Сешанбе 19 Март 2024 мелодӣ / 8 Рамазон 1445 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
 Дарси ҷадид: Дарсҳое аз он ҷаноб дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад; Аҳодиси саҳиҳе аз Паёмбар дар ин бора; Ҳадиси 3. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Гуфтори ҷадид: Гуфторе аз он ҳазрат дар бораи инки фуру бурдани амдии сар дар об ҳаргоҳ сабаби расидани об ба гулӯ шавад, сабаби қазоъи рӯза аст. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Пурсиши ҷадид: Оё ақиқа кардан барои навзод, машрӯъ аст? Барои мутолеъаи посух, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед. Нақди ҷадид: Ман ба унвони касе ки даъвати ҷаноби Мансурро пазируфта ва мусаммам ба заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ аст, чигуна метавонам таколифи шаъии худам монанди намозу рӯза ва ҳаҷҷу закотро анҷом бидиҳам? Қабули даъвати ҷаноби Мансур сарфи назар аз инки барои зуҳури Маҳдӣ лозим аст, чи фойидае барои ман аз ҷиҳати амали ба таколифи шаръӣ дорад?! Барои мутолеъаи барраси, инҷоро клик кунед. Номаи ҷадид: Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он дар бораи шиддат гирифтани бало ҳушдор медиҳад ва иллати он ва роҳи пешгирӣ аз онро табйин мекунад. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Нуктаи ҷадид: Нуктаи «Як қадам монда ба субҳ» навиштаи «Илёс Ҳакимӣ» мунташир шуд. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед.
loading
Пурсиш ва посух
 

Назари ҳазрати алломаи Хуросонӣ дар мавриди тарошидани риш чист?

Гузоштани риш, суннат аст ва ба шиъори мусалмонон дар ҷаҳон табдил шудааст ва бо ин васф, тарошидани он, ҳаргоҳ сабаби ҳамонандӣ бо ғайри мусалмонон шавад, ҷойиз нест; Чароки Худованд ҳамонандӣ бо кофиронро нораво шумурда[1] ва касонеро ба сабаби он некуҳиш карда[2] ва ҳар гуна гаройиш ба золимонро муҷиби иқоб донистааст[3], вале мураттаб ва кӯтоҳ кардани риш дар ҳадде ки сабаби ҳамонандӣ бо ғайри мусалмонон намешавад, ишколе надорад, бал дар ҳадде ки сабаби тамоюз аз коҳинони яҳуд ва муртозони ҳинд ва муфсидони доъиш мешавад, воҷиб аст; Чунонки яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт:

«سَأَلْتُهُ عَنِ الرَّجُلِ یَأْخُذُ مِنْ لِحْیَتِهِ فَقالَ: لا جُناحَ عَلَیْهِ ما لَمْ یَحْلِقْ فَیَتَشَبَّهَ بِالفاسِقینَ! قُلْتُ: إِنَّهُمْ یَقُولُونَ لا یُؤْخَذُ مِنْها شَيْءٌ وَ إِنْ بَلَغَتِ الرُّکْبَةَ! قالَ: سُبْحانَ اللّهِ! هَذَا قَولُ الْکُهّانِ وَ الْجُوکِیَّةِ! بَلْ یَأْخُذُ مِنْها وَ یَتَجَمّلُ»; «Аз он ҳазрат дар бораи марде пурсидам ки аз риши худ кам мекунад, фармуд: Гуноҳе бар ӯ нест модоме ки натарошад пас ба фосиқон шабеҳ шавад! Гуфтам: Онҳо мегӯянд аз он чизе кам намекунад агарчи ба зону бирасад! Фармуд: Субҳаналлоҳ! Ин сухани коҳинон ва ҷӯкиён аст! Балки аз он кам мекунад ва оростагӣ меҷӯяд».

↑[1] . Нисоъ/ 140
↑[2] . Тавба/ 30
↑[3] . Ҳуд/ 113
Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ Бахши посухгӯйи ба пурсишҳо
Таълиқот
Пурсишҳо ва посухҳои фаръӣ
Пурсиши
фаръии 1
Нависанда: Ризо Розӣ
Тарих: 14/2/2016

Фарқи ҷойиз нест бо ҳаром аст дар чист?

Ҳаром будани тарошидани ришро аз Қуръон исбот кунед.

Ҳадди шаръии риши ҳаддиақал чиқадар аст?

Посух ба пурсиши
фаръии 1
Тарих: 18/2/2016

«Ҷойиз» унвони коре аст ки ақабае бар анҷоми он мутараттиб намешавад ва «Ҳаром» унвони коре аст ки ақабае бар анҷоми он мутараттиб мешавад ва бо ин васф, «Ҷойиз нест» бо «Ҳаром аст» тафовути маънойи надорад, ҷуз онки мумкин аст дар иборати «Ҳаром аст» қотеъияти бештаре наҳуфта бошад, то ҳадде ки иродаи «Кароҳати шадид» аз иборати «Ҷойиз нест» мумкин аст, вале аз иборати «Ҳаром аст» мумкин нест.

Аммо чунонки дар посухи боло таъйин шудааст, тарошидани риш ҳаргоҳ сабаби ҳамонандӣ бо ғайри мусалмонон ва ғайри муташарриъон ки ғолибан ба ин кор эҳтимом доранд ва онро аз фарҳанги мутлуби худ мешуморанд бошад, ҷойиз нест, ба ин маъно ки ҳаром аст ва бар он иқобе мутараттиб мешавад; Чароки Худованд аз ҳамонандӣ бо кофирон наҳй карда ва фармудааст: ﴿يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا لَا تَكُونُوا كَالَّذِينَ كَفَرُوا[1]; «Эй касоне ки имон овардед! Ҳамонанди касоне ки кофир шудаанд набошед» Ва аз ҳамонандӣ бо фосиқон наҳй карда ва фармудааст: ﴿وَلَا تَكُونُوا كَالَّذِينَ نَسُوا اللَّهَ فَأَنْسَاهُمْ أَنْفُسَهُمْ ۚ أُولَئِكَ هُمُ الْفَاسِقُونَ[2]; «Ва ҳамонанди касоне набошед ки Худоро аз ёд бурданд, пас худҳошонро аз ёдашон бурд, онон ҳамон фосиқон ҳастанд» Ва ҳамонандӣ бо ононро нораво дониста ва фармудааст: ﴿إِنَّكُمْ إِذًا مِثْلُهُمْ[3]; «Шумо он ҳангом монанди онон хоҳед буд» Ва касонеро ба сабаби ҳамонандӣ бо онон некӯҳиш карда ва фармудааст: ﴿يُضَاهِئُونَ قَوْلَ الَّذِينَ كَفَرُوا مِنْ قَبْلُ ۚ قَاتَلَهُمُ اللَّهُ ۚ أَنَّى يُؤْفَكُونَ[4]; «Ҳамонанди суханӣ касонеро мегӯянд ки пештар кофир шуданд! Худованд ононро бикушад! Чигуна инҳироф меёбанд?!» Ва камтарин гаройиш ба ононро муҷиби иқоб дониста ва фармудааст: ﴿وَلَا تَرْكَنُوا إِلَى الَّذِينَ ظَلَمُوا فَتَمَسَّكُمُ النَّارُ وَمَا لَكُمْ مِنْ دُونِ اللَّهِ مِنْ أَوْلِيَاءَ ثُمَّ لَا تُنْصَرُونَ[5]; «Ва ба сӯӣ касоне ки ситам карданд гаройиш пайдо накунед ки шуморо оташ мегирад ва бароятон ҷуз Худованд сарпарастоне нест, он гоҳ ёрӣ намешавед» Ва рӯшан аст ки умум ва итлоқи ин оёти муборака, ҳар гуна ҳамонандӣ бо кофирон ва фосиқон дар корҳое ки зарурати ақлӣ ё шаръӣ надорандро шомил мешавад. Бар ин асос, мусалмонон набояд шаъоир ва суннатҳои худ ки дар ҷаҳон ба он шинохта шудаандро барои хушоянди кофирон ва фосиқон тарк кунанд ва ба шаъоир ва суннатҳои кофирон ва фосиқон рӯй оваранд.

Албатта ҳамон тавр ки дар посухи боло тавзеҳ дода шудааст, кӯтоҳ кардани риш ба наҳве ки ҳамонандӣ бо ғайри мусалмонон ва ғайри муташарриъон маҳсуб нашавад, ишколе надорад, монанди кӯтоҳ кардани он дар ҳадде ки урфан гузоштани риш маҳсуб шавад, бал кӯтоҳ кардани он дар ҳадде ки урфан ташаббуҳ ба муртозон ва доъишиён маҳсуб нашавад, воҷиб аст.

↑[1] . Оли Имрон/ 156
↑[2] . Ҳашр/ 19
↑[3] . Нисоъ/140
↑[4] . Тавба/ 30
↑[5] . Ҳуд/ 113
Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ Бахши посухгӯйи ба пурсишҳо
Пурсиши
фаръии 2
Нависанда: Абул Фазли Вафоён
Тарих: 19/2/2016

Пайрави ду посухи матраҳ шудаи қаблӣ [дар бораи ҳукми тарошидани риш] бароям суъол пеш омада. Агар имкон дошт матраҳ бифармойед. Дар мавриди тарошидани риш ки ҳазрати аллома аз ҳайси ташоба ба куффор ҳаром донистанд, оё дар шароити феълӣ ки дар Эрон ё Туркия ё ҳатто кишварҳои ғарбӣ ва аксари нуқоти дунё мусалмонон риши худро метарошанд ки ба лиҳози беҳдоштӣ ё идорӣ ва одат ва ғайра мебошад ва касе онро ба лиҳози урф шабеҳи куффор ва золимон намедонад, боз ҳам амалӣ ҳаром аст ва ё мушобаи нақле ки аз ҳазрати Алӣ дар мавриди хазоб кардан ва худро шабеҳи яҳуд насохтан буд ва ҳазрат онро насх карданд ҳукми риш ҳам ҳамонанди он мансух аст? Бо сипоси фаровон.

Посух ба пурсиши
фаръии 2
Тарих: 22/2/2016

Гузоштан ё тарошидани риш, ба зоти худ ҳукме дар Ислом надорад; Чароки бино бар қоъида, инсон бар ҷисми хеш мусаллат аст ва метавонад ҳар тасарруфе ки музир барои он нест дар он анҷом диҳад, вале гузоштани риш ва худдорӣ аз тарошидани он, ба далили мудовимати Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ва аҳли байт ва асҳобаш ва сипас умуми тобиъон ва атбоъи тобеъон ва фуқаҳо ва сулаҳоъи билод дар тӯли қуруни мутамодӣ то кунун, ба яке аз боризтарин суннатҳои Исломӣ ва намодҳои мусалмонон дар ҷаҳон табдил шудааст. Ҳамакнун низ бар хилофи пиндори ҷаноби олӣ, гузоштани риш яке аз суннатҳои Исломӣ ва намодҳои мусалмонон дар ҷаҳон аст ва касоне аз онон –хоҳ аз миёни аҳли ташаюъ ва хоҳ аз миёни аҳли суннат– ки ба Ислом мултазим ҳастанд онро риъоят мекунанд; Ҳамчунонки тарошидани риш, ба вузуҳ одати ғайри мусалмонон ва одати мусалмононе аст ки ба Ислом илтизоми камтаре доранд ва навъан таҳти таъсири фарҳанги ғайри мусалмонон ва ба қасди ҳамонанди бо онон –ки ин корро аз намодҳои таҷаддуд мепиндоранд– онро анҷом медиҳанд ва табъан аз ин ҷиҳат, гуноҳкор шумурда мешаванд ва рӯшан аст ки ҳамонандӣ бо гуноҳкорон фориғ аз ҳамонандӣ бо ғайри мусалмонон, ҳаром аст; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿وَلَا تَكُونُوا كَالَّذِينَ نَسُوا اللَّهَ فَأَنْسَاهُمْ أَنْفُسَهُمْ ۚ أُولَئِكَ هُمُ الْفَاسِقُونَ[1]; «Ва ҳамонанди касоне набошед ки Худоро аз ёд бурданд, пас худҳошонро аз ёдашон бурд, онон ҳамон фосиқон ҳастанд»; Ба ин маъно ки аҳкоми Худовандро аз ёд бурданд, пас Худованд ҳувиятҳошонро аз ёдашон бурд.

Албатта рӯшан аст ки риш дар Ислом маротиби мухталифе доранд ва бархӣ бузургтар аз бархӣ дигар ҳастанд ва тарошидани риш, маъсиятӣ кабира нест, бал маъсиятӣ сағира аст ки ба маротиб аз дурӯғ, тавҳин, тӯҳмат, риё, пайравии золимон ва хӯрдани моли мардум хурдтар аст ва то ҳангоме ки ба ҳадди одат нарасидааст фисқ шумурда намешавад ва нақз кунандаи адолат нест, вале агар ба ҳадди одат бирасад фисқ шумурда мешавад ва адолатро нақз мекунад, то ҳадде ки шаҳодати касе ки ба он эҳтимом дорад, мӯътабар нест ва намоз гузордан пушти сари ӯ маҳалли ишкол аст. Ҳар чанд мусалламан гузоштани риш барои адолат кофӣ нест ва бисёрӣ аз мусалмонон ки риш мегузоранд фосиқанд, бал бузургтарин фисқ дар миёни онон аз олимони фосиде бар мехезад ки ришҳояшон баланд ва тақвояшон кӯтоҳ аст, то бо зоҳирӣ Исломгароёна мусалононро ба сӯӣ куфр савқ диҳанд, вале бо ин ҳол, ҳифзи намодҳои мусалмонони ва дурӣ аз намодҳои кофирон зарурӣ аст ва наметавон ҳамонандӣ бо кофиронро ба ҳамонандӣ бо ин гурӯҳ аз мусалмонон тарвиҷ дод.

↑[1] . Ҳашр/ 19
Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ Бахши посухгӯйи ба пурсишҳо
Пурсиши
фаръии 3
Нависанда: Алӣ
Тарих: 4/9/2016

Дар бораи риш ва гузоштани риш фармудед. Бисёр ҷавобҳои олӣ ва комил буд, вале ҳастанд касоне ки риши мавзун ва хубе надоранд (кӯса) ва бо гузоштани риш воқеъан қиёфаи номуратаб ва баде пайдо мекунанд. Барои инон чи ҳукме доред?

Бо ташаккур

Посух ба пурсиши
фаръии 3
Тарих: 7/9/2016

Агар риши мусалмон ба андозае мерӯяд ки гузоштани он сабаби тамоюзи ӯ аз ғайри мусалмонон ва ғайри муташарриъон мешавад, воҷиб аст ки онро бигзорад, ҳар чанд комил ва якпорча набошад; Чароки мақсуд аз гузоштани риш, зебоӣ нест, балки адами ташаббуҳ ба ғайри мусалмонон ва ғайри муташарриъон аст ва аз ин рӯ, барои касоне ки бо он зеботар намешаванд низ зарурӣ аст, вале агар ба андозае мерӯяд ки гузоштани он сабаби тамоюз аз ғайри мусалмонон ва ғайри муташарриъон намешавад, тарошидани он ишколе надорад; Чароки гузоштани он дар чунин фазе абас аст.

*Барои тазеҳоти бештар, ба матни арабӣ муроҷиъа кунед.
Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ Бахши посухгӯйи ба пурсишҳо
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок гузоред, то ба густариши илм ва маърифати динӣ кӯмак кунед. Шукронаи ёд гирифтани як нуктаи ҷадид, ёд додани он ба дигарон аст.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Метавонед ин матлабро ба забонҳои зер низ мутолеъа кунед:
Агар бо забони дигаре ошнойи доред, метавонед ин матлабро ба он тарҷума кунед. [Форми тарҷума]
Навиштани пурсиш
Корбари гиромӣ! Шумо метавонед пурсишҳои худро дар бораи осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш посух дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Мумкин аст номи шумо ба унвони нависандаи пурсиш дар пойгоҳ намоиш дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.
Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:
1 . Мумкин аст ба пурсиши шумо дар пойгоҳ посух дода шуда бошад. Аз ин рӯ, беҳтар аст пеш аз навиштани пурсиши худ, пурсишҳои муртабитро мурур ё аз имкони ҷустуҷӯ дар пойгоҳ истифода кунед.
2 . Аз сабт ва ирсоли пурсишҳои ҷадид пеш аз дарёфти посухи пурсиши қаблӣ, худдорӣ кунед.
3 . Аз сабт ва ирсоли беш аз як пурсиш дар ҳар навбат, худдорӣ кунед.
4 . Авлавияти мо, посухгӯйи ба пурсишҳои марбут бо имом Маҳдӣ алайҳи салом ва заминасозӣ барои зуҳури ӯст; Чароки дар ҳоли ҳозир, аз ҳар чизе муҳимтар аст.