Сешанбе 19 Март 2024 мелодӣ / 8 Рамазон 1445 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
 Дарси ҷадид: Дарсҳое аз он ҷаноб дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад; Аҳодиси саҳиҳе аз Паёмбар дар ин бора; Ҳадиси 3. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Гуфтори ҷадид: Гуфторе аз он ҳазрат дар бораи инки фуру бурдани амдии сар дар об ҳаргоҳ сабаби расидани об ба гулӯ шавад, сабаби қазоъи рӯза аст. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Пурсиши ҷадид: Оё ақиқа кардан барои навзод, машрӯъ аст? Барои мутолеъаи посух, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед. Нақди ҷадид: Ман ба унвони касе ки даъвати ҷаноби Мансурро пазируфта ва мусаммам ба заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ аст, чигуна метавонам таколифи шаъии худам монанди намозу рӯза ва ҳаҷҷу закотро анҷом бидиҳам? Қабули даъвати ҷаноби Мансур сарфи назар аз инки барои зуҳури Маҳдӣ лозим аст, чи фойидае барои ман аз ҷиҳати амали ба таколифи шаръӣ дорад?! Барои мутолеъаи барраси, инҷоро клик кунед. Номаи ҷадид: Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он дар бораи шиддат гирифтани бало ҳушдор медиҳад ва иллати он ва роҳи пешгирӣ аз онро табйин мекунад. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Нуктаи ҷадид: Нуктаи «Як қадам монда ба субҳ» навиштаи «Илёс Ҳакимӣ» мунташир шуд. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед.
loading
Пурсиш ва посух
 

Оё бо ғусли ҷумъа ва сойири ғуслҳои воҷиб ва мустаҳаб метавон намоз хонд?

Вузу гирифтан баъд аз ғусли ҷанобат ё ғуслҳое ки кифоят аз вузу мекунанд чи ҳукме дорад? Оё лағв аст? Яъне чи?

Ҳақ он аст ки ғусл кардан аз ҷанобат барои намоз кифоят мекунад ва пас аз он ниёзе ба вузу гирифтан нест ва ин мубтанӣ бар зоҳири китоби Худованд аст ки фармудааст: ﴿يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا لَا تَقْرَبُوا الصَّلَاةَ وَأَنْتُمْ سُكَارَى حَتَّى تَعْلَمُوا مَا تَقُولُونَ وَلَا جُنُبًا إِلَّا عَابِرِي سَبِيلٍ حَتَّى تَغْتَسِلُوا[1]; «Эй касоне ки имон овардед! Ба намоз наздик нашавед дар ҳоле ки маст ҳастед то он гоҳ ки бидонед чи мегӯйед ва на дар ҳоле ки ҷунуб ҳастед магар барои гузаштан аз роҳе то он гоҳ ки ғусл кунед», бо таваҷҷуҳ ба инки ғусл карданро ғояти ҳурмати наздик шудан ба намоз дар ҳоли ҷанобат дониста ва мафҳуми он ҷавози наздик шудан ба намоз пас аз ғусл кардан аз ҷанобат аст ва бо ин васф, вузу гирифтан барои намоз пас аз ғусл кардан аз ҷанобат, воҷиб нест, балки таҳсили ҳосил шумурда мешавад.

Аммо оё ғусл кардан аз ғайри ҷанобат низ барои намоз кофӣ аст? Ҳақ он аст ки оре; Чароки мусалламан ҳадси ҳосил аз ҷанобат, шадидтар аст ва ҳаргоҳ ғусл аз он барои намоз кофӣ бошад, ғусл аз ғайри он ба тариқи авло кофӣ хоҳад буд ва ин қавли аҳли байти Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ва қавли бисёрӣ аз саҳоба ва тобеъон аст; Чунонки яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт:

«سَمِعْتُ الْمَنْصُورَ الْهاشِمِيَّ الْخُراسانِيَّ یَقُولُ: الْغُسْلُ الْوُضُوءُ الْأَکْبَرُ! قُلْتُ: إِنَّهُمْ یَقُولُونَ لا یُجْزِي عَنِ الْوُضُوءِ إِلّا الْغُسْلُ مِنَ الْجَنابَةِ! قالَ: سُبْحانَ اللّهِ! أَیُجْزِي الْغُسْلُ مِنَ الْجَنابَةِ وَ لا یُجْزِي الْغُسْلُ مِنَ الْحَدَثِ الْأَصْغَرِ؟! أَفَلا یَعْقِلُونَ؟!»; «Шунидам ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ мефармояд: Ғусл, вузуъи бузург аст! Гуфтам: Онҳо мегӯянд ки аз вузу кифоят намекунад магар ғусли аз ҷанобат! Фармуд: Худованд муназзаҳ аст! Оё ғусли аз ҷанобат кифоят мекунад ва ғусли аз ҳадаси кӯчактар кифоят намекунад?! Оё пас ақлро ба кор намебаранд?!».

Бо ин васф, вузу гирифтан пас аз ғусл кардан, кори беҳудае аст, балки илтизом ба он бидъат ва васвос шумурда мешавад; Чунонки яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт:

«سَمِعْتُ الْعالِمَ یَقُولُ: الْوُضُوءُ بَعْدَ الْغُسْلِ بِدْعَةُ الْمُتَکَلِّفِینَ»; «Шунидам олим мефармояд: Вузу гирифтан пас аз ғусл кардан, бидъати мутакаллифон аст»!

Оре, вузу гирифтан пеш аз ғусл кардан ишколе надорад; Чунонки яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт:

«کُنْتُ أَتَوَضَّأُ بَعْدَ الْغُسْلِ لِما أَجِدُ فِي نَفْسِي فَأَرَدْتُ أَنْ أَسْأَلَهُ فَنَسِیتُ فَلَمّا دَخَلْتُ عَلَیْهِ قالَ لِي: لَعَلَّکَ تَتَوَضَّأُ بَعْدَ الْغُسْلِ! قُلْتُ: نَعَمْ وَ أَرَدْتُ أَنْ أَسْئَلَکَ فَنَسِیتُ! قالَ: فَلا تَفْعَلْ فَإِنْ أَبَیْتَ إِلّا أَنْ تَفْعَلَ فَتَوَضَّأْ قَبْلَ الْغُسْلِ لا بَعْدَهُ فَإِنَّ الْوُضُوءَ بَعْدَ الْغُسْلِ إِسْرافٌ وَ إِنَّ اللّهَ لا یُحِبُّ الْمُسْرِفینَ»; «Ман ба сабаби чизе ки дар дилм меёфтам, пас аз ғусл кардан вузу мегирифтам, пас хостам ки аз он ҳазрат дар борааш бипурсам вале фаромӯш кардам, пас чун ба маҳзари эшон расидам ба ман фармуд: Шояд ту пас аз ғусл кардан вузу мегирӣ! Гуфтам: Оре ва мехостам аз шумо бипурсам, вале фаромӯш кардам! Фармуд: (Ин корро) накун, пас агар намехоҳӣ ҷуз онки (ин корро) бикунӣ, пас пеш аз ғусл кардан вузу бигир ва на пас аз он; Чароки вузу гирифтан пас аз ғусл кардан исроф аст ва Худованд исроф кунандагонро дӯст намедорад»!

↑[1] . Нисоъ/ 43
Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ Бахши посухгӯйи ба пурсишҳо
Таълиқот
Пурсишҳо ва посухҳои фаръӣ
Пурсиши
фаръии 1
Нависанда: Саъид Қодирӣ
Тарих: 31/7/2019

Лутфан дар бораи кифояти ғусл аз вузу бештар тавзиҳ диҳед. Оё намоз хондан бо ҳар ғусле саҳиҳ аст? Яъне ҳар бор ки ба ҳаммом рафтем метавонем нияти ғусл кунем ва бо он намоз бихонем бидуни инки вузу бигирем?

Посух ба пурсиши
фаръии 1
Тарих: 4/8/2019

Ривоёти фаровоне дар бораи кифояти ғусл аз вузу расида; Монанди ривояти Оиша ки дар он омадааст: «إِنّ النَّبِيَّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ كَانَ لا يَتَوَضَّأُ بَعْدَ الْغُسْلِ»[1]; «Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам баъд аз ғусл вузу намегирифт» Ва ривояти дигари ӯ ки дар он омадааст: «كَانَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ يَغْتَسِلُ وَيُصَلِّي الرَّكْعَتَيْنِ وَيُصَلِّي الْغَدَاةَ وَلا أَرَاهُ يُحْدِثُ وُضُوءًا بَعْدَ الْغُسْلِ»[2]; «Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ғусл мекард ва ду ракат намоз мегузорд ва намози субҳро мегузорд ва намедидам ки баъд аз ғусл вузу бигирад» Ва ривояти Анас ва ибни Аббос аз Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ки дар он омадааст: «لَيْسَ مِنَّا مَنْ تَوَضَّأَ بَعْدَ الْغُسْلِ»[3]; «Аз мо нест касе ки баъд аз ғусл вузу мегирад» Ва ривояти ибни Умар ки дар он омадааст: «إنّ النَّبِيَّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ سُئِلَ عَنِ الْوُضُوءِ بَعْدَ الْغُسْلِ، فَقَالَ: وَأَيُّ وُضُوءٍ أَفْضَلُ مِنَ الْغُسْلِ؟!»[4]; «Аз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам дар бораи вузу баъд аз ғусл пурсидам, пас фармуд; Кадом вузу беҳтар аз ғусл аст?!» Ва ривояти Муҳаммад ибни Муслим аз Абу Ҷаъфари Боқир алайҳи салом ки дар он овадааст: «الْغُسْلُ يُجْزِي عَنِ الْوُضُوءِ وأَيُّ وُضُوءٍ أَطْهَرُ مِنَ الْغُسْلِ؟!»[5]; «Ғусл аз вузу кифоят мекунад ва кадом вузу покизатар аз ғусл аст?!» Ва ривояти Аммори Соботӣ ки дар он омадааст: «سُئِلَ أَبُو عَبْدِ اللَّهِ عَلَيْهِ السَّلامُ عَنِ الرَّجُلِ إِذَا اغْتَسَلَ مِنْ جَنابَتِهِ، أَوْ يَوْمَ جُمُعَةٍ، أَوْ يَوْمَ عِيدٍ، هَلْ عَلَيْهِ الْوُضُوءُ قَبْلَ ذَلِكَ أَوْ بَعْدَهُ؟ فَقالَ: لا، لَيْسَ عَلَيْهِ قَبْلُ وَلا بَعْدُ قَدْ أَجْزَأَهُ الْغُسْلُ، وَالْمَرْأَةُ مِثْلُ ذَلِكَ إِذَا اغْتَسَلَتْ مِنْ حَيْضٍ أَوْ غَيْرِ ذَلِكَ، فَلَيْسَ عَلَيْهَا الْوُضُوءُ لا قَبْلُ ولا بَعْدُ، قَدْ أَجْزَأَهَا الْغُسْلُ»[6]; «Аз Абу Абдуллоҳи Содиқ алайҳи салом дар бораи марде пурсидам ки аз ҷанобат ғусл мекунад, ё дар рӯзи ҷумъа, ё дар рӯзи ид, оё қабл ё баъди он бар ӯҳдаи ӯст ки вузу бигирад? Фармуд: На, қабл ё баъди он бар ӯҳдаи ӯ нест, ғусл барои ӯ кифоят кардааст ва зан ҳам ҳамин тавр аст, ҳаргоҳ аз ҳайз ё чизӣ дигар ғусл кунад бар ӯҳдаи ӯ вузу нест, на қабл ва на баъд, ғусл барои ӯ кифоят кардааст» Ва ривояти Сулаймон ибни Холид аз Абу Ҷаъфари Боқир, ва ривояти Абдуллоҳ ибни Сулаймон аз Абу Абдуллоҳи Содиқ алайҳи салом ки дар он омадааст: «الْوُضُوءُ بَعْدَ الْغُسْلِ بِدْعَةٌ»[7]; «Вузу баъд аз ғусл бидъад аст» Ва ин қавли бисёрӣ аз саҳоба ва тобеъин аст[8] Ва аз он рӯ пазируфта мешавад ки бо китоби Худованд созугорӣ дорад; Чароки китоби Худованд ғуслро бартараф кунандаи ҳадаси бузургтар донистааст ва бо ин васф, ба тариқи авло ҳадаси кӯчактарро бартараф мекунад ва ин аз боби қиёси авлавият аст ки ҳукмӣ ақлӣ маҳсуб мешавад; Бо таваҷҷуҳ ба инки ғараз аз вузу «Таҳорат барои тақарруб ба Худованд» аст; Чунонки фармудааст: ﴿مَا يُرِيدُ اللَّهُ لِيَجْعَلَ عَلَيْكُمْ مِنْ حَرَجٍ وَلَكِنْ يُرِيدُ لِيُطَهِّرَكُمْ[9]; «Худованд намехоҳад ки бар шумо машаққате қарор диҳад, бал мехоҳад ки шуморо покиза кунад» Ва ин ғараз бо ғусл –ба наҳви аҳсан– ҳосил мешавад; Чунонки фармудааст: ﴿وَإِنْ كُنْتُمْ جُنُبًا فَاطَّهَّرُوا[10]; «Ва агар ҷунуб будед, покиза шавед» яъне ғусл кунед, балки чи басо аз боби зуҳури лафз дар мафҳум мувофиқ аст; Зеро кофӣ донистани ғусли ҷанобат аз вузу ин маъноро мерасонад ки ғусл аз вузу кифоят мекунад; Ба ин маъно ки ҳар ду ҳадисро бар медорад; Хусусан бо таваҷҷуҳ ба инки ғусли ҷанобат бо сойири ғуслҳо мутафовит нест; Чароки кайфияти ҳами онҳо яксон аст ва қасди қурбат дар ҳамаи онҳо вуҷуд дорад.

Оре, ғуслҳойе ки сабаби шаръӣ надоранд, холӣ аз тафовут нестанд; Чароки амри вуҷубӣ ё истеҳбобӣ ба онҳо нарасидааст ва бо ин васф, анҷоми онҳо имтисол маҳсуб намешавад ва ҷанбаи таъссӣ ба Паёмбар ё хулафоъи рошид ва Маҳдии ӯ надорад; Фориғ аз онки инсирофи лафзи ғусл дар шаръ ба ғуслҳои маъаҳуд ва маъруфи шаръӣ баъид нест. Аз ин рӯ, эҳтиёт воҷиби он аст ки қабл аз ғуслҳои бесабаб вузу гирифта шавад; Бар хилофи ғуслҳойе ки шаръ онҳоро воҷиб ё мустаҳаб шумурдааст ва онҳо ба тартиби зеранд:

1 . Ғусли ҷанобат

2 . Ғусли ҳайз

3 . Ғусли нифос

4 . Ғусли истиҳоза

5 . Ғусли масси маййит

6 . Ғусли ҷумъа

7 . Ғусли иди фитр

8 . Ғусли иди қурбон

9 . Ғусли эҳром барои ҳаҷ ё умра

10 . Ғусли тавба аз куфр

11 . Ғусли шабҳои нуздаҳум, бисту якум ва бисту севвуми моҳи рамазон

12 . Ғусли рӯзи арафа

13 . Ғусли вуруд ба Макка ва Мадина

14 . Ғусли вуруд ба Масҷидул Ҳаром ва Масҷидул Набӣ саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам

15 . Ғусл ба сабаби касуф ва хусуф барои адо ё қазои намози оёт

16 . Ғусл барои истисқоъ

17 . Ғусл баъд аз ба ҳуш омадан аз беҳушӣ

Инҳо ғуслҳойе ҳастанд ки ривоёти мӯътабар ва машҳуре дар манобеъи фариқайн дар бораи онҳо расидааст ва аз ин рӯ, метавон онҳоро воҷиб ё мустаҳаб донист ва қабл аз онҳо вузу нагирифт, ҳар чанд ғуслҳои дигаре низ ривоят шудаанд ки анҷоми онҳо ба умеди истеҳбоб ишколе надорад; Монанди ғусли шаби аввал ва шаби ҳабдаҳуми моҳи рамазон ва ғусли рӯзи ҳаштуми зулҳиҷҷа ва ғасли истихора ва ғусли мубоҳила ва ғусли намози ҳоҷат, вале беҳтар аст ки қабл аз онҳо вузу гирифта шавад; Ҳамчунонки эҳтиёти воҷиб, вузу гирифтан қабл аз ғуслҳойе аст ки дар бораи онҳо ривояте нарасидааст ва анҷоми онҳо бо қасди имтисол ё таъссӣ нест.

Барои огоҳӣ аз кайфияти ғусл, ба пурсиш ва посухи 257 муроҷиъа кунед.

↑[1] . Муснади Таёлусӣ, с198; Муснади Аҳмад, ҷ6, с68; Сунани Тирмизӣ, ҷ1, с72; Сунани Насоъӣ, ҷ1, с137; Муснади абӣ Яъло, ҷ8, с25; Мустакбирул Аҳком, ҷ1, с153
↑[2] . Муснади Ибни Роҳувей, ҷ3, с857; Муснади Аҳмад, ҷ6, с154; Сунани абӣ Доввуд, ҷ1, с63; Мустадраки Ҳоким, ҷ1, с153; Сунани Байҳақӣ, ҷ1, с179
↑[3] . Ромҳурмузӣ, Ал-Ҳаддул Фосил, с345; Табаронӣ, Ал-Мӯъҷамул Авсат, ҷ3, с243; Ҳамон Ал-Мӯъҷамул Кабир, ҷ11, с286
↑[4] . Мустадраки Ҳоким, ҷ1, с154; من وافق اسمه اسم أبیه للأزدی, ҷ1, с26
↑[5] . Тувсӣ, Таҳзибул Аҳком, ҷ1, с139
↑[6] . Тувсӣ, Таҳзибул Аҳком, ҷ1 с141
↑[7] . Кулайнӣ, Ал-Кофӣ, ҷ3, с45; Тувсӣ, Таҳзибул Аҳком, ҷ1, с140
↑[8] . Нигоҳ кунед ба: Мусаннафи Абдурразоқ, ҷ1, с270; Мусаннафи ибни Абӣ Шейба, ҷ1, с88; Сунани Тирмизӣ, ҷ1, с72.
↑[9] . Моъида/ 6
↑[10] . Моъида/ 6
Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ Бахши посухгӯйи ба пурсишҳо
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок гузоред, то ба густариши илм ва маърифати динӣ кӯмак кунед. Шукронаи ёд гирифтани як нуктаи ҷадид, ёд додани он ба дигарон аст.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Метавонед ин матлабро ба забонҳои зер низ мутолеъа кунед:
Агар бо забони дигаре ошнойи доред, метавонед ин матлабро ба он тарҷума кунед. [Форми тарҷума]
Навиштани пурсиш
Корбари гиромӣ! Шумо метавонед пурсишҳои худро дар бораи осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш посух дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Мумкин аст номи шумо ба унвони нависандаи пурсиш дар пойгоҳ намоиш дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.
Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:
1 . Мумкин аст ба пурсиши шумо дар пойгоҳ посух дода шуда бошад. Аз ин рӯ, беҳтар аст пеш аз навиштани пурсиши худ, пурсишҳои муртабитро мурур ё аз имкони ҷустуҷӯ дар пойгоҳ истифода кунед.
2 . Аз сабт ва ирсоли пурсишҳои ҷадид пеш аз дарёфти посухи пурсиши қаблӣ, худдорӣ кунед.
3 . Аз сабт ва ирсоли беш аз як пурсиш дар ҳар навбат, худдорӣ кунед.
4 . Авлавияти мо, посухгӯйи ба пурсишҳои марбут бо имом Маҳдӣ алайҳи салом ва заминасозӣ барои зуҳури ӯст; Чароки дар ҳоли ҳозир, аз ҳар чизе муҳимтар аст.