Сешанбе 19 Март 2024 мелодӣ / 8 Рамазон 1445 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
 Дарси ҷадид: Дарсҳое аз он ҷаноб дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад; Аҳодиси саҳиҳе аз Паёмбар дар ин бора; Ҳадиси 3. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Гуфтори ҷадид: Гуфторе аз он ҳазрат дар бораи инки фуру бурдани амдии сар дар об ҳаргоҳ сабаби расидани об ба гулӯ шавад, сабаби қазоъи рӯза аст. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Пурсиши ҷадид: Оё ақиқа кардан барои навзод, машрӯъ аст? Барои мутолеъаи посух, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед. Нақди ҷадид: Ман ба унвони касе ки даъвати ҷаноби Мансурро пазируфта ва мусаммам ба заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ аст, чигуна метавонам таколифи шаъии худам монанди намозу рӯза ва ҳаҷҷу закотро анҷом бидиҳам? Қабули даъвати ҷаноби Мансур сарфи назар аз инки барои зуҳури Маҳдӣ лозим аст, чи фойидае барои ман аз ҷиҳати амали ба таколифи шаръӣ дорад?! Барои мутолеъаи барраси, инҷоро клик кунед. Номаи ҷадид: Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он дар бораи шиддат гирифтани бало ҳушдор медиҳад ва иллати он ва роҳи пешгирӣ аз онро табйин мекунад. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Нуктаи ҷадид: Нуктаи «Як қадам монда ба субҳ» навиштаи «Илёс Ҳакимӣ» мунташир шуд. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед.
loading
Пурсиш ва посух
 

Оё ақиқа кардан барои навзод, машрӯъ аст? Агар машрӯъ аст, лутфан тариқаи саҳиҳи онро баён фармойед.

Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ кунед:

1 . «Ақиқа» он аст ки падар дар рӯзи ҳафтуми таваллуди фарзандаш, гӯсфандеро аз боби қурбонӣ ба даргоҳи Худованд зебҳ кунад ва дар бораи ҳукми он миёни фақиҳон ихтилофи бузурге аст; Бадин тартиб ки бештарашон онро суннат ва мустаҳаб донистаанд ва Зоҳирия ва бархӣ аз Имомия гуфтаанд ки он воҷиб аст ва гурӯҳе низ онро аз аъмоли ҷоҳилият пиндоштаанд; Чароки ба гумони онон, ривоёти расида дар бораи он, ахбори воҳид аст ва аз Абу Ҳанифа нақл шуда ки онро бидъат дониста ва шояд манзураш ҳамин буда; Чароки он кори навпайдое набудааст; Чунонки Яҳё ибни Саъиди Ансорӣ (д.143қ) гуфтааст: «أَدْرَكْتُ النَّاسَ وَمَا يَدَعُونَ الْعَقِيقَةَ عَنِ الْغُلَامِ وَالْجَارِيَةِ»[1]; «Мардумро дар ҳоле ёфтам ки ақиқаро барои писар ва духтар тарк намекарданд» Ва Молик ибни Анас (д.179қ) дар Ал-Муватаъ гуфтааст: «هِيَ مِنَ الْأَمْرِ الَّذِي لَمْ يَزَلِ النَّاسُ عَلَيْهِ عِنْدَنَا»[2]; «Он аз корҳойе аст ки мардум дар ҷойи мо (Мадина) ҳамвора бар он будаанд» Ва дар Ал-Мудаввина гуфтааст: «لَمْ تَزَلْ مِنْ عَمَلِ الْمُسْلِمِينَ»[3]; «Он пайваста аз корҳои мусалмонон будааст». Аз ин рӯ, муҳаққиқон аз аҳноф мегӯянд ки он суннат нест ва намегӯянд ки он бидъат аст ва манзурашон ин аст ки он аз одатҳои мубоҳ аст; Чунонки аз Муҳаммад ибни Ҳасани Шейбонӣ шогирди Абу Ҳанифа нақл мекунанд ки дар бораи он гуфтааст: «مَنْ شَاءَ فَعَلَ وَمَنْ شَاءَ لَمْ يَفْعَلْ»[4]; «Ҳар кас мехоҳад анҷом диҳад ва ҳар кас мехоҳад анҷом надиҳад» Ва Кошонӣ гуфтааст: «هَذَا يُشِيرُ إِلَى الْإِبَاحَةِ، فَيَمْنَعُ كَوْنَهُ سُنَّةً، وَذَكَرَ فِي الْجَامِعِ الصَّغِيرِ: <وَلَا يَعُقُّ عَنِ الْغُلَامِ وَلَا عَنِ الْجَارِيَةِ>، وَأَنَّهُ إِشَارَةٌ إِلَى الْكَرَاهَةِ؛ لِأَنَّ الْعَقِيقَةَ كَانَتْ فَضْلًا، وَمَتَى نُسِخَ الْفَضْلُ لَا يَبْقَى إِلَّا الْكَرَاهَةُ»[5]; «Ин бадон маъност ки он мубоҳ аст, пас ӯ суннат будани онро нафй карда, вале дар Ал-Ҷомеъул Сағир гуфтааст: <Набояд барои писар ё духтар ақиқа кард> ва ин ба маънои кароҳати он аст; Чароки ақиқа мустаҳаб будааст ва ҳаргоҳ мустаҳаб насх шавад, ҷуз кароҳат боқӣ намемонад» Ва Ибни Обидин гуфтааст: «فِيهِ نَظَرٌ؛ لِأَنَّ الْمُرَادَ لَا يَعِقُّ عَلَى سَبِيلِ السُّنِّيَّةِ، بِدَلِيلِ كَلَامِهِ الْأَوَّلِ، وَقَدْ ذَكَرَ فِي غُرَرِ الْأَفْكَارِ أَنَّ الْعَقِيقَةَ مُبَاحَةٌ عَلَى مَا فِي جَامِعِ الْمَحْبُوبِيِّ، أَوْ تَطَوُّعٌ عَلَى مَا فِي شَرْحِ الطَّحَاوِيِّ، وَمَا مَرَّ يُؤَيِّدُ أَنَّهَا تَطَوُّعٌ؛ عَلَى أَنَّهُ وَإِنْ قُلْنَا إِنَّهَا مُبَاحَةٌ لَكِنْ بِقَصْدِ الشُّكْرِ تَصِيرُ قُرْبَةً، فَإِنَّ النِّيَّةَ تُصَيِّرُ الْعَادَاتِ عِبَادَاتٍ وَالْمُبَاحَاتِ طَاعَاتٍ»[6]; «Дар ин сухан ҷойи таъаммул аст; Зеро манзури (Шейбонӣ), бо таваҷҷуҳ ба сухани қаблиаш, ин будааст ки набояд аз боби суннат ақиқа кард ва дар Ғурарул Афкор бино бар чизе ки дар Ҷомеъи Маҳбубӣ нақл шуда, гуфта ки ақиқа мубоҳ аст ва бино бар чизе ки дар Шарҳи Таҳовӣ нақл шуда, гуфта ки он мустаҳаб аст ва чизе ки гузашт далил бар ин аст ки он мустаҳаб аст, ҳар чанд агар бигӯйем мубоҳ аст ҳам агар ба қасди ширк бошад, мустаҳаб мешавад; Чароки ният, одатро ба ибодат ва мубоҳотро ба тоъот табдил мекунад», вале такаллуфе ки дар ин сухан вуҷуд дорад, пӯшида нест; Чароки зебҳ кардан асосан аз одатҳои мубоҳ маҳсуб намешавад, бал аз онҷо ки бояд барои Худованд анҷом шавад, ногузир аз ҷумлаи ибодат аст ва бар ин асос, ақиқа ё воҷиб маҳсуб мешавад ва ё мустаҳаб. Вонгаҳе шакке нест ки зебҳ кардан барои Худованд ба дунболи ҳар неъмати фавқулода аз боби шукр, мустаҳаб аст ва фарзанди солим неъмати фавқулода аст ва аз ин рӯ, камтарин ҳукми ақиқа, бо таваҷҷуҳ ба умумот ва итлоқот, истеҳбоб аст, бал ҳақ чизе аст ки Зоҳирия ва бархӣ аз Имомия гуфтаанд ва он вуҷуби ин кор бар касе аст ки тавонойиашро дорад; На танҳо ба далили ривоёти расида дар бораи он, бал ба далили сухани Худованд ки фармудааст: ﴿إِنَّا أَعْطَيْنَاكَ الْكَوْثَرَ ۝ فَصَلِّ لِرَبِّكَ وَانْحَرْ[7]; «Ҳароина Мо ба ту Кавсар додем, пас барои Парвардигорат намоз гузор ва қурбонӣ кун»; Бо таваҷҷуҳ ба инки «Кавсар» ба маънои хайри касир аст ва фарзанди солим аз бузургтарин масодиқи он маҳсуб мешавад, бал гуфта шуда ки мурод аз он ду оя ҳамин аст; Ба қаринаи ояи баъдӣ ки дар он омадааст: ﴿إِنَّ شَانِئَكَ هُوَ الْأَبْتَرُ[8]; «Ҳароина бадхоҳи туст ки буриданасл аст» ва аз ин рӯ, бар падар воҷиб аст ки ҳаргоҳ фарзанди солиме барои ӯ мутаваллид мешавад, Худовандро бо намоз гузордан ва қурбонӣ кардан барояш шукр гузорад; Чунонки яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт:

«سَأَلْتُ الْمَنْصُورَ عَنِ الْعَقِيقَةِ، فَقَالَ: هِيَ وَاجِبَةٌ عَلَى الْمُسْتَطِيعِ شُكْرًا لِلَّهِ تَعَالَى عَلَى مَا رَزَقَهُ مِنَ الْوَلَدِ السَّوِيِّ، قُلْتُ: وَاجِبَةٌ؟! قَالَ: نَعَمْ، أَلَمْ تَسْمَعْ قَوْلَ اللَّهِ تَعَالَى: ﴿إِنَّا أَعْطَيْنَاكَ الْكَوْثَرَ ۝ فَصَلِّ لِرَبِّكَ وَانْحَرْ؟! هُوَ الْوَلَدُ السَّوِيُّ، قُلْتُ: مَاذَا يَفْعَلُ مَنْ لَمْ يَعُقَّ عَنْهُ وَالِدُهُ حَتَّى كَبُرَ؟ قَالَ: يَعُقُّ عَنْ نَفْسِهِ إِنْ شَاءَ»[9]; «Аз Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар бораи ақиқа пурсидам, пас фармуд: Он бар касе ки тавонойиашро дорад воҷиб аст аз боби шукре барои Худованд бар фарзанди солиме ки рӯзиаш фармудааст, гуфтам: Воҷиб аст?! Фармуд: Бале, оё сухани Худовандро нашунидаи ки фармудааст: <Ҳароина Мо ба ту кавсар додем, пас барои Парвардигорат намоз гузор ва қурбонӣ кун>?! Он фарзанди солим аст, гуфтам: Касе ки падараш барои ӯ ақиқа накарда то вақте ки бузург шудааст чи кунад? Фармуд: Барои худаш ақиқа кунад агар мехоҳад».

Аз далоъили дигари вуҷуби ақиқа бар падар, пас аз сухани Худованд, ривояте аст ки дар он омадааст: «أَنَّ النَّبِيَّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَآلِهِ وَسَلَّمَ أَمَرَ بِتَسْمِيَةِ الْمَوْلُودِ يَوْمَ سَابِعِهِ، وَوَضْعِ الْأَذَى عَنْهُ، وَالْعَقِّ»[10]; «Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ба номгузории навзод дар рӯзи ҳафтумаш ва дур кардани олудагӣ аз ӯ ва ақиқа кардан барояш амр кард» Ва ривояте ки дар он омадааст: «عَنِ الْغُلَامِ عَقِيقَةٌ، فَأَهْرِيقُوا عَنْهُ دَمًا، وَأَمِيطُوا عَنْهُ الْأَذَى»[11]; «Барои писар ақиқа аст, пас барои ӯ хуне бирезед ва олудагиро аз ӯ дур кунед» Ва ривояте ки дар он омадааст: «كُلُّ غُلَامٍ رَهِينٌ بِعَقِيقَتِهِ، تُذْبَحُ عَنْهُ يَوْمَ السَّابِعِ، وَيُحْلَقُ رَأْسُهُ، وَيُسَمَّى»[12]; «Ҳар писаре дар гарави ақиқаи худ аст, дар рӯзи ҳафтум барои ӯ зебҳ ва сараш тарошида ва номгузорӣ мешавад» Ва ривоёти дигаре ки дар маҷмӯъ ба ҳадди тавотур мерасанд ва вуҷуби ақиқа, қавли ривоят шуда аз аҳли байт аст; Чунонки бо чанд тариқ аз Ҷаъфар ибни Муҳаммад алайҳимо салом ривоят шудааст: «الْعَقِيقَةُ وَاجِبَةٌ»[13]; «Ақиқа воҷиб аст» Ва монанди он аз Мӯсо ибни Ҷаъфар алайҳимо салом низ расида[14] ва аз Бурайдаи Асламӣ ривоят шудааст: «إِنَّ النَّاسَ يُعْرَضُونَ عَلَى الْعَقِيقَةِ كَمَا يُعْرَضُونَ عَلَى الصَّلَوَاتِ الْخَمْسِ»[15]; «Мардум дар бораи ақиқа бозхост хоҳанд шуд, ҳамон тавр ки дар бораи намозҳои панҷгона бозхост хоҳанд шуд» Ва монанди ин аз Фотима духтари Ҳусейн алайҳи салом низ ривоят шуда[16] ва аз Молик, Шофеъи, Аҳмад, Абу Сур, Исҳоқ ва Табарӣ низ нақл шудааст: «الْعَقِيقَةُ سُنَّةٌ يَجِبُ الْعَمَلُ بِهَا، وَلَا يَنْبَغِي تَرْكُهَا لِمَنْ قَدَرَ عَلَيْهَا»[17]; «Ақиқа суннате аст ки амал ба он воҷиб аст ва тарки он барои касе ки тавонойиашро дорад, шойиста нест».

2 . Барои инсони болиғ ки падараш дар замони кӯдакии ӯ ақиқа накарда, мустаҳаб аст ки барои худ ақиқа кунад; Чунонки дар гуфтори аллома ҳафизаҳуллоҳ таъоло гузаш ва дар ривояте аз Анас ибни Молик омадааст: «أَنَّ النَّبِيَّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَآلِهِ وَسَلَّمَ عَقَّ عَنْ نَفْسِهِ بَعْدَمَا جَاءَتْهُ النُّبُوَّةُ»[18]; «Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам пас аз инки ба Паёмбарӣ расид, барои худ ақиқа кард» Ва Умар ибни Язид ривоят кардааст: «قُلْتُ لِجَعْفَرِ بْنِ مُحَمَّدٍ عَلَيْهِمَا السَّلَامُ: إِنِّي وَاللَّهِ مَا أَدْرِي أَكَانَ أَبِي عَقَّ عَنِّي أَمْ لَا، فَأَمَرَنِي عَلَيْهِ السَّلَامُ، فَعَقَقْتُ عَنْ نَفْسِي وَأَنَا شَيْخٌ»[19]; «Ба Ҷаъфар ибни Муҳаммад алайҳимо салом гуфтам: Ман ба Худо савганд намедонам ки оё падарам бароям ақиқа кардааст ё на, пас манро амр фармуд ва барои худам ақиқа кардам, дар ҳоле ки пирамарде будам» Ва ривоят шудааст: «أَنَّ سَعِيدَ بْنَ جُبَيْرٍ عَقَّ عَنْ نَفْسِهِ بَعْدَمَا كَانَ رَجُلًا»[20]; «Саъид ибни Ҷубайр барои худ ақиқа кард, пас аз инки марде буд».

3 . Мустаҳаб аст ки аз гӯшти ақиқа ба ятимон ва мискинон таъом дода шавад; Ба далили сухани Худованд ки фармудааст: ﴿وَيُطْعِمُونَ الطَّعَامَ عَلَى حُبِّهِ مِسْكِينًا وَيَتِيمًا وَأَسِيرًا[21]; «Ва таъомро бо вуҷуди дӯст доштанашон, ба мискину ятим ва асир медиҳанд» Ва фармудааст: ﴿أَوْ إِطْعَامٌ فِي يَوْمٍ ذِي مَسْغَبَةٍ ۝ يَتِيمًا ذَا مَقْرَبَةٍ ۝ أَوْ مِسْكِينًا ذَا مَتْرَبَةٍ[22]; «Ё таъом доданӣ дар рӯзи гуруснагӣ, ба ятимӣ наздик, ё мискинӣ хокнишин», бал нодида гирифтани онон дар сурате ки ҳозир ё шинохта шуда бошанд, ҷойиз нест; Ба далили сухани Худованд ки аз қавли аҳли Дӯзах фармудааст: ﴿وَلَمْ نَكُ نُطْعِمُ الْمِسْكِينَ[23]; «Ва мо ба мискин таъом намедодем» Ва сухани Ӯ ки фармудааст: ﴿وَلَا يَحُضُّ عَلَى طَعَامِ الْمِسْكِينِ[24]; «Ва ба итъоми мискин дастур намедод». Ҳар чанд итъоми ҳамсоягон, хешовандон ва сойири мусалмононе ки ниёзманд нестанд ҳам ишколе надорад; Чунонки дар ривояте аз Ҷаъфар ибни Муҳаммад алайҳимо салом омадааст: «اطْبُخْهَا وَادْعُ عَلَيْهَا رَهْطًا مِنَ الْمُسْلِمِينَ»[25]; «Ақиқаро бипаз ва шуморе аз мусалмононро ба хӯрдани он даъват кун» Ва дар ривоятӣ дигар омадааст: «يُدْعَى نَفَرٌ مِنَ الْمُسْلِمِينَ، فَيَأْكُلُونَ وَيَدْعُونَ لِلْغُلَامِ»[26]; «Чанд нафар аз мусалмонон даъват мешаванд, пас мехуранд ва барои кӯдак дуъо мекунанд», вале бархӣ аз фуқаҳо даъват ба хӯрдани ақиқаро макрӯҳ донистаанд[27] ки албатта назарашон ваҷҳе надорад.

4 . Бисёрӣ аз фуқаҳо монанди Зуҳрӣ, ибни Ҷурайҷ, Атоъи, Шофеъи ва Аҳмад, шикастани устухонҳои ақиқаро макрӯҳ донистаанд ва гуфтаанд ки беҳтар аст аз мафсал ҷудо шаванд ва ин назар ривоят шуда аз аҳли байт аст[28] ва Абу Маъолӣ гуфтааст: «هَذَا كَالْفَأْلِ بِسَلَامَةِ أَعْضَاءِ الصَّبِيِّ»[29]; «Он аз боби фол барои саломати аъзои кӯдак аст», вале бархӣ аз фуқаҳо гуфтаанд ки он аз хурофоти ҷоҳилӣ аст[30], дар ҳоле ки чунин нест, магар инки аз боби ба фоли бад гирифтани шикастани устухонҳо бошад; Чароки ба фоли бад гирифтан, аз хурофоти ҷоҳилӣ аст.

5 . Дар ривоёти ворид шуда ки фарзанд дар гарави ақиқаи худ аст ва мақсуд аз он ин аст ки Худованд ба сабаби ақиқа, бало ва осебро аз ӯ дафъ мекунад ва ин чизе аст ки китоби Худованд дар достони Иброҳим алайҳи салом онро тасдиқ кардааст, ҳангоме ки Худованд ӯро ба зебҳи фарзандаш Исмоъил алайҳи салом амр фармуд ва сипас забеҳаи бузургеро фидяи ӯ қарор дод; Чунонки яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт:

«سَمِعْتُ الْمَنْصُورَ يَقُولُ: عُقُّوا عَنْ أَوْلَادِكُمْ تَدْفَعُوا عَنْهُمُ الْبَلَاءَ، أَلَمْ تَعْلَمُوا أَنَّ اللَّهَ تَعَالَى لَمَّا أَرَادَ أَنْ يَدْفَعَ عَنْ إِسْمَاعِيلَ الْبَلَاءَ، أَمَرَ إِبْرَاهِيمَ فَذَبَحَ عَنْهُ كَبَشًا، ثُمَّ قَالَ: ﴿وَفَدَيْنَاهُ بِذِبْحٍ عَظِيمٍ[31]؟!»[32]; «Шунидам Мансур мефармояд: Барои фарзандони худ ақиқа кунед то балоро аз онҳо дур гардонед. Оё намедонед ки Худованд ҳангоме ки хост балоро аз Исмоъил дур гардонад, ба Иброҳим амр фармуд, пас аз ҷониби ӯ гӯсфандеро зебҳ кард, сипас фармуд: <Ва зебҳи азимеро барои ӯ фидо кардем>?!»

6 . Мустаҳаб аст ки дар рӯзи ақиқа, мӯйи навзодро битарошанд ва ба вазни он нуқра садақа диҳанд; Чунонки аз Алӣ ибни Абӣ Толиб ривоят шудааст: «عَقَّ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَآلِهِ وَسَلَّمَ عَنِ الْحَسَنِ بِشَاةٍ، فَقَالَ: يَا فَاطِمَةُ، احْلِقِي رَأْسَهُ، وَتَصَدَّقِي بِزِنَةِ شَعْرِهِ فِضَّةً، فَوَزَنُوهُ فَكَانَ وَزْنُهُ دِرْهَمًا، أَوْ بَعْضَ دِرْهَمٍ»[33]; «Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам барои Ҳасан гӯсфандеро ақиқа кард ва сипас фармуд: Эй Фотима! Сарашро битарош ва ба вазнаш нуқра садақа бидеҳ, пас онро вазн карданд ва вазнаш як дирҳам ё камтар буд» Ва аз Абу Рофеъ ходими Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ривоят шудааст: «لَمَّا وَلَدَتْ فَاطِمَةُ حَسَنًا قَالَ لَهَا رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَآلِهِ وَسَلَّمَ: احْلِقِي شَعْرَهُ، وَتَصَدَّقِي بِوَزْنِهِ مِنَ الْوَرِقِ عَلَى الْمَسَاكِينِ، أَوْ عَلَى الْأَوْفَاضِ، يَعْنِي أَهْلَ الصُّفَّةِ، فَلَمَّا وَلَدَتْ حُسَيْنًا فَعَلَتْ مِثْلَ ذَلِكَ»[34]; «Ҳангоме ки Фотима Ҳасанро ба дунё овард, Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ба ӯ фармуд: Мӯяшро битарош ва ба вазни он ба ниёзмандон ё аҳли Суффаҳ[35] садақа бидеҳ, пас чун Ҳусейнро ба дунё овард низ ҳамин корро анҷом дод» Ва Молик, аз Ҷаъфар ибни Муҳаммад ибни Алӣ, аз падараш ривоят кардааст: «وَزَنَتْ فَاطِمَةُ بِنْتُ رَسُولِ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَآلِهِ وَسَلَّمَ شَعْرَ حَسَنٍ وَحُسَيْنٍ وَزَيْنَبَ وَأُمِّ كُلْثُومٍ، فَتَصَدَّقَتْ بِزِنَتِةِ فِضَّةً»[36]; «Фотима духтари Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам мӯйи сари Ҳасан, Ҳусейн, Зайнаб ва Умми Кулсумро вазн кард ва ба вазни он нуқра садақа дод». Албатта фуқаҳо дар бораи инки нахуст тарошидани мӯй анҷом мешавад ё зебҳи ақиқа, ихтилоф доранд. Ибни Ҷурайҷ гуфтааст ки нахуст зебҳи ақиқа анҷом мешавад[37] ва Атоъи гуфтааст ки нахуст тарошидани мӯй[38] ва ин ривояте аз Ҷаъфар ибни Муҳаммад алайҳимо салом аст[39] ва ривояти дигар аз ӯ ин аст ки фарқе надорад ва кофӣ аст ки дар як рӯз анҷом шавад; Чунонки Абу Сабоҳи Канонӣ ривоят кардааст: «سَأَلْتُ جَعْفَرَ بْنَ مُحَمَّدٍ عَلَيْهِمَا السَّلَامُ عَنِ الصَّبِيِّ الْمَوْلُودِ، مَتَى يُذْبَحُ عَنْهُ وَيُحْلَقُ رَأْسُهُ وَيُتَصَدَّقُ بِوَزْنِ شَعْرِهِ وَيُسَمَّى؟ قَالَ: كُلُّ ذَلِكَ فِي الْيَوْمِ السَّابِعِ»[40]; «Аз Ҷаъфар ибни Муҳаммад алайҳимо салом дар бораи навзод пурсидам ки чи вақт барои ӯ зебҳ мешавад ва сараш тарошида мешавад ва ба вазни мӯяш садақа дода мешавад ва номгузорӣ мешавад? Фармуд: Ҳамаи ин корҳо дар рӯзи ҳафтум анҷом мешавад» Ва Исҳоқ ибни Аммор аз он ҳазрат ривоят кардааст: «قُلْتُ: بِأَيِّ ذَلِكَ نَبْدَأُ؟ قَالَ: تَحْلِقُ رَأْسَهُ وَتَعُقُّ عَنْهُ وَتَصَدَّقُ بِوَزْنِ شَعْرِهِ فِضَّةً، وَيَكُونُ ذَلِكَ فِي مَكَانٍ وَاحِدٍ»[41]; «Гуфтам: Нахуст кадом якро анҷом диҳам? Фармуд: Сарашро метарошӣ ва барояш ақиқа мекунӣ ва ба вазни мӯяш нуқра садақа медиҳӣ ва ҳамаи ин корҳо дар як ҷо анҷом мешавад» Ва Ҷамил ибни Дароҷ аз он ҳазрат ривоят кардааст: «سَأَلْتُهُ عَنِ الْعَقِيقَةِ وَالْحَلْقِ وَالتَّسْمِيَةِ، بِأَيِّهَا يُبْدَأُ؟ قَالَ: يُصْنَعُ ذَلِكَ كُلُّهُ فِي سَاعَةٍ وَاحِدَةٍ، يُحْلَقُ وَيُذْبَحُ وَيُسَمَّى»[42]; «Аз ӯ дар бораи ақиқа кардан ва тарошидани мӯй ва номгузорӣ пурсидам ки кадом як нахуст анҷом мешавад? Фармуд: Ҳамаи онҳо дар як соъат анҷом мешавад, тарошидани мӯй ва зебҳ кардан ва номгузорӣ» Ва Аммор Собосӣ аз он ҳазрат ривоят кардааст: «سَأَلْتُهُ عَنِ الْعَقِيقَةِ عَنِ الْمَوْلُودِ، كَيْفَ هِيَ؟ قَالَ: إِذَا أَتَى لِلْمَوْلُودِ سَبْعَةُ أَيَّامٍ يُسَمَّى بِالْإِسْمِ الَّذِي سَمَّاهُ اللَّهُ عَزَّ وَجَلَّ بِهِ، ثُمَّ يُحْلَقُ رَأْسُهُ وَيُتَصَدَّقُ بِوَزْنِ شَعْرِهِ ذَهَبًا أَوْ فِضَّةً، وَيُذْبَحُ عَنْهُ كَبْشٌ»[43]; «Аз ӯ дар бораи ақиқа кардан барои навзод пурсидам ки чигуна аст? Фармуд: Ҳаргоҳ навзод ба рӯзи ҳафтум расид, ба номе ки Худованд барояш муқаддар кардааст номида мешавад, сипас сараш тарошида ва ба вазни мӯяш тилло ё нуқра садақа дода мешавад ва гӯсфанде барояш зебҳ мешавад».

7 . Молидани хуни ақиқа бар сари навзод, ҷойиз нест; Ба далили сухани Худованд ки фармудааст: ﴿وَالرُّجْزَ فَاهْجُرْ[44]; «Аз олудагӣ дурӣ кун» Ва ривояти Язид ибни Абдумазнӣ ки дар он омадааст: «قَالَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَآلِهِ وَسَلَّمَ: يُعَقُّ عَنِ الْغُلَامِ، وَلَا يُمَسُّ رَأْسُهُ بِدَمٍ»[45]; «Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фармуд: Барои писар ақиқа мешавад, вале бар сараш хуне молида намешавад» Ва ривояти Ойиша ки дар он омадааст: «كَانَ أَهْلُ الْجَاهِلِيَّةِ إِذَا عَقُّوا عَنِ الصَّبِيِّ يَجْعَلُونَ قُطْنَةً فِي دَمِ الْعَقِيقَةِ، فَإِذَا حَلَقُوا رَأْسَ الصَّبِيِّ وَضَعُوهَا عَلَى رَأْسِهِ، فَقَالَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَآلِهِ وَسَلَّمَ: اجْعَلُوا مَكَانَ الدَّمِ خَلُوقًا»[46]; «Аҳли ҷоҳилият ҳаргоҳ барои кӯдак ақиқа мекарданд, панҷаеро дар хуни ақиқа фурӯ мебурданд ва вақте сари кӯдакро метарошиданд, онро бар рӯйи сараш мегузоштанд, пас Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фармуд: Ба ҷойи хун, халуқ[47] бигзоред» Ва ривояти Бурайдаи Асламӣ ки дар он омадааст: «كُنَّا فِي الْجَاهِلِيَّةِ إِذَا وُلِدَ لِأَحَدِنَا غُلَامٌ ذَبَحَ شَاةً وَلَطَخَ رَأْسَهُ بِدَمِهَا، فَلَمَّا جَاءَ اللَّهُ بِالْإِسْلَامِ كُنَّا نَذْبَحُ شَاةً، وَنَحْلِقُ رَأْسَهُ وَنُلَطِّخُهُ بِزَعْفَرَانٍ»[48]; «Мо дар замони ҷоҳилият, ҳаргоҳ писаре бароямон ба дунё меомад, гӯсфандеро зебҳ мекардем ва хунашро бар сари ӯ мемолидем, пас чун Худованд Исломро овард, гӯсфандеро зебҳ мекардем ва сари ӯро метарошидем ва бар он заъфарон мемолидем» Ва Муъовия ибни Ваҳб аз Ҷаъфар ибни Муҳаммад алайҳимо салом ривоят кардааст ки фармуд: «كَانَ نَاسٌ يُلَطِّخُونَ رَأْسَ الصَّبِيِّ بِدَمِ الْعَقِيقَةِ، وَكَانَ أَبِي يَقُولُ: ذَلِكَ شِرْكٌ»[49]; «Бархӣ аз мардум буданд ки хуни ақиқаро бар сари кӯдак мемолиданд ва падарам мефармуд ки ин кор ширк аст» Ва Осими Кузӣ аз он ҳазрат ривоят кардааст: «قُلْتُ لَهُ: أَيُؤْخَذُ الدَّمُ فَيُلَطَّخُ بِهِ رَأْسُ الصَّبِيِّ؟ فَقَالَ: ذَاكَ شِرْكٌ، فَقُلْتُ: سُبْحَانَ اللَّهِ، شِرْكٌ؟! فَقَالَ: لَوْ لَمْ يَكُنْ ذَاكَ شِرْكًا فَإِنَّهُ كَانَ يُعْمَلُ فِي الْجَاهِلِيَّةِ وَنُهِيَ عَنْهُ فِي الْإِسْلَامِ»[50]; «Ба ӯ гуфтам: Оё аз хуни ақиқа гирифта ва ба сари кӯдак молида мешавад? Фармуд: Ин кор ширк аст, гуфтам: Субҳоналлоҳ! Ширк аст?! Фармуд: Агар ширк ҳам набошад, коре аст ки дар ҷоҳилият анҷом мешуд ва дар Ислом аз он наҳй шудааст» Ва шояд иллат инки метавон онро гунаи ширк донист ин бошад ки онон эътиқод доштанд ки молидани хун бар сари кӯдак, бало ва осебро аз ӯ дур мекунад ва ин монанди бархӣ хурофоти мушрикон аст.

↑[1] . Ал-Ишроф ала мазоҳибул уламоъ, ибни Манзари, ҷ1, с417
↑[2] . Ал-Муваттаъи Молик ривояти Абӣ Мусъаби Зуҳрӣ, ҷ2, с206
↑[3] . Ал-Мудаввинаи Молик ибни Анас, ҷ1, с554
↑[4] . Мухтасару Ихтилофи Уламоъ Таҳовӣ, ҷ3, с232; Ал-Истизкор ибни Абдул Бир, ҷ5, с316
↑[5] . Бидоъату Саноъа фи Тартибу Шароъа, Ксонӣ, ҷ5, с69
↑[6] . Ад-Дору Мухтор ва Ҳошия ибни Обидин, ҷ6, с326
↑[7] . Кавсар/ 1-2
↑[8] . Кавсар/ 3
↑[9] . Гуфтори 75, фақараи 1
↑[10] . Сунани Тирмизӣ, ҷ5, с132
↑[11] . Мусаннафи Абдурразоқ, ҷ4, с329; Муснади Ҳамидӣ, ҷ2, с69; Мусаннафи ибни Абӣ Шейба, ҷ5, с113; Муснади Аҳмад, ҷ26, с172; Муснади Дорамӣ, ҷ2, с251; Саҳиҳи Бухорӣ, ҷ7, с84; Сунани ибни Моҷа, ҷ2, с1056; Сунани Абӣ Доввуд, ҷ3, с106; Сунани Тирмизӣ, ҷ4, с97; Муснади Баззор, ҷ17, с280; Сунани Нисоъӣ, ҷ7, с164; Саҳиҳи ибни Хазима, ҷ3, с278; Шарҳи Мишкот осори Таҳовӣ, ҷ3, 72; Мустадрак ала Саҳиҳайн Ҳоким, ҷ4, с266; Сунанул Кубро Байҳақӣ, ҷ9, с502
↑[12] . Мусаннафи ибн Абӣ Шейба, ҷ7, с304; Муснади Аҳмад, ҷ33, с318; Муснади Дорамӣ, ҷ2, с251; Сунани ибни Моҷа, ҷ2, с1056; Сунани Абӣ Доввуд, ҷ3, с106; Сунани Тирмизӣ, ҷ4, с101; Муснади Баззор, ҷ10, с408; Сунани Нисоъӣ, ҷ7, с166; Ал-Мунтақӣ ибни Ҷоруд, ҷ1, с229; Шарҳи Мишкот осори Таҳовӣ, ҷ3, с58; Мустадрак ала Саҳиҳайн Ҳоким, ҷ4, с264; Сунанул Кубро Байҳақӣ, ҷ9, с503
↑[13] . Кофии Кулайнӣ, ҷ6, с25; Таҳзибул Аҳкоми Тувсӣ, ҷ7, с441
↑[14] . Кофии Кулайнӣ, ҷ6, с24; Ман ло Яҳзарул Фақиҳ ибни Бобувей, ҷ3, с484; Таҳзибул Аҳкоми Тувсӣ, ҷ7, с440
↑[15] . Муснади Руёнӣ, ҷ1, с81; Ал-Ишроф ала мазоҳибул уламоъ, ибни Манзари, ҷ3, с417; Ал-Истизкор ибни Абдулбир, ҷ5, с315
↑[16] . Ал-Маҳлӣ Бил Осор ибни Ҳазм, ҷ6, с237
↑[17] . Шарҳи Саҳиҳул Бухоро ибни Батол, ҷ5, с376; Ал-Истизкор ибни Абдулбир, ҷ5, с316
↑[18] . Мусаннафи Абдурразоқ, ҷ4, с329; Ал-Нафақату ала Аялӣ ибни Абӣ Дунё, ҷ1, с208; Муснади Баззор, ҷ13, с478; Муснади Руёнӣ, ҷ2, с386; Шарҳи Мишкот осори Таҳовӣ, ҷ3, с78; Мӯъҷамул Авсат Табаронӣ, ҷ1, с298; Ал-Хомис минал Афрод ибни Шоҳин, с194; Ал-Маҳлӣ Бил Осор ибни Ҳазм, ҷ6, 239; Сунанул Кубро Байҳақӣ, ҷ9, с505
↑[19] . Кофии Кулайнӣ, ҷ6, с25; Ман ло Яҳзарул Фақиҳ ибни Бобувей, ҷ3, с484; Таҳзибул Аҳкоми Тувсӣ, ҷ7, с441
↑[20] . Ат-Табақоту Кубро ибни Саъд, ҷ6, с261
↑[21] . Инсон/ 8
↑[22] . Балад/ 14-16
↑[23] . Муддассир/ 44
↑[24] . Ҳоққа/ 34
↑[25] . Кофии Кулайнӣ, ҷ6, с27; Таҳзибул Аҳкоми Тувсӣ, ҷ7, с442
↑[26] . Кофии Кулайнӣ, ҷ6, с28 ва 29; Таҳзибул Аҳкоми Тувсӣ, ҷ7, с442
↑[27] . Ал-Баён вал Таҳсил ибни Рушд Ал-Ҷад, ҷ3, с395
↑[28] . Бингаред ба: Мусаннафи ибни Абӣ Шейба, ҷ5, с115; Кофии Кулайнӣ, ҷ6, с27; Таҳзибул Аҳком Тувсӣ, ҷ7, с442.
↑[29] . Ниҳояту Матлаб фи Дирояту Мазҳаб Абӣ Маъолӣ Ҷувайнӣ, ҷ16, с206
↑[30] . Ал-Маунати ала Мазҳаби Олимил Мадина Қозии Абдулваҳҳоб, с671
↑[31] . Соффот/ 107
↑[32] . Гуфтори 75, фақараи 2
↑[33] . Мусаннафи ибни Абӣ Шейба, ҷ5, с113; Сунани Тирмизӣ, ҷ4, с99; Ал-Мустадрак ала Саҳиҳайн Ҳоим, ҷ4, с265; Сунанул Кубро Байҳақӣ, ҷ9, с511
↑[34] . Муснади ибни Ҷаъд, с334; Муснади Аҳмад, ҷ45, с163; Нафақату ала Айёл ибни Абӣ Дунё, ҷ1, с193; Сунанул Кубро Байҳақӣ, ҷ9, с512
↑[35] . Муҳоҷирони ниёзманде ки дар саҳни масҷид зиндагӣ мекарданд.
↑[36] . Муваттаи Молик ривояти Абӣ Мусъаби Зуҳрӣ, ҷ2, с205
↑[37] . Бингаред ба: Мусаннафи Абдурраззоқ, ҷ4, с332
↑[38] . Бингаред ба: Мусаннафи Абдурраззоқ, ҷ4, с333; Ал-Истизкор ибни Абдулбир, ҷ5, с315; Ал-баён вал Таҳсил ибни Рушд Ал-Ҷад, ҷ3, с384.
↑[39] . Бингаред ба: Кофии Кулайнӣ, ҷ4, с498.
↑[40] . Кофии Кулайнӣ, ҷ6, с28
↑[41] . Кофии Кулайнӣ, ҷ6, с27; Таҳзибул Аҳком Тувсӣ, ҷ7, с442
↑[42] . Кофии Кулайнӣ, ҷ6, с33
↑[43] . Кофии Кулайнӣ, ҷ6, с28; Таҳзибул Аҳком Тувсӣ, ҷ7, с443
↑[44] . Муддасир/ 5
↑[45] . Сунани ибн Моҷа, ҷ2, с1057; Ал-Оҳоду вал Масонӣ ибни Абӣ Осим, ҷ2, с339; Шарҳи Мишкот осори Таҳовӣ, ҷ3, с75; Мӯъҷамул Авсат Табаронӣ, ҷ1, с107; Маърифату Саҳоба Абӣ Наъими Исфаҳонӣ, ҷ4, с1898
↑[46] . Мусаннафи Абдурраззоқ, ҷ4, с330; Нафақату ала Айёл ибни Абӣ Дунё, ҷ1, с181; Муснади Баззор, ҷ18, с266; Муснади Абӣ Яъло, ҷ8, с17; Саҳиҳи ибни Ҳиббон, ҷ12, с124; Сунанул Кубро Байҳақӣ, ҷ9, с509
↑[47] . Атри баргирифта аз Заъфарон
↑[48] . Сунани Абӣ Доввуд, ҷ3, с107; Шарҳи Мишкот осори Таҳовӣ, ҷ3, с64; Мустадрак ала Саҳиҳайн Ҳоким, ҷ4, с266; Сунанул Кубро Байҳақӣ, ҷ9, с509
↑[49] . Кофии Кулайнӣ, ҷ6, с33
↑[50] . Кофии Кулайнӣ, ҷ6, с33
Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ Бахши посухгӯйи ба пурсишҳо
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок гузоред, то ба густариши илм ва маърифати динӣ кӯмак кунед. Шукронаи ёд гирифтани як нуктаи ҷадид, ёд додани он ба дигарон аст.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Метавонед ин матлабро ба забонҳои зер низ мутолеъа кунед:
Агар бо забони дигаре ошнойи доред, метавонед ин матлабро ба он тарҷума кунед. [Форми тарҷума]
Навиштани пурсиш
Корбари гиромӣ! Шумо метавонед пурсишҳои худро дар бораи осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш посух дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Мумкин аст номи шумо ба унвони нависандаи пурсиш дар пойгоҳ намоиш дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.
Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:
1 . Мумкин аст ба пурсиши шумо дар пойгоҳ посух дода шуда бошад. Аз ин рӯ, беҳтар аст пеш аз навиштани пурсиши худ, пурсишҳои муртабитро мурур ё аз имкони ҷустуҷӯ дар пойгоҳ истифода кунед.
2 . Аз сабт ва ирсоли пурсишҳои ҷадид пеш аз дарёфти посухи пурсиши қаблӣ, худдорӣ кунед.
3 . Аз сабт ва ирсоли беш аз як пурсиш дар ҳар навбат, худдорӣ кунед.
4 . Авлавияти мо, посухгӯйи ба пурсишҳои марбут бо имом Маҳдӣ алайҳи салом ва заминасозӣ барои зуҳури ӯст; Чароки дар ҳоли ҳозир, аз ҳар чизе муҳимтар аст.