Панҷшанбе 28 Март 2024 мелодӣ / 17 Рамазон 1445 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
 Дарси ҷадид: Дарсҳое аз он ҷаноб дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад; Аҳодиси саҳиҳе аз Паёмбар дар ин бора; Ҳадиси 3. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Гуфтори ҷадид: Гуфторе аз он ҳазрат дар бораи инки фуру бурдани амдии сар дар об ҳаргоҳ сабаби расидани об ба гулӯ шавад, сабаби қазоъи рӯза аст. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Пурсиши ҷадид: Оё ақиқа кардан барои навзод, машрӯъ аст? Барои мутолеъаи посух, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед. Нақди ҷадид: Ман ба унвони касе ки даъвати ҷаноби Мансурро пазируфта ва мусаммам ба заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ аст, чигуна метавонам таколифи шаъии худам монанди намозу рӯза ва ҳаҷҷу закотро анҷом бидиҳам? Қабули даъвати ҷаноби Мансур сарфи назар аз инки барои зуҳури Маҳдӣ лозим аст, чи фойидае барои ман аз ҷиҳати амали ба таколифи шаръӣ дорад?! Барои мутолеъаи барраси, инҷоро клик кунед. Номаи ҷадид: Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он дар бораи шиддат гирифтани бало ҳушдор медиҳад ва иллати он ва роҳи пешгирӣ аз онро табйин мекунад. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Нуктаи ҷадид: Нуктаи «Як қадам монда ба субҳ» навиштаи «Илёс Ҳакимӣ» мунташир шуд. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед.
loading
Гуфтор
 

1 . أَخْبَرَنَا أَحْمَدُ بْنُ عَبْدِ الرَّحْمَنِ الطَّالَقَانِيُّ، قَالَ: سَمِعْتُ الْمَنْصُورَ الْهَاشِمِيَّ الْخُرَاسَانِيَّ يَقُولُ: لَا تُعِينُوا الْحُكَّامَ بَعْضَهُمْ عَلَى بَعْضٍ إِذْ يَخْتَصِمُونَ، فَإِنَّكُمْ لَا تَدْرُونَ أَيُّهُمْ أَكْثَرُ لَكُمْ نَفْعًا وَإِلَى مَا يَصِيرُ أَمْرُهُمْ، وَلَا تَتَعَصَّبُوا لِأَحَدِهِمْ تَعَصُّبَ الْجَاهِلِيَّةِ، تَقُولُوا: هُوَ مِنْ قَوْمِي وَمَذْهَبِي، فَإِنَّ الظَّالِمَ لَا قَوْمَ لَهُ وَلَا مَذْهَبَ، وَلَا تَخْرُجُوا عَلَى أَحَدِهِمْ حَتَّى يَجْعَلَ اللَّهُ لَكُمْ إِلَى الْمَهْدِيِّ سَبِيلًا.

Тарҷумаи гуфтор:

Аҳмад ибни Абдурраҳмони Толиқонӣ моро хабар дод, гуфт: Шунидам Мансури Ҳошимии Хуросонӣ мефармояд: Бархӣ ҳокимонро дар баробари бархӣ дигар ёрӣ нарасонед ҳангоме ки бо ҳам низоъ мекунанд; Зеро намедонед ки кадомашон барои шумо судмандтаранд ва корашон ба куҷо меанҷомад ва барои яке аз онон таъассуби ҷоҳилӣ наварзед ки бигӯйед: Ӯ аз қавми ман ва мазҳаби ман аст; Чароки золимро қавм ва мазҳабе нест ва бар ҳеч як аз онон хуруҷ накунед то он гоҳ ки Худованд бароятон роҳе ба Маҳдӣ қарор диҳад.

Шарҳи гуфтор:

Сухани он ҳазрат ки фармуд: «Золимро қавм ё мазҳабе нест» бадин маъност ки золим ба қавм ва мазҳаби худ аҳаммияте намедиҳад ва танҳо ба дунболи мол ва қудрат аст, агарчи бо фидо кардани қавм ва мазҳабаш, ё бадин маъност ки золим қавм ва мазҳабе ки ӯро аз хории дунё ва азоби охират наҷот диҳад надорад; Монанди сухани Худованд ки фармудааст: ﴿وَمَا لِلظَّالِمِينَ مِنْ أَنْصَارٍ[1]; «Барои золимон ҳеч ёваре нест», ё бадин маъност ки золим қавм ва мазҳаби худро ба нобудӣ мекашонад, агарчи он дуро дӯст дошта бошад; Монанди сухани Худованд ки фармудааст: ﴿يَقْدُمُ قَوْمَهُ يَوْمَ الْقِيَامَةِ فَأَوْرَدَهُمُ النَّارَ ۖ وَبِئْسَ الْوِرْدُ الْمَوْرُودُ[2]; «Қавми худро дар рӯзи қиёмат пеш мебарад, пас ба оташ мерасанд ки бад ҷойе барои расидан аст» ва фармудааст: ﴿أَلَمْ تَرَ إِلَى الَّذِينَ بَدَّلُوا نِعْمَتَ اللَّهِ كُفْرًا وَأَحَلُّوا قَوْمَهُمْ دَارَ الْبَوَارِ[3]; «Оё надидаӣ касонеро ки неъмати Худовандро бо носипосӣ дигаргун карданд ва қавми худро ба сӯӣ нобудӣ расонданд?» ва фармудааст: ﴿الَّذِينَ اتَّخَذُوا دِينَهُمْ لَهْوًا وَلَعِبًا وَغَرَّتْهُمُ الْحَيَاةُ الدُّنْيَا[4]; «Касоне ки дини худро ба бозӣ гирифтанд ва зиндагии дунё ононро фиред дод».

2 . أَخْبَرَنَا مُحَمَّدُ بْنُ إِبْرَاهِيمَ الشِّيرَازِيُّ، قَالَ: سَمِعْتُ الْمَنْصُورَ يَقُولُ: إِذَا رَأَيْتُمْ جَبَّارَيْنِ يَقْتَتِلَانِ بِرَمْلٍ فَذَرُوهُمَا يَحْثُو أَحَدُهُمَا عَلَى الْآخَرِ حَتَّى يَهْلِكَ الْأَعْجَزُ! قُلْتُ: أَرَأَيْتَ إِنْ كَانَ أَحَدُهُمَا مِنَ الشِّيعَةِ وَالْآخَرُ مِنَ السُّنَّةِ؟ قَالَ: ذَرُوهُمَا، قُلْتُ: أَرَأَيْتَ إِنْ كَانَ أَحَدُهُمَا مُسْلِمًا وَالْآخَرُ يَهُودِيًّا؟ قَالَ: إِذَا كَانَ ذَلِكَ فَأَعِينُوا الْمُسْلِمَ، لِكَيْ لَا يَغْلِبَ عَلَيْكُمُ الْيَهُودِيُّ فَيَسُبَّ نَبِيَّكُمْ، وَيُحْرِقَ كِتَابَكُمْ، وَيَهْدِمَ مَسَاجِدَكُمْ.

Тарҷумаи гуфтор:

Муҳаммад ибни Иброҳими Шерозӣ моро хабар дод, гуфт: Шунидам Мансури мефармояд: Ҳаргоҳ ду ҷабборро бар хок дидед ки бо ҳам меситезанд, раҳояшон кунед ки яке бар рӯйи дигарӣ бирезад, то он гоҳ ки ҳар кадом нотавонтар аст нобуд шавад! (Яъне дахолат накунед.) Гуфтам: Чи мегӯйи агар яке аз он ду шиъа ва дигарӣ аҳли суннат буд? Фармуд: Раҳояшон кунед, гуфтам: Чи мегӯйи агар яке аз он ду мусалмон ва дигарӣ яҳудӣ буд? Фармуд: Агар ин гуна буд мусалмонро ёрӣ кунед то яҳудӣ бар шумо чира нашавад ки ба Паёмбаратон иҳонат кунад ва китобатонро оташ занад ва масоҷидатонро вайрон намояд.

Шарҳи гуфтор:

Аз инҷо дониста мешавад ки ёрӣ расондан ба як золими мусалмон бар зидди золими мусалмони дигар ҷойиз нест, хоҳ шиъа бошад ва хоҳ аҳли суннат ва хоҳ ҳокими кишваре бошад ки инсон дар он сукунат дорад ва хоҳ ҳокими кишварӣ дигар, бал танҳо метавон ба золими мусалмон дар баробари кофир ёрӣ расонд, ҳаргоҳ бар золими мусалмон таъаддӣ кунад то бар мусалмонон султа ёбад ва золими мусалмон неруйи кофӣ барои дифоъи ӯро надошта бошад; Ба далили сухани Худованд ки фармудааст: ﴿وَلَنْ يَجْعَلَ اللَّهُ لِلْكَافِرِينَ عَلَى الْمُؤْمِنِينَ سَبِيلًا[5]; «Ва Худованд ҳаргиз барои кофирон бар зидди мусалмонон роҳе қарор нахоҳад дод».

↑[1] . Бақара/ 270
↑[2] . Ҳуд/ 98
↑[3] . Иброҳим/ 28
↑[4] . Аъроф/ 51
↑[5] . Нисоъ/ 141
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок гузоред, то ба густариши илм ва маърифати динӣ кӯмак кунед. Шукронаи ёд гирифтани як нуктаи ҷадид, ёд додани он ба дигарон аст.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Метавонед ин матлабро ба забонҳои зер низ мутолеъа кунед:
Агар бо забони дигаре ошнойи доред, метавонед ин матлабро ба он тарҷума кунед. [Форми тарҷума]