Шанбе 26 сентябр 2020 мелодӣ баробар бо 8 сафар 1442 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
(24) Эътиқод ба зуҳури Маҳдӣ, як эътиқоди занни ё хиёлӣ нест, балки аз асилтарин ва яқинитарин эътиқодоти муштараки Исломи аст; Чунонки беш аз чиҳл нафар аз асҳоби Паёмбар, хабари ӯро барои даҳо нафар аз тобеъони худ ва ба воситаи онон барои садҳо нафар аз мусалмонон, аз он Ҳазрат ривоят кардаанд ва бисёрӣ аз аъимаи ҳадис, ба сиҳҳат ва тавотури он тасриҳ намудаанд ва бисёрӣ аз онон, дар бораи он китоби мустақилле нигоштаанд ва мазмуни он, мувофиқ бо ваъдаи Худованд дар Қуръон аст. (Бахши: Пурсишҳо ва посухҳо)
loading
Пурсиш ва посух
 

Назари алломаи Хуросонӣ дар мавриди телефонҳои тасвирӣ чист? Оё истифода аз онҳо аз назари шаръӣ ҳаром аст?

Тамоси телефонии тасвирӣ дар сурате ки иъонати кофирон аз ҳайси иқтисодӣ ё амниятӣ набошад, ба зоти худ ҳукме надорад ва ҳукми он тобеъи ҳукми чизе аст ки дар он дида ва шунида мешавад. Бо ин ҳол, беҳтар аст ки истифода аз ин қабил абзорҳои ҷадиди ғарбӣ, маҳдуд ба ҳадди зарурат бошад; Чароки ғолибан тавлил ва ишоъаи онҳо дар чаҳорчӯби низоми сармоядорӣ ва мубтанӣ бар аҳдофи истеъморӣ аст ва таҷриба нишон додааст ки ривоҷи онҳо дар миёни мусалмонон паёмбадҳои фарҳангии хубе надорад. Интернет, моҳвора, теливизиун, радио, телефон ва монанди он, имрӯз дар кантроли комили кофирон ва золимон қарор дорад ва дар ҷиҳати манофеъи сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии онон пуштибонӣ ва мудирият мешавад. Аз ин рӯ, ҳазарти аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло, корбурди ин қабил абзорҳоро барои касоне ки ба онҳо ниёзи мубраме надоранд, тавсия намекунад ва худ то ҳадди мумкин аз онҳо мепарҳезад; Чунонки бархӣ ёронамон моро хабар доданд, гуфтанд:

«کانَ ٱلْمَنْصُورُ یَکْرَهُ أَنْ یَمُسَّ نَقْداً بِیَدِهِ کَأَنَّما یَسْتَقْذِرُهُ فَیَقُولُ لِأَصْحابِهِ: خُذُوهُ وَ کانَ لا یَنْظُرُ إِلَی ٱلتِّلْفازِ إِلّا مِنْ ضَرُورَةٍ وَ کانَ لا یَحْمِلُ مَعَهُ جَوّالاً وَ کانَ أَشَدَّ شَيْءٍ کَراهَةً عِنْدَهُ ٱلْإِنْتِرْنِتُ، فَقُلْنا لَهُ: أَ حَرامٌ هِيَ؟! قالَ: لا وَ لٰکِنِّي أَجِدُ مِنْها قَساوَةً فَأَعافُها»; <<Ҳазрати Мансур аз инки пулеро бо дасти худ ламс кунад кароҳат дошт чунонки гӯйи онро нопок медонист, пас ба ҳамроҳони худ мефармуд: Бигиредаш ва ҷуз барои зарурате ба теливизиун наменигарист ва ҳаргиз бо худ телефони ҳамро ҳамл намекард ва макрӯҳтарин чиз дар наздаш интернет буд, пас ба он ҳазрат гуфтем: Оё инҳо ҳаром аст?! Фармуд: На, вале ман аз инҳо қасовате эҳсос мекунам, пас дурӣ меҷӯям>>.

Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ Бахши посухгӯӣ ба пурсишҳо
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок бигзоред.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Метавонед ин матлабро ба забонҳои зер низ мутолеъа кунед:
Агар бо забони дигаре ошнойи доред, метавонед ин матлабро ба он тарҷума кунед. [Фори тарҷума]
×
Фори тарҷума
Лутфан коди амниятиро ворид кунед.
Captcha
Навиштани пурсиш
Корбари гиромӣ! Шумо метавонед пурсишҳои худро дар бораи осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш посух дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Мумкин аст номи шумо ба унвони нависандаи пурсиш дар пойгоҳ намоиш дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.
Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:
1 . Мумкин аст ба пурсиши шумо дар пойгоҳ посух дода шуда бошад. Аз ин рӯ, беҳтар аст пеш аз навиштани пурсиши худ, пурсишҳои муртабитро мурур ё аз имкони ҷустуҷӯ дар пойгоҳ истифода кунед.
2 . Аз сабт ва ирсоли пурсишҳои ҷадид пеш аз дарёфти посухи пурсиши қаблӣ, худдорӣ кунед.
3 . Аз сабт ва ирсоли беш аз як пурсиш дар ҳар навбат, худдорӣ кунед.
4 . Авлавияти мо, посухгӯйи ба пурсишҳои марбут бо имом Маҳдӣ алайҳи салом ва заминасозӣ барои зуҳури ӯст; Чароки дар ҳоли ҳозир, аз ҳар чизе муҳимтар аст.
* Лутфан коди амниятиро ворид кунед. Captcha loading