Сешанбе 19 Март 2024 мелодӣ / 8 Рамазон 1445 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
 Дарси ҷадид: Дарсҳое аз он ҷаноб дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад; Аҳодиси саҳиҳе аз Паёмбар дар ин бора; Ҳадиси 3. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Гуфтори ҷадид: Гуфторе аз он ҳазрат дар бораи инки фуру бурдани амдии сар дар об ҳаргоҳ сабаби расидани об ба гулӯ шавад, сабаби қазоъи рӯза аст. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Пурсиши ҷадид: Оё ақиқа кардан барои навзод, машрӯъ аст? Барои мутолеъаи посух, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед. Нақди ҷадид: Ман ба унвони касе ки даъвати ҷаноби Мансурро пазируфта ва мусаммам ба заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ аст, чигуна метавонам таколифи шаъии худам монанди намозу рӯза ва ҳаҷҷу закотро анҷом бидиҳам? Қабули даъвати ҷаноби Мансур сарфи назар аз инки барои зуҳури Маҳдӣ лозим аст, чи фойидае барои ман аз ҷиҳати амали ба таколифи шаръӣ дорад?! Барои мутолеъаи барраси, инҷоро клик кунед. Номаи ҷадид: Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он дар бораи шиддат гирифтани бало ҳушдор медиҳад ва иллати он ва роҳи пешгирӣ аз онро табйин мекунад. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Нуктаи ҷадид: Нуктаи «Як қадам монда ба субҳ» навиштаи «Илёс Ҳакимӣ» мунташир шуд. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед.
loading
Пурсиш ва посух
 

Лутфан дар бораи ном, син, миллият ва мушаххасоти зоҳирии ҷаноби Мансури Ҳошимии Хуросонӣ заминасози зуҳури имом Маҳдӣ алайҳи салом тавзиҳоти бештаре бидиҳед. Бо ташаккур

Хоҳари гиромӣ!

Шахсиятгароӣ ба бемории шойеъ ва хатарноке дар миёни мусалмонон табдил шудааст; Зеро онон сухани ҳақро аз касе ки намешиносанд намепазиранд ва сухани ботилро аз касе ки мешиносанд мепазиранд, дар ҳоле ки сухани ҳақ, ҳақ аст агарчи гӯяндааш ношинохта бошад ва сухани ботил, ботил аст агарчи гӯяндааш шинохта бошад. Сухани ҳақ, бо ношинохта будани гӯяндааш ботил ва сухани ботил, бо шинохта будани гӯяндааш ҳақ намешавад, бал ҳар гӯяндае бо чизе ки мегӯяд шинохта мешавад; Агар сухани ӯ ҳақ буд бар ҳақ ва агар сухани ӯ ботил буд, бар ботил аст. Чи бисёр гӯяндае пуровозае ки ботил мегӯяд ва чи бисёр гӯяндаӣ гумноме ки ҳақ! Оё ҳақ будани касе вобаста ба номи ӯст ё аз миллияти ӯ табаъият мекунад ё аз мушаххасоти зоҳирии ӯ асар мепазирад?! Дар ҳоле ки номҳо ановинӣ эътиборӣ ҳастанд ва миллиятҳо таваҳҳумотӣ худбофтаанд ва мушаххасоти зоҳирӣ бо мушаххасоти ботинӣ мулозим нестанд. Оё шумо бо таваҷҷуҳ ба ном, син, миллият ва мушаххасоти зоҳирии ҷаноби Мансури Ҳошимии Хуросонӣ пай бурдаед ки эшон «Заминасози зуҳури имом Маҳдӣ алайҳи салом» аст ё бо таваҷҷуҳ ба андешаҳо, омӯзаҳо ва ормонҳои эшон?! Агар бо таваҷҷуҳ ба андешаҳо, омӯзаҳо ва ормонҳои эшон ба ин воқеъият пай бурдаед, пас чаро дар бораи ном, син, миллият ва мушаххасоти зоҳирии эшон кунҷковӣ мекунанд?! Оё намедонед ки ин кунҷковии шумо, дер ё зуд ба фитнае барои шумо ва дастовезе барои шубҳаангезон табдил хоҳад шуд?! Ҳамон шаётини инсӣ ва ҷиннӣ ки мекӯшанд шуморо аз матн ба ҳошия ва аз муҳкамот ба муташобеҳот машғул созанд то ба ин ҳилла, зеҳнатонро мағшуш ва қалбатонро бемор намоянд то дар ҳуҷум бадбиниҳо ва бадгумониҳо, сипари ақлониятро бар замин андозед. Онон медонанд ки дар масофи ҳуҷҷатҳо ва бароҳини қотеъи ҷаноби Мансури Ҳошимии Хуросонӣ, монанди тифли оҷиз ва дармондаанд; Чароки ҳуҷҷатҳо ва бароҳини қотеъи ин нодираи даврон, сарро мешиканад ва гарданро хам мекунад! Аз ин рӯ, барои муқобила бо эшон, чорае ҷуз ҷавсозӣ ва ҳошияпардозӣ надоранд ва чизе ки ба онон маҷоли ин шарорат ва шайтанатро медиҳад, ҳассосият ва эҳтимоми амсоли шумо ба ном, син, миллият ва мушаххасоти зоҳирии ин бузугвор аст; Зеро агар амсоли шумо ба ин қабил ҳавошӣ ва фуруъ, аҳаммияти чандоне намедодед, инон то ин андоза бар рӯӣ он таъкид намекунанд, вале воқеъ он аст ки амсоли шумо ба ин қабил ҳавошӣ ва фуруъ, аҳаммияти фаровоне медиҳед ва ин дастовезе барои ин душманони Худо ва душманони халифаи Ӯ дар замин аст. Инон монанди соири шаётини инсӣ ва ҷиннӣ, аз нуқтаи заъфи шумо сӯъи истифода мекунанд ва нуқтаи заъфи шумо, аҳаммият додан ба зоҳири ашхос ба ҷои андешаҳо, омӯзаҳо ва ормонҳои онон аст; Чунонки ба унвони намуна, бархӣ таваққуъ доранд ки ҷаноби Мансури Ҳошимии Хуросонӣ, дорои зоҳирӣ фавқуъода ва дар ҳолаҳои аз нур бошад ва аз ин рӯ, ҳангоме ки эшонро башаре монанди худ меёбанд, андешаҳо, омӯзаҳо ва ормонҳои эшонро фаромӯш мекунанд ва аз эшон рӯй бар мегардонанд; Ғофил аз онки Паёмбарон низ башаре монанди онон буданд, ҷуз онки Худованд бо тавфиқи илм ва амали солеҳ, бар онон миннат ниҳода буд; Чунонки фармудааст ﴿قَالَتْ لَهُمْ رُسُلُهُمْ إِنْ نَحْنُ إِلَّا بَشَرٌ مِثْلُكُمْ وَلَكِنَّ اللَّهَ يَمُنُّ عَلَى مَنْ يَشَاءُ مِنْ عِبَادِهِ ۖ وَمَا كَانَ لَنَا أَنْ نَأْتِيَكُمْ بِسُلْطَانٍ إِلَّا بِإِذْنِ اللَّهِ ۚ وَعَلَى اللَّهِ فَلْيَتَوَكَّلِ الْمُؤْمِنُونَ[1]; «Паёмбаронашон ба онон гуфтанд ки мо ҷуз башаре монанди шумо нестем, вале Худованд бар ҳар кас аз бандагонаш ки бихоҳад миннат мегузорад ва моро намерасад ки барои шумо мӯъҷизае биёварем магар бо изни Худованд ва мӯъминон бояд бар Худованд таваккул дошта бошанд»! Ин аст ки иғвогарони шайтонсифат мекӯшанд чунон кашфӣ тоза ва ҳалле барои як муъаммо, ҷаноби Мансури Ҳошимии Хуросониро аз ҳайси ном, син, миллият ва мушаххасоти зоҳирӣ мононди дигарон муъаррифӣ кунанд то ба заъми худ, адами ҳаққонияти эшонро ба исбот расонанд; Ғофил аз онки ҳаққонияти ин бузугвор, ба ном, син, миллият ва мушаххасоти зоҳирии эшон нест, бал ба андешаҳо, омӯзаҳо ва ормонҳои холис ва комили эшон аст ва ҳаминҳост ки эшонро аз дигарон мутамойиз месозад; Вагарна ин бузургвор муддаъӣ нест ки фаришта аст ва муддаъӣ нест ки бо дигарон тафовут дорад, балки танҳо даъват кунандае ба сӯӣ оли Муҳаммад ва заминасозе барои зуҳури Маҳдӣ аст ва агар касе аз эшон пайравӣ мекунад бояд бо назар ба ин воқеъият бошад на бо назар ба ном, син, миллият ва мушаххасоти зоҳирии эшон, ҳар чанд бо пешгӯйиҳои Исломӣ мутобиқат дошта бошад.

Аз ин рӯст ки ин бандаи солеҳи Худованд, дар сароғози номаи худ хитоб ба мусалмонони Порсӣ навишт:

«Ва аммо баъд.. эй гурӯҳи хирадмандон! Эй бародарон ва хоҳарони мусалмон! Бо шумо дар бораи шумо сухан мегӯям. Оё суханамро мешунавед ва дил месупоред ё гӯши худро мегиред ва раҳ месупоред?! Ба Худо савганд агар душмани инсон барои ӯ номае бинависад, ӯ онро бо диққат мехонад то бидонад ки душмани ӯ барояш чи навиштааст, дар ҳоле ки ман дӯсти дилсӯз ва бародари хайрхоҳи шумо ҳастам ва сазовортарам то бидонед барои шумо чи навиштаам. Агар шумо манро намешиносед ман шуморо мешиносам ва агар шумо манро дӯст намедоред ман шуморо дӯст медорам. Ба суханам гӯш биспоред ва напурсед ки кистам; Чароки кистии инсон дар сухани ӯ ошкор мешавад ва оқил ба сухан менигарад на ба гӯяндаи он! Чи бисёр сухани росте ки кӯдаке гӯяд ва чи бисёр сухани дурӯғе ки бузургон гӯянд! Сухани рост, рост аст агар чи кӯдаке гӯяд ва сухани дурӯғ, дурӯғ аст агар чи бузургон гӯянд! Аз ин рӯ, агар суханеро бишносед, нашнохтани гӯяндаи он ба шумо зиёне намерасонад, ҳамчунонки агар суханеро нашносед шинохтани гӯяндаи он ба шумо суде намерасонад! Пас ба суханам гӯш биспоред то манро бишносед; Чароки инсон дар зери забони хеш пинҳон аст ва касе шинохта намешавад то онгоҳ ки ба сухан дарояд. Шумо гӯш дода нашудаед магар барои шунидан ва чашм дода нашудаед магар барои дидан ва ақл дода нашудаед магар барои тамйизи ончи мешунавед ва мебинед ки кадомин рост ва кадомин норост аст. Пас суханамро бо гӯши худ бишнавед ва бо ақли худ баррасед то агар рост буд бипазиред ва агар норост буд напазиред. Худованд ба шумо тавфиқ диҳад; Чароки шайтон мехоҳад шумо нашунавед то надонед ва надонед то бадбахт шавед ва оё бадбахтӣ ҷуз дар паӣ нодонӣ аст?! Ман медонам касоне ки пеш аз ман будаанд, сухан, бисёр гуфтаанд ва шуморо ранҷондаанд; Чароки бисёрӣ аз суханони онон дурӯғ будааст ва чизҳое гуфтаанд ки ба он донише надоштаанд ва гурӯҳе аз онон касоне ҳастанд ки шуморо намехоҳанд магар барои худҳояшон ва сухан намегӯянд магар барои фиреб. Шуморо ба сӯӣ ҳаққе фаро мехонанд ки худ аз он бегонаанд ва барои шумо хайре мехоҳанд ки худ аз он бебаҳраанд! Инон динро такягоҳе барои қудрат ва охиратро дастовезе барои дунё кардаанд; Вагарна, на динро чунонки бояд мешиносанд ва на охиратро чунонки шояд мехоҳанд. Акнун ман барои шумо сухан мегӯям, дар ҳоле ки на умеди қудрате ва на тамаъи дунёйе дорам. Яке ҳастам аз миёни шумо ки монанди шумо дар замин заъиф шумурда мешавам ва дар паӣ бартарӣ ёфтан бар шумо ё табоҳӣ ангехтан дар замин нестам. Ҷуз ин намехоҳам ки амри ба маърум ва наҳй аз мункар кунам, то Худованд ҳар киро хоҳад бишнавонад ва ҳар киро хоҳад кар намояд ва шумо чи медонед?! Шояд чизҳоеро дигаргун созад ва аз рӯӣ чизҳое парда баргирад; Чароки Ӯ бар ҳар коре тавоно ва ба ҳар чизе доност ...».

Ин сухани олими сиддиқе аст ки бар хилофи дигарон, мардумро ба сӯӣ худ фаро намехонад, балки ба сӯӣ Худованд ва халифаи Ӯ дар замин фаро мехонад ва бо ин васф, касоне ки дар бораи ному син ва миллияти зоҳирии ӯ муҷодила мекунанд, фарохони ӯро намешунаванд ё мешунаванд ва ношунида мегиранд! Ногузир оқибати ин ношунавоён ҷуз таҳайюр ва гумроҳи нахоҳад буд; Чароки фитнаҳо дер ё зуд домани ононро хоҳад гирифт ва шубҳаҳо аз рӯ ба рӯ ё пушти сар ба онон хоҳад расид ва ҳар кас ба ҷои ҳидояти Худованд аз ҳавои нафси худ пайравӣ кунад, дар торикӣ гум хоҳад шуд ва растгорӣ ҷуз барои парҳезкорон нахоҳад буд.

↑[1] . Иброҳим/11
Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ Бахши посухгӯйи ба пурсишҳо
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок гузоред, то ба густариши илм ва маърифати динӣ кӯмак кунед. Шукронаи ёд гирифтани як нуктаи ҷадид, ёд додани он ба дигарон аст.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Метавонед ин матлабро ба забонҳои зер низ мутолеъа кунед:
Агар бо забони дигаре ошнойи доред, метавонед ин матлабро ба он тарҷума кунед. [Форми тарҷума]
Навиштани пурсиш
Корбари гиромӣ! Шумо метавонед пурсишҳои худро дар бораи осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш посух дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Мумкин аст номи шумо ба унвони нависандаи пурсиш дар пойгоҳ намоиш дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.
Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:
1 . Мумкин аст ба пурсиши шумо дар пойгоҳ посух дода шуда бошад. Аз ин рӯ, беҳтар аст пеш аз навиштани пурсиши худ, пурсишҳои муртабитро мурур ё аз имкони ҷустуҷӯ дар пойгоҳ истифода кунед.
2 . Аз сабт ва ирсоли пурсишҳои ҷадид пеш аз дарёфти посухи пурсиши қаблӣ, худдорӣ кунед.
3 . Аз сабт ва ирсоли беш аз як пурсиш дар ҳар навбат, худдорӣ кунед.
4 . Авлавияти мо, посухгӯйи ба пурсишҳои марбут бо имом Маҳдӣ алайҳи салом ва заминасозӣ барои зуҳури ӯст; Чароки дар ҳоли ҳозир, аз ҳар чизе муҳимтар аст.