Сешанбе 19 Март 2024 мелодӣ / 8 Рамазон 1445 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
 Дарси ҷадид: Дарсҳое аз он ҷаноб дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад; Аҳодиси саҳиҳе аз Паёмбар дар ин бора; Ҳадиси 3. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Гуфтори ҷадид: Гуфторе аз он ҳазрат дар бораи инки фуру бурдани амдии сар дар об ҳаргоҳ сабаби расидани об ба гулӯ шавад, сабаби қазоъи рӯза аст. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Пурсиши ҷадид: Оё ақиқа кардан барои навзод, машрӯъ аст? Барои мутолеъаи посух, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед. Нақди ҷадид: Ман ба унвони касе ки даъвати ҷаноби Мансурро пазируфта ва мусаммам ба заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ аст, чигуна метавонам таколифи шаъии худам монанди намозу рӯза ва ҳаҷҷу закотро анҷом бидиҳам? Қабули даъвати ҷаноби Мансур сарфи назар аз инки барои зуҳури Маҳдӣ лозим аст, чи фойидае барои ман аз ҷиҳати амали ба таколифи шаръӣ дорад?! Барои мутолеъаи барраси, инҷоро клик кунед. Номаи ҷадид: Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он дар бораи шиддат гирифтани бало ҳушдор медиҳад ва иллати он ва роҳи пешгирӣ аз онро табйин мекунад. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Нуктаи ҷадид: Нуктаи «Як қадам монда ба субҳ» навиштаи «Илёс Ҳакимӣ» мунташир шуд. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед.
loading
Нақд ва барраси
 

Бо ташаккур аз сойти ғанӣ ва мутафовити шумо. Ман китоби «Бозгашт ба Ислом» ро мутолиъа кардам ва ҳамаи матолиби онро маъқул ва мутобиқ бо оёт ва ривоёти мутавотир ёфтам ва хатои хоссе дар он надидам, вале воқеъи матлаб, чанде пеш онро ба оятуллоҳи ... [яке аз олимони шиъа дар Эрон] ки аз асотиди банда ҳастанд нишон додам то назари худро дар бораи он бигӯянд ва эшон ба шиддат онро рад карданд ва гуфтанд ки ин як китоби инҳирофӣ аст ва лизо ман ба шак афтодам ва ҳоло намедонам ки оё ин як китоби инҳирофӣ аст ва ман мутаваҷҷеҳи инҳирофоти он намешавам ё инки як китоби ҳидоятбахш ва муъаррифи Исломи ҳақиқӣ аст ва устоди банда иштибоҳ мекунад?

Бародари гиромӣ!

Лутфан ба нукоти зер таваҷҷу фармойед:

Аввалан ҳамон тавр ки борҳо гуфта шуд, тақлид аз олимон ба маънои пайравӣ кӯр кӯрона ва бидуни далил аз онон хусусан дар заминаи эътиқодот, ҷойе дар Ислом надорад; Чароки танҳо муфйиди занн аст ва занн дар Ислом мӯътабар шумурда намешавад; Чунонки Худованд ба сароҳат фармудааст: ﴿إِنَّ الظَّنَّ لَا يُغْنِي مِنَ الْحَقِّ شَيْئًا[1]; «Ҳароина занн чизеро аз ҳақ кифоят намекунад» Ва бо ин васф, бар ҳар мусалмоне воҷиб аст ки худ дар бораи ақойид ва аҳкоми динаш таҳқиқ кунад; Ба ин маъно ки суханони гуногунро дар бораи онҳо бишнавад ва аз бетаринаш пайравӣ намояд; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿الَّذِينَ يَسْتَمِعُونَ الْقَوْلَ فَيَتَّبِعُونَ أَحْسَنَهُ ۚ أُولَئِكَ الَّذِينَ هَدَاهُمُ اللَّهُ ۖ وَأُولَئِكَ هُمْ أُولُو الْأَلْبَابِ[2]; «Касоне ки суханонро мешунавад ва аз беҳтаринаш пайравӣ мекунанд, онон касоне ҳастанд ки Худованд ҳидояташон кардааст ва онон ҳамон хурдмандонанд». Бо ин васф, истифтоъи шумо аз бархӣ асотидатон дар бораи китоби «Бозгашт ба Ислом», маъно надорад ва ахзи шумо ба фатвои онон бемаънотар аст; Хусусан пас аз ҳусули илм барои шумо ба дурустии ин китоб; Чароки пайравӣ аз онон баъд аз ҳусули илм, маъқул нест ва аз гуноҳони бузург дар Ислом шумурда мешавад; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿وَلَئِنِ اتَّبَعْتَ أَهْوَاءَهُمْ بَعْدَ الَّذِي جَاءَكَ مِنَ الْعِلْمِ ۙ مَا لَكَ مِنَ اللَّهِ مِنْ وَلِيٍّ وَلَا نَصِيرٍ[3]; «Ва агар аз хоҳишҳои онон пайравӣ кунӣ пас аз инки туро илм омад, барои ту аз ҷониби Худованд на сарпарасте аст ва на пуштибоне» Ва фармудааст: ﴿وَلَئِنِ اتَّبَعْتَ أَهْوَاءَهُمْ مِنْ بَعْدِ مَا جَاءَكَ مِنَ الْعِلْمِ ۙ إِنَّكَ إِذًا لَمِنَ الظَّالِمِينَ[4]; «Ва агар аз хоҳишҳои онон пайравӣ кунӣ пас аз инки туро илм ҳосил шуд, бегумон ту он ҳангом аз золимон ҳастӣ» Ва фармудааст: ﴿وَلَئِنِ اتَّبَعْتَ أَهْوَاءَهُمْ بَعْدَمَا جَاءَكَ مِنَ الْعِلْمِ مَا لَكَ مِنَ اللَّهِ مِنْ وَلِيٍّ وَلَا وَاقٍ[5]; «Ва агар аз хоҳишҳои онон пайравӣ кунӣ пас аз инки туро илм ҳосил шуд, барои ту аз ҷониби Худованд на сарпарасте аст ва на нигоҳбоне»!

Сониян ҳамон тавр ки медонед, милоки дурустии як китоб, мутобиқати он бо назари устоди шумо нест, бал мутобиқати он бо китоби Худо ва суннати мутавотири Паёмбара дар рӯшанойии ақли салим аст ки бо назари асотиди шумо мулозимае надорад; Бал дар ин сурат адами мутобиқати он бо назари асотиди шумо, бар нодурустии назари асотиди шумо далолат мекунад ва муқтазии тардиди шумо дар салоҳияти илмӣ ё ахлоқии онон аст; Ба ин маъно ки бояд эҳтимол бидиҳед бар хилофи пиндори шумо, ё асотидатон аз лиҳози илмӣ ба қадре нотавон ҳастанд ки дурусии китобӣ маъқул ва мутобиқ бо оёт ва ривоёти мутаватирро дарк намекунанд ва ё аз лиҳози ахлоқӣ ба қадре олудаанд ки дини худро ба дунё фурухтаанд ва ҳаққро фидои манофеъи худ ё ҳокимони ситамгар сохтаанд; Зеро рӯшан аст ки ҳақ бо риҷол шинохта намешавад, бал ин риҷоланд ки бо ҳақ шинохта мешаванд ва ин аз қавоъиди муҳим дар Ислом шумурда мешавад.

Солисан назари мухолифи олимон дар бораи ҳар чизе мӯътабар бошад, дар бораи китоби шарифи «Бозгашт ба Ислом» мӯътабар нест; Чароки ин китоб ба интиқоди сариҳ аз онон ва нафйӣ марҷаъият ва вилояташон бар мардум пардохта аст ва мухолифати онон бо он ба содагӣ метавонад ношӣ аз ҳамин рӯйкарди он бошад, на ношӣ аз носозгории он бо ақл ва шаръ. Ин ба он маъност ки олимони мухолиф бо ин китоб, шадидан муттаҳам ба кетмони ҳақ ба манзури ҳифзи мавқеъият ва манофеъи худ ҳастанд ва бо ин васф, руҷӯъ ба онон дар хусуси ин китоб, комилан ғайри уқалоӣ ва бар хилофи ҳазм ва эҳтиёт аст.

Робиъан назари мухолифи бархӣ олимон дар бораи китоби шарифи «Бозгашт ба Ислом», бо назари мувофиқи бархӣ дигари аз онон дар бораи он таъоруз дорад ва ин таъоруз, эътибори онро бештар аз пеш соқит мекунад; Зеро рӯшан аст ки тарҷеҳи назари олимони мухолиф бо ин китоб бар назари олимони мувофиқ бо он, тарҷеҳи било мураҷҷаҳ аст; Бал ҳақ он аст ки тарҷеҳи марҷуҳ шумурда мешавад; Зеро мусалламан назари олимони мувофиқ бо ин китоб, фориғ аз мутобиқати рӯшане ки бо ақл ва шаръ дорад, бар хилофи мавқеъият ва манофеъи дунявии онон аст ва ин назари ононро аз ҳар гуна иттиҳом мубарро мекунад, дар ҳоле ки назари олимони мухолиф бо ин китоб –гар битавон ононро олимон номид– фориғ аз носозгории рӯшане ки бо ақл ва шаръ дорад, созгори бо манофеъи дунявии онон ва табақаи ҳоким аст ва ин назари ононро дар маърази анвоъи итиҳом қарор медиҳад.

Хомисан ривоёти машҳуре дар маломати олимони охируззамон расидааст ки ҷойе барои ҳусни занн ба онон дар ин гуна маворид боқӣ намегузорад; Монанди инки онон бадтанрин олимон дар зери осмон ва маркази фитна дар миёни мусалмононанд; Ба ин маъно ки фитана аз онон оғоз мешавад ва ба онон боз мегардад[6]; Балки ривоёти фаровон дар некуҳиши олимони бад мутавотир аст.

Худованд ҳамаи мусалмононро аз доми олимони бад ки уммул фитна дар охируззамон ва асбоби залолат ва шақоватанд, раҳойи диҳад ва аз олимони хуб ва парҳезкор ки ононро ба иҷтиҳод дар дин ба ҷои тақлиди кӯр кӯрона ва заминасозӣ барои ҳукумати Худованд дар замин ба ҷои ҳукумати Зайд ва Амр фаро мехонанд, баҳраманд гардонад.

↑[1] . Юнус/36
↑[2] . Зумар/18
↑[3] . Бақара/120
↑[4] . Бақара/145
↑[5] . Раъд/37
↑[6] . Нигоҳ кунед ба: Кулайнӣ, Алкофӣ, ҷ8, с308; Ибни Бобувей, Савобул аъмол ва иқобуҳо, с253 Бобу иқобил уламоъил фаҷра; Табарӣ, Макоримул ахлоқ, с450; Муттақии Ҳиндӣ, Канзул уммол, ҷ10, с205 Бобу фӣ офотул аълом ва ҷ10, с265 Бобу алтаҳзир мин уламоъил суъ ва ҷ11, с181.
Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ Бахши баррасии нақдҳо
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок гузоред, то ба густариши илм ва маърифати динӣ кӯмак кунед. Шукронаи ёд гирифтани як нуктаи ҷадид, ёд додани он ба дигарон аст.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Метавонед ин матлабро ба забонҳои зер низ мутолеъа кунед:
Агар бо забони дигаре ошнойи доред, метавонед ин матлабро ба он тарҷума кунед. [Форми тарҷума]
Навиштани нақд
Корбари гиромӣ! Шумо метавонед нақдҳои илмии худ бар осори аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш ба баррасии илмӣ гирифта шавад.
Таваҷҷуҳ: Мумкин аст номи шумо ба унвони нависандаи нақд дар пойгоҳ намоиш дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.
Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:
1 . Мумкин аст нақди шумо дар пойгоҳ баррасӣ шуда бошад. Аз ин рӯ, беҳтар аст пеш аз навиштани нақди худ, нақдҳои муртабитро мурур ё аз имкони ҷустуҷӯ дар пойгоҳ истифода кунед.
2 . Беҳтар аст аз навиштани нақдҳои мутаъаддид ва ғайри муртабит бо ҳам дар ҳар навбат худдорӣ кунед; Чароки чунин нақдҳое дар пойгоҳ ба тафкик ва эҳёнан дар муддатӣ бештар аз муддати маъмули баррасӣ мешаванд.