Ҷумъа 20 Май 2022 мелодӣ баробар бо 19 Шаввол 1443 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
 Пурсиши ҷадид: Назари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар бораи ҳазрати имом Хумайнӣ чист? Барои мутолеъа ва дарёфти посух, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед. Номаи ҷадид: Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он дар бораи шиддат гирифтани бало ҳушдор медиҳад ва иллати он ва роҳи пешгирӣ аз онро табйин мекунад. Барои мутолеъа ва дарёфти он, инҷоро клик кунед. Гуфтори ҷадид: Ду гуфтор аз он ҳазрат дар бораи ҳукми қарз додан ба шарти ақдӣ машрӯъ ва пас гирифтани он бо нархи рӯз. Барои мутолеъа ва дарёфти он, инҷоро клик кунед. Дарси ҷадид: Дарсе аз он ҷаноб дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад; Оёте аз Қуръон ки бар ин далолат доранд; Ояи 1. Барои мутолеъа ва дарёфти он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед. Нақди ҷадид: Оё ақли ҳар фард инқадр болиғ ҳаст ки битавонад меъёри ташхис бошад? Барои мутолеъа ва дарёфти барраси, инҷоро клик кунед. Нуктаи ҷадид: Нуктаи «Як қадам монда ба субҳ» навиштаи «Илёс Ҳакимӣ» мунташир шуд. Барои мутолеъа ва дарёфти он, инҷоро клик кунед.
loading
Пурсиш ва посух
 

Назари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар бораи ҳазрати имом Хумайнӣ чист?

Ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло барои ҳамаи олимони мусалмон эҳтиом қоъил аст ва аз хадамоти илмии онон ба мусалмонон ситойиш мекунад. Бо ин ҳол, эшон ҳеч як аз ононро комил ва беайбу нақс намешиносад ва мӯътақид аст ки онон дар канори хадамоти худ, хатоҳо ва иштибоҳоте низ доштаанд ки таваҷҷуҳ ба онҳо дар канори хадамоташон зарурӣ аст ва беэҳтиромӣ ба онон шумурда намешавад. Бо ин васф, таваҷҷуҳ додан ба хатоҳо ва иштибоҳоти онон дар китоби «Бозгашт ба Ислом», ба маънои нодида гирифтани хадамоти онон нест, балки ба маънои таваҷҷуҳ додан ба чизе аст ки мавриди ғафлати мусалмонон қарор гирифта ва сабаби инҳирофи онҳо аз хатти Исломи холис ва комил шудааст. Ба унвони намуна, яке аз ин хатоҳо ва иштибоҳот, тарвиҷи фарҳанги тақлид ба ҷои фарҳанги иҷтиҳод буда ки ба коҳиши огоҳии динии мусалмонон ва афзоиши ҷаҳл, дунёгаройи, таъассуб ва хурофагаройии онон анҷомидааст; Ҳар чанд фарҳанги иҷтиҳод низ ба дурустӣ тавассути онон муъаррифӣ нашуда ва шакли иртиқо ёфтае аз фарҳанги тақлид будааст. Яке дигар аз ин хатоҳо ва иштибоҳот, исрор бар вилояти мутлақаи фақиҳ буда ки мабнойе дар Ислом надошта ва бар пояи адиллаи ақлӣ ва шаръӣ ғайри мумкин аст; Бо таваҷҷуҳ ба инки ақл ва шаръ итоъати комил ва беқайду шарт аз ғайри маъсум -ҳар чанд олими бузург ва хайрхоҳе бошад- ро ҷойиз намедонад ва бо ҳеч тақрире ба сӯӣ ҳокимияти ӯ даъват намекунад, бал танҳо ба сӯӣ ҳокимияти касе даъват мекунад ки Худованд ӯро бо иродаи худ аз ҳар риҷсе покиза сохта ва ҳокимияташро дар ҳар замоне мумкин қарор додааст.

Борӣ, адами имкони ҳокимияти чунин касе ки зербанои машрӯъияти ҳокимиятҳои дигар талаққӣ мешавад, маҳзи таваҳҳум аст; Чароки танҳо аз тақсири мусалмонон дар заминасозӣ барои он нашъат гирифта ва бо рафъи ин тақсир ба содагӣ қобили рафъ аст. Албатта рафъи ин тақсир аз тариқи ҳокимиятҳои дигар мумкин нест; Чароки мусталзими давр ва таноқуз аст; Бо таваҷҷуҳ ба инки ҳокимиятиҳои дигар, худ маълули ин тақсиранд ва бо ин васф, наметавонанд иллати рафъи он бошанд. Вонгаҳе ҳокимияти Маҳдӣ аз он ҳайс ки ҳокимият аст, бо ҳокимиятҳои дигар тафовуте надорад ва бо ин васф, агар эҷод ва ҳифзи ҳокимиятҳои дигар имкон дорад, эҷод ва ҳифзи ҳокимияти Маҳдӣ низ мумкин аст ва агар эҷод ва ҳифзи ҳокимияти Маҳдӣ мумкин нест, эҷод ва ҳифзи ҳокимиятҳои дигар низ имкон надорад. Ин ба маънои «Бунбасти машрӯъият» барои ҳокимиятҳои дигар аст ва танҳо роҳи бурунрафти онҳо аз ин бунбаст, иҷобати даъвати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар ростои канорагирии тадриҷӣ аз қудрат ба суди Маҳдӣ ва оғози раванди интиқоли қудрат ба он ҳазрат аст ки ба таври қатъи метавонад заминазои зуҳури он ҳазрат ва таҳаққуқи ҳокимияташ бошад; Чароки он ҳазрат ба иқтизои таҳорати худ аз ҳар риҷс ва иштиёқи худ ба иқомаи Исломи холис ва комил, мутарассиди зуҳр ва ҳокимият аст ва дар сурате ки заминаи он бо омодагии воқеии яке аз ҳокимони мусалмон ба канорагирӣ аз қудрат ва вогузордани он ба ӯ фароҳам шавад, ҳатман ба ин кор иқдом мекунад, вале ҳақиқат он аст ки ҳеч як аз ҳокимони мусалмон токунун ин омодагиро надоштаанд ва ҳозир ба тарки қудрати ширин набудаанд, балки бо ҳамаи имконоти сиёсӣ, фарҳангӣ ва иқтисодии худ, аз ҳокимияти хеш сиёнат кардаанд ва таҳаммули ҳеч гуна чашмдоште ба он аз ноҳияи ҳеч кас агарчи Маҳдӣ бошадро надоштаанд. Рӯшан аст ки ҳокимияти онон модоми ки ин гуна ба он часпидаанд ва барои интиқоли он ба Маҳдӣ барномае нарехтаанд, монеъи зуҳури он ҳазрат мешавад, дар ҳоле ки ҳаргоҳ дил аз он баркананд ва ба сурати воқеъӣ ва ҷиддӣ монанди ансор дар робита бо Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ва на иддаъоӣ ва аз рӯӣ фиреб монанди Маъмуни Аббосӣ дар робита бо Алӣ ибни Мӯсарризо, онро мусиррона ба он ҳазрат пешкаш намоянд, он ҳазрат монанди Алӣ ибни Абӣ Толиб баъд аз қатли Усмон, аз онон мепазирад ва ба ҳокимият бар онон қиём мефармояд ва дар партуви ин ҳокимият, заминро аз адолат пур мекунад ҳамон тавр ки аз зулм пур шудааст.

Бинобарин, канорагирии тадриҷӣ аз қудрат ба суди Маҳдӣ ва оғози раванди интиқоли қудрат ба он ҳазрат, метавонад заминасози зуҳури он ҳазрат ва таҳаққуқи ҳокимияташ бошад ва ин фароянде аст ки метавонад дар ҳар як аз кишварҳои Исломӣ анҷом шавад; Зеро ҳар як аз онҳо метавонад дар сурати анҷоми ин фароянд, ба мизбоне барои Маҳдӣ ва марказе барои ҳокимияташ табдил шавад, вале табиъатан ҳар кадом ки зудтар ин фарояндро тей кунад, сибқатгирандае дар хайр шумурда мешавад ва ифтихорашро аз они худ мекунад ва имтиёзоти дунявӣ ва ухравии фаровоне пас аз таҳаққуқи ҳокимияти Маҳдӣ ба даст меоварад. Ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ба далоиле Эронро муносибтарин кишвар дар ҳоли ҳозир барои мизбонӣ ва марказияти Маҳдӣ мешиносад ва аз ин рӯ, даъвати худро дар онҷо бештар аз сойири кишварҳои Исломӣ мутамаркиз намуда ва аз ҳокимони он мутаваққеъ аст ки дар ин замина бо эшон ҳамкорӣ кунанд. Авлавият додани эшон ба ин кишвар, бегумон нишонаи ҳусни занн ва умедвории бештари эшон ба он ва ҳокимияташ шумурда мешавад; Чароки ин кишвар ва ҳокимияташ бештарин истодагӣ дар баробари кофирон ва бештарин ҳимоят аз мусалмонони мазлум ва мустазъаф дар ҷаҳонро дорад ва ин чизе нест ки аз назари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ва касе ки барои ҳокимияти Ӯ заминасозӣ мекунад, пинҳон бимонад. Аз ин рӯ, эшон умедвор аст ки мардум ва ҳокимони Эрон, бештарин ҳамкориро бо эшон анҷом диҳанд ва пойгоҳеро барои нашри паёмашон ба саросари ҷаҳон ва заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ, дар ихтиёрашон бигзоранд; Коре ки мутаъассифона ҳанӯз анҷом нашудааст ва бо таваҷҷуҳ ба ҷавви масмум ва шадидан эҳсосӣ ва амниятии ҳоким бар ин кишвар ва фиқдони пухтагӣ, басират ва дурандешии кофӣ дар миёни ҳокимони он ва сукут, инфиъол ва кӯтоҳии шадид дар миёни олимонаш, заминае барои анҷомаш дида намешавад ва ин, зуҳурро барои Маҳдӣ алайҳи салом ба ғоят душвор кардааст.

Ба ҳар ҳол, канорагирии ҳокимони мусалмон аз қудрат ва интиқоли ҳокимият ба Маҳдӣ, коре аст ки аз он гузире нест ва дер ё зуд бояд анҷом шавад. Аз ин рӯ, ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ба онҳо пешниҳод мекунад ки ин корро ҳар чи зудтар ба сурати мусолематомез ва таҳти ашроф ва ҳидояти эшон ба унвони нозирӣ басир ва бетараф анҷом диҳанд; Зеро онҳо худ як тарафи мунозиъае ҳастанд ки Маҳдӣ тарафи дигари он аст ва аз ин ҳайс, зинафъ ва ғайри қобили эътимод шумурда мешаванд ва наметавон ба умеди иқдоми мустақил ва довталабонаи онон ҳазор соли дигар нишаст ва даст бар рӯӣ даст гузошт, дар ҳоле ки ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ на дорои ҳокимият аст ва на ҳокимиятро меҷӯяд ва мепазирад ва аз ин рӯ, метавонад ба унвони як восита ва ҳамоҳанг кунанда, нақши муҳаррик ва муъассиреро дар интиқоли қудрат ба Маҳдӣ эйфо намояд. Бо ин васф, ҳокимони мусалмон ҳаргоҳ ба ростӣ хоҳони ҳокимияти Маҳдӣ ҳастанд, бояд ғурур ва таккабури худро канор бигзоранд ва бидуни тарс ва нигаронӣ, аз раҳнамудҳои эшон дар ин замина ба унвони мушовир, коршинос ва роҳнамое ба сӯӣ зуҳур истифода кунанд ва бо таваккал бар Худованд, ин рҳои пур печу хам ва пур фарозу нишеб аммо мунтаҳӣ ба саъодати дунё ва охиратро дар пеш гиранд. Ин дурнамойе аст ки метавон барои ҳокимиятҳои мусалмон дар робита бо Маҳдӣ тасаввур кард ва ба назар мерасад ки ҳар дурнамойе ҷуз ин, хобу хиёлӣ беш нест.

Умед меравад ки ба баракати наҳзати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ, диди мусалмонон ба Маҳдӣ ва ҳокимияти ӯ дидӣ боз ва воқеъбинона шавад; Чароки эшон дар ҳоли талош барои тасҳиҳи нигариши онон ба он ҳазрат ва хориҷ кардани зуҳур ва ҳокимияти ӯ аз торикии ваҳим ва хиёли ба рӯшанойии воқеъят ва айният аст ва ин ҳамон заминасозии амалӣ ва на иддаъое барои зуҳур ва ҳокимияти Маҳдӣ аст ки инсофан ва истиқроъан танҳо тавассути эшон анҷом мешавад ва дар ҷойе чуз маҳзари эшон аз он хабаре нест.

Худованд ба ҳамаи мусалмонон тавфиқи дарки ин маъорифи амиқ ва пайвастан ба заминасозони ростини зуҳури Маҳдиро арзонӣ дорад ва ононро аз фиреби шаётин ки бо баҳрагирӣ аз ҳамаи имконоти худ, барои боздоштани онон аз ин кори воҷиб ва ҳаётӣ талош мекунанд, ҳифз фармояд.

Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ Бахши посухгӯӣ ба пурсишҳо
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок бигзоред.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Метавонед ин матлабро ба забонҳои зер низ мутолеъа кунед:
Агар бо забони дигаре ошнойи доред, метавонед ин матлабро ба он тарҷума кунед. [Форми тарҷума]
Навиштани пурсиш
Корбари гиромӣ! Шумо метавонед пурсишҳои худро дар бораи осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш посух дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Мумкин аст номи шумо ба унвони нависандаи пурсиш дар пойгоҳ намоиш дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.
Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:
1 . Мумкин аст ба пурсиши шумо дар пойгоҳ посух дода шуда бошад. Аз ин рӯ, беҳтар аст пеш аз навиштани пурсиши худ, пурсишҳои муртабитро мурур ё аз имкони ҷустуҷӯ дар пойгоҳ истифода кунед.
2 . Аз сабт ва ирсоли пурсишҳои ҷадид пеш аз дарёфти посухи пурсиши қаблӣ, худдорӣ кунед.
3 . Аз сабт ва ирсоли беш аз як пурсиш дар ҳар навбат, худдорӣ кунед.
4 . Авлавияти мо, посухгӯйи ба пурсишҳои марбут бо имом Маҳдӣ алайҳи салом ва заминасозӣ барои зуҳури ӯст; Чароки дар ҳоли ҳозир, аз ҳар чизе муҳимтар аст.