Сешанбе 19 Март 2024 мелодӣ / 8 Рамазон 1445 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
 Дарси ҷадид: Дарсҳое аз он ҷаноб дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад; Аҳодиси саҳиҳе аз Паёмбар дар ин бора; Ҳадиси 3. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Гуфтори ҷадид: Гуфторе аз он ҳазрат дар бораи инки фуру бурдани амдии сар дар об ҳаргоҳ сабаби расидани об ба гулӯ шавад, сабаби қазоъи рӯза аст. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Пурсиши ҷадид: Оё ақиқа кардан барои навзод, машрӯъ аст? Барои мутолеъаи посух, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед. Нақди ҷадид: Ман ба унвони касе ки даъвати ҷаноби Мансурро пазируфта ва мусаммам ба заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ аст, чигуна метавонам таколифи шаъии худам монанди намозу рӯза ва ҳаҷҷу закотро анҷом бидиҳам? Қабули даъвати ҷаноби Мансур сарфи назар аз инки барои зуҳури Маҳдӣ лозим аст, чи фойидае барои ман аз ҷиҳати амали ба таколифи шаръӣ дорад?! Барои мутолеъаи барраси, инҷоро клик кунед. Номаи ҷадид: Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он дар бораи шиддат гирифтани бало ҳушдор медиҳад ва иллати он ва роҳи пешгирӣ аз онро табйин мекунад. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Нуктаи ҷадид: Нуктаи «Як қадам монда ба субҳ» навиштаи «Илёс Ҳакимӣ» мунташир шуд. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед.
loading
Пурсиш ва посух
 

Бо салом хидмати асотиди мӯҳтарам ва ҳамчунин бар муваҳидони холис ки ҷуз Аллоҳ ва Расулашро аз касе итоъат намекунанд ва мушрик дар вилоят нестанд ва сохтаи зеҳни худро имоми худ намекунанд.

Ва аммо баъд

Ин ҷониб дар Эрон ҳуҷрае ҷиҳати тиҷорат дорам ва муншии хонуме доштам ки умуреро расидагӣ мекард. Ҳол эҳсос кардам ки будани зан дар маҳалли кор, шаръӣ набошад. Аммо аз онҷо ки дар Эрон зан ва мард баробар ҳастанд ва чи басо барои кор кардан ба занҳо бештар аз мардҳо баҳо дода мешавад, хостам бидонам ки дар суннати яқинии Паёмбар ҷойгоҳи зан чигуна аст? Ҳиҷоби занон чигуна аст? Оё муҷоз ҳаст дар беруни манзил кор кунад? Оё муҷоз ҳаст бо номаҳрам иртибот дошта бошад? Оё зан метавонад дар умури мухталиф фаъолият кунад? Оё мо метавонем аз занон дар корҳои худ истифода кунем?

Салом бар касоне ки ҳаққро мешиносанд ва мепазиранд ва бо дилу забон ва дасти худ ёрӣ мекунанд.

Ва аммо баъд

Асли, баробарии ҳуқуқ ва таколифи зан ва мард аст магар дар мавриде ки далилӣ қатъӣ аз шаръ барои тафовут дар он вуҷуд дорад; Чароки ҳамаи авомил ва навоҳии Худованд ва Паёмбараш аз ин ҷиҳат ом ва мутлақанд ва шомили ҳар ду мешаванд, магар навоҳӣ ва авомире ки ихтисоси онҳо ба яке аз он ду маълум аст. Бар ин асос, занон метавонанд дар ҳар кори машруъе ки анҷоми он ба танҳойи барои онон ҷойиз аст бо мардон мушорикат кунанд, машрут ба инки мусталзими корӣ ғайри машруъ монанди тамоси баданӣ ё гуфтори таҳрик кунанда ё танҳо шудан бо онон дар маконе ки касе дохил намешавад ё костан аз пӯшиши воҷиб ё кӯтоҳӣ дар адои ҳаққи шавҳар ё изоъаи фарзанде ки мукаллаф ба тарбияти ӯ ҳастанд набошад; Чароки агар мусталзими чунин корҳойе бошад, муқаддамаи ҳаром шумурда мешавад ва муқаддамаи ҳаром ақлан ҳаром аст; Ҳамчунонки барои мардон низ ҷойиз нест ки дар чунин ҳолоте бо занон мушорикат кунанд ё мушорикати онон бо худро бипазиранд; Чароки ин ҳамкорӣ бо онон дар гуноҳ ва зиёдаравӣ аст, дар ҳоле ки Худованд фармудааст: ﴿وَتَعَاوَنُوا عَلَى الْبِرِّ وَالتَّقْوَى ۖ وَلَا تَعَاوَنُوا عَلَى الْإِثْمِ وَالْعُدْوَانِ ۚ وَاتَّقُوا اللَّهَ ۖ إِنَّ اللَّهَ شَدِيدُ الْعِقَابِ[1]; «Ва бо якдигар дар некукорӣ ва тақво ҳамкорӣ кунед ва бо якдигар дар гуноҳ ва зиёдаравӣ ҳамкорӣ накунед ва аз Худованд битарсед; Чароки иқоби Худованд шадид аст»!

*Барои тазеҳоти бештар, ба матни арабӣ муроҷиъа кунед.
↑[1] . Моъида/ 2
Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ Бахши посухгӯйи ба пурсишҳо
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок гузоред, то ба густариши илм ва маърифати динӣ кӯмак кунед. Шукронаи ёд гирифтани як нуктаи ҷадид, ёд додани он ба дигарон аст.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Метавонед ин матлабро ба забонҳои зер низ мутолеъа кунед:
Агар бо забони дигаре ошнойи доред, метавонед ин матлабро ба он тарҷума кунед. [Форми тарҷума]
Навиштани пурсиш
Корбари гиромӣ! Шумо метавонед пурсишҳои худро дар бораи осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш посух дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Мумкин аст номи шумо ба унвони нависандаи пурсиш дар пойгоҳ намоиш дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.
Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:
1 . Мумкин аст ба пурсиши шумо дар пойгоҳ посух дода шуда бошад. Аз ин рӯ, беҳтар аст пеш аз навиштани пурсиши худ, пурсишҳои муртабитро мурур ё аз имкони ҷустуҷӯ дар пойгоҳ истифода кунед.
2 . Аз сабт ва ирсоли пурсишҳои ҷадид пеш аз дарёфти посухи пурсиши қаблӣ, худдорӣ кунед.
3 . Аз сабт ва ирсоли беш аз як пурсиш дар ҳар навбат, худдорӣ кунед.
4 . Авлавияти мо, посухгӯйи ба пурсишҳои марбут бо имом Маҳдӣ алайҳи салом ва заминасозӣ барои зуҳури ӯст; Чароки дар ҳоли ҳозир, аз ҳар чизе муҳимтар аст.