Сешанбе 19 Март 2024 мелодӣ / 8 Рамазон 1445 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
 Дарси ҷадид: Дарсҳое аз он ҷаноб дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад; Аҳодиси саҳиҳе аз Паёмбар дар ин бора; Ҳадиси 3. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Гуфтори ҷадид: Гуфторе аз он ҳазрат дар бораи инки фуру бурдани амдии сар дар об ҳаргоҳ сабаби расидани об ба гулӯ шавад, сабаби қазоъи рӯза аст. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Пурсиши ҷадид: Оё ақиқа кардан барои навзод, машрӯъ аст? Барои мутолеъаи посух, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед. Нақди ҷадид: Ман ба унвони касе ки даъвати ҷаноби Мансурро пазируфта ва мусаммам ба заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ аст, чигуна метавонам таколифи шаъии худам монанди намозу рӯза ва ҳаҷҷу закотро анҷом бидиҳам? Қабули даъвати ҷаноби Мансур сарфи назар аз инки барои зуҳури Маҳдӣ лозим аст, чи фойидае барои ман аз ҷиҳати амали ба таколифи шаръӣ дорад?! Барои мутолеъаи барраси, инҷоро клик кунед. Номаи ҷадид: Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он дар бораи шиддат гирифтани бало ҳушдор медиҳад ва иллати он ва роҳи пешгирӣ аз онро табйин мекунад. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Нуктаи ҷадид: Нуктаи «Як қадам монда ба субҳ» навиштаи «Илёс Ҳакимӣ» мунташир шуд. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед.
loading
Пурсиш ва посух
 

Назари нависандаи китоби [Бозгашт ба Ислом] роҷеъ ба тавотури маънавӣ чист?

Мурод аз «Тавотур», ривояти ҳадис ба воситаи шуморе аз ровиён аст ки иттифоқи онон бар киз ё хато ба иқтизои касрати онон ва ихтилофи амокин ва давоъияшон маъқул нест ва аз ин ҷиҳат, мувҷиби яқини уқало ба асолати ҳадис мешавад, аммо дар инки ривояти чи шуморе аз ровиён, «Тавотур» ба шумор меравад, миёни олимони мусалмон ихтилофи назар вуҷуд дорад. Аз зоҳири бархӣ ибороти аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло бардошт мешавад ки шумори муъаяне барои онон нест, бал ривояти ҳар шуморе аз онон ки мувҷиби яқини навъи уқало мешавад, «Тавотур» ба шумор меравад; Чунонки дар посух ба пурсише дар бораи «Ҳадди Тавотур» фармудааст: «ما یَسْتَیْقِنُ بِهِ عُقَلاءُ النّاس»[1]; «Чизе ки уқалои мардум бо он яқин пайдо мекунанд» Ва ибтидоъан аз таъйини шуморае барои ривоёни он худдорӣ фармуда ва дар гуфтори дигар, «Яқини шахсе» ро нез барои он кофӣ дониста ва фармудааст: «فَمَنْ أَتاهُ شَيْءٌ مِنَ الرَّسُولِ فَأَیْقَنَهُ فَلْیُطِعْهُ»[2]; «Пас ҳар кас чизе аз Паёмбар барои ӯ омад ва ба он яқин ёфт, пас бояд аз он итоъат кунад», ҳар чанд сариҳи дар ин маъно нест ва метавон бар «Яқини навъе» ҳамл шавад ё аз бобӣ дигар ҷуз тавотур бошад.

Бо ин ҳол, аз бархӣ ибороти дигари он ҳазрат дониста мешавад ки ҳадди ақалли «Тавотур», ривояте аст ки дасти кам чаҳор марди одил дар ҳар табақа онро ривоят карда бошанд, машрут ба инки аз сӯйе дар мазмуни он ихтилоф накарда бошанд агачи дар алфози он ихтилоф карда бошанд ва аз сӯӣ дигар бо якдигар ба наҳве ҳамнишин набуда бошанд ки ба ахз аз якдигар ё табонӣ бо ҳам муттаҳам бошанд; Чунонки дар ривояти Абдуссалом ибни Абдулқайюми Балхӣ аз он ҳазрат омадааст:

«قلتُ: و ما حَدُّ التَّواتُر؟ قال: ما یَسْتَیْقِنُ بِهِ عُقَلاءُ النّاس! قلتُ: و کَمْ ذا؟ قال: أَرْبَعَةُ رِجالٍ ذَوي عَدْلٍ إذا لَمْ یَخْتَلِفُوا، کَما قالَ اللّهُ عَزَّوَجَلَّ: ﴿لَوْلَا جَاءُوا عَلَيْهِ بِأَرْبَعَةِ شُهَدَاءَ ۚ فَإِذْ لَمْ يَأْتُوا بِالشُّهَدَاءِ فَأُولَئِكَ عِنْدَ اللَّهِ هُمُ الْكَاذِبُونَ! قُلْتُ: رُبَّما یَخْتَلِفُونَ في أَلْفاظِهِمْ و المَعْنِيُّ واحِدٌ! قالَ: لا بَأسَ بِهِ و لا یَکُونَ بَعْضُهُمْ قُرَناءَ بَعْضٍ فَیُتَّهَمُوا في رِوایَتِهِمْ»; <Гуфтам: Ҳадди тавотур чист? Фармуд: Чизе ки уқалои мардум бо он яқин пайдо мекунанд! Арз кардам: Он чанд нафар аст? Фармуд: Чаҳор марди одил ҳангоме ки бо якдигар ихтилоф накарда бошанд; Чунонки Худованди баландмартаба фармудааст: «Чаро чаҳор шоҳид бар он наёварданд?! Пас чун чаҳор шоҳид бар он наёварданд, онон назди Худованд дурӯғгӯён ҳастанд»[3]! Гуфтам: Чи басо онон дар алфози худ ихтилоф кардаанд, вале манъо яке аст! Фармуд: Ишколе надорад ва бирхишон ҳамнишини бархӣ дигар набошанд то дар ривояташон (ба ахз аз якдигар ё табонӣ бо ҳам) муттаҳам шаванд!>.

Албатта бояд таваҷҷуҳ дошт ки муроди он ҳазрат аз ин гуфтор, таъйини ҳадди ақалли тавотур бар бунёди ҳис ва истишҳод ба оя ба масобаи як муъаяд аст; Ба ин маъно ки бино бар ҳис ва бо таваҷҷуҳ ба зуҳури оя, ривоятӣ камтар аз ин ҳад, яқиновар нест ва табъан мутавотир маҳсуб намешавад, на онки ҳар ривояте дар ин ҳад, лузуман яқиновар аст ва мутавотир маҳсуб мешавад; Чароки назар ба садри гуфтори он ҳазрат, милоки аслии тавотур «ما یَسْتَیْقِنُ بِهِ عُقَلاءُ النّاس»; «Чизе ки уқалои мардум бо он яқин пайдо мекунанд» аст ва он мумкин аст дар бархӣ маворид бештар аз ин ҳад бошад, вале дар ҳар ҳол мумкин нест ки камтар аз ин ҳад бошад; Зеро маҳсус аст ки уқалои мардум бо чизе камтар аз ин ҳад яқин пайдо намекунанд; Чунонки оя низ чизе камтар аз ин ҳадро дар ҳукми кизб донистааст.

Вонгаҳе аз гуфтори он ҳазрат дониста мешавад «Тавотури маънавӣ» низ ҳуҷҷият дорад ва мурод аз он, ривояти як мазмуни мушобаҳ бо алфозӣ мутафовит ба воситаи шуморе аз ровиён аст ки иттифоқи онон бар кизб ё хато ба иқтизои касрати онон ва ихтилофи амокин ва давоъияшон маъқул нест ва аз ин ҷиҳат, мувҷиби яқини уқало ба асолати он мазмун мешавад, ҳар чанд ба алфози ровиёнаш яқин надошта бошанд. Ба назар мерасад ки бештари ривоёти мутавотир, дорои ҳамин навъ аз тавотур ҳастанд ва ривоёти доройи тавотури лафзӣ ангуштшуморанд.

Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ Бахши посухгӯйи ба пурсишҳо
Таълиқот
Пурсишҳо ва посухҳои фаръӣ
Пурсиши
фаръии 1
Нависанда: Мирзойи
Тарих: 16/9/2019

Бархӣ мунтақидон мепиндоранд ки иллати истишҳоди аллома ба ояи 13 сураи Нур дар бораи чаҳор шоҳид чист? Чаро ба ояи марбут ба ду шоҳиди одил истишҳод накардаанд ва ҳаддиақалли тавотурро ду ровии одил надонистаанд?

Посух ба пурсиши
фаръии 1
Тарих: 19/9/2019

Мурода аз «Тавотур», рифояти ҳадис ба воситаи шуморе аз ровиён аст ки иттифоқи онон бар кизб ё хато ба эътибори фаровонӣ ва парокандагишон маъқул нест ва аз ин чиҳат, муҷиби яқини уқало ба асолати ҳадис мешавад. Бинобарин, «Фаровонӣ» ва «Парокандагӣ» дар таҳаққуқи тавотур шарт аст ва ин дар ривояти ду ровӣ вуҷуд надорад; Чароки уқало ду ровиро «Фаровон» ва «Пароканда» намешуморанд, балки дар забони арабӣ он дуро ҷамъ ҳам намебанданд ва мӯътақиданд ки ҳаддиақали ҷамъ се нафар аст. Вонгаҳе Худованд барои исботи мавзӯъе монанди зино ки муҳимтар аз тиҷорат, васият ва талоқ аст, ду шоҳиди одилро кофӣ надонита, балки чаҳор шоҳидро зарурӣ дониста ва ин далили бар он аст ки ду шоҳиди одил барои исботи мавзӯъоте монанди ақойид ва аҳкоми дин ба тариқи авло кофӣ нест; Чароки исботи ақойид ва аҳкоми дин аз исботи зинои як шахс муҳимтар аст ва бо ин васф, қатъан наметавонад ба камтар аз чаҳор шоҳиди одил ниёзманд бошад.

Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ Бахши посухгӯйи ба пурсишҳо
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок гузоред, то ба густариши илм ва маърифати динӣ кӯмак кунед. Шукронаи ёд гирифтани як нуктаи ҷадид, ёд додани он ба дигарон аст.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Метавонед ин матлабро ба забонҳои зер низ мутолеъа кунед:
Агар бо забони дигаре ошнойи доред, метавонед ин матлабро ба он тарҷума кунед. [Форми тарҷума]
Навиштани пурсиш
Корбари гиромӣ! Шумо метавонед пурсишҳои худро дар бораи осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш посух дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Мумкин аст номи шумо ба унвони нависандаи пурсиш дар пойгоҳ намоиш дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.
Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:
1 . Мумкин аст ба пурсиши шумо дар пойгоҳ посух дода шуда бошад. Аз ин рӯ, беҳтар аст пеш аз навиштани пурсиши худ, пурсишҳои муртабитро мурур ё аз имкони ҷустуҷӯ дар пойгоҳ истифода кунед.
2 . Аз сабт ва ирсоли пурсишҳои ҷадид пеш аз дарёфти посухи пурсиши қаблӣ, худдорӣ кунед.
3 . Аз сабт ва ирсоли беш аз як пурсиш дар ҳар навбат, худдорӣ кунед.
4 . Авлавияти мо, посухгӯйи ба пурсишҳои марбут бо имом Маҳдӣ алайҳи салом ва заминасозӣ барои зуҳури ӯст; Чароки дар ҳоли ҳозир, аз ҳар чизе муҳимтар аст.