Панҷшанбе 26 ноябр 2020 мелодӣ баробар бо 10 рабеъ-ул-сони 1442 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
(14) Агар ба вуҷуди Худованд имон доред, лозим аст ба ин ҳақиқати маҳтум гардан ниҳед ки ҳукумат бар ҷаҳон танҳо аз они Ӯст ва инсон шойистагии онро надорад ки бар инсон ҳукумат кунад. Таҳаққуқи адолат дар ҷаҳон, дар гарави таҳаққуқи ҳокимияти Худованд бар он аст ва ҳокимияти Худованд бар он ҳангоме таҳаққуқ меёбад ки халифаи Ӯ дар он ба ҳокимият даст ёбад. (Бахши: Нақдҳо ва баррасиҳо)
loading
Пурсиш ва посух
 

Бо арзи салом ва таҳиёт хидмати шумо; Суъоле доштам ки мухтасар аз маҳзаратон мепурсам.

Банда дар яке аз шаҳрҳои Инглистон сокин ҳастам ва бино бар зарурат барои адоъи намози зуҳр ва аср аз маҳалли корам ба масҷиде ки наздики маҳали корам воқеъ шудааст меравам. Мутаъссифона дар ин масҷид бародарони ба шиддат мутаъассиби суннӣ ҳузур доранд ки бо шеваи намоз хондани як шиъаи инсо ашарӣ яъне бо дасти боз ва истифода аз мӯҳр мушкил доранд ва ба ҳамин далил то кунун бархурдҳое бо ман доштаанд. Суъоли банда ин аст ки дар сурате ки эҳтимоли бархӯрди шадид ҳатто дар ҳадди зарбу ҷаҳр дар миён бошад, оё метавон ба унвони тақия бо дасти баста ва бидуни мӯҳр намоз хонад?

Аз вақте ки барои посух ба суъолам сарф мекунед бисёр муташаккирам.

Бино бар назари саҳиҳтар, ниҳодани дасти рост бар рӯйи дасти чап дар намоз, суннат нест; Зеро бештари ривоёте ки намози Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва салламро васф кардаанд, аз зикри он холӣ ҳастанд, балки дар ҳеҷ ривояти саҳиҳе зикре аз он наёмада ва ривоёти расида дар бораи он заъиф ё мурсал ё мавқуфанд ва ин назари аҳли байти Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ва назари Абдуллоҳ ибни Зубайр, Саъйид ибни Мусаяб, Саъйид ибни Ҷубайр, Атоъ, ибни Ҷурайҷ, Иброҳими Нахаъӣ, Ҳасани Басрӣ, Молик ибни Анас, Лайс ибни Саъд, Муҳаммад ибни Сирин ва бархи дигар аз тобеъин ва фақиҳон аст ва бо ин васф, касоне ки шуморо ба сабаби намоз гузордан бо дасти боз меозоранд, дар воқе ҳамаи ин гурӯҳ аз салафро озор медиҳанд; Хусусан бо таваҷҷуҳ ба инки ниҳодани дасти рост бар рӯйи дасти чап дар намоз, дар ҳеҷ як аз мазоҳиби Исломӣ воҷиб нест ва ҳар кас бидуни он намоз бигзорад, намози ӯ бино бар ҳамаи мазоҳиби Исломӣ саҳиҳ аст. Ҳамчунонки миёни онҳо ихтилофе нест ки саҷда бар хок ва сангреза суннат аст ва бо ин васф, саҷда бар гилҳои пухтае ки аҳли ташаюъ аз хок месозанд ва онро <<Мӯҳр>> меноманд, ишколе надорад, ҳар чанд беҳтарин саҷдагош хок ва сангрезае аст ки дар макони намоз мавҷуд аст; Чароки бар суннати Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам интибоқи бештаре дорад.

Аз нҷо дониста мешавад ки озор диҳандагони шумо дар ҳақиқат <<Алҳи суннат>> нестанд; Чароки на танҳо бо суннати Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам, балки бо мазоҳиби аъиммаи худ монанди Абу Ҳанифа, Молик, Шофеъӣ ва ибни Ҳанбал низ ошноӣ надорад.

Бо ин авсоф, агар барои шумо мумкин аст ки онон ё имоми онон дар масҷидро аз нукоти фавқ огоҳ кунед, воҷиб аст ки аз боби амри ба маъруф ва наҳй аз мункар ин корро анҷом диҳед то аз ҷаҳолат раҳойи ёбанд ва дигар музоҳими шумо нашаванд, вале агар барои шумо мумкин нест ё хатари қобили таваҷҷуҳе дорад, метавонед дар миёни онон бо дасти баста намоз бигзоред ва бар ғуборе ки одатан рӯйи фаршҳо нишастааст саҷда кунед; Чароки намоз гузордан бо дасти баста ҳаром нест ва мубтили намоз шумурда намешавад ва саҷда дар фаршҳо ба эътибори ғуборе ки рӯйи онҳо нишаста, кофӣ аст ва дар ҳар сурат, беҳтар аст ки намозро ба ҳамроҳи онон бигзоред; Чароки намоз бо ҷамоъат ба таълифи қулуби мусалмонон кӯмак мекунад ва аз бадгумонии онон ба якдигар мекоҳад ва Худованд ба ҳар чи дар синаҳост огоҳ аст.

Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ Бахши посухгӯӣ ба пурсишҳо
Таълиқот
Пурсишҳо ва посухҳои фаръӣ
Пурсиши
фаръии 1
Нависанда: Муҳаммад
Тарих: 03/03/2016

Бо ташаккур аз барои вақту ҳавсалае ки сарф мекунед то ба диққат ба пурсишҳо ва шубаҳот посух диҳед. Суъоле доштам ва мамун хоҳам шуд ки посухе ба он марқум фармойед:

Дар посух ба яке аз суъолот дар хусуси ҷавози тақя дар намоз ба ҳангоми адоъи он дар ҳузури бародарони аҳли суннат марқум фармудед ки дар сурати эҳтимоли хатар метавон намозро бо дасти баста ва бидуни мӯҳр рӯйи фарш хонд. Суъол ин аст ки марзи тақия куҷост? Зеро барои як фарди тарсу ворид шудан ба масҷиди аҳли суннат яъне хатар ва барои фардӣ шуҷоъ ҳатто зарбу ҷарҳи ҷузъӣ ҳам мумкин аст муҷиби тақия набошад. Бояд ҳатман собиқаи қаблии бархурд ва даргирӣ бошад то битавон урфан гуфт ки эҳтимоли хатар вуҷуд дорад ё танҳо эҳсоси харат ҳам метавонад милок бошад?

Посух ба пурсиши
фаръии 1
Тарих: 05/03/2016

Милоки ҳукм дар тақия, <<Тарси шахсӣ>> нест, балки <<Тарси навъӣ>> аст ва мурод аз он тарсе аст ки барои навъи уқало вуҷуд дорад, монанди тарс аз қатл ё ҷарҳ ё зарб бидуни маслиҳати шаръии муҳимтар. Бинобарин, мусалмоне ки бо таваҷҷуҳ ба Қуръон ва шавоҳиди мавҷуд, эҳтимоли уқалоӣ медиҳад ки дар сурати иқомаи намоз бо дастҳои боз ва саҷда бар рӯйи хок, мақтул ё маҷрӯҳ ё мазруб мешавад бидуни онки маслиҳати шаръии муҳимтаре монанди таълим ва тарвиҷи суннат ҳосил ояд, муваззаф аст ки бо дастҳои баста ва бидуни саҷда бар рӯйи хок намоз гузорад, агарчи шахсан тарсе аз қатл ё ҷаҳр ё зарб надошта бошад; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿وَلَا تُلْقُوا بِأَيْدِيكُمْ إِلَى التَّهْلُكَةِ[1]; <<Ва худатонро бо дастҳотон ба ҳалокат наяндозед>>, бал агар чунин эҳтимоле намедиҳад низ –ҳаргоҳ умеде ба ҳусули маслиҳати шаръии муҳимтаре монанди таълим ва тарвиҷи суннат надорад– метавонад барои ҳамоҳангӣ бо аҳли масҷид дар корӣ машрӯъ, бо дастҳои баста ва бидуни саҷда бар рӯйи хок намоз гузорад; Чароки намоз гузоридан бо ин сурат шаръан ҳаром нест ва бо ин васф, мусалмоне ки бо ангезаи некукорона монанди таълифи қулуби мусалмонон ин корро анҷом медиҳад, гуноҳкор шумурда намешавад; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿مَا عَلَى الْمُحْسِنِينَ مِنْ سَبِيلٍ ۚ وَاللَّهُ غَفُورٌ رَحِيمٌ[2]; <<Бар некукорон роҳе (ба муъохиза) нест ва Худованд омӯзандаи меҳрубон аст>>.

↑[1] . Бақара/ 195
↑[2] . Тавба/ 91
Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ Бахши посухгӯӣ ба пурсишҳо
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок бигзоред.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Метавонед ин матлабро ба забонҳои зер низ мутолеъа кунед:
Агар бо забони дигаре ошнойи доред, метавонед ин матлабро ба он тарҷума кунед. [Фори тарҷума]
×
Фори тарҷума
Лутфан коди амниятиро ворид кунед.
Captcha
Навиштани пурсиш
Корбари гиромӣ! Шумо метавонед пурсишҳои худро дар бораи осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш посух дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Мумкин аст номи шумо ба унвони нависандаи пурсиш дар пойгоҳ намоиш дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.
Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:
1 . Мумкин аст ба пурсиши шумо дар пойгоҳ посух дода шуда бошад. Аз ин рӯ, беҳтар аст пеш аз навиштани пурсиши худ, пурсишҳои муртабитро мурур ё аз имкони ҷустуҷӯ дар пойгоҳ истифода кунед.
2 . Аз сабт ва ирсоли пурсишҳои ҷадид пеш аз дарёфти посухи пурсиши қаблӣ, худдорӣ кунед.
3 . Аз сабт ва ирсоли беш аз як пурсиш дар ҳар навбат, худдорӣ кунед.
4 . Авлавияти мо, посухгӯйи ба пурсишҳои марбут бо имом Маҳдӣ алайҳи салом ва заминасозӣ барои зуҳури ӯст; Чароки дар ҳоли ҳозир, аз ҳар чизе муҳимтар аст.
* Лутфан коди амниятиро ворид кунед. Captcha loading