Сешанбе 19 Март 2024 мелодӣ / 8 Рамазон 1445 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
 Дарси ҷадид: Дарсҳое аз он ҷаноб дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад; Аҳодиси саҳиҳе аз Паёмбар дар ин бора; Ҳадиси 3. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Гуфтори ҷадид: Гуфторе аз он ҳазрат дар бораи инки фуру бурдани амдии сар дар об ҳаргоҳ сабаби расидани об ба гулӯ шавад, сабаби қазоъи рӯза аст. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Пурсиши ҷадид: Оё ақиқа кардан барои навзод, машрӯъ аст? Барои мутолеъаи посух, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед. Нақди ҷадид: Ман ба унвони касе ки даъвати ҷаноби Мансурро пазируфта ва мусаммам ба заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ аст, чигуна метавонам таколифи шаъии худам монанди намозу рӯза ва ҳаҷҷу закотро анҷом бидиҳам? Қабули даъвати ҷаноби Мансур сарфи назар аз инки барои зуҳури Маҳдӣ лозим аст, чи фойидае барои ман аз ҷиҳати амали ба таколифи шаръӣ дорад?! Барои мутолеъаи барраси, инҷоро клик кунед. Номаи ҷадид: Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он дар бораи шиддат гирифтани бало ҳушдор медиҳад ва иллати он ва роҳи пешгирӣ аз онро табйин мекунад. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Нуктаи ҷадид: Нуктаи «Як қадам монда ба субҳ» навиштаи «Илёс Ҳакимӣ» мунташир шуд. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед.
loading
Пурсиш ва посух
 

Назари алломаи Хуросонӣ дар мавриди иҷора додан ё иҷора гирифтани раҳими занон, шабешсозии инсон, хариду фурӯши исперми мардон ва лиқоҳи маснӯъӣ чист?

Ҳар чанд олимони мусалмон дар посух ба ин пурсиш танҳо ба асли аввалӣ ва шуморе аз умумот ва итлоқоти шаръӣ дар боби никоҳ ва зино нигаристаанд ва ба нигоҳӣ бисёр сатҳӣ ва саҳландешона дар бораи он басанда кардаанд, нигариши аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло ба он нигариши хос ва амиқе аст ки аз ошнойии фавқулодаи он ҳазрат бо руҳи Ислом ва мақосиди шариъат ва масолеҳи олияи аҳком ва қарор доштани эшон дар як уфуқи илмӣ ва маърифатӣ бартар бархостааст. Аз назари ин олими роситин, фароянди табиъии таносул ва таволуд, офариниши Худованди Ҳаким ва суннате аз суннатҳои Ӯст ки бар бунёди ҳикмат ва раҳмати Ӯ устувор шуда ва таъмин кунандаи маслиҳати ҳақиқии инсон ва ҷаҳон аст; Чунонки фармудааст: ﴿فَأْتُوهُنَّ مِنْ حَيْثُ أَمَرَكُمُ اللَّهُ[1]; «Пас бар он занон даройед ба он сурат ки Худованд шуморо амр кардааст» Ва фармудааст: ﴿يَخْلُقُ مَا يَشَاءُ ۚ يَهَبُ لِمَنْ يَشَاءُ إِنَاثًا وَيَهَبُ لِمَنْ يَشَاءُ الذُّكُورَ ۝ أَوْ يُزَوِّجُهُمْ ذُكْرَانًا وَإِنَاثًا ۖ وَيَجْعَلُ مَنْ يَشَاءُ عَقِيمًا ۚ إِنَّهُ عَلِيمٌ قَدِيرٌ[2]; «Ҳар чизе ки Мехоҳад Меофаринад, ҳар касро Мехоҳад духтар Мебахшад ва ҳар касро Мехоҳад писар Мебахшад ё писр ва духтарро барояшон ҷуфт Мекунад ва ҳар касро Мехоҳад нозо Месозад, ҳароина Ӯ донойи қудратманд аст», агарчи гоҳе ин фароянди табиъӣ, аз нигоҳи қосир ва муқассири бархӣ бандагони кӯтаҳбин, таъмин кунандаи маслиҳат ва мувофиқ бо аҳвоъашон набошад; Чунонки фармудааст: ﴿وَعَسَى أَنْ تَكْرَهُوا شَيْئًا وَهُوَ خَيْرٌ لَكُمْ ۖ وَعَسَى أَنْ تُحِبُّوا شَيْئًا وَهُوَ شَرٌّ لَكُمْ ۗ وَاللَّهُ يَعْلَمُ وَأَنْتُمْ لَا تَعْلَمُونَ[3]; «Ва чи басо чизеро кароҳат доред дар ҳоле он хайре барои шумост ва чи басо чизеро дӯст доред дар ҳоле ки он шарре барои шумост ва Худованд медонад ва шумо намедонед». Бо ин васф, бар бандагони Худованд воҷиб аст ки таслими суннатҳои Ӯ ва розӣ ба қазои Ӯ бошанд ва аз муъориза бо Ӯ дар тадбираш ва ихлол дар назми табиъат ва дахолат дар фароянди табиъии таносул ва таволуд бипарҳезанд; Чароки ҳар гуна дахолати судҷӯёна ва зиёдахоҳона дар фароянди табиъии таносул ва таволуд, тағйир диҳандаи офариниши Худованд ва бар ҳам занандаи низом ва тавозуни табиъат аст ва дар ъайни ҳол, боби мафосиди азимеро ба рӯйи ояндагон мегушояд ва дар дарозмуддат табаъоти хатарнок ва зиёнборе барои фард ва ҷомеъа хоҳад дошт. Аз ин рӯ, шайтон водоштани инсонҳо ба чунин кореро яке аз аҳдофи худ зикр карда ва гуфтааст: ﴿وَلَآمُرَنَّهُمْ فَلَيُغَيِّرُنَّ خَلْقَ اللَّهِ[4]; «Ва ҳароина ононро амр мекунам, пас офариниши Худовандро тағйир медиҳанд»; Ба ин маъно ки ашколи фитрӣ ва табиъии хилқати Худованд ки бар бунёди ҳикматӣ бисёр амиқ ва мутаносиб бо ҳамаи абъод ва ҷавониби ҳастӣ астро ба тамаъи манофеъи шахсии кӯтоҳмуддат ва бо сӯъи истифода аз дониш ва абзорҳое ки Худованд ба онон бахшидааст, дигаргун месозанд.

Бар ин асос, ихлол дар низоми фитрии таносул ва таволуд ва тағйири фароянди табиъии он бо иқдомотӣ монанди иҷораи раҳими занон, шабиҳсозии инсон, харид ва фурӯши исперми мардон ва лиқоҳи маснуъӣ, таҳаққуқи ваъдаи ﴿فَلَيُغَيِّرُنَّ خَلْقَ اللَّهِ ва мисдоқи боризи ﴿مِنْ عَمَلِ الشَّيْطَانِ аст ки тавассути ﴿عَدُوٌّ مُبِينٌ зинат дода шуда ва тавассути фарзандонаш дар ғарб барои нобудии насли инсонҳо ва мушорикат дар авлоди онон дар ҳоли тарвиҷ ва ҷаҳонисозӣ аст. Аз ин рӯ, ҳазарти аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло зимни ифшои моҳияти хабис ва аҳдофи зидди Худойии ин корҳои шайтонӣ, онҳоро ҳаром мешуморад ва ба сахтӣ аз онҳо барҳазар медорад; Чунонки яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт:

«سَأَلْتُ الْمَنْصُورَ أَیَّدَهُ اللّهُ تَعَالَى عَنِ الْمَرْأَةِ تُؤْجِرُ رَحِمَها مِنْ زَوْجَیْنِ لا یُولَدُ لَهُما فَتُنَبِّتُ ماءَهُما أَوْ جَنِینَهُما، فَقالَ: لا وَاللّهِ لا یُشارِكُ فِي أَوْلادِ النَّاسِ إِلّا شَیْطانٌ! أَما سَمِعْتَ قَوْلَهُ تَعَالَى: ﴿وَشَارِكْهُمْ فِي الْأَمْوَالِ وَالْأَوْلَادِ؟!»; «Аз ҳазрати Мансур аядуллоҳ таъоло дар бораи зане пурсидам ки раҳими худро ба зан ва шавҳаре иҷора медиҳад ки соҳиби фарзанд намешаванд, пас оби он ду ё ҷанини он дуро (дар раҳими худ) парвариш медиҳад, фармуд: На ба Худо савганд, дар авлоди мардум мушорикат намекунад магар шайтон! Оё сухани Худованди баландмартабаро нашунидаи ки (ба ӯ) мефармояд: <Бо онон дар амвол ва авлод мушорикат кун>[5]?!».

Ҳамчунонки яке дигар аз ёронамон моро хабар дод, гуфт:

«سَمِعْتُهُ یَقُولُ: مَنِ اسْتَأْجَرَ امْرَأَةً لِرَحِمِها فَإِنَّمَا اسْتَأْجَرَ شَیْطانَةً وَ لا یُولَدُ مِنَ الشَّیْطانَةِ إِلّا شَیْطانٌ!»; «Шунидам он ҳазрат мефармояд: Ҳар кас занеро барои раҳимаш иҷора кунад, ҷуз ин нест ки шайтони муъаннасеро иҷора кардааст ва аз шайтони муъаннас ҷуз шайтон мутаваллид намешавад»!

Ҳамчунонки яке дигар аз ёронамон моро хабар дод, гуфт:

«سَمِعْتُهُ یَقُولُ وَ عِنْدَهُ عِیسَی بْنُ عَبْدِ الْحَمِیدِ: لَعَنَ اللّهُ مُؤْجِرَ الْأَرْحامِ وَ مُسْتَأْجِرَها! أَلا وَاللّهِ لَوْ کانَ لِي أَمْرٌ لَجَلَدْتُهُما أَوْ عَذَّبْتُهُما عَذاباً شَدِیداً! فَلَمَّا خَرَجَ قُلْتُ لِعِيسَى: ما أَرادَ مِنَ الْعَذابِ الشَّدِیدِ؟ قالَ: أَرادَ حَدَّ الْمُحارَبَةِ لِأَنَّهُما أَفْسَدا فِي الْأَرْضِ»; «Шунидам он ҳазрат дар ҳоле ки Исо ибни Абдулҳамид назди ӯ буд мефармояд: Худованд иҷора диҳандаи раҳимҳо ва иҷора гирандаи онҳоро лаънат кунад! Огоҳ бошед ки ба Худо савганд агар барои ман султае буд ҳароина он дуро тозиёна мезадам ё азобӣ сахт мерасондам! Пас чун он ҳазрат берун рафт ба Исо гуфтам: Муроди он ҳазрат аз азоби сахт чи буд? Гуфт: Муродаш ҳадди муҳориба буд; Чароки он ду дар замин ифсод кардаанд»!

Бидуни шак ин уфуқи бартаре аз илм аст ки касе ҷуз ин инсони бузург ба он даст наёфта ва бо ин васф, шойиста аст ки ба аъламияти ӯ ва иттисоли қаламаш ба манбаъи файз иқрор шавад. Вонгаҳе аз назари ин бузургвор, модари инсон касе аст ки ӯро дар раҳими худ парваронда ва ба дунё овардааст; Чунонки Худованд дар китоби худ ба рӯшанӣ фармудааст: ﴿يَخْلُقُكُمْ فِي بُطُونِ أُمَّهَاتِكُمْ خَلْقًا مِنْ بَعْدِ خَلْقٍ فِي ظُلُمَاتٍ ثَلَاثٍ[6]; «Шуморо дар шикамҳои модаронатон Меофаринад офаринише пас аз офаринишӣ дигар дар торикиҳойи селоя» Ва фармудааст: ﴿هُوَ أَعْلَمُ بِكُمْ إِذْ أَنْشَأَكُمْ مِنَ الْأَرْضِ وَإِذْ أَنْتُمْ أَجِنَّةٌ فِي بُطُونِ أُمَّهَاتِكُمْ[7]; «Ӯ ба шумо донотар аст ҳангоме ки шуморо аз замин падид овард ва ҳангоме ки ҷанинҳойе дар шикамҳои модаронатон будед» Ва фармудааст: ﴿وَاللَّهُ أَخْرَجَكُمْ مِنْ بُطُونِ أُمَّهَاتِكُمْ[8]; «Ва Худованд шуморо аз шикамҳои модаронатон берун овард» Ва фармудааст: ﴿إِنْ أُمَّهَاتُهُمْ إِلَّا اللَّائِي وَلَدْنَهُمْ[9]; «Модарони онон ҷуз касоне ки ононро зойидаанд нестанд» Ва бо ин васф, зане ки тухмаки ӯ дар раҳими зани дигар қарор дода шудааст, шаръан модар намешавад, ҳар чанд имкони никоҳ бо писари зани дигар ки аз тухмаки ӯ падид омадаастро низ надорад; Чунонки яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт:

«ذُكِرَ عِنْدَ الْمَنْصُورِ إِجَارَةُ الْأَرْحَامِ، فَقَالَ: لَا تَحْمِلُ الْمَرْأَةُ فِي بَطْنِهَا إِلَّا وَلَدَهَا، وَلَا تَضَعُ إِلَّا وَلَدَهَا، قُلْتُ: فَمَا لِصَاحِبَةِ الْمَاءِ؟! فَأَخَذَ بِيَدِهِ كَفًّا مِنَ التُّرَابِ وَقَالَ: هَذَا! قُلْتُ: فَهَلْ لَهَا أَنْ تَنْكِحَ ذَلِكَ الْوَلَدَ؟ قَالَ: لَيْسَ لَهَا إِلَّا هَذَا -وَأَشَارَ إِلَى التُّرَابِ»; «Назди ҳазарти Мансур аз иҷораи раҳимҳо ёд шуд, пас фармуд: Зан ҷуз фарзандашро дар шиками худ ҳамл намекунад ва ҷуз фарзандашро намезояд! Гуфтам: Дар ин сурат барои зани соҳиби об чист?! Пас бо дасти худ муштӣ хокро баргирифт ва фармуд: Ин! Гуфтам: Бо ин васф, оё барои ӯ ин имкон ҳаст ки (дар оянда) бо он фарзанд никоҳ кунад? Фармуд: Барои ӯ ҷуз ин нест –ва ба хок ишора фармуд»!

Ҳамчунин, марде ки нутфаи ӯ дар раҳими зане ҷуз ҳамсараш қарор гирифтааст, шаръан падар намешавад, ҳар чанд имкони никоҳ бо духтари зани дигар ки аз нутфаи ӯ падид омадаастро низ надорад; Чунонки яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт:

«سَأَلْتُهُ عَنِ الرَّجُلِ يَسْتَأْجِرُ رَحِمًا لَا تَحِلُّ لَهُ، فَيُفْرِغُ فِيهَا مَاءَهُ وَمَاءَ امْرَأَتِهِ، فَيَخْرُجُ وَلَدٌ، لِمَنْ يَكُونُ الْوَلَدُ؟ قَالَ: قَضَى رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَآلِهِ وَسَلَّمَ بِأَنَّ الْوَلَدَ لِلْفِرَاشِ، قُلْتُ: كَيْفَ وَيَكُونُ الْمَاءُ لِلْمُسْتَأْجِرِ؟! قَالَ: هَكَذَا قَضَى رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَآلِهِ وَسَلَّمَ، قُلْتُ: فَإِنْ لَمْ يَكُنْ لِلرَّحِمِ فِرَاشٌ فَلِمَنْ يَكُونُ الْوَلَدُ؟ قَالَ: لِلشَّيْطَانِ»; «Аз он ҳазрат дар бораи марде пурсидам ки раҳими (зане) ҷуз ҳамсараш ки барои ӯ ҳалол нестро иҷора мекунад, пас оби худ ва оби ҳамсарашро дар он мерезад, пас фарзанде берун меояд, фарзанд барои кист? Фармуд: Расули Худо саллаллоҳу алайи ва олиҳи ва саллам файсала кард ки фарзанд барои фарош (яъне шавҳари зани иҷора диҳанда) аст! Гуфтам: Чигуна? Дар ҳоле ки об барои иҷора кунанда аст! Фармуд: Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ин гуна файсала кард! Гуфтам: Пас агар барои раҳими фарошӣ (яъне шафҳаре) набошад, фарзанд барои кист? Фармуд: Барои шайтон»!

Ҳамчунин, аз назари ин бузургвор, шабеҳсозии инсон ва падид оварандаи ӯ дар зуруфи озмойишгоҳе аз корҳои даҷҷол ва осори тамаддуни шайтонии ҷадид бо ҳадафи тағйири хилқат ва нақзи қавонини Худованд ва муъориза бо илм ва қудрати Ӯст; Чунонки яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт:

«سَمِعْتُ الْمَنْصُورَ یَقُولُ: إِنَّ الدَّجّالَ ذُو عَیْنٍ واحِدَةٍ یَنْظُرُ بِها إِلَى مَشارِقِ الْأَرْضِ وَ مَغارِبِها لا یَکادُ يَخْفَى عَلَیْهِ شَيْءٌ یَزْعُمُ النَّاسُ أَنَّهُ عَلَى کُلِّ شَيْءٍ قَدِیرٌ فَیُحْیِي الْمَوْتَى وَ یُبْرِئُ الْأَکْمَهَ وَ الْأَبْرَصَ وَ یُنَبِّئُ بِما فِي الْأَرْحامِ وَ یُنَزِّلُ الْغَیْثَ وَ یَلِجُ فِي الْأَرْضِ وَ یَعْرُجُ فِي السَّماءِ وَ یَسْتَخْرِجُ الْکُنُوزَ وَ یَخْلُقُ الْإِنْسانَ فِي قارُورَةٍ کَما یَخْلُقُهُ اللّهُ فِي الْأَرْحامِ وَ یَسِیرُ کَما یَسِیرُ الرِّیحُ الصَّرْصَرُ یَمْلِكُ الْمالَ وَ الْمَکِنَةَ فَلا یُعْطِیهِما إِلّا مَنْ عَبَدَهُ وَ هُمُ الْیَهُودُ ثُمَّ النَّصَارَى ثُمَّ الَّذِینَ اتَّبَعُوهُمْ مِنَ الْمُسْلِمِینَ یَنْزِلُ بَیْتَ الْمَقْدِسِ! فَسَکَتَ فَرَءانا نَنْظُرُ إِلَیْهِ وَ کَأَنَّ عَلَى رُؤُوسِنَا الطَّیْرَ فَقالَ: أَنا أُنَبِّئُکُمْ بِتَأْوِیلِهِ إِنَّهُ الْحَداثَةُ!»; «Шунидам ҳазарти Мансур мефармояд: Ҳароина даҷҷол дорои як чашм аст ки бо он ба машриқҳо ва мағрибҳои замин менигарад ва наздик аст чизе аз он паинҳон намонад, мардум мепиндоранд ки ӯ бар ҳар коре тавоност, пас мурдагонро зинда мекунад ва нобиноён ва песро дармон менамояд ва аз чизе ки дар раҳимҳост, хабар медиҳад ва боронро нозил мекунад ва дар замин фуру меравад ва ба осмон боло меравад ва ганҷҳоро берун мекашад ва инсонро дар як шиша меофаринад чунонки Худованд дар раҳимҳо меофаринад ва монанди тундбод ҳаракат мекунад, сарват ва қудратро тасоҳуб менамояд, пас он дуро намедиҳад магар ба касоне ки ӯро мепарастанд ва онон яҳудиҳо ва сипас масеҳиҳо сипас касоне аз мусалмонон ҳастанд ки тобеъи ононанд, дар Байтул Муқаддас манзил мекунад! Пас он ҳазрат сокет шуд ва моро дид ки (бо таъаҷҷуб) ба ӯ менигарем чунонки гӯйи бар сарҳоямон паранда нишастааст, пас фармуд: Ман шуморо аз мисдоқи он хабар медиҳам; Он модернита аст»!

↑[1] . Бақара/ 222
↑[2] . Шӯро/ 49 ва 50
↑[3] . Бақара/ 216
↑[4] . Нисоъ/ 119
↑[5] . Исроъ/ 64
↑[6] . Зумар/ 6
↑[7] . Наҷм/ 32
↑[8] . Наҳл/ 78
↑[9] . Муҷодила/ 2
Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ Бахши посухгӯйи ба пурсишҳо
Таълиқот
Пурсишҳо ва посухҳои фаръӣ
Пурсиши
фаръии 1
Нависанда: Алӣ Розӣ
Тарих: 10/4/2016

Бархӣ аз фуқаҳойе ки ҳукми ба ҷойиз будани иҷора додани раҳим додаанд истидлолҳои мухталифе доштаанд аз ҷумла:

1 . Зане ки раҳими худро иҷора дода ҳукми модарро дорад чун аз ӯ нигаҳдорӣ кардааст, мисли зане ки ба бачае шир медиҳад ва ба ӯ маҳрам мешавад ва модари ризоъӣ мешавад, бо ин тафовут ки аввалӣ ба он фарзанд дар дохили раҳимаш ғазо медиҳад ва аз он тифл нигаҳдорӣ мекунад ва дуввумӣ аз шири синааш ба он тифл ғазо медиҳад ва аз он тифл нигаҳдорӣ мекунад. Бо ин ҳол ҳеҷ кадом модари аслӣ нестанд, балки модари аслӣ касе аст ки ҷанин марбут ба ӯ будааст.

2 . Истидлоли дигар ин аст ки агар зане қодир ба эҷоди ҷанин бошад вале ба далили бемроӣ дар раҳим қодир ба нигаҳдории фарзанд ё таваллуд набошад метвонад онро бо ризояти ҳамсар дар раҳими зани дигаре қарор диҳад то ӯ то замони таваллуд аз ӯ нигаҳдорӣ кунад. Ҳамчунон ки агар зане маълул бошад ва фарзанде ба дунё оварад, ночор аст барои нигаҳдорӣ аз фарзандаш дояе истихдом кунад ки ба ӯ шир диҳад ва аз ӯ нигаҳдорӣ кунад.

3 . Истидлоли дигар он аст ки чун ин маворид дар шаройити изтирор иттифоқ мефатад чорае ҷуз он вуҷуд надорад; Зеро мумкин аст марде ки ҳамсараш наметавонад фарзандро дар раҳимаш нигаҳдорӣ кунад ва ӯ толиби фарзанд аст, ҳамсарашро талоқ дода ва ё тарк карда ва ҳамсари дигаре бигирад ва ин мавзӯъ мунҷар ба фурупошии хонавода шавад. Бархӣ аз фуқаҳо ҳам гуфтаанд агар интиқоли ҷанин ба раҳими зани дигар ҳамроҳ бо нигоҳ ва ламс ва гуноҳ набошад дар шароити изтирор ҷойиз аст.

4 . Бархӣ ҳам гуфтаанд агар зане ки раҳими худро барои нигаҳдории ҷанини зан ва мардӣ дигар иҷора медиҳад муҷаррад бошад ва дар муддати интиқоли ҷанин то таваллуди фарзанд ба никоҳи муваққати мард даромада бошад дар ин сурат ишколе вуҷуд надорад ва ҷойиз аст.

Бо таваҷҷуҳ ба инки ҳукми ҳазрати алломаи Хуросонӣ бар адами муҷоз будани ин мавзӯъ аст мехоҳам истидлолҳои эшон дар радди мавориди фавқро ҳам ба тафкик бидонам.

Посух ба пурсиши
фаръии 1
Тарих: 13/4/2016

Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:

1 . Қиёси зане ки нутфа ё ҷанини дигаронро дар раҳими худ парвариш дода бо зане ки ба кӯдаки дигарон шир дода, қиёси маъалфориқ аст, бал мисдоқи боризи қиёсе аст ки ҷойе дар Ислом надорад ва мавриди наҳйи шадиди салафи солеҳ қарор гирифтааст; Зеро шир додани зан ба кӯдаки дигарон амалӣ табиъӣ аст ки дар машрӯъияти он тардиде нест, вале парвариш додани нутфа ё ҷанини дигарон дар раҳими худ амалӣ ғайри табиъӣ аст ки дар машрӯъияти он тардиди ҷиддӣ вуҷуд дорад ва бо ин васф, наметавон гуфт зан ҳамон тавр ки бо шир додан ба кӯдаки дигарон модари ризоъӣ мешавад, бо парвариш додани нутфа ё ҷанини дигарон дар раҳими худ модари раҳимӣ мешавад, магар бино бар мабнои асҳоби раъй ки мумкин аст дар фарзӣ баъид, чунин қиёсеро мӯътабар бидонанд. Оре, зане ки нутфа ё ҷанинеро дар раҳими худ парвариш дода ва ба сурати кӯдаке мутаваллид сохтааст, бино бар зоҳири китоби Худованд ва на бино бар қиёс, модар шумурда мешавад, вале зане ки тухмаки ӯ дар раҳими зани дигар қарор гирифтааст, модар шумурда намешавад; Чароки аз як сӯ бар хилофи зоҳири китоби Худованд аст ва аз сӯӣ дигар қиёси зани соҳиби раҳим бо зани ширдеҳ –ҳатто агар мӯътабар бошад– модар шудани зани соҳиби тухмакро собит намекунад, бал модар шудани зани соҳиби раҳимро собит мекунад ки бо зани соҳиби тухмак қобили қиёс нест. Оре, зани соҳиби тухмак, танҳо бо марди соҳиби нутфа қобили қиёс аст ки онро бидуни ақди никоҳ дар раҳими зане дохил кардааст ва табъан ба сабаби он, падар шумурда намешавад; Зеро бино бар қоъидаи фарош ки суннати мутавотири Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам аст, кӯдак барои шавҳари зани соҳиби раҳим аст, агарчи воқеъан аз нутфаи ӯ набошад ва бо ин васф, зани соҳиби тухмак ба тариқи авло модар шумурда намешавад; Зеро вақте мард ба сабаби дохил кардани нутфаи худ дар раҳими аҷнабӣ падар шумурда намешавад, ба тариқи авло зан ба сабаби дохил кардани тухмаки худ дар раҳими аҷнабӣ модар шумурда намешавад; Бо таваҷҷуҳ ба инки амали мазкур барои мард ҳаром вале табиъӣ ва барои зан ҳаром ва ғайри табиъӣ аст ва бо ин васф, ба тариқи авло асари шаръӣ надорад.

2 . Қиёси зане ки нутфа ё ҷанини дигаронро дар раҳими худ парвариш дода бо зане ки ба унвони доя аз кӯдаки дигарон нигаҳдорӣ карда, аз қиёси пешин фосидтар ва амиқтар аст, бал гунаи сафсата ва таҳаккум ба назар мерасад ки аз бепарвойи дар истинботи аҳком бархостааст; Чароки маҳалли низоъ ҷавози мушорикати бегона дар пайдоиши кӯдак аст, на ҷавози мушорикати бегона дар парвариши кӯдаки пайдоиш ёфта ва возеҳ аст ки қиёси ин ду бо якдигар қиёси маъалфориқ аст.

3 . Дар фарзи мазкур ҳеҷ изтирори ақлӣ ё шаръӣ вуҷуд надорад; Зеро изтирори ақлӣ, таваққуфи ҳаёти касе бар амалӣ ғайри машрӯъ аст ва изтирори шаръӣ, таваққуфи худдорӣ аз ҳаром аҳамми бар иртикоби ҳаром муҳим аст ки ҳеҷ як дар фарзи мазкур вуҷуд надорад; Бо таваҷҷуҳ ба инки талоқ додани ҳамсар на ба маънои заволи ҳаёт аст ва на ба маънои иртикоби ҳаром ва бо ин васф, идаъои онки амали мавриди баҳс ба иқтизои изтирор ҷойиз аст, маҳзи мукобира аст.

4 . Ишколи амали мавриди баҳс, танҳо аз ноҳияи мард ва аз ҷиҳати адами завҷияти ӯ бо зани соҳиби раҳим нест то аз тариқи никоҳи ӯ бо зани соҳиби раҳим бартараф шавад, бал аз ноҳияи зани соҳиби тухмак ва аз ҷиҳати адами ҷавози тағйири офариниши Худованд низ аст ки аз тариқи никоҳи мард бо зани соҳиби раҳим бартараф намешавад; Зеро аз як сӯ дохил кардани тухмаки зани соҳиби тухмак ба раҳими зани соҳиби раҳим монанди дохил кардани нутфаи мард ба раҳими зани аҷнабӣ ҳаром аст, балки чи басо ҳурмати шадидтаре дорад ва аз сӯӣ дигар дохил кардани тухмак ё ҷанини зане дар раҳими занӣ дигар тағйири офариниши Худованд бо тағйири низоми табиъии таносул ва таволуд шумурда мешавад ки мутлақан ҷойиз нест, агарчи зани соҳиби раҳим ҳамсари дигари мард бошад.

Мутаъассифона ба назар мерасад ки бархӣ олимон ба сурати суфоришӣ ва барои розӣ кардани бархӣ афрод ё гурӯҳҳо ё ҳокимон фатво медиҳанд; Ба ин тартиб ки бархӣ афрод ё гурӯҳҳо ё ҳокимон барои тавҷиҳ ва тарвиҷи корҳои ғайри шаръии худ ба муҷаввизҳои шаръӣ ниёз доранд ва инон низ муҷаввизҳои шаръиро барои онон содир мекунанд ва бо ин шева, ба ҷойи онки хоҳишҳои ононро бо дини Худованд ҳамоҳанг созанд, дини Худовандро бо хоҳишҳои онон ҳамоҳанг месозанд! Ин гурӯҳ аз олимон ки ғолибан бо кӯмаки ҳамин афрод, гурӯҳҳо ва ҳокимон ба шӯҳрат ва эътибор даст ёфтаанд, нахуст коре ки аз назари ин валинеъматҳояшон машрӯъ шумурда мешавадро машрӯъ фарз мекунанд ва сипас худро ба ҳар сӯ мезананд то бо ҳар такаллуф ва заҳмати мумкин барои он ҳилаӣ шаръӣ даст ва по кунанд! Ин аст ки аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло –ин олими озода, шуҷоъ ва сиддиқ– олимони вобаста ба афрод, гурӯҳҳо ва ҳокимонро барои мардум аз гургҳои гурусна барои галлаи гӯсфандон хатаронктар медонад; Чунонки яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт:

«سَمِعْتُ الْمَنْصُورَ یَقُولُ: ما ذِئْبانِ ضارِیانِ فِي غَنَمٍ قَدْ غابَ عَنْها راعِیها أَحَدُهُما فِي أَوَّلِها وَ الْآخَرُ فِي آخِرِها یَمْزُقانِ مِنْ کُلِّ جانِبٍ بِأَضَرَّ فِي قَوْمٍ مِنْ عالِمَیْنِ أَحَدُهُما یَتَّبِعُ السُّلْطانَ وَ الْآخَرُ یَتَّبِعُ السُّوقَ»; «Шунидам ҳазрати Мансур мефармояд: Ду гурги даранда дар галлае ки чӯппони он ғойиб аст, дар ҳоле ки яке дар ҷилави он ва дигарӣ дар ақаби он аст ва аз ҳар тараф пора мекунанд, зиёнбортар аз ду олим дар қавме нестанд ки яке аз он ду аз ҳоким ва дигарӣ аз бозор (ё кӯча) пайравӣ мекунад»!

*Барои тазеҳоти бештар, ба матни арабӣ муроҷиъа кунед.
Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ Бахши посухгӯйи ба пурсишҳо
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок гузоред, то ба густариши илм ва маърифати динӣ кӯмак кунед. Шукронаи ёд гирифтани як нуктаи ҷадид, ёд додани он ба дигарон аст.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Метавонед ин матлабро ба забонҳои зер низ мутолеъа кунед:
Агар бо забони дигаре ошнойи доред, метавонед ин матлабро ба он тарҷума кунед. [Форми тарҷума]
Навиштани пурсиш
Корбари гиромӣ! Шумо метавонед пурсишҳои худро дар бораи осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш посух дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Мумкин аст номи шумо ба унвони нависандаи пурсиш дар пойгоҳ намоиш дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.
Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:
1 . Мумкин аст ба пурсиши шумо дар пойгоҳ посух дода шуда бошад. Аз ин рӯ, беҳтар аст пеш аз навиштани пурсиши худ, пурсишҳои муртабитро мурур ё аз имкони ҷустуҷӯ дар пойгоҳ истифода кунед.
2 . Аз сабт ва ирсоли пурсишҳои ҷадид пеш аз дарёфти посухи пурсиши қаблӣ, худдорӣ кунед.
3 . Аз сабт ва ирсоли беш аз як пурсиш дар ҳар навбат, худдорӣ кунед.
4 . Авлавияти мо, посухгӯйи ба пурсишҳои марбут бо имом Маҳдӣ алайҳи салом ва заминасозӣ барои зуҳури ӯст; Чароки дар ҳоли ҳозир, аз ҳар чизе муҳимтар аст.