Сешанбе 19 Март 2024 мелодӣ / 8 Рамазон 1445 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
 Дарси ҷадид: Дарсҳое аз он ҷаноб дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад; Аҳодиси саҳиҳе аз Паёмбар дар ин бора; Ҳадиси 3. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Гуфтори ҷадид: Гуфторе аз он ҳазрат дар бораи инки фуру бурдани амдии сар дар об ҳаргоҳ сабаби расидани об ба гулӯ шавад, сабаби қазоъи рӯза аст. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Пурсиши ҷадид: Оё ақиқа кардан барои навзод, машрӯъ аст? Барои мутолеъаи посух, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед. Нақди ҷадид: Ман ба унвони касе ки даъвати ҷаноби Мансурро пазируфта ва мусаммам ба заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ аст, чигуна метавонам таколифи шаъии худам монанди намозу рӯза ва ҳаҷҷу закотро анҷом бидиҳам? Қабули даъвати ҷаноби Мансур сарфи назар аз инки барои зуҳури Маҳдӣ лозим аст, чи фойидае барои ман аз ҷиҳати амали ба таколифи шаръӣ дорад?! Барои мутолеъаи барраси, инҷоро клик кунед. Номаи ҷадид: Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он дар бораи шиддат гирифтани бало ҳушдор медиҳад ва иллати он ва роҳи пешгирӣ аз онро табйин мекунад. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Нуктаи ҷадид: Нуктаи «Як қадам монда ба субҳ» навиштаи «Илёс Ҳакимӣ» мунташир шуд. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед.
loading
Нақд ва барраси
 

Бо ташаккур аз ҷавобҳои бисёр олӣ ва мутқани шумо

Читавр эшон ҷаҳлро фиқдони илм ва адамӣ медонанд? Агар ҷаҳл ба маънои адами илм аст ва фиқдон ба маънои адам аст чигуна адам монеъ маҳсуб мешавад? Оё адам метавонад монеъ бошад? Бархӣ мӯътақиданд ҷаҳл монанди илм халқ шудааст (Усули Кофӣ). Бархӣ хайр ва шарро вуҷудӣ медонанд, аммо фалосифа шарурро адамӣ медонанд.

Ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло дар китоби шарифи «Бозгашт ба Ислом»[1], «Ҷаҳл» ро ба маънои «Фиқдони илм» ва «Муҳимтарин монеъ, балки асли ҳамаи мавонеъи шинохт» дониста ва фармудааст: «Нисбати он бо шинохт, монанди нисбати чизе бо зидди худ аст» ва ин ҳақиқатӣ бархоста аз китоби Худованд аст; Чунонки Халил ибни Аҳмад[2] ва ибни Манзур[3] онро «Нақизул илм» ва Ҷавҳарӣ[4] ва Турайҳӣ[5] онро «Хилофил илм» ва бархӣ дигар[6] онро зидди илм донистаанд. Ҳар чанд гоҳе бар ҳолатӣ вуҷудӣ монанди эътиқод ё амал ба хилофи ҳақ низ «Ҷаҳл» итлоқ мешавад, ба эътибори инки аз «Адами илм ба ҳақ» бар мехезад ва итлоқ сабаби бар мусаббаб аз боби маҷоз ҷойиз аст; Чунонки Роғиби Исфаҳонӣ асли маънои «Ҷаҳл» ро «خُلوُّ النَّفسِ مِنَ العلم»; «Холӣ будани нафс аз илм» дониста ва ду маънои дигарро ба унвони фуруъ бар он зикр кардааст: Яке «اعتقادُ الشّيءِ بِخلافِ ما هُوَ عليه»; «Эътиқод ба чизе бар хилофи чизе ки ҳаст» ва дигарӣ «فِعلُ الشّيءِ بِخلافِ ما حقُّهُ أن يُفعَلَ، سواءٌ اعتَقَدَ فيهِ اعتقاداً صَحيحاً أو فاسِداً»; «Анҷоми чизе бар хилофи чизе ки сазовор аст анҷом шавад, хоҳ дар бораи он эътиқоди саҳиҳе дошта бошад ва хоҳ эътиқоди фосиде»[7]. Вонгаҳе тардиде нест ки адами илм ба як чиз метавонад монеъи аз илм ба чизӣ дигар бошад; Чароки барои илм ба як чиз, илм ба мафҳум ва мисдоқи он ба манзалаи кубро ва суғрои қиёс зарурӣ аст ва табъан адами илм ба яке аз ду муқаддама, монеъ аз илм ба натиҷа мешавад; Ҳамчунонки адами илм ба ҳақ, метавонад монеъ аз амал ба он бошад; Чароки амал ба ҳақ бидуни илм ба он мумкин нест ва ин барои «Монеъ» номидани «Фиқдони илм» кофӣ аст, агарчи ҷанбаи адамӣ дошта бошад; Зеро адами чизе ки вуҷуди он барои вуҷуди чизе зарурӣ аст ва вуҷуди чизе ки адами он барои вуҷуди чизе зарурӣ аст, ҳар ду ба адами он меанҷомад ва маънои «Монеъ», чизе ҷуз ин нест. Аз ин рӯ, дар китоби Худованд ки ﴿بِلِسَانٍ عَرَبِيٍّ مُبِينٍ[8]; «Ба забони Арабии гӯё» нозил шуда низ «Фиқдони илм» монеъи шинохти ҳақ ва амал ба он дониста шуда ва ба унвони намуна омадааст: ﴿وَعَلَّمَ آدَمَ الْأَسْمَاءَ كُلَّهَا ثُمَّ عَرَضَهُمْ عَلَى الْمَلَائِكَةِ فَقَالَ أَنْبِئُونِي بِأَسْمَاءِ هَؤُلَاءِ إِنْ كُنْتُمْ صَادِقِينَ ۝ قَالُوا سُبْحَانَكَ لَا عِلْمَ لَنَا إِلَّا مَا عَلَّمْتَنَا[9]; «Ва ҳамаи номҳоро ба Одам таълим Дод ва сипас онҳоро бар фариштагон арза намуд, пас фармуд: Манро аз номҳои онҳо хабар диҳед анар рост мегӯйед! Барои мо илме нест магар чизе ки Ту ба мо таълим додаӣ» Ва омадааст: ﴿هَا أَنْتُمْ هَؤُلَاءِ حَاجَجْتُمْ فِيمَا لَكُمْ بِهِ عِلْمٌ فَلِمَ تُحَاجُّونَ فِيمَا لَيْسَ لَكُمْ بِهِ عِلْمٌ ۚ وَاللَّهُ يَعْلَمُ وَأَنْتُمْ لَا تَعْلَمُونَ[10]; «Борӣ шумо касоне ҳастанд ки дар бораи чизе ки ба он илм доред гуфтугӯ кардед, пас чаро дар бораи чизе гуфтугӯ мекунед ки ба он илме надоред?! Ва Худованд медонад ва шумо намедонед» Ва омадааст: ﴿مَا لَهُمْ بِهِ مِنْ عِلْمٍ إِلَّا اتِّبَاعَ الظَّنِّ[11]; «Ононро ба он илме нест магар пайравӣ аз зан» Ва омадааст: ﴿قُلْ هَلْ عِنْدَكُمْ مِنْ عِلْمٍ فَتُخْرِجُوهُ لَنَا ۖ إِنْ تَتَّبِعُونَ إِلَّا الظَّنَّ وَإِنْ أَنْتُمْ إِلَّا تَخْرُصُونَ[12]; «Бигӯ оё назди шумо илме ҳаст ки онро барои Мо берун оваред?! Шумо ҷуз аз зан пайравӣ намекунед ва ҷуз тахмин намезанед» Ва омадааст: ﴿فَلَا تَسْأَلْنِ مَا لَيْسَ لَكَ بِهِ عِلْمٌ ۖ إِنِّي أَعِظُكَ أَنْ تَكُونَ مِنَ الْجَاهِلِينَ ۝ قَالَ رَبِّ إِنِّي أَعُوذُ بِكَ أَنْ أَسْأَلَكَ مَا لَيْسَ لِي بِهِ عِلْمٌ[13]; «Пас аз Ман чизе ки ба он илме надорӣ нахоҳ, Ман туро панд медиҳам ки мабодо аз ҷоҳилон бошӣ! Гуфт: Парвардигор! Ман ба Ту паноҳ меоварам ки аз Ту чизе бихоҳам ки ба он илме надорам» Ва омадааст: ﴿وَلَا تَقْفُ مَا لَيْسَ لَكَ بِهِ عِلْمٌ[14]; «Ва аз чизе ки ба он илме надорӣ пайравӣ накун» Ва омадааст: ﴿وَقُلْ رَبِّ زِدْنِي عِلْمًا[15]; «Ва бигӯ Парвардигоро! Бар илмам бияфзо» Ва омадааст: ﴿وَمَا أُوتِيتُمْ مِنَ الْعِلْمِ إِلَّا قَلِيلًا[16]; «Ва аз илм ҷуз андаке дода нашудаанд» Ва омадааст: ﴿مَا لَهُمْ بِهِ مِنْ عِلْمٍ وَلَا لِآبَائِهِمْ[17]; «На онон ва на падаронашонро ба он илме нест» Ва омадааст: ﴿يَا أَبَتِ إِنِّي قَدْ جَاءَنِي مِنَ الْعِلْمِ مَا لَمْ يَأْتِكَ فَاتَّبِعْنِي أَهْدِكَ صِرَاطًا سَوِيًّا[18]; «Эй падарам! Манро аз илм чизе омада ки туро наёмадааст, пас аз ман пайравӣ кун то туро ба роҳӣ рост ҳидоят кунам» Ва омадааст: ﴿وَيَعْبُدُونَ مِنْ دُونِ اللَّهِ مَا لَمْ يُنَزِّلْ بِهِ سُلْطَانًا وَمَا لَيْسَ لَهُمْ بِهِ عِلْمٌ[19]; «Ва ҷуз Худованд чизеро мепарастанд ки барои он ҳуҷҷате нозил накарда ва чизеро ки барояшон ба он илме нест» Ва омадааст: ﴿إِذْ تَلَقَّوْنَهُ بِأَلْسِنَتِكُمْ وَتَقُولُونَ بِأَفْوَاهِكُمْ مَا لَيْسَ لَكُمْ بِهِ عِلْمٌ[20]; «Ҳангоме ки онро аз забони якдигар мегуфтед ва бо даҳонҳотон чизе мегуфтед ки шуморо ба он илме набуд» Ва омадааст: ﴿بَلِ ادَّارَكَ عِلْمُهُمْ فِي الْآخِرَةِ ۚ بَلْ هُمْ فِي شَكٍّ مِنْهَا ۖ بَلْ هُمْ مِنْهَا عَمُونَ[21]; «Балки илми онон аз охират фуру мондааст, балки онон аз он дар шакке ҳастанд, балки онон дар бораи он нобино ҳастанд» Ва омадааст: ﴿وَإِنْ جَاهَدَاكَ لِتُشْرِكَ بِي مَا لَيْسَ لَكَ بِهِ عِلْمٌ فَلَا تُطِعْهُمَا[22]; «Ва агар он ду бар ту фишор оваранд то барои Ман чизеро шарик созӣ ки ба он илме надорӣ аз он ду итоъат накун» Ва омадааст: ﴿كَذَلِكَ يَطْبَعُ اللَّهُ عَلَى قُلُوبِ الَّذِينَ لَا يَعْلَمُونَ[23]; «Ин гуна Худованд бар дилҳои касоне ки илм надоранд мӯҳр мениҳад» Ва омадааст: ﴿قُلْ هَلْ يَسْتَوِي الَّذِينَ يَعْلَمُونَ وَالَّذِينَ لَا يَعْلَمُونَ ۗ إِنَّمَا يَتَذَكَّرُ أُولُو الْأَلْبَابِ[24]; «Бигӯ оё касоне ки илм доранд ва касоне ки илм надоранд баробаранд?! Танҳо хирадмандон панд мегиранд» Ва омадааст: ﴿مَا لَهُمْ بِذَلِكَ مِنْ عِلْمٍ ۖ إِنْ هُمْ إِلَّا يَخْرُصُونَ[25]; «Ононро ба он илме нест, онон ҷуз ҳадс намезананд» Ва омадааст: ﴿وَمَا لَهُمْ بِذَلِكَ مِنْ عِلْمٍ ۖ إِنْ هُمْ إِلَّا يَظُنُّونَ[26]; «Ононро ба он илме нест, онон танҳо гумон мебаранд» Ва омадааст: ﴿ائْتُونِي بِكِتَابٍ مِنْ قَبْلِ هَذَا أَوْ أَثَارَةٍ مِنْ عِلْمٍ إِنْ كُنْتُمْ صَادِقِينَ[27]; «Барои Ман китобе пеш аз ин ё асаре аз илм биёваред агар рост мегӯйед» Ва омадааст: ﴿ذَلِكَ مَبْلَغُهُمْ مِنَ الْعِلْمِ[28]; «Он ҳадди аксари илми онон аст».

Аз инҷо дониста мешавад ки «Ҷаҳл» ҷанбаи адамӣ дорад ва ба маънои «Фиқдони илм» аст, вале ин ба маънои он нест ки махлуқи Худованд шумурда намешавад; Чароки «Ҷаҳл» низ монанди «Илм» махлуқе аз махлуқоти Ӯст, бо ин тафовут ки хилқати он ба таъбири аллома Мансури Ҳошимии Хурсоноӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло, «Хилқати зиллия» аст; Чунонки яке аз ёронамонморо хабар дод, гуфт:

«قُلْتُ لِلْمَنْصُورِ: إِنّا رُوِینا عَنْ آبائِكَ أَنَّ اللّهَ خَلَقَ الْجَهْلَ وَ جُنْدَهُ کَما خَلَقَ الْعَقْلَ وَ جُنْدَهُ! قالَ: هُوَ کَما رُوِیتُمْ وَلَكِنَّهُ خَلَقَ الْجَهْلَ خِلْقَةً ظِلِّیَّةً وَ جَعَلَ الظُّلُماتِ وَ النُّورَ! قُلْتُ: فَسِّرْ لِي جُعِلْتُ فِداكَ! قالَ: ما خَلَقَ اللّهُ شَیْئاً إِلّا وَ خَلَقَ مَعَهُ ضِدَّهُ بِمَنْزِلَةِ ظِلِّهِ وَ لَوْ لا ذَلِكَ لَما خُلِقَ شَيْءٌ وَ ذَلِكَ قَوْلُهُ تَعَالَى: ﴿وَلِلَّهِ يَسْجُدُ مَنْ فِي السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ طَوْعًا وَكَرْهًا وَظِلَالُهُمْ بِالْغُدُوِّ وَالْآصَالِ ۩! أَلا تَرَى أَنَّكَ تَبْنِي حائِطاً فَیَکُونُ لَهُ ظِلٌّ لَنْ یَزُولَ حَتَّى تَهْدِمَ الْحائِطَ؟! فَإِنَّ الظِّلَّ مَخْلُوقٌ غَیْرُ الْحائِطِ خَلَقْتَهُ إِذْ خَلَقْتَ الْحائِطَ وَ لا وُجُودَ لَهُ إِلّا فِي وُجُودِ الْحائِطِ وَ کَذَلِكَ الْجَهْلُ فَإِنَّهُ مَخْلُوقٌ غَیْرُ الْعَقْلِ خَلَقَهُ اللّهُ إِذْ خَلَقَ الْعَقْلَ بِمَنْزِلَةِ ظِلِّهِ وَ لا یَکُونُ عَقْلٌ إِلّا وَ مَعَهُ جَهْلٌ یُضادُّهُ وَ لا یَکُونُ یَمِینٌ إِلّا وَ مَعَهُ شِمالٌ وَ ذَلِكَ قَوْلُ اللّهِ تَعَالَى: ﴿أَوَلَمْ يَرَوْا إِلَى مَا خَلَقَ اللَّهُ مِنْ شَيْءٍ يَتَفَيَّأُ ظِلَالُهُ عَنِ الْيَمِينِ وَالشَّمَائِلِ سُجَّدًا لِلَّهِ وَهُمْ دَاخِرُونَ أَيْ مَجْبُورُونَ! أَفَهِمْتَ یا فُلانُ؟! قُلْتُ: نَعَمْ جَعَلَنِيَ اللّهُ فِداكَ!»; «Ба ҳазрати Мансури гуфтам: Барои мо аз падарони шумо ривоят шудааст ки Худованд ҷаҳл ва лашкари онро офарид ҳамон тавр ки ақл ва лашкари онро офарид! Фармуд: Он ҳамон тавр аст ки бароятон ривоят шудааст, вале Ӯ ҷаҳлро бо хилқати зиллия офарид ва торикиву нурро қарор дод! Гуфтам: Бароям тафсир кунед фидоятон шавам! Фармуд: Худованд чизеро наёфарид магар инки бо он (яъне ба табаъи он) зидди онро ба манзалаи сояи он (яъне лозими он) офарид ва агар ин набуд чизе офарида намешуд ва ин сухани Ӯст ки фармудааст <Ва барои Худованд саҷда мекунад ҳар чизе ки дар осмонҳо ва замин аст хоста ва нохоста ва сояҳои онҳо дар субҳ ва шом>[29]! Оё намебинӣ ки ту девореро бано мекунӣ, пас барои он сояе падид меояд ки ҳаргиз аз байн намеравад то он гоҳ ки деворро нобуд кунӣ?! Пас соя махлуқе ғайр аз девор аст ки онро бо хилқати девор халқ кардаи ва вуҷуде барои он ҷуз дар вуҷуди девор нест! Ҷаҳл низ монанди он аст; Чароки он махлуқӣ ғайр аз ақл аст ки Худованд чун ақлро халқ кард онро ба манзалаи сояаш офарид ва (бо ин васф,) ақле нест магар ба ҳамроҳи он ҷаҳле бошад ки бо он зиддият дорад ва росте нест магар инки ба ҳамроҳи он чаппе бошад ва ин сухани Худованди баландмартаба аст ки фармудааст: <Оё ба ҳар чизе ки Худованд офаридааст наменигаранд ки сояҳояшон аз рост ва чап ҳаракат мекунанд саҷдакунон барои Худованд дар ҳоле ки хор ҳастанд>[30] яъне маҷбур ҳастанд! Оё фаҳмидаӣ эй фалонӣ?! Гуфтам: Оре, Худованд манро ба фидои шумо гардонад»!

Худованд ин олими азимушшон ва муъаллими меҳрубонро барои уммати Исломи ҳифз фармояд, то бо таълимоти нуронияш барои «Бозгашт ба Ислом» ва қиёми ба алдолат дар ҷаҳон тарбият шаванд.

↑[1] . с36
↑[2] . Ал-Ъайн, ҷ3, с390
↑[3] . Лисонул Араб, ҷ11, с129
↑[4] . Ал-Сиҳоҳ, ҷ4, с1663
↑[5] . Маҷмаъул баҳрин, ҷ5, с345
↑[6] . Зубайдӣ, Торихул арус, ҷ14, с129
↑[7] . Нигоҳ кунед ба: Муфрадоту алфозул Қуръон, с209.
↑[8] . Шуъаро/ 195
↑[9] . Бақара/ 31 ва 32
↑[10] . Оли Имрон/ 66
↑[11] . Нисоъ/ 157
↑[12] . Анъом/ 148
↑[13] . Ҳуд/ 46 ва 47
↑[14] . Исроъ/ 36
↑[15] . Тоҳо/ 114
↑[16] . Исроъ/ 85
↑[17] . Каҳф/ 5
↑[18] . Марям/ 43
↑[19] . Ҳаҷ/ 71
↑[20] . Нур/ 15
↑[21] . Намл/ 66
↑[22] . Анкабут/ 8
↑[23] . Рум/ 59
↑[24] . Зумар/ 9
↑[25] . Зухруф/ 20
↑[26] . Ҷоия/ 24
↑[27] . Аҳқоф/ 4
↑[28] . Наҷм/ 30
↑[29] . Раъд/15
↑[30] . Наҳл/ 48
Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ Бахши баррасии нақдҳо
Таълиқот
Нақдҳо ва баррасиҳои фаръӣ
Нақди
фаръии 1
Нависанда: Тоҳириён
Тарих: 6/10/2016

Дар посух ба нақди шумои 33 фармудед ки «Адами илм» ба як чиз метавонад монеъи аз илм ба чизӣ дигар ё амал ба он бошад. Лутфан барои амсоли ин ҷониб ки диққати камтаре дорем бештар тавзиҳ диҳед ки чигуна як чизи адамӣ метавонад асарӣ вуҷудӣ дошта бошад? Магар маъдум метавонад сабаби вуҷуди чизе шавад?! Ҳамчунин, дар робита бо фармоиши амиқи ҳазрати аллома бештар тавзиҳ диҳед ки аз чи ҷиҳат эшон як чизи адамиро махлуқи Худо донистаанд? Магар махлуқи Худо набояд вуҷуд дошта бошад? Албатта фармоиши ин олими бузург барои мо фаслул хитоб аст ва мо танҳо мехоҳем бо фаҳми беҳтар ва бештари он ба ояи «و قل ربّ زدنی علماً» амал кунем.

Бо ташаккур

Посух ба нақди
фаръии 1
Тарих: 7/10/2016

Лутфан бо диққати бештар ба тавзиҳоти зер таваҷҷуҳ фармойед:

1 . Рӯшан аст ки адами чизе наметавонад сабаби вуҷуди чизе бошад; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿أَمْ خُلِقُوا مِنْ غَيْرِ شَيْءٍ أَمْ هُمُ الْخَالِقُونَ[1]; «Ё аз ҳеҷ чиз халқ шудаанд ё худашон холиқ ҳастанд?!», вале метавонад сабаби адами чизе бошад, ба ин маъно ки сабаби вуҷуди он набошад; Бо таваҷҷуҳ ба инки вуҷуди маълул бидуни иллат мумкин нест ва табъан адами иллат монеъ аз вуҷуди маълул мешавад, ҳар чанд ин монеъ шудани як осари вуҷудӣ нест; Чароки маълул бидуни иллат вуҷуд надорад, балки маъдум аст ва бо ин васф, адами иллат танҳо онро дар адам во мегузорад, ба ин маъно ки имкони вуҷудро аз он салб мекунад. Бинобарин, монеъияти «Адами илм» барои шинохти ҳақ ва амал ба он, як «Монеъияти салбӣ» аст на эҷобӣ ва мурод аз он чизе ҷуз ин нест ки шинохти ҳақ ва амал ба он бидуни «Илм» мумтаниъ аст; Чароки «Илм» ба масобаи як чизи вуҷудӣ, иллати шинохти ҳақ ва амал ба он аст ва «Адами илм» ба масобаи як чизи адамӣ наметавонад иллати шинохти ҳақ ва амал ба он шавад ва қаҳран шинохти ҳақ ва амал ба он дар «Адами илм» ҳосил намешавад. Бинобарин, «Адами илм» монеъи шинохти ҳақ ва амал ба он шумурда мешавад; Чароки «Илм» иллати шинохти ҳақ ва амал ба он аст ва вуҷуди маълул бидуни иллаташ мумтаниъ аст.

2 . «Ҷаҳл» ба маънои адами илм, агар чи «Вуҷуди айнӣ» надорад, вале «Вуҷуди зиллӣ» дорад ва ҳамин барои махлуқ донистани он кофӣ аст. Ба баёни дигар, агар чи «Ҷаҳл» чизе ҷуз «Адами илм» нест, вале вуҷуди илм ба адами он воқеъият бахшида ва вуҷуди илм махлуқи Худованд аст ва табъан адами он низ махлуқи Ӯ шумурда мешавад. Аз ин рӯ, дар ривояти машҳуре аз имомони аҳли байт ва дар гуфтори мазкур аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ омада ки Худованд «Ҷаҳл» ро ба ҳамроҳи «Ақл» офаридааст ва мурод аз он чизе ҷуз ин нест ки бо офариниши «Ақл» ба «Ҷаҳл» мафҳум бахшидааст; Зеро «Ҷаҳл» чизе ҷуз «Адами илм» нест ва бо ин васф, офариниши «Ақл» ба масобаи неру ва абзори «Илм», ба маънои офариниши «Ҷаҳл» будааст, ҳар чанд офаринишӣ табиъӣ ва илтизомӣ монанди соя, на офаринишӣ аслӣ ва айнӣ монанди ҷисм; Бо таваҷҷуҳ ба инки агар ақле набуд, илме ҳам набуд ва агар илме набуд, ҷаҳле ҳам набуд; Зеро ҷаҳл ҳангоме мафҳум дорад ки илме вуҷуд дошта бошад ва бо ин васф, холиқи ҳар ду –билоззарура– яке аст, бар хилофи пиндори санавия ки холиқи якеро Худованд ва холиқи дигареро шайтон медонанд. Албатта ин қоъида, ихтисосе ба «Илм» ва «Ҷаҳл» надорад ва дар мавриди ҳамаи издод содиқ аст; Чунонки Худованд ба унвони намуна фармудааст: ﴿الْحَمْدُ لِلَّهِ الَّذِي خَلَقَ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضَ وَجَعَلَ الظُّلُمَاتِ وَالنُّورَ[2]; «Ситоиш барои Худованде аст ки осмонҳо ва заминро халқ кард ва торикӣ ва нурро қарор дод» Ва фармудааст: ﴿الَّذِي خَلَقَ الْمَوْتَ وَالْحَيَاةَ لِيَبْلُوَكُمْ أَيُّكُمْ أَحْسَنُ عَمَلًا[3]; «Касе ки марг ва зиндагиро халқ кард то шуморо биёзмояд ки кадомитон некукортаред» Ва фармудааст: ﴿وَهُوَ الَّذِي خَلَقَ اللَّيْلَ وَالنَّهَارَ[4]; «Ва Ӯ касе аст ки шаб ва рӯзро халқ кард» Ва фармудааст: ﴿وَإِنْ تُصِبْهُمْ حَسَنَةٌ يَقُولُوا هَذِهِ مِنْ عِنْدِ اللَّهِ ۖ وَإِنْ تُصِبْهُمْ سَيِّئَةٌ يَقُولُوا هَذِهِ مِنْ عِنْدِكَ ۚ قُلْ كُلٌّ مِنْ عِنْدِ اللَّهِ ۖ فَمَالِ هَؤُلَاءِ الْقَوْمِ لَا يَكَادُونَ يَفْقَهُونَ حَدِيثًا[5]; «Ва агар хушоянде ба онон расад гӯянд ки ин аз назди Худованд аст ва агар нохушоянде ба онон расад гӯянд ки ин аз назди туст, бигӯ ҳар ду аз назди Худованд аст, пас ин қавмро чи мешавад ки наздик нест суханеро дарёбанд?!», дар ҳоле ки нур, зиндагӣ, рӯз ва хушоянд чизҳоӣ вуҷудӣ ва торики, марг, шаб ва нохушоянд чизҳоӣ адамӣ ҳастанд ва аз инҷо дониста мешавад ки хилқати Худованд гоҳе бо эътои чизӣ мумкин рӯй медиҳад ва гоҳе бо салби чизе мумкин ва дар ҳар ду ҳол, хилқати Ӯ шумурда мешавад; Ҳамчунонки миёни «Адамӣ» ва «Маъдум» фарқ аст ва «Чизҳои адамӣ» ба маънои «Чизҳои маъдум» нестанд; Бо таваҷҷуҳ ба ин ки «Чизҳои адамӣ» ба чизҳое гуфта мешавад ки зидди онҳо «Вуҷуди айнӣ» дорад ва онҳо низ ба табаъи зиддашон аз «Вуҷуди зиллӣ» бархурдоранд, монанди «Ҷаҳл» ки ба табаъи «Ақл» вуҷуд дорад ва «Торикӣ» ки ба табаъи «Нур» вуҷуд дорад ва «Шаб» ки ба табаъи «Рӯз» вуҷуд дорад ва «Марг» ки ба табаъи «Зиндагӣ» вуҷуд дорад ва «Нохушӣ» ки ба табаъи «Хушӣ» вуҷуд дорад ва «Кӯрӣ» ки ба табаъи «Биноӣ» вуҷуд дорад, дар ҳоле ки «Чизҳои маъдуд» ба чизҳое гуфта мешавад ки зидди онҳо низ «Вуҷуди айнӣ» надорад ва табъан ҳеҷ вуҷуде барои онҳо мутасаввир нест, монанди ҷаҳл, торикӣ, шаб, марг, нохушӣ ва кӯрӣ пеш аз вуҷуди илм, нур, рӯз, зиндагӣ, хушӣ ва биноӣ дар ҷаҳон.

Оре, Худованд «Адами илм» ро ба табаъи илм халқ карда ва ҳолати аввалияи бандагонаш қарор дода, вале асбоби лозим барои расидани онон ба илмро низ офарида ва ононро ба корбурдашон фармон додааст то аз торикии ҷаҳл ба нури илм берун оянд; Чунонки фармудааст: ﴿وَاللَّهُ أَخْرَجَكُمْ مِنْ بُطُونِ أُمَّهَاتِكُمْ لَا تَعْلَمُونَ شَيْئًا وَجَعَلَ لَكُمُ السَّمْعَ وَالْأَبْصَارَ وَالْأَفْئِدَةَ ۙ لَعَلَّكُمْ تَشْكُرُونَ[6]; «Ва Худованд шуморо аз шикамҳои модаронатон берун овард дар ҳоле ки ба чизе илм надоштед ва барои шумо шунавоӣ ва дидагон ва ақлҳо қарор дод, бошад ки шукр гузоред»! Бо ин васф, дучор шудани онон ба табаъоти «Адами илм» монанди залолат ва ҳалокат, ба сабаби чизе аст ки дастҳои худашон пеш фиристодааст ва Худованд зулм кунандае ба онон нест; Чунонки фармудааст: ﴿ذَلِكَ بِمَا قَدَّمَتْ أَيْدِيكُمْ وَأَنَّ اللَّهَ لَيْسَ بِظَلَّامٍ لِلْعَبِيدِ[7]; «Он ба сабаби чизе аст ки дастҳотон пеш фиристодааст ва Худованд зулм кунандае ба бандагон нест» Ва фармудааст: ﴿وَمَا ظَلَمَهُمُ اللَّهُ وَلَكِنْ أَنْفُسَهُمْ يَظْلِمُونَ[8]; «Ва Худованд ба онон зулм накард, вале онон ба худашон зулм мекунанд», ҳар чанд залолат ва ҳалокати онон монанди «Ҷаҳл» махлуқи Худованд аст ва аз ин ҳайс ба Ӯ нисбат дода мешавад; Чунонки фармудааст: ﴿وَيُضِلُّ اللَّهُ الظَّالِمِينَ[9]; «Ва Худованд золимонро гумроҳ мекунад», дар ҳоле ки муродаш «Адами ҳидояти» онон ба иқтизои зулмашон аст; Чунонки фармудааст: ﴿إِنَّ اللَّهَ لَا يَهْدِي الْقَوْمَ الظَّالِمِينَ[10]; «Ҳароина Худованд гурӯҳи золимонро ҳидоят намекунад» Ва фармудааст: ﴿وَلَقَدْ أَهْلَكْنَا الْقُرُونَ مِنْ قَبْلِكُمْ لَمَّا ظَلَمُوا[11]; «Ва ҳароина наслҳои пеш аз шуморо ҳалок Кардем ҳангоме ки зулм карданд», дар ҳоле ки муродаш «Адами наҷоти» онон аз ҳалокат ба сабаби зулмашон аст; Чунонки фармудааст: ﴿وَإِنْ يُهْلِكُونَ إِلَّا أَنْفُسَهُمْ وَمَا يَشْعُرُونَ[12]; «Ва ҷуз худашонро ҳалок намекунанд ва намедонанд» Ва аз боби намуна фармудааст: ﴿وَأَمَّا ثَمُودُ فَهَدَيْنَاهُمْ فَاسْتَحَبُّوا الْعَمَى عَلَى الْهُدَى فَأَخَذَتْهُمْ صَاعِقَةُ الْعَذَابِ الْهُونِ بِمَا كَانُوا يَكْسِبُونَ ۝ وَنَجَّيْنَا الَّذِينَ آمَنُوا وَكَانُوا يَتَّقُونَ[13]; «Ва аммо Самудро ҳидоят кардем, пас кӯриро бар ҳидоят ихтиёр карданд, пас соъиқаи азоб хории ононро ба сабаби чизе ки касб мекарданд фаро гирифт ва касоне ки имон оварданд ва тақво пеша гирифтандро наҷот додем»; Ҳамчунонки соири шарур дар ҷаҳон, насбӣ зиллӣ ҳастанд ва лозимаи табиъии низоми ҳастӣ ва муқтазои қаҳрии хайрот маҳсуб мешаванд ва аз сӯъи ихтиёри мубталоён ба онҳо ё зулми золимон ба онон бар мехезанд ва бо ин васф, агар чи махлуқи Худованд ҳастанд, мунофоте бо адл ва лутфи Ӯ надоранд.

↑[1] . Тур/ 35
↑[2] . Анъом/ 1
↑[3] . Мулк/ 2
↑[4] . Анбиёъ/ 33
↑[5] . Нисоъ/ 78
↑[6] . Наҳл/ 78
↑[7] . Оли Имрон/ 182
↑[8] . Оли Имрон/ 117
↑[9] . Иброҳим/ 27
↑[10] . Моъида/ 51
↑[11] . Юнус/ 13
↑[12] . Анъом/ 26
↑[13] . Фуссилат/ 17 ва 18
Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ Бахши баррасии нақдҳо
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок гузоред, то ба густариши илм ва маърифати динӣ кӯмак кунед. Шукронаи ёд гирифтани як нуктаи ҷадид, ёд додани он ба дигарон аст.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Метавонед ин матлабро ба забонҳои зер низ мутолеъа кунед:
Агар бо забони дигаре ошнойи доред, метавонед ин матлабро ба он тарҷума кунед. [Форми тарҷума]
Навиштани нақд
Корбари гиромӣ! Шумо метавонед нақдҳои илмии худ бар осори аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш ба баррасии илмӣ гирифта шавад.
Таваҷҷуҳ: Мумкин аст номи шумо ба унвони нависандаи нақд дар пойгоҳ намоиш дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.
Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:
1 . Мумкин аст нақди шумо дар пойгоҳ баррасӣ шуда бошад. Аз ин рӯ, беҳтар аст пеш аз навиштани нақди худ, нақдҳои муртабитро мурур ё аз имкони ҷустуҷӯ дар пойгоҳ истифода кунед.
2 . Беҳтар аст аз навиштани нақдҳои мутаъаддид ва ғайри муртабит бо ҳам дар ҳар навбат худдорӣ кунед; Чароки чунин нақдҳое дар пойгоҳ ба тафкик ва эҳёнан дар муддатӣ бештар аз муддати маъмули баррасӣ мешаванд.