Сешанбе 19 Март 2024 мелодӣ / 8 Рамазон 1445 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
 Дарси ҷадид: Дарсҳое аз он ҷаноб дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад; Аҳодиси саҳиҳе аз Паёмбар дар ин бора; Ҳадиси 3. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Гуфтори ҷадид: Гуфторе аз он ҳазрат дар бораи инки фуру бурдани амдии сар дар об ҳаргоҳ сабаби расидани об ба гулӯ шавад, сабаби қазоъи рӯза аст. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Пурсиши ҷадид: Оё ақиқа кардан барои навзод, машрӯъ аст? Барои мутолеъаи посух, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед. Нақди ҷадид: Ман ба унвони касе ки даъвати ҷаноби Мансурро пазируфта ва мусаммам ба заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ аст, чигуна метавонам таколифи шаъии худам монанди намозу рӯза ва ҳаҷҷу закотро анҷом бидиҳам? Қабули даъвати ҷаноби Мансур сарфи назар аз инки барои зуҳури Маҳдӣ лозим аст, чи фойидае барои ман аз ҷиҳати амали ба таколифи шаръӣ дорад?! Барои мутолеъаи барраси, инҷоро клик кунед. Номаи ҷадид: Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он дар бораи шиддат гирифтани бало ҳушдор медиҳад ва иллати он ва роҳи пешгирӣ аз онро табйин мекунад. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Нуктаи ҷадид: Нуктаи «Як қадам монда ба субҳ» навиштаи «Илёс Ҳакимӣ» мунташир шуд. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед.
loading
Пурсиш ва посух
 

Назари аллама Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло дар бораи бозии шатранҷ чист?

Ҳар бозие ки дар он баранда ва бозанда вуҷуд дорад, ба истиснои мавориде ки мустақиман бар омодагии мусалмонон барои ҷиҳод меафзояд, макрӯҳ аст ва далили он сухани Худованд дар суфориш ба рақобат кардан ва мусобиқа додан дар хайрот аст ки бо фаҳвои худ бар кароҳати рақобат кардан ва мусобиқа додан дар ғайри хайрот далолат дорад; Хусусан бо таваҷҷуҳ ба инки рақобат кардан ва мусобиқа додан метавонад ба душманӣ ва кинаварзӣ биянҷомад. Албатта бозӣ то ҳангоме макрӯҳ аст ки дар он аз бозанда моле барои баранда гирифта нашавад, аммо ҳаргоҳ дар он аз бозанда моле барои баранда гирифта шавад, бидуни ҳеч ихтилофе миёни олимон қимор маҳсуб мешавад ва ҳаром аст.

Ин қоъидаи кулли дар робита бо бозиҳост, аммо зоҳир он аст ки шатранҷ агарчи қимор набошад, ҳаром аст ва ин аз ду ҷиҳат аст:

Яке онки нигоҳ доштани муҷассамаҳост ва ин ҷойиз нест; Чунонки аз Алӣ алайҳи салом ривоят шудааст: «أَنَّهُ مَرَّ عَلَى قَوْمٍ يَلْعَبُونَ بِالشَّطْرَنْجِ، فَقَالَ: مَا هَذِهِ التَّمَاثِيلُ الَّتِي أَنْتُمْ لَهَا عَاكِفُونَ؟»[1]; «Ӯ бар гурӯҳе гузашт ки шатранҷ бозӣ мекарданд, пас фармуд: Чист ин муҷассамаҳое ки шумо мулозими онҳо ҳастед?» Ва ин сухани машҳуре аз Алӣ алайҳи салом аст; Чунонки Муҳанноъ гуфтааст: «سَأَلْتُ أَحْمَدَ بْنَ حَنْبَلٍ عَنِ اللَّعْبِ بِالشَّطْرَنْجِ، هَلْ تَعْرِفُ فِيهِ شَيْئًا؟ فَقَالَ: لَا أَعْلَمُ إِلَّا قَوْلَ عَلِيٍّ»[2]; «Аз Аҳмад ибни Ҳанбал дар бораи бозии шатранҷ пурсидам ки оё (миёни аҳодис) чизе дар бораи он суроғ дорӣ? Гуфт: Чизе ҷуз сухани Алиро намешиносам» Ва Байҳақӣ гуфтааст: «وَلِهَذَا شَوَاهِدُ عَنْ عَلِيٍّ»[3]; «Барои ин, шавоҳиде аз Алӣ дорад» Ва низ аз Мӯсо ибни Ҷаъфар алайҳимо салом ривоят шудааст ки аз падари худ дар бораи муҷассамаҳо пурсид ва он ҳазрат посух дод: «لَا يَصْلُحُ أَنْ يُلْعَبَ بِهَا»[4]; «Шойиста нест ки бо онҳо бозӣ шавад» Ва ба назар мерасад ки муроди он ҳазрат аз муҷассамаҳо дар инҷо шатранҷ будааст ва яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт:

«سَأَلْتُ الْمَنْصُورَ عَنْ قَوْلِ اللَّهِ تَعَالَى: ﴿فَاجْتَنِبُوا الرِّجْسَ مِنَ الْأَوْثَانِ وَاجْتَنِبُوا قَوْلَ الزُّورِ﴾[5]، فَقَالَ: الرِّجْسُ مِنَ الْأَوْثَانِ الشَّطْرَنْجُ وَقَوْلُ الزُّورِ الْغِنَاءُ، قُلْتُ: أَرَأَيْتَ إِنْ لَعَبْتُ بِالشَّطْرَنْجِ دُونَ قِمَارٍ؟ قَالَ: دَعْهَا فَإِنَّهَا تَجْذِبُ الشَّيَاطِينَ كَمَا تَجْذِبُ الْقَاذُورَةُ الذِّبَّانَ، قُلْتُ: مَا لَهُمْ وَلِلشَّطْرَنْجِ؟! قَالَ: يُعْجِبُهُمْ لَوْنُهَا وَأَوْثَانُهَا»; «Аз Мансур дар бораи сухани Худованди баландмартаба пурсидам ки мефармояд: <Пас аз палидии бутҳо дурӣ кунед ва аз гуфтори ботил дурӣ кунед>, Пас фармуд: Палидии бутҳо, шатранҷ ва гуфтори ботил, ғиност. Гуфтам: Агар бидуни қимор шатранҷ бозӣ кунам читур? Фармуд: Онро раҳо кун; Зеро шаётинро ба сӯӣ худ мекашонад, ҳамон тавр ки палидӣ магасҳоро, Гуфтам: Онҳоро бо шатранҷ чи кор аст? Фармуд: Ранг ва бутҳои онро меписанданд».

Ончи бар ин далолат дорад, ривояте аз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам аст ки дар он омадааст: «إِذَا مَرَرْتُمْ بِهَؤُلَاءِ الَّذِينَ يَلْعَبُونَ الْأَزْلَامَ الشَّطْرَنْجَ وَالنَّرْدَ، فَلَا تُسَلِّمُوا عَلَيْهِمْ، فَإِنْ سَلَّمُوا عَلَيْكُمْ فَلَا تَرُدُّوا عَلَيْهِمْ، فَإِنَّهُمْ إِذَا اجْتَمَعُوا وَأَكَبُّوا عَلَيْهَا جَاءَ إِبْلِيسُ أَخْزَاهُ اللَّهُ بِجُنُودِهِ فَأَحْدَقَ بِهِمْ كُلَّمَا ذَهَبَ رَجُلٌ يَصْرِفُ بَصَرَهُ عَنِ الشِّطْرَنْجِ لَكَزَ فِي ثَغْرِهِ، وَجَاءَتِ الْمَلَائِكَةُ مِنْ وَرَاءِ ذَلِكَ فَأَحْدَقُوا بِهِمْ وَلَمْ يَدْنُوا مِنْهُمْ فَمَا زَالُوا يَلْعَنُونَهُمْ حَتَّى يَتَفَرَّقُونَ عَنْهَا حِينَ يَتَفَرَّقُونَ كَالْكِلَابِ اجْتَمَعَتْ عَلَى جِيفَةٍ فَأَكَلَتْ مِنْهَا حَتَّى مَلَأَتْ بُطُونَهَا ثُمَّ تَفَرَّقَتْ»[6]; «Ҳаргоҳ аз канори ин касоне ки бо азлом яъне бо шатранҷ ва нард бозӣ мекунанд гузаштед, ба онон салом накунед ва агар ба шумо салом карданд, ҷавобашонро надиҳед; Чароки онон ҳаргоҳ гирди ҳам оянд ва ба бозбӣ бо он саргарм шаванд, иблис ки Худованд расвояш карда, ба ҳамроҳи сарбозонаш меояд ва ононро иҳота мекунад. Ҳар бор ки касе аз онон мехоҳад аз шатранҷ рӯй гардонад, маште бар даҳони ӯ мезанад ва пас аз он, фариштагон меоянд ва ононро иҳота мекунанд ва наздикашон намешаванд ва ҳамвора ононро лаън мекунанд то замоне ки аз даври он пароканда шаванд, чунон сагоне ки бар мурдоре ҷамъ шудаанд, пас аз он мехуранд то шикамҳояшон пур шавад ва сипас пароканда мешаванд».

Аммо ҷиҳати дуввум ин аст ки шатранҷ ҳамакнун ба намоде барои шайтонпарастон ва фромосонҳо табдил шуда, ҳамон тавр ки дар гузашта бозии Касроҳо ва монанди онон буда ва рӯшан аст ки ташаббуҳ ба онон ҷойиз нест. Ба ҳамин далил, аз Алӣ алайҳи салом ривоят шудааст ки фармуд: «الشَّطْرَنْجُ مَيْسِرُ الْأَعَاجِمِ»[7]; «Шатранҷ қимори аҷамҳост» Ва ривоят шудааст ки аз Абу Ҷаъфар алайҳи салом дар бораи он пурсида шуд, пас фармуд: «دَعُونَا مِنْ هَذِهِ الْمَجُوسِيَّةِ»[8]; «Моро аз ин муҷассамот вогузоред» Ва аз фарзанди ӯ Ҷаъфар алайҳи салом дар бораи он пурсида шуд, пас фармуд: «دَعُوا الْمَجُوسِيَّةَ لِأَهْلِهَا لَعَنَهَا اللَّهُ»[9]; «Муҷассамотро барои аҳлаш вогузоред, Худованд онро лаънат кунад» Ва аз Алӣ ибни Мӯсо Ризо алайҳи салом ривоят шудааст ки фармуд Язид ибни Муъовия дар ҳоле ки сари буридаи Ҳусейн алайҳи салом наздаш буд, бо шатранҷ бозӣ мекард ва сипас фармуд: «فَمَنْ كَانَ مِنْ شِيعَتِنَا فَلْيَتَوَرَّعْ عَنِ اللَّعْبِ بِالشَّطْرَنْجِ»[10]; «Пас ҳар кас аз пайравони мост, бояд аз бозии шатранҷ бипарҳезад» Ва қавл ба ҳурмати шатранҷ, бо ривоёти мутавотир аз аҳли байт алайҳиму салом собит аст. Ҳамчунин, аз ибни Аббос ривоят шудааст ки моли ятимеро ӯҳдадор шуд, пас дар миёни таракаи падари ятим шатранҷеро ёфт, пас онро сӯзонд, дар ҳоле ки агар бозӣ бо он ҳалол буд, иҷозаи сӯзондани онро надошт ва аз ибни Умар низ ривоят шудааст ки гутфт: «هِيَ شَرٌّ مِنَ النَّرْدِ»; «Он аз нард бадтар аст» яъне ба тариқи авло ҳаром аст; Чароки нард назди онон ҳаром буд ва аз Абу Мӯсо ривоят шудааст ки гуфт: «لَا يَلْعَبُ بِالشَّطْرَنْجِ إِلَّا خَاطِئٌ»; «Ҷуз хатокор бо шатранҷ бозӣ намекунад» Ва аз Абу Саъиди Худрӣ ривоят шудааст ки кароҳат дошт шатранҷ бозӣ кунад ва аз Зуҳрӣ ривоят шудааст ки гуфт: «هِيَ مِنَ الْبَاطِلِ وَلَا يُحِبُّ اللَّهُ الْبَاطِلَ»; «Он аз ботил аст ва Худованд ботилро дӯст намедорад» Ва монанди он аз Саъид ибни Мусайяб низ ривоят шудааст ки аз Муҳаммад ибни Каъби Қрзӣ ривоят шудааст ки гуфт: «أَدْنَى مَا يَكُونُ فِيهَا أَنَّ اللَّاعِبَ بِهَا يُحْشَرُ يَوْمَ الْقِيَامَةِ مَعَ أَصْحَابِ الْبَاطِلِ»; «Камтарин чизе ки дар он аст ин аст ки ҳар кас бо он бозӣ кунад, рӯзи Қиёмат бо асҳоби ботил маҳшур мешавад» Ва аз Иброҳими Нахаъӣ риоят шудааст ки гуфт: «إِنَّهَا مَلْعُونَةٌ فَلَا تَلْعَبْ بِهَا»; «Он лаън шудааст, пас бо он бозӣ накун» Ва аз Муҳаммад ибни Сирин ривоят шудааст ки гуфт: «لَوْ رُدَّتْ شَهَادَةُ مَنْ يَلْعَبُ بِالشَّطْرَنْجِ كَانَ لِذَلِكَ أَهْلًا»; «Агар шаҳодати касе ки шатранҷ бозӣ мекунад рад шавад, шойистаи он аст» Ва Вакиъ ва Суфиён дар бораи сухани Худованд ки фармудааст: ﴿وَأَنْ تَسْتَقْسِمُوا بِالْأَزْلَامِ﴾[11]; «Ва инки бо азлом қисмат кунед (бар шумо ҳаром аст)» Гуфтанд: «هِيَ الشَّطْرَنْجُ»; «(Мисдоқи) он шатранҷ аст» Ва ба Исҳоқ ибни Роҳувей гуфта шуд: «أَتَرَى فِي اللَّعْبِ بِالشَّطْرَنْجِ بَأْسٌ؟»; «Оё дар бозии шатранҷ ишколе мебинӣ?», посух дод; «الْبَأْسُ كُلُّهُ فِيهِ»; «Ҳамаи ишкол дар он аст», сипас ба ӯ гуфта шуд: «إِنَّ أَهْلَ الثُّغُورِ يَلْعَبُونَ بِهَا لِأَجْلِ الْحَرْبِ»; «Марзбонон ба хотири ҷанг бо он бозӣ мекарданд», пас посух дод: «هُوَ فُجُورٌ»; «Он фуҷур аст» Ва аз Молик ривоят шудааст ки гуфт: «لَا خَيْرَ فِي الشَّطْرَنْجِ»; «Ҳеч чизе дар шатранҷ нест» Ва гуфт: «أَمَّا الْمُدْمِنُ عَلَى لَعْبِ الشَّطْرَنْجِ فَلَا أَرَى أَنْ تُقْبَلَ شَهَادَتُهُ»; «Аммо касе ки ба бозии шатранҷ муътод аст, саҳиҳ намебинам ки шаҳодаташ пазируфта шавад» Ва гуфт: «أَوَّلُ مَنْ جَاءَ بِالشَّطْرَنْجِ وَالنَّرْدِ عَمْرُو بْنُ الْعَاصِ، تَعَلَّمَ ذَلِكَ فِي الْحِيرَةِ»; «Аввалин касе ки шатранҷ ва нардро овард, Амр ибни Ос буд, онро дар Ҳийра омӯхт» Ва аз Абу Ҳанифа ва Аҳмад ривоят шудааст ки онро таҳрим кардаанд, бал аз Абдуллоҳ ибни Нофеъа ривоят шудааст ки гуфт: «مَا أَدْرَكْتُ أَحَدًا مِنْ عُلَمَائِنَا إِلَّا وَهُوَ يَكْرَهُهَا»; «Ҳеч як аз олимонамонро наёфтаем магар инки аз он кароҳат доштааст» Ва кароҳати ҷаноби Мансур аз он ба ҳадде аст ки аз нишастан бар рӯйи фаршӣ ба ранги шатранҷ худдорӣ карда ва фармудааст: «إِنَّهُ مَجْلِسُ الشَّيَاطِينِ»; «Он ҷойи нишастани шаётин аст».

↑[1] . Табақотул Кубро ибни Саъд, ҷ6, с224; Мусаннафи ибни Абӣ Шейба, ҷ5, с287; Замалмалоҳӣ ибни Абӣ Дунё, с77; Таҳриму нард вал шатранҷ вал малоҳӣ ал-Аҷрӣ, с135; Мухаласиёт ва аҷзоъи ухро ли Абӣ Тоҳирил Мухлас, ҷ2, с41; Сунанул Кубро Байҳақӣ, ҷ10, с358
↑[2] . Амри бил маъруф вал наҳйи анил мункар, с62
↑[3] . Шӯъбал Имон Байҳақӣ, ҷ8, с467
↑[4] . Масоъилул Алӣ ибни Ҷаъфар, с294; Қурбул Иснод Ҳумайро, с295
↑[5] . Ҳаҷҷ/ 30
↑[6] . Таҳриму нард вал шатранҷ вал малоҳӣ ал-Аҷрӣ, с148
↑[7] . Сунанул Кубро Байҳақӣ, ҷ10, с358
↑[8] . Замалмалоҳӣ ибни Абӣ Дунё, с78; Сунанул Кубро Байҳақӣ, ҷ10, с359
↑[9] . Ал-Кофӣ Кулайнӣ, ҷ6, с437
↑[10] . Айнул Ахбор Ризо ибни Бобувей, ҷ2, с25
↑[11] . Моъида/ 3
Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ Бахши посухгӯйи ба пурсишҳо
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок гузоред, то ба густариши илм ва маърифати динӣ кӯмак кунед. Шукронаи ёд гирифтани як нуктаи ҷадид, ёд додани он ба дигарон аст.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Метавонед ин матлабро ба забонҳои зер низ мутолеъа кунед:
Агар бо забони дигаре ошнойи доред, метавонед ин матлабро ба он тарҷума кунед. [Форми тарҷума]
Навиштани пурсиш
Корбари гиромӣ! Шумо метавонед пурсишҳои худро дар бораи осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш посух дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Мумкин аст номи шумо ба унвони нависандаи пурсиш дар пойгоҳ намоиш дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.
Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:
1 . Мумкин аст ба пурсиши шумо дар пойгоҳ посух дода шуда бошад. Аз ин рӯ, беҳтар аст пеш аз навиштани пурсиши худ, пурсишҳои муртабитро мурур ё аз имкони ҷустуҷӯ дар пойгоҳ истифода кунед.
2 . Аз сабт ва ирсоли пурсишҳои ҷадид пеш аз дарёфти посухи пурсиши қаблӣ, худдорӣ кунед.
3 . Аз сабт ва ирсоли беш аз як пурсиш дар ҳар навбат, худдорӣ кунед.
4 . Авлавияти мо, посухгӯйи ба пурсишҳои марбут бо имом Маҳдӣ алайҳи салом ва заминасозӣ барои зуҳури ӯст; Чароки дар ҳоли ҳозир, аз ҳар чизе муҳимтар аст.