Сешанбе 19 Март 2024 мелодӣ / 8 Рамазон 1445 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
 Дарси ҷадид: Дарсҳое аз он ҷаноб дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад; Аҳодиси саҳиҳе аз Паёмбар дар ин бора; Ҳадиси 3. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Гуфтори ҷадид: Гуфторе аз он ҳазрат дар бораи инки фуру бурдани амдии сар дар об ҳаргоҳ сабаби расидани об ба гулӯ шавад, сабаби қазоъи рӯза аст. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Пурсиши ҷадид: Оё ақиқа кардан барои навзод, машрӯъ аст? Барои мутолеъаи посух, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед. Нақди ҷадид: Ман ба унвони касе ки даъвати ҷаноби Мансурро пазируфта ва мусаммам ба заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ аст, чигуна метавонам таколифи шаъии худам монанди намозу рӯза ва ҳаҷҷу закотро анҷом бидиҳам? Қабули даъвати ҷаноби Мансур сарфи назар аз инки барои зуҳури Маҳдӣ лозим аст, чи фойидае барои ман аз ҷиҳати амали ба таколифи шаръӣ дорад?! Барои мутолеъаи барраси, инҷоро клик кунед. Номаи ҷадид: Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он дар бораи шиддат гирифтани бало ҳушдор медиҳад ва иллати он ва роҳи пешгирӣ аз онро табйин мекунад. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Нуктаи ҷадид: Нуктаи «Як қадам монда ба субҳ» навиштаи «Илёс Ҳакимӣ» мунташир шуд. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед.
loading
Пурсиш ва посух
 

Назари алломаи Хуросонӣ дар мавриди пайванди аъзои касоне ки дучори марги мағзӣ шудаанд чист?

Дар робита бо пайванди аъзои касоне ки ба марги мағзӣ дучор шудаанд, панҷ масъалаи бунёдин матраҳ аст ки дар зейл посух дода мешавад:

1 . Оё касе ки ба марги мағзӣ дучор шудаанд, мурда маҳсуб мешаванд?

Бино бар назари аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло, марг ба маънои инқитоъи комили руҳ аз бадан аст ки бо таваққуфи комили фаъолияти мағз ва қалб ва ба табаъи он, инқитоъи ҷараёни хун ва танаффус ва ҳамзамон сард ва хушк шудани бадан рӯй медиҳад ва бо ин васф, таваққуфи комили фаъолияти мағз, пеш аз таваққуфи комили фаъолияти қалб ва ба табаъи он ҷараёни хун ва танаффус, марг шумурда намешавад ва барои ҷараёни аҳкоми мурдагон монанди ғусл, кафн ва дафн кофӣ нест. Бинобарин, наметавон касе ки дорои тапиши қалб, ҷараёни хун ва танаффус астро ғусл дод, кафан кард ва ба хок супурд, ҳар чанд мағзи ӯ фаъолияте надошта бошад. Оре, таваққуфи комили фаъолияти мағз оғози фароянди тӯлонӣ шудаи марг ва марҳалаи ғайри кобили бозгашт аз мароҳили он аст ки дар истилоҳи аҳли фиқҳ ба он «Ҳаёти ғайри мустақим» гуфта мешавад; Чунонки яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт:

«سَأَلَنِي طَبِیبٌ أَنْ أَسْأَلَ الْمَنْصُورَ أَیَّدَهُ اللّهُ تَعَالَى عَنْ تَوَقُّفِ نَشاطِ الدِّماغِ طُرّاً، فَسَأَلْتُهُ عَنْهُ فَقالَ: سَکْرَةٌ مِنْ سَکَراتِ الْمَوتِ! قُلْتُ: تُریدُ حَیاةً غَیْرَ مُسْتَقِرَّةٍ؟ قالَ: هَكَذَا یَقُولُونَ»; «Пизишке аз ман хост ки аз ҳазрати Мансур аядулло таъоло дар бораи таваққуфи ҳамаи фаъоллиятҳои мағз бипурсам ва ман пурсидам, пас фармуд: Як мадҳушӣ аз мадҳушиҳои марг аст! Гуфтам: Манзуратон ҳаёти ғайри мустақар аст? Фармуд: Ин гуна мегӯянд (яъне дар истилоҳ ба он ин гуна гуфта мешавад)»!

Ба ин тартиб, касе ки ба марги мағзӣ дучор шуда, ба иқтизои фаъолияти қалби худ, ҳанӯз ба сарманзили ниҳойии марг нарасида, вале дар ҳоли таъйи мароҳили он аст ва ба марҳалае аз мароҳили он расида ки дигар қодир ба бозгашт ва қодир ба ҳеҷ як аз аъмоли иродии зиндагони монанди ибодот ва муъомилот нест ва аз ин ҷиҳат, монанди мурдагон аст; Чунон касе ки аз осмон партоб шуда ва дар ҳоли суқути озод ба сӯӣ замин аст ва табиъатан умеде ба бозгашти ӯ ва умеде ба зинда монданаш намеравад ва қодир ба анҷоми коре нест.

2 . Оё дармони касоне ки ба марги мағзӣ дучор шудаанд, ҳаргоҳ фоидае бар дармони онҳо мутараттиб набошад ҷойиз аст?

Бино бар назари аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло, ҳаргоҳ фаъолияти қалби касоне ки ба марги мағзӣ дучор шудаанд, сирфан ношӣ аз омоли хориҷӣ ва танаффуси маснуъӣ бошад, ба наҳве ки бо қатъӣ он, бедаранг мутаваққиф шавад ва умеде ба бениёз шуданаш аз он агарчи дар дарозмуддат набошад, идомаи ин кор воҷиб нест ва метавон ба истифода аз омили хориҷӣ ва танаффуси маснуъӣ хотима дод; Чароки идомаи он дар чунин ҳолате ваҷҳе надорад ва уқалоӣ шумурда намешавад, балки чи басо мисдоқи изоъаи мол ва озор додани касе аст ки дар ҳоли марг аст; Чунонки яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт:

«سَأَلْتُهُ عَنِ الطَّبِیبِ یُدْخِلُ جِهازاً فِي جَوْفِ مَنْ ماتَ دِماغُهُ فَیُحَرِّکُ قَلْبَهُ، قالَ: ذَلِكَ لَحْمٌ یَعْبَثُ بِهِ»; «Аз он ҳазрат дар бораи табибе пурсидам ки дастгоҳеро дар шиками касе ки дучори марги мағзӣ шудааст дохил мекунад, пас қалбашро ба ҳаракат вомедорад, фармуд: Он гӯште аст ки бо он бозӣ мекунад»!

3 . Оё бардоштани аъзои касе ки ба марги мағзӣ дучор шудаанд, барои пайванд задан бо бадани касоне ки барои бақоъи ҳаёти худ ба ин аъзо ниёз доранд, ҷойиз аст?

Бино бари назари аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло, бардоштани аъзои касе ки ба марги мағзӣ дучор шудаанд, барои пайванд задан бо бадани мӯъминоне ки ҳифзи ҷонашон дар Ислом воҷиб аст ва бидуни ин кор одатан мумкин нест, ишколе надорад; Чароки ин кор дар чунин вазъияте аз боби изтирор аст ва изтирор ба ҳукми ақл бар аҳкоми шаръ ҳукумат дорад; Бо таваҷҷуҳ ба инки таклифи музтари ақлони қабеҳ аст ва аз Худованд содир намешавад; Чунонки ба масобаи қоъидаи куллӣ фармудааст: ﴿فَمَنِ اضْطُرَّ غَيْرَ بَاغٍ وَلَا عَادٍ فَلَا إِثْمَ عَلَيْهِ ۚ إِنَّ اللَّهَ غَفُورٌ رَحِيمٌ[1]; «Ҳар кас музтар шавад бидуни ситам ё зиёдахоҳӣ гуноҳе бар ӯ нест, ҳароина Худованд омӯзандаи меҳрубон аст». Оре, изтирор ҳурмати қатлро бар намедорад; Чароки салби ҳаёти дигарӣ барои ҳифзи ҳаёти худ «Ситам ё зиёдахоҳӣ» шумурда мешавад, вале бардоштани узви касе ки ҳаёти ӯ қаблан ғайри мустақар шуда ва дар ҳоли заволи ҳатмӣ ва ғайри таваққуф аст, қатли ӯ шумурда намешавад; Чароки марги ӯ дар ин ҳолат ба он истинод пайдо намекунад, бал ба чизе истинод пайдо мекунад ки ҳаёти ӯро дар сарошӯбӣ завол андохтааст; Монанди берун кардани рӯдаҳои касоне ки қаблан шоҳраги гардани ӯ бурида шуда ё шиллик кардан ба сари касе ки қаблан ба қалб ва шуши ӯ шиллик шуда, бино бар ин фарз ки бурида шудани шоҳраги гардан ё шиллик шудан ба қалб ва шуш, барои марги кофӣ аст ва берун кардани рӯдаҳо ё шиллик кардан ба сар баъд аз он, монанди таҳсили ҳосил ва дар ҳукми ҷиноят бар маййит аст. Аз инҷо дониста мешавад бардоштани узви касе ки ба марги мағзӣ дучор шудааст, агарчи аз аъзои раъиса бошад, қатл маҳсуб намешавад ва мусталзими қасос нест; Чароки марги ӯ бидуни бардоштани узви казойи низ қатъӣ буд ва бардоштани узви казойи нақши таъйин кунандае дар он надоштааст. Бар ин асос, тардиде нест ки қоъидаи изтирор, бардоштани узв дар ин вазъиятро шомил мешавад; Чароки бардоштани узв дар ин вазъият, камтар аз қатл аст ва камтар аз қатл –ҳар коре ки бошад– дар вазъияти изтирори ҷойиз аст. Оре, тардиде нест ки ҳурмати ҷиноят бар маййит ва касе ки дар ҳукми маййит аст, ҳаргоҳ бо вуҷуби наҷоти инсонӣ зинда ва мусалмон тазоҳум пайдо кунад, соқит мешавад; Чунонки яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт:

«سَأَلْتُهُ عَنِ الْمَرْأَةِ یُدْرِکُهَا الْمَوتُ وَ فِي بَطْنِها وَلَدٌ یَرْکُلُ، قالَ: یُشَقُّ بَطْنُها وَ یُخْرَجُ الْوَلَدُ وَ سَأَلْتُهُ عَنِ الرَّجُلَیْنِ یَخِرُّ السَّقْفُ عَلَیْهِما فِي زَلْزَلَةٍ أَوْ طُوفانٍ أَوْ سَیْلٍ فَیَهْلِکُ أَحَدُهُما وَ یَبْقَی الْآخَرُ أَیّاماً لا یَعْثِرُ عَلَیْهِ النّاسُ فَیَخافُ أَن یُهْلِکَهُ الْجُوعُ، أَیَأْکُلُ مِنْ أَخِیهِ؟ قالَ: یَأْکُلُ مِنْهُ ما یَسُدُّ بِهِ رَمَقَهُ إِنْ عَلِمَ أَنَّهُ قَدْ هَلَکَ ثُمَّ یَتَصَدَّقُ بِدِیَةِ ما أَکَلَ مِنْهُ إِنْ نَجّاهُ اللّهُ وَ سَأَلْتُهُ عَنِ الرَّجُلِ یُحِیطُ بِهِ الْمَوتُ لِمَرَضٍ لا عِلاجَ لَهُ أَوْ نَقْصٍ فِي عُضْوِهِ فَلا یَجِدُ إِلّا عُضْوَ مَیِّتٍ أَیَقْطَعُهُ وَ یُرَقِّعُهُ؟ قالَ: لا بَأسَ بِهِ إِذا کانَ عَلَى هَذِهِ الْحالِ وَ یُنْفِقُ دِیَةَ ما قَطَعَ فِي سَبِیلِ اللّهِ إِنْ أَرادَ شُکْراً أَوْ أَرادَ إِحْساناً»; «Аз он ҳазрат дар бораи зане пурсидам ки марг ӯро фаро мегирад, дар ҳоле ки дар шикамаш фарзанде ҳаст ки лагад мезанад, фармуд: Шикамаш шикофта мешавад ва фарзанд берун оварда мешавад ва аз он ҳазрат дар бораи ду мард пурсидам ки сақф дар зилзила ё тӯфон ё селе бар сари онҳо фурӯ мерезад, пас яке аз он ду ҳалок мешавад ва дигарӣ чанд рӯз боқӣ мемонад дар ҳоле ки мардум ӯро намеёбанд, пас метарсад ки гуруснагӣ ӯро ҳалок кунад, оё аз (ҷасади) бародараш бихурад? Фармуд: Аз он ба миқдоре ки рамқашро нигоҳ дорад мехурад агар медонад ки ӯ ҳалок шудааст ва сипас дияи чизе ки хӯрдаастро (истеҳбобан чунонки дар идома меояд) садақа медиҳад агар Худованд ӯро наҷот дод ва аз он ҳазрат дар бораи марде пурсидам ки марг ба хотири дардӣ бедармон ё нақзе дар узв ба ӯ иҳота ёфтааст, пас ҷуз узви маййитеро намеёбад, оё онро қатъ кунад ва ба худ пайванд бизанад? Фармуд: Ишколе надорад агар дар ин ҳол аст ва дияи чизе ки қатъ кардаастро дар роҳи Худованд инфоқ мекунад агар иродаи сипосгузорӣ ё иродаи эҳсоне дорад»!

4 . Оё бардоштани аъзои касе ки ба марги мағзӣ дучор шудаанд, барои пайванд бо бадани касоне ки барои бақоъи ҳаёти худ ба онҳо ниёз доранд, мусталзими дия аст?

Бино бар назари аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло, бардоштани аъзои касоне ки ба марги мағзӣ дучор шудаанд дар фарзи изтирор ҷойиз аст ва анҷоми коре ки ҷойиз аст наметавонад мусталзими дия бошад, монанди қатъ кардани узви касе дар ҳадду қасос ки ба иқтизои ҷавози худ мусталзими дия нест; Хусусан бо таваҷҷуҳ ба инки дия гунае уқубат маҳсуб мешавад ва муносиби касе аст ки корӣ ғайри ҷойиз анҷом додааст, дар ҳоле ки қатъ кунандаи узви маййит барои наҷоти ҷони як мусалмон, корӣ ғайри ҷойиз анҷом надода, балки шаръан ва урфан эҳсон кардааст ва бо ин васф, мустаҳаққи уқубат нест; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿مَا عَلَى الْمُحْسِنِينَ مِنْ سَبِيلٍ[2]; «Бар эҳсон кунандагон роҳе (ба уқубат) нест» Ва фармудааст: ﴿هَلْ جَزَاءُ الْإِحْسَانِ إِلَّا الْإِحْسَانُ[3]; «Оё ҷазои эҳсон ҷуз эҳсон аст?!». Аз инҷо дониста мешавад касоне ки пардохти дияи маййитро дар фарзи ҷавози бардоштани аъзои ӯ воҷиб медонанд, ба гунаи мутаноқиз фатво медиҳанд; Чароки агар пардохти дияи маййит воҷиб аст бардоштани аъзои ӯ ҷойиз нест ва агар бардоштани аъзои ӯ ҷойиз аст пардохтани дияи ӯ воҷиб нест ва ҷамъи миёни он ду бар хилофи қоъида аст. Ба илова, онон дияи маййитро барои ворисони ӯ намедонанд, бал умуман мӯътақиданд ки он танҳо барои масраф кардан аз ҷониби ӯ дар корҳои хайр аст, дар ҳоле ки нафси бардоштани аъзои ӯ барои наҷоти ҷони як мусалмон, бузургтарин кори хайр аз ҷониби ӯ маҳсуб мешавад ва ғараз аз пардохти дияро ба беҳтарин ваҷҳи мумкин ҳосил мекунад; Чунонки яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт:

«سَأَلْتُهُ عَنِ الرَّجُلِ ماتَ دِماغُهُ وَ قَلْبُهُ نابِضٌ، أَهُوَ مَیِّتٌ؟ قالَ: لَوْ کانَ مَیِّتاً ما سَأَلْتَنِي عَنْهُ! قُلْتُ: إِنَّهُ لا شُعُورَ لَهُ وَ لا تَکَلُّمَ وَ لا تَحَرُّکَ وَ لا تَنَفُّسَ إِلّا إِذا أُجْبِرَ عَلَیْهِ بِجِهازٍ وَ لا يُرْجَى بَقائُهُ وَ إِنَّما یَنْبُضُ قَلْبُهُ لِما یُجْبَرُ عَلَیْهِ مِنَ التَّنَفُّسِ وَ لَوْ لَمْ یُجْبَرْ عَلَیْهِ لَسَکَنَ! قالَ: لَیْسَ عَلَیْکَ أَنْ تُجْبِرَهُ عَلَیْهِ إِذا کانَ عَبَثاً لا طائِلَ تَحْتَهُ! دَعْهُ یَذْهَبَ إِلَى رَبِّه إِذا دَعاهُ! قُلْتُ: فَإِنْ کانَ مَرِیضٌ یَضْطَرُّ إِلَى عُضْوٍ مِنْ أَعْضائِهِ کَقَلْبٍ أَوْ کَبِدٍ أَیَجُوزُ أَنْ یُأخَذَ ذَلِكَ الْعُضْوُ فیُلْصَقَ بِهِ؟ قالَ: لا بَأسَ بِهِ إِذا کانَ الْمَرِیضُ مُؤْمِناً یُخافُ عَلَیْهِ الْمَوتُ وَ لا دِیَةَ عَلَیْهِ وَ لا عَلَی الْآخِذِ! قُلْتُ: إِنَّهُمْ یَقُولُونَ عَلَیْهِ دِیَةُ الْمَیِّتِ تُصْرَفُ عَنْهُ فِي وُجُوهِ الْخَیْرِ! قالَ: وَ أَيُّ خَیْرٍ أَخْیَرُ مِنْ إِحْیاءِ نَفْسٍ مُؤْمِنَةٍ مَنْ أَحْیاها فَکَأَنَّما أَحْیَی النّاسَ جَمِیعاً؟! ثُمَّ قالَ: مَنْ أَخْرَجَ قَلْبَ مَیِّتٍ أَوْ کَبِدَهُ ظُلْماً فَعَلَیْهِ الدِّیَةُ»; «Аз он ҳазрат дар бораи марде пурсидам ки мағзи ӯ мурдааст, дар ҳоле ки қалби ӯ метапад, оё ӯ мурда аст? Фармуд: агар мурда буд дар борааш аз ман намепурсидӣ! Гуфтам: Ӯ на ҳиссе дорад ва на такаллуме ва на таҳрруке ва на танаффусе магар ҳангоме ки бо дастгоҳе ба он водошта шавад ва умеде ба бақои ӯ намеравад ва қалби ӯ танҳо ба сабаби танаффусе метапад ки ба он иҷбор мешавад ва агар ба он иҷбор нашавад боз меистад! Фармуд: Бар ӯҳдаи ту нест ки ӯро ба он иҷбор кунӣ ҳаргоҳ абас ва бефоида аст! Раҳояш кун то ба сӯи Парвардигораш биравад агар ӯро фарохондааст! Гфтам: Пас агар беморе бошад ки ба узве аз аъзои ӯ монанди қалб ё кабед музтар аст, оё ҷойиз аст ки он узв гирифта шавад ва ба ӯ пайванд зада шавад? Фармуд: Ишколе надорад агар бемор мӯъмин аст ва бар ӯ бими марг меравад ва дияе ба ӯ ё бар касе ки (узвро) бари ӯ гирифтааст нест! Гуфтам: Онҳо мегӯянд ки дияи маййит ба ӯҳдаи ӯст то аз ҷониби ӯ дар корҳои хайр сарф шавад! Фармуд: Кадом кори хайр хайртар аз эҳёъи ҷони мӯъмине аст ки ҳар кас онро эҳёъ кунад гӯйи ҷони ҳамаи мардумро эҳёъ кардааст?! Сипас фармуд: Ҳар кас қалб ё кабеди маййитеро аз рӯӣ ситам хориҷ кунад, бар ӯҳдаи ӯ дия аст»!

Оре, пардохти дияи маййит барои масраф шудан аз ҷониби ӯ дар корҳои хайр, хусусан ҳаргоҳ узви ӯ пеш аз таваққуфи фаъолияти қалбаш бардошта шуда бошад, мустаҳаб аст ва кори бисёр писандидае маҳсуб мешавад; Чунонки дар гуфторӣ нуронӣ аз ҳазрати Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло гузашт ва илова бар он, яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт:

«سَأَلْتُهُ عَنِ الْمَیِّتِ یُخْرَجُ قَلْبُهُ لِیُلْحَقَ بِحَيٍّ مُضْطَرٍّ إِلَیْهِ، قالَ: لا أَرَى بِذَلِكَ بَأساً! ذَلِكَ مِنْ آیاتِ اللّهِ! ذَلِكَ مِمّا قالَ اللّهُ تَعَالَى: ﴿يُخْرِجُ الْحَيَّ مِنَ الْمَيِّتِ! قُلْتُ: لا تَزالُ تَفْتَحُ عَلَیْنا أَبْواباً مِنَ الْعِلْمِ! فَهَلْ لَهُ مِنْ دِیَةٍ عَلَى مَنْ فَعَلَ ذَلِكَ بِهِ؟ قالَ: إِنْ فَعَلَ ذَلِكَ بِهِ وَ قَدْ سَکَنَتْ أَنْفاسُهُ فَلَیْسَ عَلَیْهِ دِیَةٌ وَ إِنْ فَعَلَ وَ هُوَ یَتَنَفَّسُ أَرَى أَنْ یَتَصَدَّقَ عَنْهُ عُشْرَ الدِّیَةِ لِئَلّا یَخْتَلِجَ فِي صَدْرِهِ أَنَّهُ آثِمٌ! فَأَخَذَنِي الْبُکاءُ، فَقالَ: وَ ما یُبْکِیکَ؟! قُلْتُ: رَأَیْتُ عَظَمَتَکَ فِي غُرْبَتِکَ فَبَکَیْتُ! قالَ: الْعَظَمَةُ لِلّهِ وَ إِنَّما أَنا عَبْدٌ آتَانِي مِنْ عِنْدِهِ رَحْمَةً وَ جَعَلَنِي هادِیاً مَهْدِیّاً»; «Аз он ҳазрат дар бораи мурдае пурсидам ки қалби ӯ берун оварда мешавад то ба зиндае ки ба он музтар аст пайван дода шавад, фармуд: Ишколе дар он намебинам! Он аз оёти Худованд аст! Он мисдоқи чизе аст ки Худованди баландмартаба фармудааст: <Зиндаро аз мурда берун меоварад>[4]! Гуфтам: Ҳамвора абвобе аз илмро ба рӯӣ мо мегушйи! Бо ин васф, оё барои ӯ дияе бар касе ҳаст ки ин корро бо ӯ кардааст? Фармуд: Агар ин корро дар ҳоле бо ӯ карда ки нафасҳои ӯ қатъ шудааст, дияе бар ӯ нест ва агар дар ҳоле карда ки ӯ танаффус (маснуъӣ) доштааст, (салоҳ) мебинам ки аз ҷониби ӯ як даҳуми дия (муъодили даҳ шутур ё сад динор) садақа бидиҳад то дар дилаш нагардад ки гуноҳкор аст! (Ровӣ мегӯяд:) Дар ин ҳангом гиряам гирифт! Он ҳазрат фармуд: Чи чизе туро ба гиря овард?! Гуфтам: Азиммати туро дар ғурбатат дидам, пас гирям гирифт! Фармуд: Азиммат барои Худованд аст ва ман танҳо бандае ҳастам ки ба ман аз назди худ раҳмате бахшида ва манро роҳнамойи раҳёфта қарор додааст»!

5 . Оё бардоштани аъзои касоне ки ба марги мағзӣ дучор шудаанд, барои пайванд бо бадани касоне ки барои бақоъи ҳаёти худ ба онҳо ниёз доранд, мутаваққиф бар изни авлиёъи онон аст?

Бино бар назари аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло, барои бардоштани аъзои касе ки ба марги мағзӣ дучор шудаанд дар фарзи изтирор, ниёзе ба изни авлиёъи онон нест; Чароки аз як сӯ шумули вилояти авлиёъи маййит ва касе ки дар ҳукми маййит аст бар аъзои бадани ӯ, далиле надорад ва бар хилофи асл аст ва аз сӯӣ дигар вуҷуби наҷоти як мусалмон бо бардоштани аъзои бадани маййит ва касе ки дар ҳукми маййит аст аз вуҷуби таҳсили изни авлиёъи ӯ дар фарзи субут, бештар аст, то ҳадде ки дар сурати тазоҳум бар он муқаддам мешавад. Оре, агар вуҷуби таҳсили изни авлиё барои бардошатни аъзои касоне ки ба марги мағзӣ дучор шудааснд собит бошад, танҳо ҳангоме соқит мешавад ки таҳсили он ба сабаби ғайбат ё истинкофи онон мумкин бошад; Ҷуз онки дар ин сурат, вуҷуби таҳсили изни онон лағв аст; Чароки адами изни онон бо изнашон баробар аст; Ба ин маъно ки монеъ аз бардоштани аъзои касоне ки ба марги мағзӣ дучор шудаанд дар фарзи изтирор намешавад. Аз инҷо дониста мешавад ки таҳсили изни авлиё бар музтар воҷиб нест, вале агар аз онон изн бихоҳад бар онон воҷиб аст ки ба ӯ изн диҳанд; Чунонки яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт:

«سَأَلْتُهُ عَنِ الْمُضْطَرِّ الَّذِي قَدْ أَحاطَ بِهِ الْمَوتُ لِنَقْصٍ فِي عُضْوِهِ أَوْ عَیْبٍ فَلا یَجِدُ إِلّا مَیِّتاً، أَ لَهُ أَنْ یَقْطَعَ ذَلِكَ الْعُضْوَ مِنْهُ فَیُلْحِقَهُ بِنَفْسِهِ إِذا خافَ أَنْ یُدْرِکَهُ الْمَوتُ؟ قالَ: ماذا یُرِیدُ؟! أَیُرِیدُ أَن یَفِرَّ مِنَ الْمَوتِ؟! ﴿قُلْ لَنْ يَنْفَعَكُمُ الْفِرَارُ إِنْ فَرَرْتُمْ مِنَ الْمَوْتِ أَوِ الْقَتْلِ وَإِذًا لَا تُمَتَّعُونَ إِلَّا قَلِيلًا! ثُمَّ سَکَتَ حَتَّى ظَنَنْتُ أَنَّهُ لا یُجَوِّزُهُ ثُمَّ قالَ: لَیْسَ عَلَیْهِ جُناحٌ إِذا کانَ بالِغاً ذَلِكَ الْمَبْلَغَ، قُلْتُ: فَهَلْ عَلَیْهِ أَن یَسْتَأذِنَ لِذَلِكَ أَوْلیاءَ الْمَیِّتِ؟ قالَ: لَیْسَ عَلَیْهِ أَن یَسْتَأذِنَهُمْ إِذا کانَ بالِغاً ذَلِكَ الْمَبْلَغَ وَ إِنِ اسْتَأذَنَهُمْ فَلَیْسَ لَهُمْ أَن یَمْنَعُوهُ إِنْ وَجَدُوهُ مُؤْمناً، فَإِنَّمَا الْمُؤْمِنُونَ بِمَنْزِلَةِ الْجَسَدِ الْواحِدِ إِذَا اشْتَكَى عُضْواً مِنْهُ وَجَدَ أَلَمَ ذَلِكَ فِي سائِرِ أَعْضائِهِ، لِأَنَّ أَرْواحَهُمْ مِنْ رُوحٍ واحِدَةٍ وَ إِنَّ رُوحَ الْمُؤْمِنِ لَأَشَدُّ اتِّصالاً بِرُوحِ اللّهِ مِنِ اتِّصالِ الشُّعاعِ بِالشَّمْسِ»; «Аз он ҳазрат дар бораи музтарре пурсидам ки ба сабаби нуқсон ё айбе дар узваш марг ӯро иҳота кардааст, пас ҷуз ба маййите дастрасӣ надорад, оё метавонад он узвро аз он маййит қатъ кунад ва ба худ пайванд бизанад ҳаргоҳ битарсад ки марг ба ӯ даст ёбад? Фармуд: Чи мехоҳад?! Оё мехоҳад ки аз марг бигурезад?! <Бигӯ ҳаргиз гурехтан ба шумо суд намерасонад агар аз марг ё кушта шудан бигурезед ва он гоҳ ҷуз андаке баҳраманд намешавед>[5]! Сипас он ҳазрат сукут кард то инки пиндоштам онро ҷойиз намедонад, сипас фармуд: Бар ӯ гуноҳе нест агар ба ин андоза (аз изтирор) расида бошад, гуфтам: Дар ин сурат оё бар ӯ воҷиб аст ки аз авлиёъи маййит барои он изн бигирад?! Фармуд: Бар ӯ воҷиб нест ки аз онон изн бигирад ҳаргоҳ ба ин андоза (аз изтирор) расида бошад ва агар аз онон изн бихоҳад ононро намерасад ки монеъи ӯ шаванд агар ӯро мӯъмин меёбанд; Зеро мӯъминон ба манзалаи як бадан ҳастанд ки ҳаргоҳ узве аз он дардманд мешавад дарди онро дар соири аъзои худ низ эҳсос мекунад, барои инки арвоҳашон аз як руҳ аст ва руҳи мӯъмин ба руҳи Худованд аз партуви офтоб ба офтоб иттисоли бештаре дорад»!

Оре, барои авлиёъи касоне ки ба марги мағзӣ дучор шудаанд шоисат аст ки ба беморони ниёзманд ва дар маърази марг –ҳаргоҳ мӯъмин ва на кофир ё золим бошад– изн диҳанд ки аз аъзои онон барои наҷоти ҷони худ истифода кунанд; Чароки ин ҳам ба суди ин беморон ва хонаводаҳояшон ва ҳам ба суди касоне ки ба марги мағзӣ дучор шудааснд ва ҳам ба суди авлиёъи онон аст; Чунонки яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт:

«إِسْتَشارَهُ رَجُلٌ فِي تَرْقِیعِ قَلْبِ أَبِیهِ بَعْدَ أَنْ ماتَ دِماغُهُ وَ قالَ: یَأْتِینِي رَجُلٌ مَرِیضٌ یُخافُ عَلَیْهِ الْمَوتُ فَیَسْأَلُنِي أَنْ آذَنَ لَهُ فِي ذَلِكَ، فَلا أَدْرِي ما أَقُولَ لَهُ، قالَ: انْظُرْ فَإِنْ کانَ مُسْلِماً یُوالِي آلَ مُحَمَّدٍ صَلَّی اللّهُ عَلَیْهِ وَ آلِهِ وَ سَلَّمَ وَ یُوالِینِي فَأْذَنْ لَهُ فَإِنَّکَ لَوْ دَفَنْتَ قَلْبَ أَبِیکَ فِي صَدْرِ مُؤْمِنٍ یَذْکُرُ اللّهَ وَ یَعْمَلُ الصّالِحاتِ خَیْرٌ مِنْ أَنْ تَدْفَنَهُ فِي التُّرابِ یَأْکُلَهُ الدُّودُ! ثُمَّ قالَ: إِئْذَنْ لَهُ یُحْيِي اللّهُ بِهِ جُزْءَ أَبِیکَ یَعْبُدَهُ وَ یَکُونَ لَهُ ثَوابُ عِبادَتِهِ»; «Марде бо он ҳазрат дар бораи пайванди қалби падари худ пеш аз марги мағзии ӯ машварат кард ва гуфт: Мардӣ беморе ки бар ӯ бими марг меравад ба назди ман меояд ва аз ман мехоҳад ки ба ӯ барои он изн диҳам ва ман намедонам ки ба ӯ чи бигӯям, фармуд: Нигоҳ кун, пас агар мусалмоне аст ки оли Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва салламро дӯст медорад ва манро дӯст медорад, ба ӯ изн бидеҳ; Зеро агар қалби падаратро дар синаи мӯъмине ки Худоро ёд мекунад ва корҳои шоиста анҷом медиҳад дафн кунӣ беҳтар аз ин аст ки онро дар хок дафн кунӣ то кирмҳо онро бихуранд! Сипас фармуд: Ба ӯ изн бидеҳ то Худованд бо ӯ ҷузъе аз падаратро зинда кунад ки Худовандро бипарастад ва савоби ибодоташ барои ӯ бошад»!

Худовандро сипос мегузорем ки дар миёни торикиҳои ҷаҳл ва зулм ва гумроҳӣ, нурӣ рӯшанибахш аз ҷониби машриқ барои мо падидор сохтааст ки чунон ояте аз оёти Ӯ ва чунон халифае аз хулафоъаш, моро ба роҳҳои Ӯ раҳнамун мешавад ва бо ақойид ва аҳкоми Ӯ ошно мекунад, беонки дар изои ин кор аз мо музде биталабад ё бар мо миннате биниҳад. Ба ростӣ чи касе дар илм бо ин бузургвор баробарӣ мекунад ё чи касе дар фазл ба мақоми ӯ наздик мешавад?! Дариғо ки бештари мардум қадри ӯро намешиносанд ва аз маъдани илм ва фазли ӯ баҳрае намегиранд, балки бархишон аз ҳеҷ иқдоме бар зидди ӯ худдорӣ намекунанд ва бисёришон ба ҳеҷ иқдоме барои ёрии ӯ даст намерасонанд. Бошад ки Худованд омори ҳар ду гурӯҳро эҳсо кунад ва дар бораи ҳамаи онон доварӣ фармояд; Чароки Ӯ беҳтарини доварон аст.

↑[1] . Бақара/ 173
↑[2] . Тавба/ 91
↑[3] . Оли Имрон/ 60
↑[4] . Рум/ 19
↑[5] . Аҳзоб/ 16
Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ Бахши посухгӯйи ба пурсишҳо
Таълиқот
Пурсишҳо ва посухҳои фаръӣ
Пурсиши
фаръии 1
Нависанда: Абдулҳай
Тарих: 26/10/2019

Салом бар ягона заминасози зуҳури имом Маҳдӣ ва ёрони мухлисаш

Пурсиш ва посухи болоро хондам. Дар ҷойе аз он гуфтаед ки пайванди узв танҳо ба мӯъмин ҷойиз аст, на кофир ва золим. Дар ин бора ду пурсиш дорам; Яке инки таклифи касоне ки худашон корти эҳдоъи узв мегиранд чист? Онҳо ки намедонанд аъзояшон ба чи касоне пайванд хоҳад шуд! Дуввум инки кофир ё золиме ниёз ба узви пайвандӣ дошт, оё равост ки аз ҳаққи инсонии ӯ бигзарем ва ӯро ба коми марг бифиристем? Оё ин бо адолати Худованд ва инсоният мунофот надорад? Пешопеш аз посухе ки хоҳед дод сипосгузорам.

Посух ба пурсиши
фаръии 1
Тарих: 31/10/2019

Салом бар шумо ва ҳамаи бародарон ва хоҳарони мӯъмин ки бо заминасозони зуҳури имом Маҳдӣ алайҳи салом, ҳамдил ва ҳамсадо ҳастед; Ҳамонон ки дар тӯфони ҳаҷмаҳо ва шубҳаҳои кофирон ва золимон, бар тариқӣ ҳақ истиқомат мекунанд ва бо тамассук ба китоби Худованд ва суннати Паёмбараш дар рӯшанойии ақли салим, барои густариши имон ва адолат дар ҷаҳон мекӯшед.

Аммо баъд..

Кӯмак ба идомаи ҳайёти касоне ки ба Худованд ва Паёмбараш куфр меварзанд ва ба мардум зулм мекунанд, кӯмак ба идомаи куфр ва зули онон аст ва аз ин рӯ, ҷойиз нест ва табъан одилона ва инсонӣ маҳсуб намешавад; Магар инки мусалмон шаванд ва тавба кунанд; Чароки дар ин сурат, метавон ба идомаи ҳаёти онон кӯмак кард, вале дар сурати исрори онон бар куфр ва зулмашон, кӯмак ба идомаи ҳаёташон ба мӯъминон ҳаром аст; Чунонки аз Ҷаъфар ибни Муҳаммад алайҳимо салом ривоят шудааст ки фармуд: «مَنْ أَحَبَّ بَقَاءَ الظَّالِمِينَ فَقَدْ أَحَبَّ أَنْ يُعْصَى اللَّهُ»[1]; «Ҳар кас бақоъи золимонро дӯст бидорад, дӯст доштааст ки Худованд нофармонӣ шавад» Ва аз Мӯсо ибни Ҷаъфар алайҳимо салом ривоят шудааст ки фармуд: «مَنْ أَحَبَّ بَقاءَهُمْ فَهُوَ مِنْهُمْ وَمَنْ كانَ مِنْهُمْ كانَ وَرَدَ النّارَ»[2]; «Ҳар касе бақоъи ононро дӯст бидорад, ӯ аз онон аст ва ҳар кас аз онон бошад, ба оташи дӯзах дохил хоҳад шуд». Аз ин гузашта, ниёзе ҳам нест ки мӯъминон аъзои худро ба кофирон ва золимон эҳдо кунанд; Зеро бо таваҷҷуҳ ба касрати кофирон ва золимон дар муқойиса бо мӯъминон, ба тариқи авло кофир ё золиме хоҳад буд ки аъзои худро ба онон эҳдо кунад. Бо ин ҳол, агар узви мӯъмине пас аз маргаш бар хилофи ризояти ӯ ба кофир ё золиме эҳдо шавад, гуноҳе бар ӯ нахоҳад буд; Чароки ӯ ихтиёре надоштааст, бал гуноҳ бар касе хоҳад буд ки узви ӯро ба кофир ё золим додааст то ба василаи он Худовандро нофармонӣ кунад, албатта дар сурате ки аз куфр ё зулми ӯ огоҳ буда бошад.

↑[1] . Алӣ ибни Иброҳим, Тафсирул Қумӣ, ҷ1, с200; Кулайнӣ, Ал-Кофӣ, ҷ5, с108; Ибни Бобувей, Маъониул Ахбор, с253
↑[2] . Риҷолул Кашӣ, ҷ2, с740
Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ Бахши посухгӯйи ба пурсишҳо
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок гузоред, то ба густариши илм ва маърифати динӣ кӯмак кунед. Шукронаи ёд гирифтани як нуктаи ҷадид, ёд додани он ба дигарон аст.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Метавонед ин матлабро ба забонҳои зер низ мутолеъа кунед:
Агар бо забони дигаре ошнойи доред, метавонед ин матлабро ба он тарҷума кунед. [Форми тарҷума]
Навиштани пурсиш
Корбари гиромӣ! Шумо метавонед пурсишҳои худро дар бораи осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш посух дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Мумкин аст номи шумо ба унвони нависандаи пурсиш дар пойгоҳ намоиш дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.
Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:
1 . Мумкин аст ба пурсиши шумо дар пойгоҳ посух дода шуда бошад. Аз ин рӯ, беҳтар аст пеш аз навиштани пурсиши худ, пурсишҳои муртабитро мурур ё аз имкони ҷустуҷӯ дар пойгоҳ истифода кунед.
2 . Аз сабт ва ирсоли пурсишҳои ҷадид пеш аз дарёфти посухи пурсиши қаблӣ, худдорӣ кунед.
3 . Аз сабт ва ирсоли беш аз як пурсиш дар ҳар навбат, худдорӣ кунед.
4 . Авлавияти мо, посухгӯйи ба пурсишҳои марбут бо имом Маҳдӣ алайҳи салом ва заминасозӣ барои зуҳури ӯст; Чароки дар ҳоли ҳозир, аз ҳар чизе муҳимтар аст.