Сешанбе 19 Март 2024 мелодӣ / 8 Рамазон 1445 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
 Дарси ҷадид: Дарсҳое аз он ҷаноб дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад; Аҳодиси саҳиҳе аз Паёмбар дар ин бора; Ҳадиси 3. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Гуфтори ҷадид: Гуфторе аз он ҳазрат дар бораи инки фуру бурдани амдии сар дар об ҳаргоҳ сабаби расидани об ба гулӯ шавад, сабаби қазоъи рӯза аст. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Пурсиши ҷадид: Оё ақиқа кардан барои навзод, машрӯъ аст? Барои мутолеъаи посух, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед. Нақди ҷадид: Ман ба унвони касе ки даъвати ҷаноби Мансурро пазируфта ва мусаммам ба заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ аст, чигуна метавонам таколифи шаъии худам монанди намозу рӯза ва ҳаҷҷу закотро анҷом бидиҳам? Қабули даъвати ҷаноби Мансур сарфи назар аз инки барои зуҳури Маҳдӣ лозим аст, чи фойидае барои ман аз ҷиҳати амали ба таколифи шаръӣ дорад?! Барои мутолеъаи барраси, инҷоро клик кунед. Номаи ҷадид: Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он дар бораи шиддат гирифтани бало ҳушдор медиҳад ва иллати он ва роҳи пешгирӣ аз онро табйин мекунад. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Нуктаи ҷадид: Нуктаи «Як қадам монда ба субҳ» навиштаи «Илёс Ҳакимӣ» мунташир шуд. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед.
loading
Мақола
 

Нигоҳӣ гузаро ба авзоъи кишварҳои Исломӣ ин воқеъияти инкорнопазирро ошкор месозад ки мусалмонон дар бадтарини шароити сиёсӣ, иҷтимоъӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ, амниятӣ ва низомӣ ба сар мебаранд. Бӯҳронҳои сиёсии дохилӣ, ҷангҳои қудрат, вобастагиҳои хориҷӣ, ривоҷи табъизҳои иҷтимоъӣ, фасоди ахлоқӣ, фақр, густариши ноамнӣ, таҷовузҳои хориҷӣ, ҷангҳои дохилӣ ва даргириҳои қавмӣ ва мазҳабӣ, намойе аз бунбасте аст ки дар масири мусалмонон қарор гирифта ва ононро иҳота кардааст. Гузашта аз бӯҳронҳои машҳуди ҳоким бар сарзаминҳои Исломӣ, баррасии оморҳои созмонҳои байнал милалӣ назири созмони шафофият ва марокизи расмии мушоба, дар заминаи рушд ва тавсиъаи иқтисодӣ, рафоҳи иҷтимоъӣ, вазъияти таваррум, бекорӣ, фасоди идорӣ ва иқтисодӣ, мизони воридот ва содирот, вазъияти кишоварзӣ, сатҳи риъоёти ҳуқуқи шаҳрвандӣ, сулҳ, тавсиъаи илми ва фановарӣ, омӯзиш, обу ҳаво, саломат ва фактурҳои даигар нишон медиҳад ки мусалмонон дар пойитарин сатҳи мумкин қарор доранд. Ҳатто таҳақиқӣ ҷолиб аз бархӣ донишмандои мусалмон (дар донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтони Амрико) ки дар муҷалоти мӯътабари (Global Economy Journal, Vol 10, 2010, Iss3, Art. 1) мунташир гардидааст, ҳикоятӣ аҷибтар ва ғамангезтар дорад. Ин таҳқиқ ки ба манзури баррасии фактурҳои мухталифи Исломият ва риъояти завобити Исломӣ дар арсаи зиндагии амалӣ дар миёни 208 кишвари ҷаҳон сурат гирифтааст нишон медиҳад, дар байни 34 кишвари аввал дар дунё танҳо як кишвари Исломӣ ҳузур дорад!! Ба ин маъно ки кишварҳое ки муддаии Исломӣ будан нестанд дар амал ба бисёрӣ аз омӯзаҳои Ислом аз мусалмонон пешӣ гирифтаанд агарчи дар зоҳир мазъун ба мусалмон будан нестанд! Ҳар чанд мумкин аст ин натиҷагирӣ аз диққати кофӣ бархурдор набошад ва ҳатто ҷонибдорона ва муболиғаомез бошад, вале дар ҳар ҳол баёнгари вазъияти таъассуфборе аст ки дар кишварҳои Исломӣ вуҷуд дорад. Ин вазъияти таъассуфбор дар ҳоле мушоҳида мешавад ки мусалмонон аз як сӯ дорои мактаб ва ойине ҳастанд ки беҳтарин макотиб ва комилтарини ойинҳост ва дақиқтарин ва усулитарин ва ақлонитарин системро барои рушди фардӣ ва иҷтимоъӣ ва саъодати дунявӣ ва ухравии инсонҳо ба ҳамроҳ дорад ва аз сӯӣ дигар бештарин манобеъ ва патонсиалҳои зерзаминӣ ва истротежик дар сарзаминҳои Исломӣ воқеъ шудааст. Бо ин авсоф, рӯшан аст ки икшоли кор на дар системи нуронӣ ва комили Ислом аст ва на дар манобеъи арзишманде ки Худованд аз фазли хеш ба мусалмонон ато фармуда, балки ишколи кор аз мусалмонон аст ки бо адами шинохти саҳиҳ аз Исломи холис ва комил ва адами амал ба муқтазиёти он дар канори ҳушёрии душманонашон аз куффор ва мушрикин ва мунофиқон ва иттиҳоди онон барои нобудии мусалмонон, асбоби бадабхтӣ ва забунии хешро фароҳам сохтаанд.

Абъоди мухталифи ин масъаларо ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло дар китоби шарифи «Бозгашт ба Ислом» ба усулитарин ва дақиқтарин шева табйин мефармоянд. Эшон дар ин китоби арзишманд, решаи аслии ин бӯҳронро дар адами ҳокимияти халифаи Худо бар рӯӣ замин ва ҳокимияти ғайри ӯ медонанд ва ин ҳақиқатро ба рӯшанӣ хусусан дар бахши дуввум (мабҳаси иқомаи айни Ислом ва иқомаи кулли Ислом) ва бахши севвум (мабҳаси ҳокимияти ғайри Худованд) ва бахши чаҳорум (мабҳаси Маҳдӣ вопасин халифаи Паёмбар, то охири бахш) табйин менамояд. Аммо нуктаи корбурдӣ ва муҳиме ки эшон дар ин китоб матраҳ мекунанд, тарҳи эҷоди як иттиҳодияи бузурги Исломӣ назири иттиҳодияи Аврупо дар қадами нахуст ба масобаи муқаддамае барои ҳукумаи воҳиди Исломӣ аст. Ин тарҳӣ ибтикорӣ ва дақиқ аст ки метавонад мусалмононро аз бӯҳронҳои мавҷуд хориҷ кунад ва роҳӣ равиш ба сӯӣ таҳаққуқи ҳокимияти ҷаҳонии Маҳдӣ эҷод намояд. Эшон ба масобаи раҳбарӣ ростин барои мусалмонони ҷаҳон, дар фарозе аз китоби бузурги худ мефармоянд:

«Дар ин миён, танҳо роҳи наҷоти мусалмонон, қатъи вобастагӣ ба кофирон ва дастёбӣ ба истеқлоли фарҳангӣ ва иқтисодӣ аст ки ҷуз аз тариқи бардоштани марзҳои сохтагӣ ва муттаҳид шудан бо якдигар дар зери парчами гумоштаи Худованд дар замин мумкин нест; Зеро ҳангоме ки кофирон бо якдигар муттаҳид шудаанд, мусалмонони парешон ва пароканда, қодир ба муқовимат дар баробари онон нестанд ва ин қонунӣ табиъӣ аз қавонини Худованд аст. Бо ин васф, эҷоди як кишвари паҳновари Исломӣ бо идғоми ҳамаи сарзаминҳои мусалмон дар он, зери парчами ҳокиме ки Худованд ӯро ном бурда ва таъйин кард, танҳо роҳи растгории мусалмонон ва сайтараи онон бар ҷаҳон аст. Ҳар чанд пеш аз он, метавон ба роҳҳои кӯтоҳтаре монанди эҷоди як иттиҳодия аз кишварҳои Исломӣ бо пул ва артиши воҳид, ба унвони муқадамае барои эҷоди ҳукумати воҳиди Исломӣ, андешид; Чароки интиқоли мустақими мусалмонон аз марҳалаи феълӣ ба марҳалаи ормонӣ, ҳатто бо вуҷуди як инқилоби умумӣ дар кишварҳои Исломӣ назири ончи чанде пеш бо унвони «Баҳори Арабӣ» дар бархӣ кишварҳои Арабзабон воқеъ шуд, ба ғоят душвор аст. Аз ин рӯ, амалитар ба назар мерасад ки дар қадами нахуст, як итиҳодияи бузург назири итиҳодияи Урупо, бо узвияти ҳамаи кишварҳои Исломӣ ва бо эҳдоси марзҳои озод ва пул ва артиши муштарак, эҷод шавад ва дар қадами баъд, иттиҳодӣ амиқтар дар қолиби як давлати фарогири Исломӣ ва бар пояи пайравӣ аз халифаи Худованд дар замин, миёни онон эҷод шавад. Ин ба таври ҳатм роҳи растгории мусалмонон ва расидани онон ба саъодати дунё ва охират аст.»

Дар тавзиҳи ин раҳнамуди арзишманди ҳазрати аллома бояд гуфт ки иттиҳодияи Аврупо як иттиҳодияи иқтисодӣ – сиёсӣ аст ки аз 28 кишвари Аврупоӣ ташкил шудааст. Маншаъи иттиҳодияи Аврупо ба ҷомеъаи иқтисодии Аврупо ки дар соли 1957 бо тавофуқнома Рум байни 6 кишвари Аврупоӣ шакл гирифт ва сирфан як иттиҳодияи иқтисодӣ буд боз мегардад. Аз он тарих бо изофа шудани аъзои ҷадид, иттиҳодияи Аврупо бузургтар шуд. Дар соли 1993, тавофуқи Мострихт чорчуби қонунӣ конвинӣ иттиҳодияро поягузорӣ кард. Иттиҳодияи Аврупо дар соли 1999 воҳиди пули муштараке ба номи евроро муъаррифӣ кард ки то кунун дар 19 кишвар ҷойгузини пулҳои миллӣ шудааст. Иттиҳодияи Аврупо бо 500 милион шаҳрванд дар соли 2011 милодӣ ба тавлиди нохолиси дохилӣ 17.6 трилион долар даст ёфт. 21 кишвар аз аъзои иттиҳодияи Аврупо узви нато мебошанд. Иттиҳодия дар ҳоли ҳозир бозори воҳиди муштараке дорад ки мавориди зерро дар бар мегирад: Иттиҳодияи гумрукӣ, воҳиди пули – евро – ки таҳти идораи бонки марказии Аврупост (то кунун 17 кишвар онро пазируфтаанд), сиёсати муштараки кишоварзӣ, сиёсати муштараки тиҷорати ва сиёсати муштараки шилот. Сиёсати муштараки хориҷа ва амният ва низ ба унвони дуввумин сутун аз се сутуни иттиҳодияи Аврупо шакл гирифт. Паймони шенген кантроли раводидро лағв кард, истҳои гумрукӣ низ дар бисёрӣ аз марзҳои дохилӣ бардошта шуд ва имкони рафту омади шаҳрвандони иттиҳодияи Аврупо барои зиндагӣ, мусофират, кор ва сармоягузории бештар шуд. Муҳимтарин ниҳодҳои итиҳодияи Аврупо иборотанд аз: Шӯрои Аврупоӣ, шӯрои иттиҳодияи Аврупоӣ, камисиони Аврупо, додгоҳи Аврупо, парламони Аврупо, банки марказии Аврупо ва дейвони муҳосибот. Фаъолиятҳои иттиҳодияи Аврупо аксари сиёсатҳои умумиро таҳти пӯшиш қарор медиҳад, аз сиёсати иқтисодӣ гирифта то умури хориҷа, дифоъ, кишоварзӣ ва тиҷорат. Бо ин ҳол, густараи қудрати он дар ҳавзаҳои мухталиф бисёр мутафовит аст. Дар бархӣ ҳавзаҳо иттиҳодияи монанди фидирасион амал мекунад (барои мисол дар масоъили пулӣ, кишоварзӣ, тиҷорӣ, муҳити зист ва сиёсатҳои иқтисодӣ ва иҷтимоъӣ) ва дар дигар ҳавзаҳо монанди як созмони байналмилалӣ (барои мисол дар умури хориҷа).

Бар ин асос ҳамонтавр ки ҳазрати аллома табйин фармуданд, агар кишварҳои Исломӣ бо аз миён бардоштани марзҳо, иттиҳодияи назири кишварҳои Аврупоӣ бо пули воҳид ва артиши муштарак эҷод кунанд, ба иқтидори азами иқтисодӣ, сиёсӣ ва низомӣ даст меёбанд ки аз як сӯ ба далили ҳампӯшонӣ ва асри мутақобил ва мазоъифи қудратҳояшон, онҳоро ба худкифоӣ расонда ва аз куффор ва мушрикин ва мунофиқин бе ниёз хоҳад кард ва аз сӯӣ дигар заминаи муносиб барои таҳаққуқи ҳокимияти халифаи Худованд бар рӯӣ замин эҷод хоҳад намуд.

Аммо барои иҷроӣ шудани ин ормони бузурги Исломӣ бояд ба се нукта таваҷҷуҳ кард:

Нахуст инки амали шудани ин воқеъият мусталзими ниҳодина шудани бархӣ заминаҳои фикрӣ дар мусалмонон ва хосаи ҳокимони мусалмон аст. Монанди он ки онҳо набояд нисбат ба бародарони мусалмони хеш бад бин ва нисбат ба куффор хуш бин бошанд ва инки бояд мутаваҷҷеҳи тавтиъа ва макри куффор ба манзури тафриқаафканӣ миёни мусалмонон бо ҳадафи пешгирӣ аз таҳаққуқи чунин иттиҳоди азиме бошанд ва инки бояд даст аз ихтилофот, зиёда хоҳиҳо, бартарӣ ҷӯйиҳо ва инҳисор талабиҳо дар иртибот бо якдигар бародаранд. Рӯшан аст ки агар дар гоми аввал ин рӯҳиёт дар мусалмонон ва ҳокимони онҳо ниҳодина нашавад, хостгоҳ ва ангезаи кофӣ барои ҳаракат ба сӯӣ ташкили иттиҳодияи бузурги Исломӣ вуҷуд нахоҳад дошт. Зарурати тавҷҷуҳ ба ин муҳиммиро ҳазрати аллома ҳафизаҳуллоҳ таъоло хусусан дар қисмати ҷаҳл ба душманони Ислом дар бахши аввали аз китоби шарифи «Бозгашт ба Ислом» дар каломи бисёр муҳим ва рӯшангаронае ба вузуҳ табйин мекунанд ва мефармоянд:

«Онон [мусалмонон] душманони Исломро намешиносанд ва аз душманиҳои онон бо он огоҳӣ надоранд; Чароки ҷараёнҳои илҳодии ҷадидиде дар ҷаҳон ба роҳ афтода ва кӯшишҳои шайтонии пинҳоне бар зидди Худованд созмон ёфтааст. Шайтонпарастон аз торикхонаҳои худ берун омадаанд ва ҷодугарон, аз дахмаҳои худ сар баровардаанд, то бо ҳимояти қудратмандони муфсид ва сарватмадони мулҳид, ҳукумати куфрро бар ҷаҳон муставлӣ созанд ва дар ин миён, мусалмонон, бехабар аз чизе ки дар ҳоли вуқуъ аст, ба масоъилӣ ҷузъӣ ва беаҳамият машғуланд ва бар сари онҳо бо якдигар низоъ мекунанд; Чунонки ба унвони намуна, бар сари ниҳодани дастҳо дар зери ноф ё болоӣ он ба ҳнгоми намоз меҷанганд ва ниҳояти ҳаммашон ин аст ки зоъирони қубурро аз наздик шудани ба онҳо боздоранд; Ҳамчунонки толиби илми онон низ ҷуз ба шинохти мазоҳиби худ, эътиное надоранд ва аз ошноӣ бо ҷаҳони куфр ва ончи дар он мегузарад, фориғанд; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿ذلك مَبْلَغُهُمْ مِنَ الْعِلْمِ;[1] «Ин мунтаҳои илми онон аст»! Ба ин тартиб кофирон аз миллатҳои мухталиф, барои ҷанг бо Ислом муттаҳид шудаанд, дар ҳоле ки мусалмонон бо миллати воҳид, аз якдигар ҷудо гардидаанд ва ин пайомаде ҷуз султаи кофирон бар мусалмонон надоштааст.

Дар ин миён, бисёрӣ аз мусалмонон, умедвор ба хайри онон ё бимнок аз шаррашон, ба сӯӣ онон мешитобанд ва ононро ба дӯстӣ мегиранд; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿ترَى كثَيِرًا مِنهْمْ يتَوَلوَّنَ الذَّينَ كَفَرُوا لَبِئْسَ مَا قَدَّمَتْ لَهُمْ أَنْفُسُهُمْ أَنْ سَخِطَ اللهَّ عَلَيْهِمْ وَ فِي الْعَذَابِ هُمْ خَالدِونَ;[2] «Бисёрӣ аз ононро мебинӣ ки кофиронро ба дӯстӣ мегиранд! Ҳароина бад чизе аст ончи нафсҳошон барояшон пеш фиристодааст ки Худованд бар онон хашм гирад ва дар азоби ҷовидон бошанд» Ва фармудааст: ﴿فَتَرَى الذَّينَ فيِ قلُوُبهمْ مَرَضٌ يُسَارعِونَ فيِهِمْ يَقُولوُنَ نخَشَى أَنْ تصُيبَنَا دَائرِةٌ فَعَسَى اللهَّ أَنْ يَأتْيِ باِلفْتْحِ أَوْ أَمْرٍ مِنْ عِنْدِهِ فيَصْبحِوا عَلَى مَا أَسَرُّوا فيِ أَنفْسِهِمْ ناَدِمِينَ;[3] «Пас мебинӣ касоне ки дар дилҳошон беморӣ аст ба сӯӣ онон мешитобанд, мегӯянд метарсим ки пешомаде ба мо бирасад! Пас умед аст Худованд пирузӣ ё коре аз назди худро биёварад ва дар натиҷа онон аз чизе ки дар нафсҳои худ пинҳон медоштанд, пушаймон шаванд»! Шакке нест ки агар инон ононро мешинохтанд ва аз душманиҳошон бо худ огоҳӣ меёфтанд, худро ба онон вобаста намесохтанд; Чароки табиъ инсон ӯро аз наздикӣ ба зарар боз медорад ва ғаризааш ӯро ба дурӣ аз хатар во медорад; Вале инон ақлро вониҳодаанд ва ба дастаи сафиҳон бадал гаштаанд; Пас судро аз зиён тамйиз намедиҳанд ва дӯстро аз душман намешиносанд; Дар ҳоле ки кофирон, барои султа бар онон, ононро ба дурустӣ шинохтаанд ва аз қувватҳо ва заъфҳошон огоҳӣ ёфтаанд, то аз қувваташон бикоҳанд ва бар заъфашон биафзоянд.

Онон ба ростӣ ки ҷоҳилонанд, вале ҷоҳилтар аз онон, мусалмононе ҳастанд ки бо кофирон дӯстӣ ва бо мусалмонон душманӣ мекунанд; Дар ҳоле ки дӯстӣ бо кофирон, мусталзими душманӣ бо мусалмонон нест ва бархӣ аз дӯстони кофирон, бо мусалмонон душманӣ надоранд; Чунонки Худованд дар бораи онон фармудааст: ﴿سَتَجِدُونَ آخَرِينَ يُرِيدُونَ أَنْ يَأمْنُوكُمْ وَيَأمْنُوا قَوْمَهُمْ;[4] «Ба зудӣ дигаронеро меёбед ки мехоҳанд аз шумо дар амон бошанд ва аз қавми худ низ дар амон бошанд»! Бо ин васф, ҷои таъаҷҷуб аст ки бархӣ аз мусалмонон, бо кофирон дӯстӣ ва бо бародарони худ душманӣ мекунанд, бо ин таваҳҳум ки кофирон, хайрхоҳи ононанд ва бародаронашон, шаррашонро мехоҳанд; Монанди бархӣ мусалмонони Афғонистон ки даҳҳо давлати кофир ва мутаъаддеро дӯсти худ мешуморанд, вале ду давлатӣ муслмон ва ҳамсояро душмани худ мепиндоранд!»

Дуввум он ки таҷрибаи амалии кишварҳои Аврупоӣ дар таҳаққуқи чунин иттиҳодияе нишон медиҳад ки агар дар ибтидо чанд кишвари маъдуд пешгоми чунин иттиҳоде шаванд, ба мурур соири кишварҳо низ бо мушоҳида ва таҳлили баракоти ин иттиҳод бадон хоҳанд пайваст, монанди иттиҳодияи Аврупо ки аз шиш кишвар оғоз шуд ва акнун шомили 28 кишвар аст ва панҷ кишвари дигар низ дар сафи интизори пайвастан ба ин иттиҳодия истодаанд. Зимни он ки ба далили касрати тафовутҳои сохторӣ миёни ҳокимияти кишварҳои Исломӣ, мумкин аст лозим набошад ки ин иттиҳодия дар ибтидо тамомӣ заминаҳоро дар бар гирад, балки метавонад дар ибтидо бархӣ заминаҳои хосро дар бар гирад ва сипас тавсиъа биёбад. Монанди иттиҳодияи Аврупо ки дар ибтидо як иттиҳодияи иқтисодӣ буд аммо ба тадриҷ соири заминаҳои сиёсӣ, иҷтимоъӣ ва ҳатто низомиро дар бар гирифт.

Ва нуктаи севвум он ки барои оғози чунин инқилоби азим ва иттиҳоди бузурге ки тамомӣ муъодилоти минтақа ва ҷаҳонро ба суди мусалмонон тағйир хоҳад дод, бояд дасти кам яке аз ҳокимони мусалмон бо ниятӣ хайр пешгом шавад ва бо пайравӣ аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимӣ ки пешрав дар амри мубораки иттиҳод миёни муслимин ва заминасозе барои зуҳури Маҳдӣ аст, заминаро барои пайвастани соири давлатҳои Исломӣ то сарҳадди ташкили иттиҳодияи бузурги Исломӣ муҳаё созад ин шоъ Аллоҳ.

↑[1] . Наҷм/30.
↑[2] . Моъида/80.
↑[3] . Моъида/52.
↑[4] . Нисоъ/91.
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок гузоред, то ба густариши илм ва маърифати динӣ кӯмак кунед. Шукронаи ёд гирифтани як нуктаи ҷадид, ёд додани он ба дигарон аст.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Метавонед ин матлабро ба забонҳои зер низ мутолеъа кунед:
Агар бо забони дигаре ошнойи доред, метавонед ин матлабро ба он тарҷума кунед. [Форми тарҷума]
Навиштани
мақола ё нукта
Корбари гиромӣ! Шумо метавонед мақолот, хотирот ва дилнавиштаҳои худро дар пайванд бо осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш ба намоиш гузошта шавад.
Таваҷҷуҳ: Мумкин аст номи шумо ба унвони нависандаи мақола ё нукта дар пойгоҳ намоиш дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.