчунонки (ин адами адолати олимон, чизи тозае нест, балки ёдгори бисёрӣ аз олимони гузашта аст; Чароки) дар қарнҳои нахустин (яъне даврони ҳокимияти Умавиён ва Аббосиён), бисёри аз онон (бо камоли майл) дар байъати ҳокимони золим буданд ва мусалмононро бо ривоёти дуруғин ва фатвоҳои ботили худ (ки бар хилофи Қуръон ва ақл ва ба суди ҳокимони золим буд) мефирефтанд ва ба иъонат бар зулм (бо пуштибонӣ аз ҳокимони золим) ва гуноҳон бузург ( монанди ширк ва қатл) вомедоштанд, то онки бо ин шева, заминаи инҳирофи мусалмонон аз ҷодаи Ислом ва пур шудани замин аз зулм (дар тӯли қуруни мутамодӣ) ро фароҳам сохтанд ва улгуйе барои олимони мутаъаххир (яъне баъдӣ) шуданд ки бисёришон (аз онон улгу мегиранд ва) ба роҳ ва равиши онон сулук мекунанд; (Ҳосил онки аввалан тақлид аз олимон, ношӣ аз занн ва муфиди занн аст, дар ҳоле ки занн барои ақида ва амали мусалмон кофӣ нест ва сониян бисёрӣ аз олимон, одил нестанд, дар ҳоле ки бидуни ҳеҷ ихтилофе, тақлид аз ғайри одил ҷойиз нест. Аммо ишколи севвум он аст ки аслан бисёри аз ин муддаъиёни илм, олим мҳсуб намешаванд то ин суъол пеш биёяд ки оё тақлид аз онҳо ҷойиз аст ё ҷойиз наст; Чароки аввалан олим дар Ислом касе аст ки аз Худованд парво дошта бошад, дар ҳоле ки бисёрӣ аз ин афрод одил нестанд ва табъан аз Худованд парво надоранд ва сониян муқаллид олим маҳсуб намешавад, дар ҳоле ки бисёри аз ин ба истилоҳи олимон, муқаллиданд. Устозунал Мансур дар тавзиҳи ин ишкол мефармояд:) Фориғ аз онки бештарашон дар воқеъ олим нестанд; Зеро аз як сӯ, олим дар Ислом касе аст ки аз Худованд парво дорад; Чунонки фармудааст: ﴿إِنَّمَا يَخْشَى اللَّهَ مِنْ عِبَادِهِ الْعُلَمَاءُ;[3] «Танҳо аз Худованд аз миёни бандагонаш олимон меҳаросанд» Ва табъан касоне аз бандагонаш ки аз Ӯ намеҳаросанд, олим шуморида намешаванд (агар чи маълумоти бисёре дар ҳавзаи дин дошта бошанд) ва аз сӯӯ дигар, бештари онон аз олимони пеш аз худ тақлид мекунанд (ба ин маъно ки истиқлоли назари комил надоранд ва муқаяд ба фатвои онҳо ҳастанд) ва дар чаҳорчӯби мазоҳиби онҳо фатво медиҳанд, дар ҳоле ки муқаллид, мусалламан олим шуморида намешавад ва ин чизе аст ки дар он ихтилофе нест (чароки ҳамагон иттифоқи назар доранд ки муқаллиди оммӣ маҳсуб мешавад ва олим маҳсуб намешавад ва бо ин васф, наметавон чунин касонеро олим донист.

То инҷо баҳс барои ин ҷаласа кофӣ аст. Идомаи баҳс бо таваҷҷуҳ ба зароъифе ки дорад, ба дарозо меанҷомад ва беҳтар аст ки онро ба ҷаласаи баъди вогузор кунем ин шоъ Аллоҳ.

و السّلام علیکم و رحمت الله)

↑[1] . Тавба/34.
↑[2] . Наҷм/28.
↑[3] . Фотир/28.
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок гузоред, то ба густариши илм ва маърифати динӣ кӯмак кунед. Шукронаи ёд гирифтани як нуктаи ҷадид, ёд додани он ба дигарон аст.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Метавонед ин матлабро ба забонҳои зер низ мутолеъа кунед:
Агар бо забони дигаре ошнойи доред, метавонед ин матлабро ба он тарҷума кунед. [Форми тарҷума]
Барои шунидани савти дарси ҳабдаҳум инҷоро клик кунед.