Сешанбе 19 Март 2024 мелодӣ / 8 Рамазон 1445 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
 Дарси ҷадид: Дарсҳое аз он ҷаноб дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад; Аҳодиси саҳиҳе аз Паёмбар дар ин бора; Ҳадиси 3. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Гуфтори ҷадид: Гуфторе аз он ҳазрат дар бораи инки фуру бурдани амдии сар дар об ҳаргоҳ сабаби расидани об ба гулӯ шавад, сабаби қазоъи рӯза аст. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Пурсиши ҷадид: Оё ақиқа кардан барои навзод, машрӯъ аст? Барои мутолеъаи посух, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед. Нақди ҷадид: Ман ба унвони касе ки даъвати ҷаноби Мансурро пазируфта ва мусаммам ба заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ аст, чигуна метавонам таколифи шаъии худам монанди намозу рӯза ва ҳаҷҷу закотро анҷом бидиҳам? Қабули даъвати ҷаноби Мансур сарфи назар аз инки барои зуҳури Маҳдӣ лозим аст, чи фойидае барои ман аз ҷиҳати амали ба таколифи шаръӣ дорад?! Барои мутолеъаи барраси, инҷоро клик кунед. Номаи ҷадид: Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он дар бораи шиддат гирифтани бало ҳушдор медиҳад ва иллати он ва роҳи пешгирӣ аз онро табйин мекунад. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Нуктаи ҷадид: Нуктаи «Як қадам монда ба субҳ» навиштаи «Илёс Ҳакимӣ» мунташир шуд. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед.
loading
Пурсиш ва посух
 

Оё кофирони аъам аз зиммӣ, ҳарбӣ ва муъоҳидин наҷас ҳастанд?

Асл, таҳорати ҳар чиз аст то инки наҷосати он шаръан собит шавад; Зеро наҷосат монанди тӯл ва вазн аз ановини ҳақиқӣ нест, бал монанди ҳурмат аз ановини эътиборӣ аст ки бо ҳукми шаръ падид меояд, то ҳадде ки шояд битавон гуфт наҷосати ҳақиқӣ вуҷуд надорад, балки ҳамаи наҷосатҳо ҳукмӣ аст. Ин ба маънои он аст ки барои наҷас донистани чизе лозим нест ки дар табиъати он унсури палидӣ кашф шавад, бал кофӣ аст ки исбот шавад Худованд ба наҷосати он ҳукм кардааст; Ҳамчунонки барои ҳаром донистани чизе лозим нест ки дар табиъати он унсури музирре кашф шавад, бал кофӣ аст ки исбот шавад Худованд ба ҳурмати он ҳукм кардааст; Монанди чизҳои покиза ва ҳалоле ки Худованд бар яҳудиён ба сабаби зулмашон ҳаром сохта ва дар бораи онҳо фармудааст: ﴿فَبِظُلْمٍ مِنَ الَّذِينَ هَادُوا حَرَّمْنَا عَلَيْهِمْ طَيِّبَاتٍ أُحِلَّتْ لَهُمْ وَبِصَدِّهِمْ عَنْ سَبِيلِ اللَّهِ كَثِيرًا[1]; «Пас ба сабаби зулме аз яҳудиён чизҳои покизае ки барояшон ҳалол будро бар онон ҳаром Сохтем ва ба сабаби боздоштани фаровонашон аз роҳи Худованд». Бар ин асос, мушрикон наҷас маҳсуб мешаванд; Чароки Худованд сариҳан дар бораи онон фармудааст: ﴿يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا إِنَّمَا الْمُشْرِكُونَ نَجَسٌ فَلَا يَقْرَبُوا الْمَسْجِدَ الْحَرَامَ بَعْدَ عَامِهِمْ هَذَا[2]; «Эй касоне ки имон овардед! Ҷуз ин нест ки мушрикон наҷас ҳастанд, пас набояд баъд аз ин солашон ба Масҷидул Ҳаром наздик шаванд», бо таваҷҷуҳ ба инки наздик шудани ҳар чизи наҷасе ба Масҷидул Ҳаром бино бар ҳукми ﴿طَهِّرْ بَيْتِيَ[3] ҳаром аст ва ин дар ҳоле аст ки дар табиъати мушрикон –аз он ҳайс ки башар ҳастанд– унсури палидӣ вуҷуд надорад, бал дар ширки онон мафосид ва хатароте вуҷуд дорад ки иҷтиноб аз ононро монанди иҷтиноб аз чизҳои наҷас зарурӣ месозад; Ҳамчунонки иҷтиноб аз онон монанди иҷтиноб аз чизҳои наҷас, таҳқир кунандаи онон ва нишон диҳандаи шиддати бароъат аз онон аст ва ҷойе барои ҳеҷ гуна иртиботи дӯстона бо онон боқӣ намегузорад ва ин чизе аст ки Худованд хоста ва ба он амр карда ва дар бораи он фармудааст: ﴿قَدْ كَانَتْ لَكُمْ أُسْوَةٌ حَسَنَةٌ فِي إِبْرَاهِيمَ وَالَّذِينَ مَعَهُ إِذْ قَالُوا لِقَوْمِهِمْ إِنَّا بُرَآءُ مِنْكُمْ وَمِمَّا تَعْبُدُونَ مِنْ دُونِ اللَّهِ كَفَرْنَا بِكُمْ وَبَدَا بَيْنَنَا وَبَيْنَكُمُ الْعَدَاوَةُ وَالْبَغْضَاءُ أَبَدًا حَتَّى تُؤْمِنُوا بِاللَّهِ وَحْدَهُ[4]; «Бегумон барои шумо улгуйи неку дар Иброҳим ва касоне аст ки бо ӯ буданд ҳангоме ки ба қавмашон гуфтанд мо аз шумо ва аз чизе ки ҷуз Худованд мепарастед безорем, ба шумо кофир шудем ва миёни мо ва шумо барои ҳамеша душманӣ ва кина падидор шуд то онки ки ба Худованди ягона имон оваред».

Оре, зоҳири аз ﴿الْمُشْرِكُونَ касоне монанди бутпарастон ҳастанд ки ба мушрик будани худ илтифот ва иқрор доранд, на касоне монанди аҳли китоб ки худро муваҳҳид мешуморанд; Ҳамчунонки аҳли Макка дар замони нузули ин ҳукм аҳли китоб набуданд ва аҳли китоб маъмулан ба Масҷидул Ҳаром наздик намешуданд то баъд аз соли нуҳуми ҳиҷрӣ аз ин кор манъ шаванд ва ин қаринаи ҳолия балки қазияи хориҷия аст ки монеъ аз зуҳури лафзи ﴿الْمُشْرِكُونَ дар умум мешавад. Фориғ аз онки Худованд миёни аҳли китоб ва мушрикон тамоюз қоъил шуда ва ба унвони намуна, фармудааст: ﴿إِنَّ الَّذِينَ آمَنُوا وَالَّذِينَ هَادُوا وَالصَّابِئِينَ وَالنَّصَارَى وَالْمَجُوسَ وَالَّذِينَ أَشْرَكُوا إِنَّ اللَّهَ يَفْصِلُ بَيْنَهُمْ يَوْمَ الْقِيَامَةِ ۚ إِنَّ اللَّهَ عَلَى كُلِّ شَيْءٍ شَهِيدٌ[5]; «Ҳароина касоне ки имон оварданд ва касоне ки яҳудӣ ҳастанд ва собиъон ва насрониён ва зардуштиён ва касоне ки мушрик ҳастанд, Худованд дар рӯзи қиёмат миёнашон ҷудойи меандозад, ҳароина Худованд бар ҳар чизе гувоҳ аст». Бо ин васф, наҷосати аҳли китоб бар хилофи наҷосати мушрикон собит нест ва аз ин рӯ, онон дар зайли асли таҳорат боқӣ мемонанд ва ин зоҳири гуфторе аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло ки яке аз ёронамон моро аз он хабар дод, гуфт:

«سَأَلْتُ الْمَنْصُورَ عَنْ نَجَاسَةِ الْمُشْرِكِينَ، فَقَالَ: هُمْ وَاللَّهِ نَجَسٌ، هُمْ وَاللَّهِ نَجَسٌ، قُلْتُ: أَمَا هَؤُلَاءِ مِنَ الْبَشَرِ؟! قَالَ: بَلَى، وَلَكِنَّهُمْ أَشْرَكُوا بِاللَّهِ مَا لَمْ يُنَزِّلْ بِهِ سُلْطَانًا، فَأَهَانَهُمْ، وَجَعَلَهُمْ شَرَّ الدَّوَابِّ، وَقَالَ: ﴿أُولَئِكَ كَالْأَنْعَامِ بَلْ هُمْ أَضَلُّ، وَقالَ: ﴿كَذَلِكَ يَجْعَلُ اللَّهُ الرِّجْسَ عَلَى الَّذِينَ لَا يُؤْمِنُونَ، قُلْتُ: فَإِنْ شَرِبَ مِنْ إِنَائِي يَهُودِيٌّ أَوْ نَصْرَانِيٌّ، فَعَلَيَّ أَنْ أَغْسِلَ الْإِنَاءَ؟ قَالَ: لَا»; «Аз ҳазрат Мансур дар бораи наҷосати мушрикон пурсидам, пас фармуд: Онон ба Худо савганд наҷас ҳастанд. Онон ба Худо савганд наҷас ҳастанд. Гуфтам: Оё на ин аст ки онон аз башар ҳастанд?! Фармуд: Оре, вале онон бо Худованд чизеро шарик сохтаанд ки барои он ҳуҷҷате нозил накардааст, пас ононро хор намуда ва бадтарини ҷонварон қарор дода ва фармудааст: <Онон монанди чаҳорпоёнанд, балки онон гумроҳтаранд>[6] Ва фармудааст: <Ин гуна Худованд палидиро бар касоне қарор медиҳад ки имон намеоваранд>[7]. Гуфтам: Пас агар як яҳудӣ ё насронӣ аз косаи ман ошомид, бар ӯҳдаи ман аст ки косаамро бишӯям? Фармуд: На».

↑[1] . Нисоъ/ 160
↑[2] . Тавба/ 28
↑[3] . Ҳаҷ/ 26
↑[4] . Мумтаҳина/ 4
↑[5] . Ҳаҷ/ 17
↑[6] . Аъроф/ 179
↑[7] . Анъом/ 125
Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ Бахши посухгӯйи ба пурсишҳо
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок гузоред, то ба густариши илм ва маърифати динӣ кӯмак кунед. Шукронаи ёд гирифтани як нуктаи ҷадид, ёд додани он ба дигарон аст.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Метавонед ин матлабро ба забонҳои зер низ мутолеъа кунед:
Агар бо забони дигаре ошнойи доред, метавонед ин матлабро ба он тарҷума кунед. [Форми тарҷума]
Навиштани пурсиш
Корбари гиромӣ! Шумо метавонед пурсишҳои худро дар бораи осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш посух дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Мумкин аст номи шумо ба унвони нависандаи пурсиш дар пойгоҳ намоиш дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.
Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:
1 . Мумкин аст ба пурсиши шумо дар пойгоҳ посух дода шуда бошад. Аз ин рӯ, беҳтар аст пеш аз навиштани пурсиши худ, пурсишҳои муртабитро мурур ё аз имкони ҷустуҷӯ дар пойгоҳ истифода кунед.
2 . Аз сабт ва ирсоли пурсишҳои ҷадид пеш аз дарёфти посухи пурсиши қаблӣ, худдорӣ кунед.
3 . Аз сабт ва ирсоли беш аз як пурсиш дар ҳар навбат, худдорӣ кунед.
4 . Авлавияти мо, посухгӯйи ба пурсишҳои марбут бо имом Маҳдӣ алайҳи салом ва заминасозӣ барои зуҳури ӯст; Чароки дар ҳоли ҳозир, аз ҳар чизе муҳимтар аст.