Сешанбе 19 Март 2024 мелодӣ / 8 Рамазон 1445 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
 Дарси ҷадид: Дарсҳое аз он ҷаноб дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад; Аҳодиси саҳиҳе аз Паёмбар дар ин бора; Ҳадиси 3. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Гуфтори ҷадид: Гуфторе аз он ҳазрат дар бораи инки фуру бурдани амдии сар дар об ҳаргоҳ сабаби расидани об ба гулӯ шавад, сабаби қазоъи рӯза аст. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Пурсиши ҷадид: Оё ақиқа кардан барои навзод, машрӯъ аст? Барои мутолеъаи посух, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед. Нақди ҷадид: Ман ба унвони касе ки даъвати ҷаноби Мансурро пазируфта ва мусаммам ба заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ аст, чигуна метавонам таколифи шаъии худам монанди намозу рӯза ва ҳаҷҷу закотро анҷом бидиҳам? Қабули даъвати ҷаноби Мансур сарфи назар аз инки барои зуҳури Маҳдӣ лозим аст, чи фойидае барои ман аз ҷиҳати амали ба таколифи шаръӣ дорад?! Барои мутолеъаи барраси, инҷоро клик кунед. Номаи ҷадид: Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он дар бораи шиддат гирифтани бало ҳушдор медиҳад ва иллати он ва роҳи пешгирӣ аз онро табйин мекунад. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Нуктаи ҷадид: Нуктаи «Як қадам монда ба субҳ» навиштаи «Илёс Ҳакимӣ» мунташир шуд. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед.
loading
Нақд ва барраси
 

Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар китоби худ ҳеҷ гурӯҳ ва фирқа ва мазҳаб ва кишвареро аз интиқодоти худ бенасиб нагузошта ва ҳамаро аз як тараф задааст! На шиъа на суннӣ, на салафӣ на сӯфӣ, на аҳли ҳадис на файласуф, на шоъир на олим, на вилояти фақи на демокросӣ, на ғарб на доъиш, ҳеҷ як мавриди таъйиди эшон нест ва мутобиқ бо Исломи ба қавли эшон холис ва комил маҳсуб намешавад! Бо ин ҳисоб, эшон ҳеҷ касро барои худаш нигоҳ надошта ва ҳамаро аз худаш ранҷондааст! Маълум аст ки мусалмонони дунё ё он тарафӣ ҳастанд ва ё ин тарафӣ ва эшон ҳар дуро кӯбидааст! Бо ин ҳисоб, дигар касе боқӣ намондааст ки аз эшон ҳимоят кунад! Ҳама душманашон шудаанд! Эшон агар каме сиёсат медошт лоақал дар ибтидои ҳаракаташ як касеро барои худаш нигоҳ медошт ва ҳамаро аз худаш намеронд! Ба ҳар ҳол, акнун ҳеҷ кас эшонро дӯсти худ намедонад ва ҳама дар баробари эшон мавзеъ гирифтаанд ва аз Эрон то Арабистон ва аз Доъиш то Амрико ҳама дар як ҷабҳа қарор гирифтаанд ва эшон дар як ҷабҳа! Бо ин ҳисоб, маълум аст ки кори эшон ба натиҷа намерасад ва шикасташон ҳатмӣ аст! Эшон ба назари ман ҳеҷ сиёсат надоранд!

Бародари гиромӣ!

Чизе ки шумо онро сиёсат меномед ва мӯътақидед ки Мансури Ҳошимии Хуросонӣ фоқиди он аст, ҳамон дурӯғ ва фиреб ва дурӯӣ аст ки дар Ислом ҷойе надорад ва аз ин рӯ, дар сирати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ низ дида намешавад; Ҳамчунонки бархӣ ҳамфикрони шумо дар замони амирул мӯъминин Алӣ ибни Абӣ Толиб, он ҳазратро низ бо ҳамин истедлоли шумо ба бесиёсатӣ муттаҳам мекарданд ва ба хотири созиш накардан бо золимон ва мунҳарифон, содалувҳ ва бетатбир мепиндоштанд, дар ҳоле ки он ҳазрат аз сиёсат ва татбири лозим бархурдор буд ва танҳо ба сабаби тақво аз дурӯғ ва фиреб ва дурӯӣ ва созиш бо золимон ва мунҳарифон, иҷтиноб мекард. Мансури Ҳошимии Хуросонӣ низ дар хатти Ислом ва дар хатти Алӣ ибни Абӣ Толиб аст ва аз хатти онҳо хориҷ намешавад; Ба ин маъно ки барои хушоянди касе ҳаққеро кетмон ва ботилеро изҳор намекунад ва барои ҷалби ҳимояти касе ба тамаллуқ ва чоплусӣ мутавассил намешавад, балки ҳақро ошкор месозад агар чи ҳамаи ҷаҳонро дар баробари эшон қарор диҳад ва ботилро мардуд мешуморад агарчи ҳамаи мардумро аз пиромуни эшон пароканда намояд; Чароки Худованд ва халифаи Ӯ дар замин барои ӯ кифоят мекунанд ва бо вуҷуди он ду аз душмании ҷаҳон ва аҳлаш намеҳаросад. Эшон дил аз дунёи беарзиши шумо гусастааст ва ба чизҳое ки барои шумо бисёр муҳим аст аҳммият намедиҳад; Чароки аз уфуқӣ бисёр болотар аз уфуқи диди шумо ба ҷаҳон менигарад ва аз муъодилотӣ бисёр волотар аз муъодилоти шумо пайравӣ мекунад. Эшон аз ҳеҷ гурӯҳ ва фирқа ва мазҳаб ва кишваре ба ноҳақ интиқод накарда, балки бар пояи китоби Худо ва суннати мутавотири Паёмбараш интиқод карда ва бо ин васф, эшон решаи ҳамаро назада, балки Худо решаи ҳамаро задааст! Чунонки фармудааст: ﴿فَلَمْ تَقْتُلُوهُمْ وَلَكِنَّ اللَّهَ قَتَلَهُمْ ۚ وَمَا رَمَيْتَ إِذْ رَمَيْتَ وَلَكِنَّ اللَّهَ رَمَى[1]; «Пас шумо онҳоро накуштед, балки Худо онҳоро кушт ва ту назадӣ ҳангоме ки задӣ, балки Худо зад»! Бо ин васф, танҳо касоне бо эшон мемонанд ва аз эшон ҳимоят мекунанд ки монанди эшон дунёро се талоқа кардаанд ва ба ҳеҷ гурӯҳ ва фирқа ва мазҳаб ва кишваре вобаста нестанд ва онон ҳамон сиддиқин ва шуҳадо ва солеҳин ҳастанд ки беҳтарин рафиқонанд. Шояд теъдоди онон дар назари шумо андак бошад, вале дар назари Худованд бисёр зиёд аст; Чароки ҳар як аз онон монанди Иброҳим алайҳи салом дар замони худ, уммате маҳсуб мешаванд; Чунонки фармудааст: ﴿إِنَّ إِبْرَاهِيمَ كَانَ أُمَّةً[2]; «Ҳароина Иброҳим уммате буд»!

Ба ҳар ҳол, Мансури Ҳошимии Хуросонӣ аз инки инҳирофи ҳамаи гурӯҳҳо, фирқаҳо, мазҳабҳо ва кишварҳои Исломиро бо такя бар яқиниёти Ислом ва муштаракоти мусалмонон ва бо баёнӣ илмӣ ва дилсӯзона тазаккур дода ва умуми ононро бидуни табъиз ва истисно, ба сӯӣ Исломи холис ва комил ва заминасозӣ барои зуҳури халифаи Худованд дар замин даъват карда, пушаймон ва шармсор нест; Зеро пушаймонӣ ва шармсорӣ шоистаи касе аст ки бар хилофи китоби Худованд ва суннати Паёмбараш амал карда ва чунин касе аст ки дар дунё ва охират пушаймон ва шармсор аст. Ҳар чанд эшон ҳами гурӯҳҳо, фирқаҳо, мазҳабҳо ва кишварҳои Исломиро ба ҳамроҳӣ бо хеш дар роҳи мубораке ки дар пеш гирифтааст, даъват мекунад; Бо таваҷҷуҳ ба инки инсофан ҳамроҳӣ бо эшон дар ин роҳ, барои ҳамаи онҳо мумкин аст ва наҳзати эшон аз чунон вусъате бархурдор аст ки барои ҳамаи онҳо гунҷоиш дорад ва ҳақиқатан ва на иддаоъан мунҳасир ба ҳеҷ як аз онҳо нест ва агар онҳо натавонанд зери парчами эшон бо чунин сояи паҳоваре гирди ҳам ояанд, ҳаргиз зери парчами касе гирди ҳам нахоҳанд омад, вале рӯшан аст ки агар ҳеҷ як аз онҳо ин корро анҷом надиҳанд ва ҳамагӣ дар радди эшон иҷтимоъ кунанд, ба эшон зиёне намерасонанд, балки ба худ зиён мерасонанд ва эшон дар ҳар сурат, «Мансур» ва пирӯзи ин майдон аст; Чароки ҳадафи эшон анҷоми вазифаи ақлӣ ва шаръӣ бо табйини ҳақиқати Ислом аст ва ин ҳадафе аст ки ҳамакнун низ ҳосил шудааст; Чароки паёми эшон бо нашри китоби «Бозгашт ба Ислом» ба некӣ иблоғ гардида ва монанди базри мубораке ба ҳар гӯшаи ин замини паҳновар пошида шудааст ва табиъатан дер ё зуд, дар сарзаминҳои дур ё наздик, яке яке ва дуто дуто ва чандто чандто ҷавона мезанад ва ба рағми ҳамаи душманиҳо ва каҷандешиҳо рушд мекунад ва тавонманд мегардад то ҷойе ки ба шаҷараи таййиба бо аслӣ собот ва фаръӣ дар осмон табдил мешавад ва меваи худро медиҳад; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿وَمَثَلُهُمْ فِي الْإِنْجِيلِ كَزَرْعٍ أَخْرَجَ شَطْأَهُ فَآزَرَهُ فَاسْتَغْلَظَ فَاسْتَوَى عَلَى سُوقِهِ يُعْجِبُ الزُّرَّاعَ لِيَغِيظَ بِهِمُ الْكُفَّارَ[3]; «Ва масали онон дар Инҷил, масали киште аст ки ҷавонаи худро берун оварад ва сипас устувораш созад ва сипас тануманд гардад то ҳангоме ки бар соқаи худ рост истад ва кишоварзонро хуш ояд ва кофиронро ба хашм оварад» Ва фармудааст: ﴿أَلَمْ تَرَ كَيْفَ ضَرَبَ اللَّهُ مَثَلًا كَلِمَةً طَيِّبَةً كَشَجَرَةٍ طَيِّبَةٍ أَصْلُهَا ثَابِتٌ وَفَرْعُهَا فِي السَّمَاءِ؛ تُؤْتِي أُكُلَهَا كُلَّ حِينٍ بِإِذْنِ رَبِّهَا ۗ وَيَضْرِبُ اللَّهُ الْأَمْثَالَ لِلنَّاسِ لَعَلَّهُمْ يَتَذَكَّرُونَ[4]; «Оё надидӣ ки Худованд чигуна масали калимаи таййибаро ба шаҷараи таййиба зад ки асли он собит ва фаръи он дар осмон аст?! Ҳар замоне меваи худро ба изни Парвардигораш медиҳад ва Худованд мисолҳоро барои мардум мезанад бошад ки онон мутазаккир шаванд»!

Бале, эй бародар! Базри муттаҳаре ки Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо дастони мубораки худ дар ҳар гӯшаи ин замин кошт, дер ё зуд ба рағми ҳамаи гурӯҳҳо ва фирқаҳо ва мазҳабҳо ва кишварҳо ва бо посдорӣ мазлумон ва ятимон ва оворагон ва побараҳнагон, ба шаҷараи таййибае мубаддал хоҳад шуд ки меваи он адолати ҷаҳонӣ дар партуви ҳокимияти Маҳдӣ хоҳад буд ва кӯдакон ва занон ва мардони мустазъафро чунон сер хоҳад кард ки пас аз он ҳаргиз гурусна нахоҳанд шуд ин шоъ Аллоҳ.

*Барои тазеҳоти бештар, ба матни арабӣ муроҷиъа кунед.
↑[1] . Анфол/17
↑[2] . Наҳл/120
↑[3] . Фатҳ/29
↑[4] . Иброҳим/24 ва 25
Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ Бахши баррасии нақдҳо
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок гузоред, то ба густариши илм ва маърифати динӣ кӯмак кунед. Шукронаи ёд гирифтани як нуктаи ҷадид, ёд додани он ба дигарон аст.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Метавонед ин матлабро ба забонҳои зер низ мутолеъа кунед:
Агар бо забони дигаре ошнойи доред, метавонед ин матлабро ба он тарҷума кунед. [Форми тарҷума]
Навиштани нақд
Корбари гиромӣ! Шумо метавонед нақдҳои илмии худ бар осори аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш ба баррасии илмӣ гирифта шавад.
Таваҷҷуҳ: Мумкин аст номи шумо ба унвони нависандаи нақд дар пойгоҳ намоиш дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.
Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:
1 . Мумкин аст нақди шумо дар пойгоҳ баррасӣ шуда бошад. Аз ин рӯ, беҳтар аст пеш аз навиштани нақди худ, нақдҳои муртабитро мурур ё аз имкони ҷустуҷӯ дар пойгоҳ истифода кунед.
2 . Беҳтар аст аз навиштани нақдҳои мутаъаддид ва ғайри муртабит бо ҳам дар ҳар навбат худдорӣ кунед; Чароки чунин нақдҳое дар пойгоҳ ба тафкик ва эҳёнан дар муддатӣ бештар аз муддати маъмули баррасӣ мешаванд.