Якшанбе 27 сентябр 2020 мелодӣ баробар бо 9 сафар 1442 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
(19) Мабнои шаклгирии ҳукумати Исломӣ ва машрӯъияти сиёсии он, изни хосс ва қатъии Худованд аст ки барои ҳеҷ як аз ҳокимони кунунӣ дар ҷаҳони Ислом вуҷуд надорад ва аз ин рӯ, ҳукумати ҳеҷ як аз онон дар ҳоли ҳозир ҳукумати Исломӣ шумурда намешавад. (Мақолаи 1)
loading
Пурсиш ва посух
 

Манзури оқойи Ҳошимӣ аз <<Илм>> дар китоби эшон чист?

Ҳамчунин, бифармойед ки мафҳуми <<Иҷтиҳод>> дар китоби эшон чист?

Мурод аз <<Илм>> дар ки китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>>, шинохти ҳақ аст ки дар яқин ба он аз рӯйи далил мисдоқ меёбад. Ба илова, нависандаи бузургвори ин китоб ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло дар таърифи <<Илм>> фармудааст: «ٱلْعِلْمُ نُورٌ یَقْذِفُهُ ٱللّهُ في قَلْبِ مَن یَشاءُ لِیُرِیَهُ فِیهِ ما یَکُونُ», <<Илм нуре аст ки Худованд дар дили ҳар касе ки мехоҳад меандозадаш то дар он чизе ки ҳастро нишонаш диҳад>>[1] Ва бо ин васф, пайдост ки танҳо дилҳои бино қодир ба баҳрагирӣ аз ин нури Илоҳӣ хоҳанд буд. Ҳамчунин, ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло дар фарозе аз номаи нуронии худ, зимни даъвати мусалмонон ба сӯӣ <<Илм>>, муроди худ аз онро табйин карда ва фармудааст:

<<Ба Худо савганд, шуморо аз <<Шинохтан>> гузире нест ва кори шумо ҷуз бо <<Донистан>> рост намеояд. Ҳаминак, <<Шинохт>> монанди фариштае шуморо ба сӯӣ худ фаро мехонад ва <<Донистан>> монанди Паёмбаре шуморо ба сӯӣ худ даъват мекунад. Дар кӯчаҳои шумо фарёд мезанад ва бар пушти бомҳотон нидо медиҳад ки <<Эй бехабарон! Шоми бехабарӣ пушт намуда ва субҳи огоҳӣ бар дамидааст. Инак бедор шавед ва ба сӯӣ ман бишитобед ва чизе шуморо аз ман боз надорад! Чароки ман барои шумо аз нони шаб воҷибтар ва аз касбу кор ва хонавода судмандтарам. Ман танҳо касе ҳастам ки бо шумо мемонад ва дар дунё ва охират аз шумо ҷудо намешавад. Амволи шумо аз байни мераванд, ҳамсаронатон мемиранд ва фарзандонатон ҷудо мешаванд, аммо ман ҳеҷ гоҳ аз байн намеравам ва ҳеҷ гоҳ намемирам ва ҳеҷ гоҳ аз шумо ҷудо намешавам. Бал шуморо монанди худ ҳифз мекунам ва ҳамроҳи худ ба ҷовидонагӣ мерасонам. Агар ман бо шумо бошам чизе ба шумо зиён нахоҳад расонд ва агар ман бо шумо набошам чизе ба шумо суд нахоҳад расонд. Пас кадомин боздоранда шуморо аз ман боз медорад ва кадомин бениёз кунанда шуморо аз ман бениёз мекунад?!>> Ингуна <<Шинохт>> шуморо ба сӯӣ худ фаро мехонад ва ин чунин <<Донистан>> шуморо ба сӯӣ худ даъват мекунад. Пас нидои ӯро бишнавед ва даъвати ӯро иҷобат кунед! Барои шиохти ҳақ аз ботил ба по хезед ва барои донистани дуруст аз ғалат эҳтимом варзед! Ва чаро чунин ва чунон накунед?! Дар ҳоле ки шинохти ҳақ ва ботил, қавоми инсонияти шумо ва донистани дуруст ва ғалат, мояи шахсияти шумост. Чигуна номи худро инсон мениҳад касе ки аз <<Маърифат>> безор аст?! Ва чаро номи худро асб намениҳад касе ки бо <<Илм>> бегона аст?! Донойии инсон, пояи шарафи ӯ ва огоҳии ӯ, мояи иззати ӯст. Мақсудам аз огоҳӣ, риёзӣ ва ҳиндиса ва монанди он нест ва манзурам аз донойи, фиқҳу усул ва мантиқ ва фалсафа нест! Инҳо ҳама фазле аст ки имрӯз фитна шудааст ва қавоми инсонияти шумо ба инҳо нест! Мақсудам аз донойи, шинохти ҳақ аз ботил ва манзурам аз огоҳӣ, ташхиси ҳидоят аз гумроҳӣ аст. Чи бисёр фақиҳу файласуфе ки ба дӯзах рафта ва чи бисёр дуктуру муҳандисе ки растгорӣ наёфтааст; Чароки ҳаққро аз ботил нашнохта ва ҳидоятро аз гумроҳӣ дар наёфтааст!>>[2].

Аммо муроди ин муъаллими бузург аз <<Иҷтиҳод>>, баррасӣ ва пажуҳише аст ки барои шинохти ҳақ ба маънои яқин ба он аз рӯӣ далил зарурӣ аст ва ин ҳамон иҷтиҳод ва талаби илме аст ки бар ҳар мусалмоне воҷиб дониста аст; Чунонки дар китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>>[3] ба ин нукта тасриҳ карда ва фармудааст:

<<Аз инҷо дониста мешавад ки тақлид аз олимон, ба ҳеҷ рӯй муҷзӣ [яъне кифоят кунанда] нест ва иҷтиҳод бар умуми мусалмонон воҷиб аст; Албатта дар сурате ки мурод аз иҷтиҳод, шинохти яқинӣ аз ақойид ва аҳкоми Ислом бошад; Чароки агар мурод аз он, шинохти заннӣ аз онҳо ҳар чанд бо итикоъ ба ахбори оҳод ва мавҳумотӣ назири иҷмоъ бошад, тафовути чандоне бо тақлид надорад ва ба табаъи он муҷзӣ нест; Чароки иллати муҷзӣ набудани тақлид, муҷзӣ набудани итикоъ ба ғайри яқиниёт дар ақойид ва аҳкоми шаръӣ аст ва ин иллат миёни тақлид ва иҷтиҳод муттакӣ бар ғайри яқиниёт, муштарак аст ва бо ин васф, иҷтиҳоди муттакӣ бар ғайри яқиниёт, муҷзӣ нест, ҳар чанд аз тақлид беҳтар бошад; Бал ҳар коре ки барои шинохти яқинӣ аз ақойид ва аҳкоми шаръӣ лозим аст, ҳамон бар умуми мусалмонон воҷиб аст.>>.

Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ Бахши посухгӯӣ ба пурсишҳо
Таълиқот
Пурсишҳо ва посухҳои фаръӣ
Пурсиши
фаръии 1
Нависанда: Абулфазли Вафоён
Тарих: 17/09/2019

Бо ташаккур аз матолиби арзишмандатон дар мавриди илм. Ончи аз аҳодис бар меояд чист? «اطلبوا العلم ولو بالصین» ва ё «اطلبوا العلم ولو من أهل النفاق»? Оё ҳамин умури шибҳи илмро бояд омӯхт? Агар мешавад бо мисолҳойе фарқи илм бо шибҳи илмро бифармойед?

Посух ба пурсиши
фаръии 1
Тарих: 21/09/2019

Илм дар китоби Худованд, маърифати яқин дар қалб аст ки ба ҳидояти инсон дар дунё ва саъодати ӯ дар охират меанҷомад ва нишонаи он <<Хашият>> ба маънои тақво ва фурутанӣ дар баробари ҳақ аст.

[1] Маърифатӣ яқинӣ аст; Зеро тасаввурот ва тасдиқоти мубтанӣ бар занн ва тахмин ки бештари андухтаҳои мардумро ташкил медиҳанд, илм маҳсуб намешаванд; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿قُلْ هَلْ عِنْدَكُمْ مِنْ عِلْمٍ فَتُخْرِجُوهُ لَنَا ۖ إِنْ تَتَّبِعُونَ إِلَّا الظَّنَّ وَإِنْ أَنْتُمْ إِلَّا تَخْرُصُونَ[1]; <<Бигӯ оё назди шумо ҳеҷ илме ҳаст ки онро барои мо берун оваред? Шумо ҷуз аз занн пайравӣ намекунед ва ҷуз тахмин намезанед>>.

[2] Дар қалб аст; Зеро маҳфузоте ки танҳо бар забон ҷорӣ мешаванд, илм нестанд, бал тақлид аз аҳли илм ба маънои такрори суханони онон ҳастанд ва аз ин рӯ, осор ва баракоти илмро надоранд; Монанди иборатӣ олимона ки як тӯтӣ бар забон меоварад ва иллати он касрати шуниданаш аз олимон аст ва аз ин рӯ, ҳеҷ рушде дар шахсияти воқеъии ӯ падид намеоварад ва ин муроди аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло аз гуфторе аст ки яке аз ёронамон моро аз он хабар дод, гуфт:

«قُلْتُ لِلْمَنْصُورِ: بَلَّغْتُ قَوْلَكَ عالِمَیْنِ مِنْ عُلَماءِ قُمَ فَکَذَّبَهُ أَحَدُهُما وَسَکَتَ الْآخَرُ! قالَ: هَلَكَ الْأَوَّلُ وَنَظَرَ الْآخَرُ لِنَفْسِهِ! أَلا إِنَّهُ لَوْ دامَ فِي سُکُوتِهِ هَلَكَ! وَیْلَهُ کَیْفَ یَسْکُتُ؟! وَلا یَریٰ إِلّا جَمِیلاً! ثُمَّ قالَ: لَیْسَ مَنْ سَرَقَ عِلْماً عالِماً وَلکِنَّ الْعالِمَ مَنْ مَلَکَهُ وَأَحْرَزَهُ فِي قَلْبِهِ»; <<Ба Мансур гуфтам: Сухани туро ба ду олим аз уламои Қум расондам, пас яке аз он ду такзибаш кард ва дигарӣ сукут намуд! Фармуд: Аввалӣ ҳалок шуд ва дигарӣ ба худ мӯҳлат дод! Бидон ки ӯ агар ба сукути худ идома диҳад ҳалок мешавад! Вой бар ӯ! Чигуна сукут мекунад?! Дар ҳоле ки ҷуз зебойи намебинад! Сипас фармуд: Касе ки илмеро дуздидааст олим нест, бал олим касе аст ки онро молик шуда ва дар қалби худ ҷой додааст>>.

[3] Ба ҳидояти инсон дар дунё ва саъодати ӯ дар охират меанҷомад; Зеро касе ки дар дунё гумроҳ ва дар охират бадбахт аст, олим маҳсуб намешавад, балки аз зумраи ҷоҳилон аст, агарчи фақиҳ ё файласуф ё дуктур ё муҳандис бошад; Чунонки яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт:

«قُلْتُ لِلْمَنْصُورِ: إِنَّ لِي جاراً عَلّامةً قَدْ حَفِظَ أَلْفَ حَدِيثٍ بِإسْنادِهِ ولا تَسْأَلُهُ عَنْ شَيءٍ مِنْ كِتابِ اللّهِ تَعالىٰ إلّا ويُخْبِرُكَ بِهِ ويَعْلَمُ الْفِقْهَ واللُّغَةَ والتَّفْسيرَ! قالَ: أَيَعْلَمُ أنَّ لِلّهِ في الْأَرْضِ خَليفةً؟! قُلْتُ: لا! قالَ: فَإِنَّهُ مِنَ الْجاهِلينَ!»; <<Ба Мансур гуфтам: Ман ҳамсояи бисёр донишманд дорам ки ҳазор ҳадисро бо аснодаш дар ҳифз дорад ва аз ӯ чизе дар бораи китоби Худованди баландмартаба намепурсӣ магар инки посух медиҳад ва бо фиқҳу луғат ва тафсир низ ошност! Фармуд: Оё медонад ки барои Худованд дар замин халифае вуҷуд дорад?! Арз кардам: На! Фармуд: Пас ӯ аз ҷоҳилон аст!>>[2]

[4] Нишонаи он <<Хашият>> ба маънои тақво ва фурутанӣ дар баробари ҳақ аст; Чароки Худованд фармудааст: ﴿إِنَّمَا يَخْشَى اللَّهَ مِنْ عِبَادِهِ الْعُلَمَاءُ ۗ[3]; <<Аз миёни бандагони Худованд танҳо уламо аз ӯ хашият доранд>>. Бинобарин, касе ки аз гуноҳ намепарҳезад ё дар баробари ҳақ сар фурд намеоварад, балки чун ба сӯяш даъват мешавад, аз такаббур ва ҳасад ба хашм меояд, ҷоҳил аст, агарчи авом ӯро олим бипиндоранд.

Инҳо вежагиҳои илм аст ва ҳар чизе ки илм ингошта мешавад, вале яке аз ин чаҳор вежагиро надорад, илм нест, балки шабиҳ ба илм аст. Бинобарин, шинохти як чиз, ҳаргоҳ яқинӣ бошад ва дар қалб ҷой гирифта бошад ва ба ҳидояти инсон дар дунё ва саъодати ӯ дар охират кӯмак кунад ва бар тақво ва фурутании ӯ дар баробари ҳақ бияфзояд, илм аст ва ҳаргоҳ яқине набошад ё дар қалб ҷой нагирифта бошад ё ба ҳидояти инсон дар дунё ва саъодати ӯ дар охират кӯмак накунад ё бар тақво ва фурутании ӯ дар баробари ҳақ наяфзояд, илм нест, балки шабиҳ ба илм аст. Аз инҷо дониста мешавад ки мумкин аст чизе барои касе илм набошад, вале барои касӣ дигар илм бошад; Монанди даҳҳо ҳадис дар бораи лузуми тамассук ба аҳли байти Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ки назди аҳли ҳадис вуҷуд дорад, вале ононро олим намесозад, дар ҳоле ки мӯъминонро олим месозад, ҳангоме ки онҳоро мешунаванд ва мефаҳманд ва ба дил месупоранд ва ба кор мебанданд ва аз ин рӯ, дар ҳадиси машҳури Набавӣ омадааст: «رُبَّ حامِلِ فِقْهٍ وَلا فِقْهَ لَهُ وَرُبَّ حامِلِ فِقْهٍ إِلی مَنْ هُوَ أَفْقَهُ مِنْهُ»[4]; <<Чи бисёр ҳомили донише ки худ донише надорад ва чи бисёр ҳомили донише ба сӯӣ касе ки аз ӯ донишмандтар аст>>.

↑[1] . Анъом/ 148
↑[3] . Фотир/ 28
↑[4] . Сунани Дорамӣ, ҷ1, с74 ва 75; Сунани ибни Моҷа, ҷ1, с84, 85 ва 86; Сунани Абӣ Довуд, ҷ2, с179; Сунани Тирмизӣ, ҷ4, с141
Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ Бахши посухгӯӣ ба пурсишҳо
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок бигзоред.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Метавонед ин матлабро ба забонҳои зер низ мутолеъа кунед:
Агар бо забони дигаре ошнойи доред, метавонед ин матлабро ба он тарҷума кунед. [Фори тарҷума]
×
Фори тарҷума
Лутфан коди амниятиро ворид кунед.
Captcha
Навиштани пурсиш
Корбари гиромӣ! Шумо метавонед пурсишҳои худро дар бораи осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш посух дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Мумкин аст номи шумо ба унвони нависандаи пурсиш дар пойгоҳ намоиш дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.
Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:
1 . Мумкин аст ба пурсиши шумо дар пойгоҳ посух дода шуда бошад. Аз ин рӯ, беҳтар аст пеш аз навиштани пурсиши худ, пурсишҳои муртабитро мурур ё аз имкони ҷустуҷӯ дар пойгоҳ истифода кунед.
2 . Аз сабт ва ирсоли пурсишҳои ҷадид пеш аз дарёфти посухи пурсиши қаблӣ, худдорӣ кунед.
3 . Аз сабт ва ирсоли беш аз як пурсиш дар ҳар навбат, худдорӣ кунед.
4 . Авлавияти мо, посухгӯйи ба пурсишҳои марбут бо имом Маҳдӣ алайҳи салом ва заминасозӣ барои зуҳури ӯст; Чароки дар ҳоли ҳозир, аз ҳар чизе муҳимтар аст.
* Лутфан коди амниятиро ворид кунед. Captcha loading