Сешанбе 19 Март 2024 мелодӣ / 8 Рамазон 1445 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
 Дарси ҷадид: Дарсҳое аз он ҷаноб дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад; Аҳодиси саҳиҳе аз Паёмбар дар ин бора; Ҳадиси 3. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Гуфтори ҷадид: Гуфторе аз он ҳазрат дар бораи инки фуру бурдани амдии сар дар об ҳаргоҳ сабаби расидани об ба гулӯ шавад, сабаби қазоъи рӯза аст. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Пурсиши ҷадид: Оё ақиқа кардан барои навзод, машрӯъ аст? Барои мутолеъаи посух, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед. Нақди ҷадид: Ман ба унвони касе ки даъвати ҷаноби Мансурро пазируфта ва мусаммам ба заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ аст, чигуна метавонам таколифи шаъии худам монанди намозу рӯза ва ҳаҷҷу закотро анҷом бидиҳам? Қабули даъвати ҷаноби Мансур сарфи назар аз инки барои зуҳури Маҳдӣ лозим аст, чи фойидае барои ман аз ҷиҳати амали ба таколифи шаръӣ дорад?! Барои мутолеъаи барраси, инҷоро клик кунед. Номаи ҷадид: Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он дар бораи шиддат гирифтани бало ҳушдор медиҳад ва иллати он ва роҳи пешгирӣ аз онро табйин мекунад. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Нуктаи ҷадид: Нуктаи «Як қадам монда ба субҳ» навиштаи «Илёс Ҳакимӣ» мунташир шуд. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед.
loading
Нома
 

«...Оё касе тиллои аслро аз бадал намешиносад ба маҳаки мизоне ниёз надорад то бо он бисанҷанд?! Ё касе ки роҳро аз бероҳа тамйиз намедиҳад ба роҳнамои роҳшиносе ниёз надорад то роҳро нишонаш диҳад?! Ё касе ки дар макони торикӣ гирифтор аст ба шамъи фурузоне ниёз надорад то пиромунашро рӯшан намояд?! Ё касе ки чашми худро аз даст додааст ба ҳамроҳи биное ниёз надорад то дасти ӯро бигирад?! Ё касе ки дар ҳоли ғарқ шудан аст ба дастовези устуворе ниёз надорад то ба он чанг бизанад?! Ё ҳеҷ оқиле бидуни қойиқ ба дарё мезанад?! Ё ҳеҷ кӯре бидуни ҳамро ба сафар меравад?! Ба ҳамин сон, касе ки ҳақро аз ботил намешиносад ба меъёре ниёз дорад то бо он бисанҷад ва касе ки ҳидоятро аз гумроҳӣ тамйиз намедиҳад ба роҳнамое ниёз дорад то ҳидоятро нишонаш диҳад ва касе ки дар торикии шубаҳот гирифтор аст ба шамъе ниёз дорад то барояш рӯшан намояд ва касе ки ба дуруст ва ғалат бино нест ба ҳамроҳе ниёз дорад то дасти ӯро бигирад ва касе ки дар дарёи ҷаҳл ғарқ мешавад ба дастовезе ниёз дорад то ба он биёвезад. Бидуни меъёр, шинохтан ва бидуни роҳнамо, роҳ ёфтан ва бидуни рӯшаноӣ, дидан ва бидуни ҳамроҳ, сафари кӯр ва бидуни дастовез, наҷот ва бидуни қойиқ, дарёнавардӣ мумкин нест...».

Шарҳи нома:

Ин меъёр, роҳнамо, шамъ, ҳамроҳ, дастовез ва қойиқи наҷоти инсон, чунонки дар китоби шарифи «Бозгашт ба Ислом» ва сойири гуфторҳо ва навишторҳои рӯшанибахши ҳазрати Мансур табйин шуда, «Ақли салим» аст ки ба сӯӣ китоби Худо ва халифаи поки Ӯ дар замин иршод мекунад ва аз табаъияти ғайри он ду боз медорад ва бидуни он, миёни ҳаққу ботил ва нуру зулмат ва ҳидояту гумроҳӣ ва дурусту ғалат фарқе нест.

Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок гузоред, то ба густариши илм ва маърифати динӣ кӯмак кунед. Шукронаи ёд гирифтани як нуктаи ҷадид, ёд додани он ба дигарон аст.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Метавонед ин матлабро ба забонҳои зер низ мутолеъа кунед:
Агар бо забони дигаре ошнойи доред, метавонед ин матлабро ба он тарҷума кунед. [Форми тарҷума]
Донлуди маҷмӯъаи номаҳои ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло
Номи китоб: Ал-Калимуттаййиб; Маҷмӯъаи номаҳои ҳазрати
аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло
Ношир: Дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло
Навбати чоп: Якум
Замони чоп: 26 март 2019
Макони чоп: Душанбе; Тоҷикистон