Ҷумъа 29 Март 2024 мелодӣ / 18 Рамазон 1445 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
 Дарси ҷадид: Дарсҳое аз он ҷаноб дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад; Аҳодиси саҳиҳе аз Паёмбар дар ин бора; Ҳадиси 3. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Гуфтори ҷадид: Гуфторе аз он ҳазрат дар бораи инки фуру бурдани амдии сар дар об ҳаргоҳ сабаби расидани об ба гулӯ шавад, сабаби қазоъи рӯза аст. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Пурсиши ҷадид: Оё ақиқа кардан барои навзод, машрӯъ аст? Барои мутолеъаи посух, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед. Нақди ҷадид: Ман ба унвони касе ки даъвати ҷаноби Мансурро пазируфта ва мусаммам ба заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ аст, чигуна метавонам таколифи шаъии худам монанди намозу рӯза ва ҳаҷҷу закотро анҷом бидиҳам? Қабули даъвати ҷаноби Мансур сарфи назар аз инки барои зуҳури Маҳдӣ лозим аст, чи фойидае барои ман аз ҷиҳати амали ба таколифи шаръӣ дорад?! Барои мутолеъаи барраси, инҷоро клик кунед. Номаи ҷадид: Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он дар бораи шиддат гирифтани бало ҳушдор медиҳад ва иллати он ва роҳи пешгирӣ аз онро табйин мекунад. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Нуктаи ҷадид: Нуктаи «Як қадам монда ба субҳ» навиштаи «Илёс Ҳакимӣ» мунташир шуд. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед.
loading
Нукта
 

Чи кунем аз ҷанҷоли бузург ва торихӣ миёни ду гурӯҳи бузург аз мусалмонон ки яке худро «Шиъа» ва дигарӣ худро «Суннӣ» номидааст ва ин асомӣ ва ановинро мояи ихтилофӣ бузург дар миёни худ қарор додаанд?! Ҳар кас аз онон худро беш аз дигарӣ ба ҳақиқати Ислом наздик мешуморад ва мазҳаби худро бо он мутобиқтар медонад, дар ҳоле ки беҳтарин тавсиф барои ҳар кадом аз онон унвони «Мусалмон» аст; Ҳамон унвоне ки Худованд барои онон писандида ва баргузида ва дар китоби худ аз он ёд кардааст.

Оре, агар манзури шиъаён аз унвони «Шиъа» мусалмоне аст ки маваддати аҳли байти Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва салламро ба дил дорад ва ба онон таъассӣ ва иқтидо мекунад, ё агар манзури аҳли суннат ва ҷамоъат аз «Суннӣ» мусалмоне аст ки аз суннати Расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам пайравӣ мекунад ва ба саҳоба ва ҳамсарони он Ҳазрат эҳтиром мегузорад, бояд бидонем ки ҳамаи ин муъаллифаҳо ва арзишҳо дар Ислом вуҷуд дорад ва Худованд дар Қуръон ва суннати Расулаш ба онҳо амр фармудааст ва бар хилофи тасаввури бисёрӣ, ҳеҷ гуна ихтисосе ба мазҳабӣ хос надорад.

Бо ин ҳол, «Шиъаён» агар воқеъан пайрави аҳли байти Расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ҳастанд бояд маром ва сираи ононро дар пеш бигиранд ва хусусан аз тавҳин ва ҳаҷви саҳобаи Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ва ҳамсарони он Ҳазрат даст бардоранд; Чи онки аҳли байти Расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам шахсиятҳои карим ва шарифе буданд ва ҳаргиз саббоб ва фаҳҳош набуданд ва ба саббу фаҳшо тавсия намекарданд, балки ба каррот аз он манъ мефармуданд.

Ба ҳамин тартиб, «Аҳли суннат» низ агар ҳақиқатан пайрави суннати Расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ҳастанд, бояд ба хотир оваранд ки он Ҳазрат ба ҳукми ҳадиси мутавотири Сақалайн, борҳо ва дар мавозеъи мухталиф бар лузуми тамассук ба аҳли байти худ дар канори Қуръон таъкид фармуда ва ин корро зомини ҳидояти уммат пас аз худ шумурда ва бо ин васф, набояд пайравӣ аз дигаронро бар пайравӣ аз аҳли байти он Ҳазрат тарҷиҳ диҳанд ва дар марҷаъияти илмӣ ва сиёсии онон барои мусалмонон –дасти кам дар замони кунунӣ– тардиде ба харҷ роҳ диҳанд. Ҳамчунонки ба ҳамин далил, бояд аз лаъни бародарони мусалмон ва такфири аҳли қабила ки ҳамвора мавриди наҳйи Расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам буд, даст бардоранд ва посухи ҷаҳолати бархӣ аз ононро бо ҷаҳолатӣ дигар надиҳанд!

Пас натиҷа мегирем шиъаи воқеъӣ ва суннии воқеъӣ, ҳамон мусалмоне аст ки ба аҳком ва мувозини Исломӣ пойбанд аст ва аз онҷо ки таслими амри Худованд аст, шойиста аст ки танҳо «Мусалмон» номида шавад ва ин ҳамон аст ки ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло дар китоби шарифи «Бозгашт ба Ислом» бар рӯйи он таъкид фармуда ва худро намунае аз он баршумурдааст.

Оре, тардиде нест ки байни ду гурӯҳ аз мусалмонон дар масъалаи тафзили Абу Бакр ибни Абӣ Қуҳофа ё Алӣ ибни Абӣ Толиб ихтилофи назарӣ торихӣ вуҷуд дорад; Ба ин тартиб ки бархӣ Алӣ ва бархӣ дигар Абу Бакрро афзали саҳоба мешуморанд ва табъан шойистаи хилофат било фасли Расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам медонанд. Ин ихтилофи назари торихӣ, маншаи аслӣ бисёрӣ аз ихтилофоти кунунии мусалмонон аст ва ба ҳар ҳол, воқеъияте аст ки наметавон аз он фирор кард ва ба ҳамин хотир, ишколе ҳам надорад ки ҳар як аз ду гурӯҳ дар фазойи илмӣ, бародарона ва мӯҳтарамона далоили худро зикр кунанд ва ба нақду баррасӣ бигиранд то бо кӯмаки ҳам ба саҳиҳтарин назар даст ёбанд, аммо ҳамаи ишкол инҷост ки имрӯз ин ихтилофи торихӣ, лиҷоми гусехта ва ғайри қобили кантрол шуда ва табаъоташ ҷону мол ва навомиси мусалмононро ҳам ҳадаф қарор додааст! Як ихтилофи назарӣ дар садри Ислом куҷо ва ин низоъу балво ва адовати хунин миёни мусалмонони имрӯз куҷо?! Дар тӯли ин қарнҳо ва солҳо ихтилоф миёни мусалмонон дар ин бора абъоди бисёр густардае пайдо кардааст ва мусалмонон як ихтилофи торихиро ба садҳо ва ҳазорон ихтилоф бадал намудаанд.

Акнун суъоли ман аз бародарон ва хоҳарони мусалмонам ин аст чаро ба сӯӣ қадри муштаракҳо ҳаракат намекунем?! Чаро имрӯз мутафоҳим ва нуқоти иттиҳодро камранг ва нуқоти ихтилоф ва чолиш барангезро то ин андоза пур ранг ва барҷаст мекунем?! Ҳамаи мо аз суннӣ ва шиъа, ба як Худо ва ба як Паёмбар имон дорем ва аз як китоб табаъият мекунем ва панҷ ваъда намозро бо вузу ва ба сӯӣ қибла мегузорем ва дар як моҳ яъне моҳи рамазон рӯза мегирем ва ба як сурат закот мепардозем ва дар мароми ҳаҷ ба гирди як хона мегардем ва муҳимтарин душмани худро куффор ва мушрикон медонем ва маваддати аҳли байти Паёмбарамонро фаризаи Илоҳӣ ва лозимаи имон мешуморем ва ба Маҳдии мавъуд аз итрати Паёмбарамон ба унвони имом ва халифаи охируззамон мӯътақидем. Оё инҳо иштирокотӣ кофӣ барои дӯстӣ ва бародарии мо бо якдигар барои расидан ба ормони муштараки Исломиямон нест?! Оё беҳтар нест ки дар гоми аввал вуҷуди ихтилофи назарамонро дар миқёс ва андозаи ҳақиқияш ва бидуни бузургнамоӣ ва барҷастасозии беҳуда бипазирем ва дар гоми дуввум бо такя ба иштирокоти фаровонамон дар ростои эҷоди ваҳдат ва рафъи тафриқаи кунунӣ миёни мусалмонон гомҳойи амалӣ ва муъассир бардорем?! Далил онки то имрӯз ин ду гоми баландро барои таҳаққуқи ормони ҳамгаройии мусалмонон дар сартосари ҷаҳон барнадоштаем чист?! Далили он ҳар чизе ҳаст, имрӯз ба баракати наҳзати мубораки «Бозгашт ба Ислом» ва раҳнамудҳои беайб ва нуқсони ҳазрати аллома Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло, беҳтарин фурсат ва мавқеъият барои ҷуброн ва тадоруки гузашта ба вуҷуд омада ва воқеъан ҳайф аст ки ин фурсат ва мавқеъияти истисноӣ, бо кӯтоҳфикрӣ ва тангназарии мо аз даст биравад.

Биёйед ҳамагӣ аз шиъа ва суннӣ барои сохтани заминаи зуҳури Маҳдӣ ва таҳаққуқи ҳокимияти Аллоҳ бар ҷаҳон, даст ба дасти якдигар диҳем ва аз ҳаракати Исломии ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар ин росто ки баҳамдулиллоҳ аз ҳар инҳироф ва эъвиҷоҷе муттаҳар аст, ҳимоят кунем.

Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок гузоред, то ба густариши илм ва маърифати динӣ кӯмак кунед. Шукронаи ёд гирифтани як нуктаи ҷадид, ёд додани он ба дигарон аст.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Метавонед ин матлабро ба забонҳои зер низ мутолеъа кунед:
Агар бо забони дигаре ошнойи доред, метавонед ин матлабро ба он тарҷума кунед. [Форми тарҷума]
Навиштани
мақола ё нукта
Корбари гиромӣ! Шумо метавонед мақолот, хотирот ва дилнавиштаҳои худро дар пайванд бо осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш ба намоиш гузошта шавад.
Таваҷҷуҳ: Мумкин аст номи шумо ба унвони нависандаи мақола ё нукта дар пойгоҳ намоиш дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.