Сешанбе 19 Март 2024 мелодӣ / 8 Рамазон 1445 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
 Дарси ҷадид: Дарсҳое аз он ҷаноб дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад; Аҳодиси саҳиҳе аз Паёмбар дар ин бора; Ҳадиси 3. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Гуфтори ҷадид: Гуфторе аз он ҳазрат дар бораи инки фуру бурдани амдии сар дар об ҳаргоҳ сабаби расидани об ба гулӯ шавад, сабаби қазоъи рӯза аст. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Пурсиши ҷадид: Оё ақиқа кардан барои навзод, машрӯъ аст? Барои мутолеъаи посух, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед. Нақди ҷадид: Ман ба унвони касе ки даъвати ҷаноби Мансурро пазируфта ва мусаммам ба заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ аст, чигуна метавонам таколифи шаъии худам монанди намозу рӯза ва ҳаҷҷу закотро анҷом бидиҳам? Қабули даъвати ҷаноби Мансур сарфи назар аз инки барои зуҳури Маҳдӣ лозим аст, чи фойидае барои ман аз ҷиҳати амали ба таколифи шаръӣ дорад?! Барои мутолеъаи барраси, инҷоро клик кунед. Номаи ҷадид: Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он дар бораи шиддат гирифтани бало ҳушдор медиҳад ва иллати он ва роҳи пешгирӣ аз онро табйин мекунад. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Нуктаи ҷадид: Нуктаи «Як қадам монда ба субҳ» навиштаи «Илёс Ҳакимӣ» мунташир шуд. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед.
loading
Пурсиш ва посух
 

Оё ҷаноби Мансури Ҳошимии Хуросониӣ ақлро бар шаръ муқаддам медонад ва мӯътақид аст ки мо ба ҷои шаръ аз ақл табаъият кунем?

Ин пурсиши шумо аз ин тасаввури нодуруст бархостааст ки миёни ақл ва шаръ мунофоте вуҷуд дорад, ба наҳве ки табаъият аз яке ба маънои адами табаъият аз дигарӣ аст ва ногузир бояд яке аз он дуро бар дигарӣ муқаддам донист, дар ҳоле ки ба бовари ҷаноби Мансур, ақл ва шаръ аз як мабда падид омада ва ҳар ду хилқати Худованди Ҳаким аст ва аз ин рӯ, мунофоте миёни он ду нест; Чунонки Худованд худ фармудааст: ﴿مَا تَرَى فِي خَلْقِ الرَّحْمَنِ مِنْ تَفَاوُتٍ[1]; Якъне: «Дар хилқати Худованд мунофоте намебинӣ» ва бо ин васф, табаъият аз ақл ба маънои адами табаъият аз шаръ ва муқаддам донистанаш бар он нест, балки билакс ба маънои табаъият аз шаръ низ аст; Чароки шаръ ба иқтизои ваҳдати мабда ва созгории комиле ки бо ақл дорад, ба табаъият аз ақл фармон дода ва ба сӯи он фарохондааст; Чунонки ба унвони мисол фармудааст: ﴿لَعَلَّكُمْ تَعْقِلُونَ[2]; «Умед меравад ки шумо ақлро ба кор баред» Ва фармудааст: ﴿أَفَلَا تَعْقِلُونَ[3]; «Оё пас шумо ақлро ба кор намебаред?!». Бинобарин, ҷаноби Мансур ақлро бар шаръ муқаддам намедонад ва мӯътақид нест ки шумо бояд ба ҷои шаръ аз ақл табаъият кунед, балки ақлро бо шаръ ҳамоҳанг ва мувофиқ медонад ва мӯътақид аст ки шумо бояд аз ҳар ду табаъият кунед; Чароки Худованд ба табаъият аз ҳар ду фармон дода ва фармудааст: ﴿أَمْ تَحْسَبُ أَنَّ أَكْثَرَهُمْ يَسْمَعُونَ أَوْ يَعْقِلُونَ[4]; «Ё мепиндорӣ ки бештари онон (шаръро) мешиносанд ё ақлро ба кор мебаранд?!» Ва фармудааст: ﴿وَقَالُوا لَوْ كُنَّا نَسْمَعُ أَوْ نَعْقِلُ مَا كُنَّا فِي أَصْحَابِ السَّعِيرِ[5]; « Ва (дӯзахиён) гӯянд ки агар (шаръро) мешунидем ё ақлро ба кор мебастем дар миёни аҳли дӯзах набудем», дар ҳоле ки бисёрӣ аз мусалмонон бар хилофи ин сухани Худованд мепиндоранд ки бо вуҷуди шаръ ниёзе ба табаъият аз ақл нест ва шаръ ононро аз ақл бениёз мекунад, балки мепиндоранд ки табаъият аз ақл бо вуҷуди шаръ норавост ва касе ки бо вуҷуди шаръ ба ақл истинод мекунад, дар бидъат ва гумроҳи аст. Дар раъси ин гурӯҳ, аҳли ҳадиси мусалмон ҳастанд ки мепиндоранд ҳар чизе ки ба он ниёз доранд дар ҳадис омадааст ва бо вуҷуди он ниёзе ба истифода аз ақл нест, дар ҳоле ки ин пиндор бар хилофи воқеъият аст; Чароки ҳатто ҳадис ҳам, чи аз лиҳози эътибор ва чи аз лиҳози маъно, ба василаи ақл шинохта мешавад ва бидуни ақл қобили шинохт нест. Аз ин рӯ, ҷаноби Мансур табаъият аз ақлро корӣ қаҳрӣ ва иҷтинобнопазир медонад ва мӯътақид аст ки нохушнудӣ ва бебоварӣ дар бораи он, таъсире дар табаъият аз он ба маънои истеъмоли он надорад. Бале, эшон ақлро меъёри шинохт медонад ва аз ин ҳайс метавон гуфт ки онро бар шаръ муқаддам мешуморад, вале ин ба хотири он аст ки шаръ ба василаи ақл шинохта мешавад ва шинохти он ба василаи худаш мумкин нест; Зеро рӯшан аст ки наметавон барои шинохти эътибори Қуръон, ба Қуръон ва барои шинохти эътибори суннат, ба суннат истинод кард ва чунин коре бемаъност. Бинобарин, барои шинохти эътибори шаръ, чорае ҷуз истинод ба ақл нест ва ба ҳамин ҷиҳат, ақл бар шаръ навъӣ тақаддумӣ қаҳрӣ ва табиъӣ дорад ва шаръ низ ин тақаддумро ба расмият мешиносад, вале ин ба он маъност ки ҳамаи эътибороти шаръӣ монанди аҳкоми намоз ва рӯза ва ҳаҷ ва закот, мустақиллан ба василаи ақл шинохта мешаванд; Зеро ин қабил эътиборот, аз ихтироъоти шаръ ҳастанд ки ақл наметавонад илал ва исботи онҳоро эҳсо кунад ва ногузир шунидани онҳо аз шаръро зарури медонад. Бинобарин, меъёр будани ақл барои шинохт ба маънои бениёз будани он аз шаръ нест, балки ба маънои васила будани он барои шинохти ҳар чизе аз ҷумла шаръ аст ки табъан бо эътибори зотӣ ва бадеҳии он мумкин аст. Аз инҷо дониста мешавад касоне ки ҷаноби Мансурро ба муқаддам донистани ақл бар шаръ бо вуҷуди нуқсони он нисбат ба шаръ муттаҳам мекунанд, аслан муроди эшонро нафаҳмидаанд ва ҳеҷ як аз муқаддамот ва муъаххироти суханашонро дарк накардаанд ва танҳо аз зовияи пешзеҳниятҳои худ мабни бар тақобули ақл бо шаръ ё баробар будани он бо қиёс ва истеҳсон, ба китобашон нигаристаанд. Ҳеҷ шакке нест ки шинохти андешаҳои эшон ва тасвире ки аз Исломи холис ва комил ироъа кардааст, бидуни канор ниҳодани ин қабил пешзеҳниятҳо ва дарки саҳеҳи мабноӣ фикрии эшон муҳол аст ва касоне ки бо такя бар мабнои фикрии худ ва пешзеҳниятҳои бебунёне ки барои худ доранд ва бидуни таваҷҷуҳ ба муқаддамот ва пешниёзҳо, ба омӯзаҳои эшон гӯш месупоранд, чизе аз онро нахоҳанд фаҳмид ва нахоҳанд пазируфт ва ин албатта гуноҳи ҷаноби эшон нахоҳад буд, бал гуноҳи касоне хоҳад буд ки ба ҷои истефҳом ба истеҳзоъ ва ба ҷои истифода ба озори эшон рӯй овардаанд ва ё дар маҳзари эшон, сукутӣ бемаъно ва бефоъида дар пеш гирифтаанд.

↑[1] . Мулк/3
↑[2] . Бақара/73
↑[3] . Бақара/44
↑[4] . Фурқон/44
↑[5] . Мулк/10
Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ Бахши посухгӯйи ба пурсишҳо
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок гузоред, то ба густариши илм ва маърифати динӣ кӯмак кунед. Шукронаи ёд гирифтани як нуктаи ҷадид, ёд додани он ба дигарон аст.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Метавонед ин матлабро ба забонҳои зер низ мутолеъа кунед:
Агар бо забони дигаре ошнойи доред, метавонед ин матлабро ба он тарҷума кунед. [Форми тарҷума]
Навиштани пурсиш
Корбари гиромӣ! Шумо метавонед пурсишҳои худро дар бораи осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш посух дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Мумкин аст номи шумо ба унвони нависандаи пурсиш дар пойгоҳ намоиш дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.
Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:
1 . Мумкин аст ба пурсиши шумо дар пойгоҳ посух дода шуда бошад. Аз ин рӯ, беҳтар аст пеш аз навиштани пурсиши худ, пурсишҳои муртабитро мурур ё аз имкони ҷустуҷӯ дар пойгоҳ истифода кунед.
2 . Аз сабт ва ирсоли пурсишҳои ҷадид пеш аз дарёфти посухи пурсиши қаблӣ, худдорӣ кунед.
3 . Аз сабт ва ирсоли беш аз як пурсиш дар ҳар навбат, худдорӣ кунед.
4 . Авлавияти мо, посухгӯйи ба пурсишҳои марбут бо имом Маҳдӣ алайҳи салом ва заминасозӣ барои зуҳури ӯст; Чароки дар ҳоли ҳозир, аз ҳар чизе муҳимтар аст.