Сешанбе 19 Март 2024 мелодӣ / 8 Рамазон 1445 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
 Дарси ҷадид: Дарсҳое аз он ҷаноб дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад; Аҳодиси саҳиҳе аз Паёмбар дар ин бора; Ҳадиси 3. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Гуфтори ҷадид: Гуфторе аз он ҳазрат дар бораи инки фуру бурдани амдии сар дар об ҳаргоҳ сабаби расидани об ба гулӯ шавад, сабаби қазоъи рӯза аст. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Пурсиши ҷадид: Оё ақиқа кардан барои навзод, машрӯъ аст? Барои мутолеъаи посух, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед. Нақди ҷадид: Ман ба унвони касе ки даъвати ҷаноби Мансурро пазируфта ва мусаммам ба заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ аст, чигуна метавонам таколифи шаъии худам монанди намозу рӯза ва ҳаҷҷу закотро анҷом бидиҳам? Қабули даъвати ҷаноби Мансур сарфи назар аз инки барои зуҳури Маҳдӣ лозим аст, чи фойидае барои ман аз ҷиҳати амали ба таколифи шаръӣ дорад?! Барои мутолеъаи барраси, инҷоро клик кунед. Номаи ҷадид: Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он дар бораи шиддат гирифтани бало ҳушдор медиҳад ва иллати он ва роҳи пешгирӣ аз онро табйин мекунад. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Нуктаи ҷадид: Нуктаи «Як қадам монда ба субҳ» навиштаи «Илёс Ҳакимӣ» мунташир шуд. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед.
loading
Пурсиш ва посух
 

Ҳкуми сафар кардан барои фирор аз рӯза чист?

Оё метавон субҳ ба субҳ ба Хуҷанд биравам ва рӯзаро бихурам ва дубора ба Конибодом баргардам?

Сафар кардан дар моҳи рамазон бидуни қасди фирор аз рӯза кароҳат дорад, вале бо қасди фирор аз рӯза ҷойиз нест; Зеро монанди ҳар ҳилаӣ дигаре дар дин, мисдоқи худъа (яъне найранг ё фиреб) кардан бо Худованд ва макр кардан дар робита бо оёти Ӯст ки дар бораи аҳли он фармудааст: ﴿إِنَّ الْمُنَافِقِينَ يُخَادِعُونَ اللَّهَ وَهُوَ خَادِعُهُمْ[1]; «Ҳароина мунофиқон мехостанд Худовандро фиреб диҳанд, дар ҳоле ки Ӯ фиреб диҳандаи онон аст» Ва фармудааст: ﴿وَإِذَا أَذَقْنَا النَّاسَ رَحْمَةً مِنْ بَعْدِ ضَرَّاءَ مَسَّتْهُمْ إِذَا لَهُمْ مَكْرٌ فِي آيَاتِنَا ۚ قُلِ اللَّهُ أَسْرَعُ مَكْرًا ۚ إِنَّ رُسُلَنَا يَكْتُبُونَ مَا تَمْكُرُونَ[2]; «Ва чун ба мардум раҳматеро пас аз сахтӣ мечашонем ногоҳ дар робита бо оёти Мо макр мекунанд! Бигӯ Худованд зудтар макр мекунад, ҳароина фиристодагони Мо макре ки мекунедро менависанд», бал мисдоқи ба сухра (мазоқ) гирифтани оёти Ӯст ки аз он найҳ карда ва фармудааст: ﴿وَلَا تَتَّخِذُوا آيَاتِ اللَّهِ هُزُوًا[3]; «Оёти Худовандро ба сухра нагиред» Ва монанди узр овардан ба қасди фирор аз ҷиҳод аст ки онро пазируфтанӣ надониста ва дар бораи он фармудааст: ﴿وَيَسْتَأْذِنُ فَرِيقٌ مِنْهُمُ النَّبِيَّ يَقُولُونَ إِنَّ بُيُوتَنَا عَوْرَةٌ وَمَا هِيَ بِعَوْرَةٍ ۖ إِنْ يُرِيدُونَ إِلَّا فِرَارًا[4]; «Ва гурӯҳе аз онон аз Паёмбар изн мехоҳанд, мегӯянд ки хонаҳои мо беҳифоз аст, дар ҳоле ки беҳифоз нест, онон танҳо қасди фирор доранд» Ва фармудааст: ﴿يَعْتَذِرُونَ إِلَيْكُمْ إِذَا رَجَعْتُمْ إِلَيْهِمْ ۚ قُلْ لَا تَعْتَذِرُوا لَنْ نُؤْمِنَ لَكُمْ قَدْ نَبَّأَنَا اللَّهُ مِنْ أَخْبَارِكُمْ ۚ وَسَيَرَى اللَّهُ عَمَلَكُمْ وَرَسُولُهُ ثُمَّ تُرَدُّونَ إِلَى عَالِمِ الْغَيْبِ وَالشَّهَادَةِ فَيُنَبِّئُكُمْ بِمَا كُنْتُمْ تَعْمَلُونَ[5]; «Барои шумо ҳангоме ки ба наздашон боз мегардед узр меоваранд, бигӯ узр наёваред, мо аз шумо намепазирем, Худованд моро аз ахбори шумо мутталеъ кардааст ва ба зудӣ Худованд ва Паёмбараш амали шуморо мебинанд, сипас ба сӯӣ олим ба пинҳон ва ошкор боз мегардед, пас ӯ шуморо аз коре ки мекардед огоҳ мекунад».

Бо ин васф, оё касе ки ба қасди фирор аз рӯза дар моҳи Рамазон сафар мекунад, метавонад рӯзаи худро бихурад? Дар ин бора ду ваҷҳ аст: Яке онки метавонад; Ба далили итлоқ дар сухани Худованд ки фармудааст: ﴿فَمَنْ كَانَ مِنْكُمْ مَرِيضًا أَوْ عَلَى سَفَرٍ فَعِدَّةٌ مِنْ أَيَّامٍ أُخَرَ[6]; «Пас ҳар кас аз шумо бемор ё дар сафаре буд ба теъдоди аз рӯзҳойи дигар (рӯза бигирад)» Ва ин шомили касе ки ба қасди фирор аз рӯза дар моҳи Рамазон сафар кардааст низ мешавад ва дигарӣ онки наметавонад; Зеро аз як сӯ зоҳири аз сухани Худованд касе аст ки мақосиди машрӯъ ва бидуни қасди фирор аз рӯза сафар кардааст ва аз сӯӣ дигар касе ки бо мақосиди ғайри машрӯъ ва ба қасди тарки воҷиб ё иртикоби ҳаром сафар кардааст муҷоз ба хӯрдани рӯза ва шикастани намоз нест; Бо таваҷҷуҳ ба инки ҷавози хӯрдани рӯза ва шикастани намоз раҳмате аз ҷониби Худованд аст ва раҳмате аз ҷониби Худованд танҳо шомил некукорон мешавад; Чунонки фармудааст: ﴿إِنَّ رَحْمَتَ اللَّهِ قَرِيبٌ مِنَ الْمُحْسِنِينَ[7]; «Ҳароина раҳмати Худованд ба некукорон наздик аст» Ва фармудааст: ﴿مَا عَلَى الْمُحْسِنِينَ مِنْ سَبِيلٍ[8]; «Бар некукорон роҳе (ба муъохиза) нест» Ва фармудааст: ﴿أَمْ نَجْعَلُ الَّذِينَ آمَنُوا وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ كَالْمُفْسِدِينَ فِي الْأَرْضِ أَمْ نَجْعَلُ الْمُتَّقِينَ كَالْفُجَّارِ[9]; «Ё касоне ки имон оварданд ва аъмоли солеҳ анҷом додандро монанди муфсидони дар замин қарор медиҳем ё парҳезкоронро монанди фоҷирон қарор медиҳем?!». Бар ҳамин бунёд аст ки ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ айядуллоҳ таъоло қоъидаеро табйин карда ва фармудааст: «لَیْسَ لِلظّالِمِ قَصْرُ صَلاةٍ وَ لا إِفْطارُ صَوْمٍ وَ لَا اضْطِرارٌ فِي مَخْمَصَةٍ وَ لا کِذْبٌ فِي مَصْلَحَةٍ وَ لا تَقَیِّةٌ فِي خِیفَةٍ»; «Барои золим на шикастани намозе ва на хӯрдани рӯзае (дар сафар) ва на изтироре дар махмаса ва на дурӯғе дар маслиҳат ва на тақияе дар бим аст»; Чароки ҳамаи ин аҳком аз рӯи раҳмати Худованд вазъ шудааст ва золимон мустаҳаққи раҳмати Худованд нестанд; Чунонки фармудааст: ﴿أَلَا لَعْنَةُ اللَّهِ عَلَى الظَّالِمِينَ[10]; «Огоҳ бошед ки лаънати Худованд бар золимон аст»! Бо ин васф, касе ки бар қасди фирор аз рӯза дар моҳи Рамазон сафар мекунад, аз умуми ﴿فَمَنْ كَانَ مِنْكُمْ مَرِيضًا أَوْ عَلَى سَفَرٍ хориҷ аст, ё тахассусан ба далили инсирофи оя аз чунин касе ва ё тахсисан ба далили оёти дигаре ки чунин тахфиферо мухтас ба некукорон шумурда; Чунонки ба унвони намуна фармудааст: ﴿وَاذْكُرُوا اللَّهَ فِي أَيَّامٍ مَعْدُودَاتٍ ۚ فَمَنْ تَعَجَّلَ فِي يَوْمَيْنِ فَلَا إِثْمَ عَلَيْهِ وَمَنْ تَأَخَّرَ فَلَا إِثْمَ عَلَيْهِ ۚ لِمَنِ اتَّقَى[11]; «Худовандро дар рӯзҳойи муъаян (ёздаҳум, дувоздаҳум ва сездаҳуми Зулҳиҷҷаҳ) ёд кунед, пас ҳар кас дар рӯз таъҷил кунад гуноҳе бар ӯ нест ва ҳар кас таъхир кунад гуноҳе бар ӯ нест, барои касе ки парҳезкор бошад».

Аз инҷо дониста мешавад барои мусалмон ҷойиз нест ки дар моҳи рамазон ба қасди фирор аз рӯза сафар кунад ва агар ин корро бикунад бояд рӯзаи худро бигирад ва номази худро комил бихонад ва агар рӯзаи худро бихурад, илова бар қазо каффораи онро бар ӯҳда мегирад ва ҳар кас аз ибодати Худованд гурезон бошад, аз кайфари Ӯ гурезе намеёбад ва оқибат барои парҳезкорон аст.

↑[1] . Нисоъ/ 142
↑[2] . Юнус/ 21
↑[3] . Бақара/ 231
↑[4] . Аҳзоб/ 13
↑[5] . Тавба/ 94
↑[6] . Бақара/ 184
↑[7] . Аъроф/ 56
↑[8] . Тавба/ 91
↑[9] . Сод/ 28
↑[10] . Ҳуд/ 18
↑[11] . Бақара/ 203
Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ Бахши посухгӯйи ба пурсишҳо
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок гузоред, то ба густариши илм ва маърифати динӣ кӯмак кунед. Шукронаи ёд гирифтани як нуктаи ҷадид, ёд додани он ба дигарон аст.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Метавонед ин матлабро ба забонҳои зер низ мутолеъа кунед:
Агар бо забони дигаре ошнойи доред, метавонед ин матлабро ба он тарҷума кунед. [Форми тарҷума]
Навиштани пурсиш
Корбари гиромӣ! Шумо метавонед пурсишҳои худро дар бораи осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш посух дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Мумкин аст номи шумо ба унвони нависандаи пурсиш дар пойгоҳ намоиш дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.
Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:
1 . Мумкин аст ба пурсиши шумо дар пойгоҳ посух дода шуда бошад. Аз ин рӯ, беҳтар аст пеш аз навиштани пурсиши худ, пурсишҳои муртабитро мурур ё аз имкони ҷустуҷӯ дар пойгоҳ истифода кунед.
2 . Аз сабт ва ирсоли пурсишҳои ҷадид пеш аз дарёфти посухи пурсиши қаблӣ, худдорӣ кунед.
3 . Аз сабт ва ирсоли беш аз як пурсиш дар ҳар навбат, худдорӣ кунед.
4 . Авлавияти мо, посухгӯйи ба пурсишҳои марбут бо имом Маҳдӣ алайҳи салом ва заминасозӣ барои зуҳури ӯст; Чароки дар ҳоли ҳозир, аз ҳар чизе муҳимтар аст.