Сешанбе 19 Март 2024 мелодӣ / 8 Рамазон 1445 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
 Дарси ҷадид: Дарсҳое аз он ҷаноб дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад; Аҳодиси саҳиҳе аз Паёмбар дар ин бора; Ҳадиси 3. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Гуфтори ҷадид: Гуфторе аз он ҳазрат дар бораи инки фуру бурдани амдии сар дар об ҳаргоҳ сабаби расидани об ба гулӯ шавад, сабаби қазоъи рӯза аст. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Пурсиши ҷадид: Оё ақиқа кардан барои навзод, машрӯъ аст? Барои мутолеъаи посух, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед. Нақди ҷадид: Ман ба унвони касе ки даъвати ҷаноби Мансурро пазируфта ва мусаммам ба заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ аст, чигуна метавонам таколифи шаъии худам монанди намозу рӯза ва ҳаҷҷу закотро анҷом бидиҳам? Қабули даъвати ҷаноби Мансур сарфи назар аз инки барои зуҳури Маҳдӣ лозим аст, чи фойидае барои ман аз ҷиҳати амали ба таколифи шаръӣ дорад?! Барои мутолеъаи барраси, инҷоро клик кунед. Номаи ҷадид: Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он дар бораи шиддат гирифтани бало ҳушдор медиҳад ва иллати он ва роҳи пешгирӣ аз онро табйин мекунад. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Нуктаи ҷадид: Нуктаи «Як қадам монда ба субҳ» навиштаи «Илёс Ҳакимӣ» мунташир шуд. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед.
loading
Пурсиш ва посух
 

Чигуна метавон фарқи содоти дурӯғинро аз содоти ростин ташхис дод? Ин мӯъзал аз замони Сафавиён ривоҷ ёфта ва ҳатто бархӣ бо додани пул саййид мешуданд! Оё ҳар касе ки бар асоси шиноснома иддаъои саййид будан дошта бошад саҳиҳ аст? Дар сурати машкук будан оё метавон аз додани хумс иҷтиноб кард?

Илми ансоб, назди Худованд аст; Чароки танҳо Ӯ аз воқеъияти манокеҳ ва маволид огоҳ аст ва дигарон танҳо зоҳири онро медонанд ва Худованд ин илмро ба ҳар кас аз хулафоъаш ки бихоҳад аронӣ медорад; Чунонки бино бар ривоётӣ мутавотир, ба Паёмбараш саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам арзонӣ дошт, ҳангоме ки аз касрати пурсишҳои нобаҷо ва ғайри зарурии ёронаш ба хашм омад ва фармуд: «Ҳар кас мехоҳад аз насабаш огоҳӣ ёбад бипурсад то ба ӯ огоҳӣ диҳам»! Пас Абдуллоҳ ибни Ҳузофаи Саҳмӣ ки дар насабаш шакке буд, пурсид: «Падари ман кист»?! Он ҳазрат фармуд: «Падари ту Ҳузофаи Саҳмӣ аст»! Абдуллоҳ гуфт: «اَللّهُ أَکْبَرُ الَّذِي أَثْبَتَ نَسَبِي عَلَى لِسانِ نَبِیِّهِ صَلَّی اللّهُ عَلَیْهِ وَ آلِهِ وَ سَلَّمَ»; «Бузург аст Худое ки насаби манро ба забони Паёмбараш саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам собит кард»! Сипас мардӣ дигар пурсид: «Падари ман кист»?! Он ҳазрат фармуд: «Падари ту Солими озод шудаи Шейба аст». Дар ин ҳангом бархӣ ёрони он ҳазрат бимнок шуданд ва аз ӯ хостанд ки ононро бибахшад ва хашми худро фуру хӯрд ва ба ин кор идома надиҳад, бо ин узр ки «إِنَّهُ لا عِلْمَ لَنا بِما صَنَعَتِ النِّساءُ فِي خُدُورِها»; «Мо ба коре ки занҳо дар пушти пардаҳо кардаанд огоҳӣ надорем»! Пас он ҳазрат узрашонро пазируфт ва хашми худро фуру хӯрд ва аз минбар ба зер омад[1]. Чунин илме барои хулафоъи он ҳазрат низ ба масобаи меросе аз ӯ ривоят шудааст[2]. Аз инҷо дониста мешавад ки ҳақиқати ансоб танҳо барои Худованд маълум аст ва қатъи ба он ҷуз аз тариқи халифаи Ӯ дар замин мумкин нест; Хусусан дар замони кунунӣ ки наслҳои бисёре аз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам гузашта ва қабоъилу шуъуб ба ҳам омехта шуда ва дар асари авомиле монанди хафҳо ва тамаъҳо, бисёрӣ аз Ҳошимиён ғайри Ҳошимӣ ва бисёри аз ғайри Ҳошимиён Ҳошимӣ ба шумор рафтаанд.

Албатта қатъ ба ҳақиқати ансоб дар аҳкомӣ монанди таворис ва пардохти хасм, зарурат надорад ва итминон ба он бо назар ба истифоза ё шаҷаранома кофӣ аст, магар дар умури эътиқодӣ монанди ақида ба хилофати як кас ки қатъ ба Ҳошимӣ будани ӯ дар он зарурат дорад ва бо хабарӣ қатъӣ аз ҷониби халифаи пешин ё ояӣ баййина аз ҷониби Худованд ҳосил мешавад, на бо амсоли истифоза ё шаҷаранома; Чароки амсоли истифоза ё шаҷаранома муфиди заннанд ва занн барои чунин ақидае кофӣ нест. Оре, дар сурате ки Худованд ё халифаи пешини Ӯ аз хилофати касе хабари қатъӣ бидиҳанд, қатъи ба насби ӯ дар зимни қатъ ба хилофати ӯ ҳосил мешавад; Чароки он ду бо якдигар мулозима доранд.

↑[1] . Нигоҳ кунед ба: Мусаннафи Абдурраззоқ, ҷ11, с379; Мусаннафи Ибни Абӣ Шейба, ҷ7, с438; Муснади Аҳмад, ҷ2, с503 ва ҷ3, с107; Саҳеҳул Бухорӣ, ҷ1, с32 ва ҷ8, с142; Саҳиҳул Муслим, ҷ7, с93 ва 94; Саҳиҳул ибни Ҳиббон, ҷ1, с310; Иддату Минал Муҳаддисин, Ал-Усулу Ситату Ашар, с39.
↑[2] . Нигоҳ кунед ба: Басоъирул дараҷот, с136; Ал-Кофӣ, ҷ1, с223 ва 349.
Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ Бахши посухгӯйи ба пурсишҳо
Таълиқот
Пурсишҳо ва посухҳои фаръӣ
Пурсиши
фаръии 1
Нависанда: Содиқ
Тарих: 24/9/2019

Дар ҷойе аз истифоза гуфтед ва фармудед ки муфиди занн аст. Лутфан бо таваҷҷуҳ ба ихтилофҳойе ки дар ин бора ҳаст, таърифи истифоза дар назди худ ва иллати заннӣ будани онро бифармойед. Дар чи мавориде истинод ба он дуруст маҳсуб мешавад? Ташаккур

Посух ба пурсиши
фаръии 1
Тарих: 1/10/2019

Мурод аз имтифоза дар боби насаб, шӯҳрат ва шуюъи он дар миёни мардум аст ки ғолибан мубтанӣ бар илм нест, балки мубтанӣ бар асл ва зоҳир аст; Чароки мардум илми ғайб надоранд, балки вақте кӯдакеро дар хонаи зан ва шавҳаре мебинанд ва аз он ду мешунаванд ки ӯ фарзандашон аст ва ихтилоф кунандае бо он ду намеёбанд, мегӯянд ки ӯ фарзанди он ду аст ва ин дар миёнашон шӯҳрат ва шуюъ меёбад, дар ҳоле ки мумкин аст назди Худованд ин гуна набошад; Ба ин далил ки масалан ӯ фарзандхондаи он ду бошад ё наъузубиллоҳ ҳосили аз зинои зан бошад; Ҳамчунонки вақте мешунаванд касе Ҳусейнӣ номида мешавад ва иттиҳоме дар ин бора мутаваҷҷеҳи ӯ нест, мегӯянд ки фалонӣ аз насли имом Ҳусейн алайҳи салом аст ва ин дар миёнашон шӯҳрат ва шуюъ меёбад, дар ҳоле ки мумкин аст назди Худованд ин гуна набошад; Ба ин далил ки яке аз аҷдоди ӯ дурӯғ гуфа бошад ё фарзандхондаи мардӣ Ҳусейнӣ буда бошад ё наъузубиллоҳ ҳосил аз зинои зане буда бошад. Бинобарин, истифзо ба маънои шӯрат ва шуюъи чизе дар миёни мардум муфиди илм нест, вале барои ҷараёни аҳкомӣ зоҳирӣ ки таҳсили илм дар онҳо мутаъаззир аст, кифоят мекунад; Монанди насаб, никоҳ, мавт, мулкият ва вақф.

*Барои тазеҳоти бештар, ба матни арабӣ муроҷиъа кунед.
Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ Бахши посухгӯйи ба пурсишҳо
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок гузоред, то ба густариши илм ва маърифати динӣ кӯмак кунед. Шукронаи ёд гирифтани як нуктаи ҷадид, ёд додани он ба дигарон аст.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Метавонед ин матлабро ба забонҳои зер низ мутолеъа кунед:
Агар бо забони дигаре ошнойи доред, метавонед ин матлабро ба он тарҷума кунед. [Форми тарҷума]
Навиштани пурсиш
Корбари гиромӣ! Шумо метавонед пурсишҳои худро дар бораи осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш посух дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Мумкин аст номи шумо ба унвони нависандаи пурсиш дар пойгоҳ намоиш дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.
Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:
1 . Мумкин аст ба пурсиши шумо дар пойгоҳ посух дода шуда бошад. Аз ин рӯ, беҳтар аст пеш аз навиштани пурсиши худ, пурсишҳои муртабитро мурур ё аз имкони ҷустуҷӯ дар пойгоҳ истифода кунед.
2 . Аз сабт ва ирсоли пурсишҳои ҷадид пеш аз дарёфти посухи пурсиши қаблӣ, худдорӣ кунед.
3 . Аз сабт ва ирсоли беш аз як пурсиш дар ҳар навбат, худдорӣ кунед.
4 . Авлавияти мо, посухгӯйи ба пурсишҳои марбут бо имом Маҳдӣ алайҳи салом ва заминасозӣ барои зуҳури ӯст; Чароки дар ҳоли ҳозир, аз ҳар чизе муҳимтар аст.