Панҷшанбе 28 Март 2024 мелодӣ / 17 Рамазон 1445 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
 Дарси ҷадид: Дарсҳое аз он ҷаноб дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад; Аҳодиси саҳиҳе аз Паёмбар дар ин бора; Ҳадиси 3. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Гуфтори ҷадид: Гуфторе аз он ҳазрат дар бораи инки фуру бурдани амдии сар дар об ҳаргоҳ сабаби расидани об ба гулӯ шавад, сабаби қазоъи рӯза аст. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Пурсиши ҷадид: Оё ақиқа кардан барои навзод, машрӯъ аст? Барои мутолеъаи посух, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед. Нақди ҷадид: Ман ба унвони касе ки даъвати ҷаноби Мансурро пазируфта ва мусаммам ба заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ аст, чигуна метавонам таколифи шаъии худам монанди намозу рӯза ва ҳаҷҷу закотро анҷом бидиҳам? Қабули даъвати ҷаноби Мансур сарфи назар аз инки барои зуҳури Маҳдӣ лозим аст, чи фойидае барои ман аз ҷиҳати амали ба таколифи шаръӣ дорад?! Барои мутолеъаи барраси, инҷоро клик кунед. Номаи ҷадид: Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он дар бораи шиддат гирифтани бало ҳушдор медиҳад ва иллати он ва роҳи пешгирӣ аз онро табйин мекунад. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Нуктаи ҷадид: Нуктаи «Як қадам монда ба субҳ» навиштаи «Илёс Ҳакимӣ» мунташир шуд. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед.
loading
Гуфтор
 

أَخْبَرَنا عَبْدُ السَّلامِ بْنُ عَبْدِ الْقَيُّومِ، قالَ: سَأَلْتُ الْمَنْصُورَ الْهاشِمِيَّ الْخُراسانِيَّ عَنِ الْأَخْذِ بِالرِّوايَةِ، فَكَرِهَهُ وَقالَ: ما أَنْزَلَ اللَّهُ مِنْ رِوايَةٍ إِلَّا ما تَواتَرَ عَلَيْهَا الْأَلْسُنُ، وَذَلِكَ لِأَنَّ اللَّهَ لا يُعْبَدُ بِالظَّنِّ وَإِنَّما يُعْبَدُ بِالْيَقِينِ! قُلْتُ: وَما حَدُّ التَّواتُرِ؟ قالَ: ما يَسْتَيْقِنُ بِهِ عُقَلاءُ النَّاسِ، قُلْتُ: وَكَمْ ذا؟ قالَ: أَرْبَعَةُ رِجالٍ ذَوِي عَدْلٍ إِذا لَمْ يَخْتَلِفُوا، كَما قالَ اللَّهُ عَزَّ وَجَلَّ: ﴿لَوْلَا جَاءُوا عَلَيْهِ بِأَرْبَعَةِ شُهَدَاءَ ۚ فَإِذْ لَمْ يَأْتُوا بِالشُّهَدَاءِ فَأُولَئِكَ عِنْدَ اللَّهِ هُمُ الْكَاذِبُونَ! قُلْتُ: رُبَّما يَخْتَلِفُونَ فِي أَلْفاظِهِمْ وَالْمَعْنَى واحِدٌ، قالَ: لا بَأْسَ بِهِ، وَلا يَكُونَ بَعْضُهُمْ قُرَناءَ بَعْضٍ فَيُتَّهَمُوا فِي رِوايَتِهِمْ! ثُمَّ مَكَثَ هُنَيَّةً، ثُمَّ قالَ: إِنَّ السَّلَفِيَّةَ تَرَكُوا الْعَقْلَ فَشاهَتْ وُجُوهُهُمْ!

Тарҷумаи гуфтор:

Абдуссалом ибни Абдулқайюми Балхӣ моро хабар дод, гуфт: Аз Мансури Ҳошимии Хурсонӣ дар бораи ахз кардан ба ривоят пурсидам, пас онро нописанд шумурд ва фармуд: Худованд ривоятеро нозил накарда, магар чизе ки забонҳо бар он тавотур ёфтааст ва ин аз он рӯст ки Худованд бо занн парастиш намешавад, балки танҳо бо яқин парстиш мешавад! Арз кардам: Ҳадди тавотур чист? Фармуд: Чизе ки уқалои мардум бо он яқин пайдо мекунанд! Арз кардам: Он чанд нафар аст? Фармуд: Чаҳор марди одил ҳангоме ки бо якдигар ихтилоф накарда бошанд; Чунонки Худованди баландмартаба фармудааст: «Чаро чаҳор шоҳид бар он наёварданд?! Пас чун чаҳор шоҳид бар он наёварданд, онон назди Худованд дурӯғгӯён ҳастанд»[1]! Арз кардам: Чи басо онон дар алфози худ ихтилоф кардаанд, вале манъо яке аст! Фармуд: Ишколе надорад ва бирхишон ҳамнишини бархӣ дигар набошанд то дар ривояташон (ба ахз аз якдигар ё табонӣ бо ҳам) муттаҳам шаванд! Дар ин ҳангом мудатте сукут намуд ва сипас фармуд: Ҳароина салафиён ақлро во ниҳоданд, пас рӯйҳошон зишт шуд!

Шарҳи гуфтор:

Аз ин гуфтор ва сойири гуфторҳои он ҳазрат дониста мешавад ки «Тавотур», ривояти ҳадис ба воситаи шуморе аз ровиён аст ки иттифоқи онон бар кизб ё хато ба эътибори фаровонӣ ва парокандагишон маъқул нест ва аз ин рӯ, муҷиби яқини уқало ба судури ҳадиси мутавотир ва албатта барои шумори ровиёнаш ҳадди муъайяне нест; Чароки он ҳазрат дар ибтидо ҳадде барои он таъйин накард, балки фармуд: «ما يَسْتَيْقِنُ بِهِ عُقَلاءُ النَّاسِ»; «Чизе ки уқалои мардум бо он яқин пайдо мекунанд», вале пас аз инки пурсиш кунанда пурсиши худро такрор намуд, барои он ҳадде таъйин кард ва он чаҳор мард аст; Зеро ин шуморе аст ки Худованд барои муҳимтарин шаҳодатҳо назди худ таъйин карда ва камтар аз онро дар ҳукми дурӯғ қарор дода ва фармудааст: ﴿لَوْلَا جَاءُوا عَلَيْهِ بِأَرْبَعَةِ شُهَدَاءَ ۚ فَإِذْ لَمْ يَأْتُوا بِالشُّهَدَاءِ فَأُولَئِكَ عِنْدَ اللَّهِ هُمُ الْكَاذِبُونَ[2]; «Чаро чаҳор шоҳид бар он наёварданд?! Пас чун чаҳор шоҳид бар он наёварданд, онон назди Худованд дурӯғгӯ ҳастанд» Ва ҳис низ бо ин ҳад мувофиқ аст, ҳаргоҳ чаҳор марди одил бошанд ва бо якдигар ихтилофи муҳимме надошта бошанд ва бархишон қарини бархӣ дигар набошанд ба наҳве ки дар ривояташон ба ахз аз якдигар ё табонӣ бо ҳам муттаҳам бошанд. Бинобарин, ҳадиси мутавотир чаҳор шарт дорад:

1 . Ровиёни он дар ҳар табақа, камтар аз чаҳор мард нестанд.

2 . Ровиёни он одил ҳастанд, ҳаргоҳ дар ҳар табақа, бештар аз чаҳор мард набошанд, вале агар бештар бошанд, ин шарт бардошта мешавад.

3 . Ровиёни он дар маънои он ихтилофе надоранд, агарчи дар алфози он ихтилоф дошта бошанд.

4 . Ровиёни он ба табонӣ бо якдигар муттаҳам нестанд, ҳаргоҳ дар ҳар табақа, бештар аз чаҳор мард набошанд, вале агар бештар бошанд, ин шарт бардошта мешавад; Чароки бо таваҷҷуҳ ба фаровонӣ ва парокандагишон, наметавонанд бо якдигар табонӣ кунанд[3]

Аммо гуфтори он ҳазрат дар бораи салафиён ки барои шинохти Худованд ва дини Ӯ аз ақл баҳра намебаранд, ду маъно метавонад дошта бошад: Яке нафрин бар онон ба сабаби ин кӯтоҳии бузург ки мунҷар ба инҳирофи фаровони онон дар ақойид ва аъмол шудааст; Чунонки Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам дар ҷанги Бадр, муште хок гирифт ва бар рӯйи мушрикон зад ва фармуд: «شاهَتِ الْوُجُوهُ»; «Рӯйҳошон зишт бод» Ва дигарӣ хабар додан аз чизе ки рӯйҳои бисёрӣ аз муфтиён ва бузургони ононро зишт карда ва ин чизе аст ки бар нозирон пӯшида нест ва бо ин маъно, вониҳодани ақл аст ки ононро ба ин рӯз даровардааст; Чунонки яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт:

«قُلْتُ لِلْمَنْصُورِ: إِنِّي رَأَيْتُ فِي الْمَسْجِدِ رَجُلًا كَأَنَّ رَأْسَهُ رَأْسُ حِمارٍ، فَكَلَّمْتُهُ فَإِذا هُوَ مِنْ أَصْحابِ الْحَدِيثِ! قالَ: أَعَجِبْتَ مِنْ ذَلِكَ؟! أَلا وَاللَّهِ إِنِّي لَأَظُنُّ أَنَّهُ لَوْ كانَ فِي هَذِهِ الْأُمَّةِ مَسْخٌ لَكانَ فِي أَصْحابِ الْحَدِيثِ! قُلْتُ: لِمَ ذَلِكَ؟! قالَ: لِأَنَّهُمْ فُتِنُوا بِالْحَدِيثِ، فَتَرَكُوا كِتابَ اللَّهِ وَتَرَكُوا عُقُولَهُمْ، وَلَوْ أَنَّ عُمَرَ بْنَ الْخَطَّابِ أَدْرَكَهُمْ لَأَلْحَقَهُمْ بِجَزائِرِ الْبَحْرِ!»; «Ба Мансур гуфтам: Ман дар масҷид мардеро дидам ки гӯйи сари ӯ сари улоғ буд, пас бо ӯ сӯҳбат кардам ва дарёфтам ки аз аҳли ҳадис аст! Фармуд: Оё аз он таъаҷҷуб кардӣ?! Бидон ки ба Худо савганд ман мепиндорам агар дар ин уммат масхе рӯйи диҳад, дар аҳли ҳадис рӯй хоҳад дод! Гуфтам: Барои чи?! Фармуд: Барои инки онон ба ҳадис мафтун шудаанд, пас китоби Худовандро вониҳодаанд ва ақлҳошонро вониҳодаанд ва агар Умар ибни Хаттоб ононро дарк мекард, ба ҷазойири дарё таъбидашон мекард»!

↑[1] . Нур/ 13
↑[2] . Аннур/ 13
↑[3] . Барои огоҳии бештар дар ин бора, бингаред ба: Пурсиш ва посухи 300.
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок гузоред, то ба густариши илм ва маърифати динӣ кӯмак кунед. Шукронаи ёд гирифтани як нуктаи ҷадид, ёд додани он ба дигарон аст.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Метавонед ин матлабро ба забонҳои зер низ мутолеъа кунед:
Агар бо забони дигаре ошнойи доред, метавонед ин матлабро ба он тарҷума кунед. [Форми тарҷума]