Сешанбе 19 Март 2024 мелодӣ / 8 Рамазон 1445 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
 Дарси ҷадид: Дарсҳое аз он ҷаноб дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад; Аҳодиси саҳиҳе аз Паёмбар дар ин бора; Ҳадиси 3. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Гуфтори ҷадид: Гуфторе аз он ҳазрат дар бораи инки фуру бурдани амдии сар дар об ҳаргоҳ сабаби расидани об ба гулӯ шавад, сабаби қазоъи рӯза аст. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Пурсиши ҷадид: Оё ақиқа кардан барои навзод, машрӯъ аст? Барои мутолеъаи посух, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед. Нақди ҷадид: Ман ба унвони касе ки даъвати ҷаноби Мансурро пазируфта ва мусаммам ба заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ аст, чигуна метавонам таколифи шаъии худам монанди намозу рӯза ва ҳаҷҷу закотро анҷом бидиҳам? Қабули даъвати ҷаноби Мансур сарфи назар аз инки барои зуҳури Маҳдӣ лозим аст, чи фойидае барои ман аз ҷиҳати амали ба таколифи шаръӣ дорад?! Барои мутолеъаи барраси, инҷоро клик кунед. Номаи ҷадид: Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он дар бораи шиддат гирифтани бало ҳушдор медиҳад ва иллати он ва роҳи пешгирӣ аз онро табйин мекунад. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Нуктаи ҷадид: Нуктаи «Як қадам монда ба субҳ» навиштаи «Илёс Ҳакимӣ» мунташир шуд. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед.
loading
Нома
 

Ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар номае барои Умайр ибни Аҳмади Ҳусейнӣ аз ёрони худ дар хуросон навишт:

«بسم الله الرّحمن الرّحیم

Ва аммо баъд; Эй писари Аҳмад! Ҳароина мисли ман дар миёни аҳли Хуросон мисли Муслим ибни Ақил дар миёни аҳли Ироқ аст; Пас бингаред ки бо ман чигуна мекунед; Зеро ба Худо савганд Маҳдӣ барои чизе қиём мекунад ки Ҳусейн барои он қиём кард ва ҳар кас Маҳдиро ёрӣ кунад монанди касе аст ки Ҳусейнро ёрӣ карда ва растгорӣ барои касе аст ки ба паймони худ бо ӯ вафодор аст; Вассалом».

Шарҳи нома:

Абу Фараҷи Исфаҳонӣ (д.356қ) дар китоби Мақотилул Толибиййин нақл кардааст: «لمّا بلغ أهل الكوفة نزول الحسين عليه السّلام مكّة وأنّه لم يبايع ليزيد، وفد إليه وفد منهم عليهم أبو عبد اللّه الجدليّ، وكتب إليه شبث بن ربعيّ وسليمان بن صرد والمسيّب بن نجية ووجوه أهل الكوفة يدعونه إلى بيعته وخلع يزيد، فقال لهم الحسين: <أَبْعَثُ مَعَكُمْ أَخِي وَابْنَ عَمِّي، فَإِذَا أَخَذَ لِي بَيْعَتِي وَأَتَانِي عَنْهُمْ بِمِثْلِ مَا كَتَبُوا بِهِ إِلَيَّ قَدِمْتُ عَلَيْهِمْ>، ودعا مسلم بن عقيل فقال له: <اشْخَصْ إِلَى الْكُوفَةِ، فَإِنْ رَأَيْتَ مِنْهُمُ اجْتِمَاعًا عَلَى مَا كَتَبُوا، وَرَأَيْتَهُ أَمْرًا تَرَى الْخُرُوجَ مَعَهُ، فَاكْتُبْ إِلَيَّ بِرَأْيِكَ>، فقدم مسلم الكوفة، وأتته الشيعة، فأخذ بيعتهم للحسين»[1]; «Ҳангоме ки ба аҳли Куфа хабар расид ки Ҳусейн алайҳи салом ба Макка рафта ва бо Язид байъат накардааст, намояндагоне аз ҷониби онон ба сӯӣ ӯ равона шуданд ки Абу Абдуллоҳи Ҷадалӣ дар раъсашон қарор дошт ва Шабас ибни Рабиъа ва Сулаймон ибни Сурд ва Мусайяб ибни Наҷия ва дигар бузургони Куфа бо ӯ мукотиба карданд ва хостори байъат бо ӯ ва халаъи Язид шуданд. Пас Ҳусейн ба онон фармуд: <Бародарам ва писар амуямро бо шумо мефиристам. Пас агар бароям байъат гирифт ва монанди ончи (Аҳли Куфа) навиштандро ба ман гузориш дод, ба сӯӣ онон равона хоҳам шуд>. Сипас Муслим ибни Ақилро хост ва ба ӯ фармуд: <Ба сӯӣ Куфа раҳсипор шав. Пас агар дидӣ ки бар ончи навиштаанд иҷтимоъ доранд ва онро фарохури қиём дидӣ, назартро бароям бинавис>. Пас Муслим ба Куфа омад ва шиъаён ба наздаш омаданд ва ӯ аз онон барои Ҳусейн байъат гирифт». Сипас моҷароӣ ононро нақл кардааст то онҷо ки ӯро танҳо гузоштанд ва ба Абдуллоҳ ибни Зиё таслим карданд, ба наҳве ки вақте ӯ -ки Худованд раҳматаш кунад- ба марги худ яқин пайдо кард, касеро наёфт ки ба ӯ васият кунад ва ночор ба яке аз душманонаш ки бо вай хешовандӣ дошт васият кард ва ба ӯ гуфт: «ابْعَثْ إِلَى الْحُسَيْنِ مَنْ يَرُدُّهُ»[2]; «Касеро ба сӯӣ Ҳусейн бифирист то ӯро баргардонад». Пас муроди ҳазрати Мансур ҳафизаҳуллоҳ таъоло аз ин тамсил он аст ки ҳамон тавр ки Муслим ибни Ақил барои заминасозии ҳукумати Ҳусейн ба Ироқ омад, он ҳазрат низ барои заминасонии ҳукумати Маҳдӣ ба Хуросон омадааст ва ҳамон тавр ки Муслим ибни Ақил аз аҳли Ироқ барои Ҳусейн байъат гирифт, он ҳазрат низ аз аҳли Хуросон барои Маҳдӣ байъат мегирад ва ҳамон тавр ки хизлони Муслим ибни Ақил тавассути аҳли Ироқ монеъ аз расидани Ҳусейн ба ҳукумат шуд, хизлони он ҳазрат тавассути аҳли Хуросон низ монеъ аз расидани Маҳдӣ ба ҳукумат мешавад ва бо ин васф, бойиста аст ки аз торих ибрат гирифта шавад то аз такрори он ҷилавгирӣ шавад ва ин мабнӣ бар сухани Худованди баландмартаба аст ки фармудааст: ﴿لَقَدْ كَانَ فِي قَصَصِهِمْ عِبْرَةٌ لِأُولِي الْأَلْبَابِ﴾[3]; «Ҳароина дар достонҳои онон ибрате барои хирадмандон аст» Ва фармудааст: ﴿قُلْ سِيرُوا فِي الْأَرْضِ فَانْظُرُوا كَيْفَ كَانَ عَاقِبَةُ الَّذِينَ مِنْ قَبْلُ﴾[4]; «Бигӯ дар замин бигардед ва бибинед оқибати касоне ки дар гузашта буданд чигуна буд».

↑[1] . Мақотилул Толибиййин Абу Фараҷи Исфаҳонӣ, с63
↑[2] . Ҳамон, с67
↑[3] . Юсуф/ 111
↑[4] . Рум/ 42
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок гузоред, то ба густариши илм ва маърифати динӣ кӯмак кунед. Шукронаи ёд гирифтани як нуктаи ҷадид, ёд додани он ба дигарон аст.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Метавонед ин матлабро ба забонҳои зер низ мутолеъа кунед:
Агар бо забони дигаре ошнойи доред, метавонед ин матлабро ба он тарҷума кунед. [Форми тарҷума]
Донлуди маҷмӯъаи номаҳои ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло
Номи китоб: Ал-Калимуттаййиб; Маҷмӯъаи номаҳои ҳазрати
аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло
Ношир: Дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло
Навбати чоп: Якум
Замони чоп: 26 март 2019
Макони чоп: Душанбе; Тоҷикистон