Сешанбе 19 Март 2024 мелодӣ / 8 Рамазон 1445 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
 Дарси ҷадид: Дарсҳое аз он ҷаноб дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад; Аҳодиси саҳиҳе аз Паёмбар дар ин бора; Ҳадиси 3. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Гуфтори ҷадид: Гуфторе аз он ҳазрат дар бораи инки фуру бурдани амдии сар дар об ҳаргоҳ сабаби расидани об ба гулӯ шавад, сабаби қазоъи рӯза аст. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Пурсиши ҷадид: Оё ақиқа кардан барои навзод, машрӯъ аст? Барои мутолеъаи посух, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед. Нақди ҷадид: Ман ба унвони касе ки даъвати ҷаноби Мансурро пазируфта ва мусаммам ба заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ аст, чигуна метавонам таколифи шаъии худам монанди намозу рӯза ва ҳаҷҷу закотро анҷом бидиҳам? Қабули даъвати ҷаноби Мансур сарфи назар аз инки барои зуҳури Маҳдӣ лозим аст, чи фойидае барои ман аз ҷиҳати амали ба таколифи шаръӣ дорад?! Барои мутолеъаи барраси, инҷоро клик кунед. Номаи ҷадид: Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он дар бораи шиддат гирифтани бало ҳушдор медиҳад ва иллати он ва роҳи пешгирӣ аз онро табйин мекунад. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Нуктаи ҷадид: Нуктаи «Як қадам монда ба субҳ» навиштаи «Илёс Ҳакимӣ» мунташир шуд. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед.
loading
Пурсиш ва посух
 

Назари алломаи Хуросонӣ дар мавриди иди наврӯзи бостнӣ ки дар байни мардум аз дербоз дорои аҳмият аст чист?

Дар миёни рӯзҳойе ки Ислом ид дониста аст, рӯзе бо номи «Наврӯз» вуҷуд надорад ва бо ин васф, касоне ки пайрави Ислом ҳастанд низ наметавонанд чунин рӯзеро ид бидонанд ё бо он монанди ид бархурд кунанд; Чароки дар ин сурат аз Ислом пайравӣ накардаанд; Хусусан бо таваҷҷуҳ ба инки чунин рӯзе дар замони Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам низ вуҷуд дошта ва агар шойиста буд ки ид шумурда шавад, Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам онро ид мешумурд, дар ҳоле ки Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам онро ид нашумурда ва бо он монанди ид бархурд накард ва табъан ҳеҷ як аз саҳоба ва аҳли байти ӯ низ онро ид нашумурданд ва бо он монанди ид бархурд накарданд, магар Муъовия писари Абу Сӯфиён ки бино бар ривояте онро ид шумурд ва бо он монанди ид бархуд кард[1]. Оре, сарфи назар аз ривоятӣ сохтагӣ ки дар бархӣ манобеъи шиъӣ монанди «Беҳорул Анвор»[2] ба воситаи Муълло ибни Хунайс аз Ҷаъфар ибни Муҳаммади Содиқ расида ва фоқиди эътибор аст, дар ривоятӣ воҳид вале машҳур аз Алӣ ибни Абӣ Толиб расидааст ки фармуд: «نَوْرُوزُنا کُلُّ یَوْمٍ»[3]; «Наврӯзи мо ҳар рӯз аст» ва ин ба маънои он аст ки онон рӯзи хоссеро бо ин ном намешинохтаанд ва хос кардани як рӯз барои анҷоми корҳои шойистаро неку намедонистаанд, бал мӯътақид будаанд ки корҳои шойиса бояд дар ҳамаи рӯзҳои сол анҷом шавад, на инки танҳо дар як рӯзи хос анҷом шавад, ё бадтар инки дар он рӯзи хос ҳам анҷом нашавад!

Оре, фаро расидани баҳор, замони зинда шудани табиъат пас аз марг аст ки нишонаи қудрати Худованд ва ёдовари рӯзи растохез аст ва аз ин ҷиҳат, таваҷҷуҳи бештар ба он барои ибрат гирифтан ва шукри неъмати Худованд ишколе надорад, балки корӣ бойиста аст; Чунонки Худованд ба ин кор амр карда ва фармуддааст: ﴿فَانْظُرْ إِلَى آثَارِ رَحْمَتِ اللَّهِ كَيْفَ يُحْيِي الْأَرْضَ بَعْدَ مَوْتِهَا ۚ إِنَّ ذَلِكَ لَمُحْيِي الْمَوْتَى ۖ وَهُوَ عَلَى كُلِّ شَيْءٍ قَدِيرٌ[4]; «Пас ба осори раҳмати Худованд таваҷҷуҳ кун ки чигуна заминро пас аз маргаш зинда мекунад, ҳароина Ӯ ҳамон зинда кунандаи мурдагон аст ва Ӯ бар ҳар коре тавоност» Ва рӯшан аст ки осори раҳмати Худованд ва зинда шудани замин пас аз маргаш, бо фаро расидани баҳор зуҳури бештаре меёбад ва табъан таваҷҷуҳи бештареро иқтизо мекунад; Ҳамчунонки корҳои шойистае монанди силаи арҳом ва итъоми мусалмонон дар рӯзҳои оғозини баҳор –ҳаргоҳ ба дур аз исроф, хурофот ва русуми зартуштиён бошад– ишколе надорад, бал тарки ин корҳо дар рӯзҳои дигар аст ки ишкол дорад; Чунонки яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт:

«کُنّا مَعَ الْمَنْصُورِ فَاسْتَأذَنَهُ رِجالٌ مِنّا لِلْخُرُوجِ، فَقالَ لَهُمْ: أَیْنَ تَذْهَبُونَ إِنْ شاءَ اللّهُ؟ فَقالُوا: هَذَا یَوْمُ النَّیْرُوزِ فَنُطْعِمُ أَهْلِینا وَ نَصِلُ أَرْحامَنا! فَأَذِنَ لَهُمْ، فَلَمّا خَرَجُوا قُلْتُ لَهُ: أَ أَذِنْتَ لَهُمْ أَن یُعَظِّمُوا النَّیْرُوزَ؟! فَقالَ کَمُغْضَبٍ: ماذا تُرِیدُ؟! أَتُرِیدُ أَنْ أَقُولَ لَهُمْ لا تُطْعِمُوا أَهْلِیکُمْ وَ لا تَصِلُوا أَرْحامَکُمْ؟! لا وَاللّهِ لا أَنْهاهُمْ عَنِ الْمَعْرُوفِ! فَلَمّا رَجَعُوا إِلَیْهِ بَعْدَ أَیّامٍ قالَ لَهُمْ: أَ أَطْعَمْتُمْ أَهْلِیکُمْ وَ وَصَلْتُمْ أَرْحامَکُمْ؟ قالُوا: نَعَمْ، قالَ: أَحْسَنْتُمْ! فَافْعَلُوهُما فِي کُلِّ شَهْرٍ! فَلَمّا خَرَجُوا قُلْتُ لَهُ: وَاللّهِ لا نُخالِفُكَ فِي شَيْءٍ إِلّا وَ الْحَقُّ مَعَكَ وَ الْخَطَأُ مِنّا»; «Ба ҳамроҳи ҳазарти Мансур будем, пас мардоне аз мо аз он ҳазрат барои рафтан изн хостанд, пас ба онон фармуд; Куҷо меравед агар Худо бихоҳад? Гуфтанд: Имрӯз рӯзи наврӯз аст, пас ба хонаводаямон таъом медиҳем ва ба хешонамон сар мезанем! Пас ба онон изн дод, пас чун берун рафтанд ба он ҳазрат гуфтам: Оё ба онон изн додӣ ки наврӯзро таҷлил кунанд?! Пас дар ҳоле ки хашмгин ба назар мерасид фармуд: Чи мехоҳӣ?! Оё мехоҳӣ ки ба онон бигӯям ба хонаводаҳоятон таъом надиҳед ва ба хешонатон сар назанед?! На ба Худо савганд ононро аз маъруф наҳй намекунам! Пас чун баъд аз чанд рӯз ба назди он ҳазрат бозгаштанд ба онон фармуд: Оё ба хонаводаҳоятон таъом додед ва ба хешонатон сар задед? Гуфтанд: Оре, фармуд: Хуб кардед! Пас ин ду корро дар ҳар моҳ анҷом диҳед! Пас ҳангоме ки берун рафтанд ба он ҳазрат гуфтам: Ба Худо савганд дар ҳеҷ чизе бо ту муҷодила намекунам магар инки ҳақ бо ту аст ва хато аз мост»!

Ҳосил онки «Наврӯз» дар Ислом ид шумурда намешавад ва махсус кардани он ба бархӣ корҳои шойиста ҷойиз нест, на ба ин маъно ки анҷоми онҳо дар он ҳаром аст, бал ба ин маъно ки анҷоми онҳо дар рӯзҳои дигар низ воҷиб аст, ҷуз корҳои шойистае монанди таваҷҷуҳи махсус ба табиъат ва шукри махсус ба даргоҳи Худованд ва ёди махсус аз рӯзи қиёмат ки муқтазои фаро расидани баҳор аст ва табиъатан ишколе надорад; Ҳамчунонки корҳойи ғайри Исломӣ бо сибғаи хурофӣ ва зартуштӣ мутлақан ҷойиз нест ва тақлид аз кофирон шумурда мешавад, монанди корҳои марсум дар чаҳоршанбеи охири сол ва лаҳзаи таҳвили сол ва рӯзи сездаҳуми фарфардин (Ҳамал) ки ҳеҷ як асле дар Ислом надоранд ва баъзан бар хилофи мурувват ҳастанд.

Худованд ба ҳамаи мусалмонон тавфиқи мусалмон зистан ва мусалмон мурданро ато фармояд ки тавфиқе болотар аз ин нест.

↑[1] . Нигоҳ кунед ба: Ибни Абдулбир, Ал-Истиъоб, ҷ3, с1420; Заҳабӣ, Сиярул аъломил нубалоъ, ҷ3, с157.
↑[2] . ҷ56, с91
↑[3] . Самъонӣ, Ал-Ансоб, ҷ3, с37; Зимахшарӣ, Рабиъул Аброр, ҷ1, с40; Муттақии Ҳиндӣ, Канзул Уммол, ҷ14, с180; Ибни Бубувей, Ман ло яҳзарул фақиҳ, ҷ3, с300
↑[4] . Рум/ 50
Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ Бахши посухгӯйи ба пурсишҳо
Таълиқот
Пурсишҳо ва посухҳои фаръӣ
Пурсиши
фаръии 1
Нависанда: Комбиз
Тарих: 24/4/2016

Дар бораи фарҳанги иди наврӯз назари ҳазрати оқоро дарёфтем; Аммо суъоле ки бароям эҷод шуд ин аст ки куллан робитаи дин бо фарҳанги милли чист? Албатта бо ин фарз ки фарҳагӣ як миллат як чизи собит набошад ва дар муддати замон ҳам тағйироте дошта бошад.

Худованд шуморо хайр диҳад ва моро бо шумо маҳшур кунад.

Посух ба пурсиши
фаръии 1
Тарих: 2/5/2016

«Дин» ба маънои маҷмӯъаи ақойид ва аҳкоми нозил шуда аз ҷониби Худованд аст ки ба иқтизои камоли Ӯ, айбу нақсе надорад ва табъан метавонад саъодати мардум дар дунё ва охиратро тазмин кунад, дар ҳоле ки «Фарҳанг» –дар инҷо– ба маънои маҷмӯъаи одоб ва русуми қавмӣ аст ки ба иқтизои адами камоли ақвом, бе айбу нақс нест ва табъан наметавонад саъодати мардум дар дунё ва охиратро тазмин кунад ва бо ин васф, воҷиб аст ки фарҳагҳо ба дин арза шаванд то ҳар бахши аз онҳо ки бо он созугор аст ҳифз шавад ва ҳар бахши аз онҳо ки бо он созугор нест ислоҳ ё тарк шавад. Ба унвони мисол, бутпарастӣ яке аз одоб ва русуми ақвоми мушрик буд ки аз гузаштагонашон ба ирс бурда буданд; Чунонки Худованд ба нақл аз онон фармудааст: ﴿إِنْ هَذَا إِلَّا خُلُقُ الْأَوَّلِينَ[1]; «Ин чизе ҷуз хулқ ва хӯйи гузаштагон нест», вале Ислом ба муъориза бо ин хулқу хӯйи ғалат бархост, то ҳангоме ки онро аз байн бурд.

Аз инҷо дониста мешавад ки фарҳангҳои ақвом бояд Исломӣ шаванд, балки Ислом бояд ба фарҳанги ақвом табдил шавад; Зеро Ислом барои ҳамаи мавзӯъоти зиндаги ҳукм дорад ва бо ин васф, мавзӯъе нест ки битавон дар бораи он аз Ислом табаъият накард ва ҳар одобу русуме ки бо Ислом мунофот дорад, ғалат аст. Албатта тафовутҳои табиъӣ монанди тафовти ҷинсият, забон, ранг ва нажод дар Ислом ба расимият шинохта шуда ва омиле барои «Таъораф» ба шумор рафта; Чунонки фармудааст: ﴿يَا أَيُّهَا النَّاسُ إِنَّا خَلَقْنَاكُمْ مِنْ ذَكَرٍ وَأُنْثَى وَجَعَلْنَاكُمْ شُعُوبًا وَقَبَائِلَ لِتَعَارَفُوا ۚ إِنَّ أَكْرَمَكُمْ عِنْدَ اللَّهِ أَتْقَاكُمْ[2]; «Эй мардум! Мо шуморо аз мард ва зан офаридем ва шуморо миллатҳо ва ақвоме барсохтем то якдигарро бишносед, ҳароина гиромитаринатон назди Худованд парҳезкортаринатон аст», вале тафовутҳои ғайри табиъӣ монанди тафовути ақойид ва аъмол ки ба маънои тафовути парҳезгорӣ аст, дар Ислом матлуб нест ва «Тафриқа» маҳсуб мешавад; Зеро ақойид ва аъмоли миллатҳо ва ақвом, бояд аз ақле моя бигирад ва бо дине созугор бошад ки сармояи муштарак ва ҳалқаи иттисоли онон аст ва ба ҷинсият, забон, ранг ва нажоди онон ки миёнашон мутафовит аст марбут намешавад; Чунонки фармудааст: ﴿وَاعْتَصِمُوا بِحَبْلِ اللَّهِ جَمِيعًا وَلَا تَفَرَّقُوا[3]; «Ва ҳамагӣ ба ресмонӣ Худованд чанг дар занед ва тафриқа наварзед» Ва аз ин рӯ, ҷинсиятгаройи, забонгаройи, ранггаройи ва нажодгаройи дар Ислом писандида нест ва «Асабият» шумурда мешавад ва ин ақлгаройи ва дингаройи аст ки дар он писандида аст ва ба ваҳдати миллатҳо ва ақвом бо вуҷуди тафовутҳои ҷинсиятӣ, забонӣ, рангӣ ва нажодияшон меанҷомад.

*Барои тазеҳоти бештар, ба матни арабӣ муроҷиъа кунед.
↑[1] . Шуъароъ/ 137
↑[2] . Ҳуҷарот/ 13
↑[3] . Оли Имрон/ 103
Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ Бахши посухгӯйи ба пурсишҳо
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок гузоред, то ба густариши илм ва маърифати динӣ кӯмак кунед. Шукронаи ёд гирифтани як нуктаи ҷадид, ёд додани он ба дигарон аст.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Метавонед ин матлабро ба забонҳои зер низ мутолеъа кунед:
Агар бо забони дигаре ошнойи доред, метавонед ин матлабро ба он тарҷума кунед. [Форми тарҷума]
Навиштани пурсиш
Корбари гиромӣ! Шумо метавонед пурсишҳои худро дар бораи осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш посух дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Мумкин аст номи шумо ба унвони нависандаи пурсиш дар пойгоҳ намоиш дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.
Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:
1 . Мумкин аст ба пурсиши шумо дар пойгоҳ посух дода шуда бошад. Аз ин рӯ, беҳтар аст пеш аз навиштани пурсиши худ, пурсишҳои муртабитро мурур ё аз имкони ҷустуҷӯ дар пойгоҳ истифода кунед.
2 . Аз сабт ва ирсоли пурсишҳои ҷадид пеш аз дарёфти посухи пурсиши қаблӣ, худдорӣ кунед.
3 . Аз сабт ва ирсоли беш аз як пурсиш дар ҳар навбат, худдорӣ кунед.
4 . Авлавияти мо, посухгӯйи ба пурсишҳои марбут бо имом Маҳдӣ алайҳи салом ва заминасозӣ барои зуҳури ӯст; Чароки дар ҳоли ҳозир, аз ҳар чизе муҳимтар аст.