Сешанбе 19 Март 2024 мелодӣ / 8 Рамазон 1445 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
 Дарси ҷадид: Дарсҳое аз он ҷаноб дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад; Аҳодиси саҳиҳе аз Паёмбар дар ин бора; Ҳадиси 3. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Гуфтори ҷадид: Гуфторе аз он ҳазрат дар бораи инки фуру бурдани амдии сар дар об ҳаргоҳ сабаби расидани об ба гулӯ шавад, сабаби қазоъи рӯза аст. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Пурсиши ҷадид: Оё ақиқа кардан барои навзод, машрӯъ аст? Барои мутолеъаи посух, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед. Нақди ҷадид: Ман ба унвони касе ки даъвати ҷаноби Мансурро пазируфта ва мусаммам ба заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ аст, чигуна метавонам таколифи шаъии худам монанди намозу рӯза ва ҳаҷҷу закотро анҷом бидиҳам? Қабули даъвати ҷаноби Мансур сарфи назар аз инки барои зуҳури Маҳдӣ лозим аст, чи фойидае барои ман аз ҷиҳати амали ба таколифи шаръӣ дорад?! Барои мутолеъаи барраси, инҷоро клик кунед. Номаи ҷадид: Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он дар бораи шиддат гирифтани бало ҳушдор медиҳад ва иллати он ва роҳи пешгирӣ аз онро табйин мекунад. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Нуктаи ҷадид: Нуктаи «Як қадам монда ба субҳ» навиштаи «Илёс Ҳакимӣ» мунташир шуд. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед.
loading
Нақд ва барраси
 

Ин ҷониб китоби «Бозгашт ба Ислом» ро мутолеъа кардам ва бояд эътироф кунам нукоти ҷадид ва амиқе дар он ёфтам ки то кунун дар китоби дигаре наёфта будам ва аз дигарон нашунида будам, вале нукоти бисёре ҳам дар он ёфтам ки нукоти тозае набуд ва ба ҳарфҳои бархӣ ҷараёнҳо ва гурӯҳҳои дигар шабоҳат дошт; Мисли дидгоҳи эшон дар бораи тақлид ва вилояти мутлақаи фақиҳ ва тоғут будани ҳукмати ғайри Маҳдӣ ва асли гароиш ба Маҳдавият ва муқобила бо исткбори ҷаҳонӣ ва даъват ба ваҳдати Исломӣ ва шиъори البیعة للّه ва ... ки дар бархӣ ҷараёнҳо ва гурӯҳҳои дигар ҳам мушоҳида мешавад ва омили муҳимме барои бадбинӣ ба наҳзти шумост; Ҷун касоне ки ин шабоҳатҳоро мушоҳида мекунанд бо худ мегӯянд ки лобуд ин ҷараён ҳам мисли ҳамон ҷараёнҳост! Моил будам бидонам тавҷиҳи шумо дар бораи ин мушобиҳатҳо чист?!

Бародари гиромӣ!

Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:

Аввалан ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло як мусалмон аст ва табиъӣ аст ки миёни мусалмонон –аз он ҳайс ки мусалмон ҳастанд– дидгоҳҳои мушобеҳӣ вуҷуд дорад; Монанди эътиқод ба ягонагии Худованд ва набуввати Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ва вуҷуди охират ва ҳуҷҷияти Қуръон ва вуҷуби намоз ва закот ва ҳаҷ ва ҷиҳод ва рӯзаи моҳи Рамазон ва амри ба маъруф ва наҳй аз мункар ва маваддати аҳли байти Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ва вилояти мӯъминин ва бароъат аз мушрикин ва риъояти тақво ва адл ва эҳсон ва иҷтиноб аз зулм ва кизб ва хӯрдани моли мардум ба ботил ва қатли нафс магар ба ҳақ ва монанди он, бо таваҷҷуҳ ба инки эътиқод ба он ношӣ аз эътиқод ба Ислом аст ва бо ин васф, наметавон ҳамаи шабоҳатҳои мазҳаби, ҷараёнҳо ва гурӯҳҳои мусалмон бо якдигарро ба фоли бад гирифт ва ба маънои ботил будани онҳо донист; Зеро чизе ки ботил будани онҳоро таъйин мекунад, шабоҳатҳои онҳо бо якдигар нест, балки тафовутҳои онҳо бо якдигар аст ва аз ин рӯ, барои шинохти ҳақ будан ё ботил будани як мазҳаб, ҷараён ва гурӯҳ бояд тафовутҳои онро дар назар гирифт ва тафовутҳои мазҳаб, ҷараён ва гурӯҳи аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло, ҳамон «Нукоти ҷадид ва амиқе» аст ки шумо дар китоби шарифи «Бозгашт ба Ислом» ёфтаед ва то кунун дар китоби дигаре наёфтаед ва аз дигарон нашунидаед.

Сониян бисёрӣ аз дидгоҳҳои мазоҳиб, ҷараёнҳо ва гурӯҳҳои мусалмон ки мушобеҳ бо дидгоҳҳои ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло пиндошта мешавад, дар воқеъ мушобеҳ бо дидгоҳҳои ин бузургвор нест; Монанди эътиқоди бархӣ аз онҳо ба адами ҷавози тақлид ки мушобеҳи дидгоҳи ин бузургвор пиндошта мешавад, дар ҳоле ки аз боби эътиқод ба вуҷуби иҷтиҳоди мусталаҳ дар ҳавзаҳои иллмия аст ки бар хилофи дидгоҳи ин бузургвор аст ва монанди эътиқоди бархӣ аз онҳо ба адами имкони вилояти мутлақаи фақиҳ ки мушобеҳи дидгоҳи ин бузургвор пиндошта мешавад, дар ҳоле ки аз боби эътиқод ба ҷумҳурият ва ҳукумат бар бунёди раъйи мрдум аст ки бар хилофи дидгоҳи ин бузургвор аст ва монанди эътиқоди бархӣ аз онҳо ба тоғут будани ҳукумати ғайри Маҳдӣ ки мушобеҳи дидгоҳи ин бузургвор пиндошта мешавад, дар ҳоле ки аз боби эътиқод ба вуҷуби қуъуд ва таваққуф то замони зуҳури он ҳазрат аст ки бар хилофи дидгоҳи ин бузургвор аст ва монанди эътиқоди бархӣ аз онҳо ба аҳаммаияти Маҳдавият ки мушобеҳи дидгоҳи ин бузургвор пиндошта мешавад, дар ҳоле ки аз боби эътиқод ба аҳаммияти Маҳдавият бидуни эътиқод ба аҳаммияти заминасозӣ аст ки бар хилофи дидгоҳи ин бузургвор аст ва монанди эътиқоди бархӣ аз онҳо ба муқобила ба истикбори ҷаҳонӣ ки мушобеҳӣ дидгоҳи ин бузургвор пиндошта мешавад, дар ҳоле ки аз боби эътиқод ба вуҷуби ҳимоят аз истикбори дохилӣ аст ки бар хилофи дидгоҳи ин бузургвор аст ва монанди эътиқоди бархӣ аз онҳо ба зарурати ваҳдати Исломӣ ки мушобеҳи дидгоҳи ин бузургвор пиндошта мешавад, дар ҳоле ки аз боби эътиқод ба зарурати ваҳдати сиёсӣ ва маслиҳатандешона ба гирди ғайри халифаи Худованд аст ки бар хилофи дидгоҳи ин бузургвор аст ва монанди эътиқоди бархӣ аз онҳо ба шиъори «البیعة لله» ки мушобеҳи дидгоҳи ин бузургвор пиндошта мешавад, дар ҳоле ки аз боби эътиқод ба вуҷуби байъат бо касе ҷуз халифаи Худованд дар замин аст ки бар хилофи дидгоҳи ин бузургвор аст. Бинобарин, касоне ки бархӣ дидгоҳҳои ин бузургворро бо бархӣ дидгоҳҳои мазоҳиб, ҷараёнҳо ва гурӯҳҳои мусалмон мушобеҳ мепиндоранд, аз тафовутҳои онҳо ғафлат ё тағофул мекунанд.

Солисан китоби шарифи «Бозгашт ба Ислом» бо иттикоъи комил бар оёти китоби Худованд, аҳодиси мутавотири Паёмбар ва аҳкоми мусаллами ақл ва бидуни таваҷҷуҳ ба дидгоҳҳои мазоҳиб, ҷараёнҳо ва гурӯҳҳои мусалмон навишта шудааст ва аз ин рӯ, метавон онро тарозуе барои санҷиши ин дидгоҳҳо донист; Ба ин маъно ки ҳар дидгоҳе воқеъан бо ин китоб мутобиқат дорад, дуруст аст, агарчи тавассути мазҳаб ё ҷараён ё гурӯҳе изҳор шуда бошад ки дидгоҳҳои нодурусте низ дорад; Зеро рӯшан аст ки ҳамаи дидгоҳҳои мазоҳиб, ҷараёнҳо ва гурӯҳҳои мусалмон нодуруст нест, балки бархӣ дидгоҳҳои онҳо дуруст ва бархӣ дигар нодуруст аст ва бо ин васф, бояд ҳар як аз дидгоҳҳои онҳоро ба сурати ҷудогона арзёбӣ кард. Ин ба маънои он аст ки мушобеҳати бархӣ дидгоҳҳои мазоҳиб, ҷараёнҳо ва гурӯҳҳои мусалмон бо дидгоҳҳои ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло –ҳаргоҳ воқеъият дошта бошад– ба маънои нодурустии дидгоҳҳои ин бузургвор нест, балки ба маънои дурустии бархӣ дидгоҳҳои мазоҳиб, ҷараёнҳо ва гурӯҳҳои мусалмон аст.

Робиан дурустии дидгоҳҳои мазоҳиб, ҷараёнҳо ва гурӯҳҳои мусалмон, ба маънои ҳаққонияти онҳо нест; Зеро ҳеҷ мазҳаб, ҷараён ва гурӯҳе дар ҷаҳон вуҷуд надорад магар инки барои ҷазби мардум ба сӯӣ худ, дидгоҳҳои дурустеро дар миёни дидгоҳҳои нодурусти худ мегунҷонад, то ҷое ки ҳатто мазоҳиб, ҷараёнҳо ва гурӯҳҳои мусалмон низ дар миёни дидгоҳҳои нодурусти худ, дидгоҳҳои дурустеро изҳор медоранд ва бо ин васф, наметавон бархӣ мазоҳиб, ҷараёнҳо ва гурӯҳҳои мусалмонро сирфан ба хотири эътиқодашон ба хилофати аҳли байт ё адами ҷавози тақлид ё адами имкони вилояти мутлақаи фақиҳ ё тоғут будани ҳукумати ғайри Маҳдӣ ё аҳаммияти Маҳдавият ё муқобила бо истикбори ҷаҳонӣ ё зарурати ваҳадти Исломӣ ё шиъори البیعة لله, ҳақ ва шоистаи ҳимоят донист, бал ҳаққоният танҳо барои мазҳаб, ҷараён ва гурӯҳе аст ки ҳамаи дидгоҳҳои он дуруст аст ва он ҳамоно мазҳаб, ҷараён ва гурӯҳи аллома Мансури Ҳошимии Хурсонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло аст ки ҳамаи дидгоҳҳои он муттакӣ бар оёти китоби Худованд, аҳодиси мутавотири Паёмбар ва аҳкоми мусаллами ақл аст ва бидуни ҳеҷ инҳироф ва каҷҷӣ ба сӯӣ халифаи Худованд дар замин даъват мекунад ва танҳо он аст ки шоистаи ҳимоят аст; Чунонки Ҳофиз бо баёнӣ шеърона гуфтааст: «Бандаи пири хароботам ки лутфаш доъим аст * варна лутфи шайху зоҳид гоҳ ҳасту гоҳ нест»!

Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ Бахши баррасии нақдҳо
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок гузоред, то ба густариши илм ва маърифати динӣ кӯмак кунед. Шукронаи ёд гирифтани як нуктаи ҷадид, ёд додани он ба дигарон аст.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Метавонед ин матлабро ба забонҳои зер низ мутолеъа кунед:
Агар бо забони дигаре ошнойи доред, метавонед ин матлабро ба он тарҷума кунед. [Форми тарҷума]
Навиштани нақд
Корбари гиромӣ! Шумо метавонед нақдҳои илмии худ бар осори аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш ба баррасии илмӣ гирифта шавад.
Таваҷҷуҳ: Мумкин аст номи шумо ба унвони нависандаи нақд дар пойгоҳ намоиш дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.
Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:
1 . Мумкин аст нақди шумо дар пойгоҳ баррасӣ шуда бошад. Аз ин рӯ, беҳтар аст пеш аз навиштани нақди худ, нақдҳои муртабитро мурур ё аз имкони ҷустуҷӯ дар пойгоҳ истифода кунед.
2 . Беҳтар аст аз навиштани нақдҳои мутаъаддид ва ғайри муртабит бо ҳам дар ҳар навбат худдорӣ кунед; Чароки чунин нақдҳое дар пойгоҳ ба тафкик ва эҳёнан дар муддатӣ бештар аз муддати маъмули баррасӣ мешаванд.