Ҷумъа 29 Март 2024 мелодӣ / 18 Рамазон 1445 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
 Дарси ҷадид: Дарсҳое аз он ҷаноб дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад; Аҳодиси саҳиҳе аз Паёмбар дар ин бора; Ҳадиси 3. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Гуфтори ҷадид: Гуфторе аз он ҳазрат дар бораи инки фуру бурдани амдии сар дар об ҳаргоҳ сабаби расидани об ба гулӯ шавад, сабаби қазоъи рӯза аст. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Пурсиши ҷадид: Оё ақиқа кардан барои навзод, машрӯъ аст? Барои мутолеъаи посух, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед. Нақди ҷадид: Ман ба унвони касе ки даъвати ҷаноби Мансурро пазируфта ва мусаммам ба заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ аст, чигуна метавонам таколифи шаъии худам монанди намозу рӯза ва ҳаҷҷу закотро анҷом бидиҳам? Қабули даъвати ҷаноби Мансур сарфи назар аз инки барои зуҳури Маҳдӣ лозим аст, чи фойидае барои ман аз ҷиҳати амали ба таколифи шаръӣ дорад?! Барои мутолеъаи барраси, инҷоро клик кунед. Номаи ҷадид: Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он дар бораи шиддат гирифтани бало ҳушдор медиҳад ва иллати он ва роҳи пешгирӣ аз онро табйин мекунад. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Нуктаи ҷадид: Нуктаи «Як қадам монда ба субҳ» навиштаи «Илёс Ҳакимӣ» мунташир шуд. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед.
loading
Пурсиш ва посух
 

Оё тавассул кардан ба имом Маҳдӣ арвоҳуно фидо аз назари ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ кори дурусте мебошад ё на? Ва агар кори дурусте аст чи тавассулеро ин бузургвор пешниҳод мекунад? Лутфан иршод бифармойед.

Тавассул ба касе, ба маънои васила қарор додани ӯ барои таҳсили чизе аст ва бо ин васф, тавассул ба имом Маҳдӣ алайҳи салом, пеш аз ҳар чиз васила қарор додани ӯ барои таҳаққуқи ҳукумати Худованд ва иқомаи дини холис дар ҷаҳон аст ки бар ҳамаи мусалмонон воҷиб аст; Чароки он ҳазрат бино бар хабари мутавотири Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам, халифаи Худованд дар замин аст ва аз ин рӯ, танҳо василаи мавҷуд барои таҳаққуқи ҳукумати Худованд ва иқомаи дини холис дар ҷаҳон шумурда мешавад ва ҷойгузине барои ӯ мавҷуд нест то аз ӯ бениёз кунад ва бо ин васф, васила қарор додани ӯ бар ҳамаи мусалмонон воҷиб аст, агарчи мусталзими заминасозӣ барои зуҳураш бошад ва ин нкутае аст ки ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло, дар мабҳаси «Вуҷуби зоҳир кардани Маҳдӣ бар мардум» аз китоби шарифи «Бозгашт ба Ислом»[1], ба тафсил табйин фармудааст.

Ба илова, тавассул ба имом Маҳдӣ алайҳи салом ба маънои васила қарор додани он ҳазрат барои омурзиши гуноҳон дар даргоҳи Худованд низ аз он ҳазрат ки халифаи Худованд дар замин аст, коре мустаҳаб ва мандуб аст, балки вуҷуби он бар мусалмонон баъид нест; Чароки васила қарор додани Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам барои омурзиши гуноҳон дар даргоҳи Худованд ба унвони халифаи Ӯ дар замин, мустаҳаб ва мандуб, балки чи басо воҷиб будааст; Чунонки Худованд дар китоби худ фармудааст: ﴿وَلَوْ أَنَّهُمْ إِذْ ظَلَمُوا أَنْفُسَهُمْ جَاءُوكَ فَاسْتَغْفَرُوا اللَّهَ وَاسْتَغْفَرَ لَهُمُ الرَّسُولُ لَوَجَدُوا اللَّهَ تَوَّابًا رَحِيمًا[2]; «Ва агар онон ҳангоме ки ба худашон ситам карданд ба назди ту меомаданд ва аз Худованд омурзиш мехостанд ва Паёмбар барояшон омурзиш мехост, ҳатман Худовандро Тавбапазирӣ Меҳрубон меёфтанд» Ва фармудааст: ﴿وَإِذَا قِيلَ لَهُمْ تَعَالَوْا يَسْتَغْفِرْ لَكُمْ رَسُولُ اللَّهِ لَوَّوْا رُءُوسَهُمْ وَرَأَيْتَهُمْ يَصُدُّونَ وَهُمْ مُسْتَكْبِرُونَ[3]; «Ва чун ба онон гуфта шавад ки биёйед то Расули Худо бароиятон омурзиш бихоҳад сарҳошонро мегардонданд ва мебинишон ки боз медоранд дар ҳоле ки бузургӣ меҷӯянд»! Албатта манзур аз ин тавассул -чунонки пайдост- он аст ки мусалмонон ба назди халифаи Худованд дар замин биёянд ва аз ӯ бихоҳанд ки барояшон аз даргоҳи Худованд омурзиш бихоҳад, на инки дар гӯшаҳои дур аз ӯ бинишинанд ва ӯро зери лаб ё бо овози баланд бихонанд то ҳоҷаташонро дар даргоҳи Худованд бароварда созад; Чароки ин кор, бо вуҷуди шеваъи он дар миёни омма, асле дар шаръ надорад ва бар хилофи сирати оқилон аст; Бо таваҷҷуҳ ба инки шаръ, илми ба ғайб ва бароварда кардани ҳоҷати ниҳонро аз хусусиёти Худованд шумурда ва барои халифаи Ӯ дар замин зарурӣ надониста ва ба унвони мисол фармудааст: ﴿قُلْ لَا أَقُولُ لَكُمْ عِنْدِي خَزَائِنُ اللَّهِ وَلَا أَعْلَمُ الْغَيْبَ[4]; «Бигӯ ман ба шумо намегӯям ки ганҷинаҳои Худованд назди ман аст ва ғайб намедонам» Ва фармудааст: ﴿قُلْ لَا أَمْلِكُ لِنَفْسِي نَفْعًا وَلَا ضَرًّا إِلَّا مَا شَاءَ اللَّهُ ۚ وَلَوْ كُنْتُ أَعْلَمُ الْغَيْبَ لَاسْتَكْثَرْتُ مِنَ الْخَيْرِ وَمَا مَسَّنِيَ السُّوءُ[5]; «Бигӯ ман барои худам суд ё зиёнеро молик нестам магар чизе ки Худованд бихоҳад ва агар ғайб медонистам бар хайр меафзудам ва шарре ба ман намерасид» Ва оқилон низ якдигарро дар ғиёб намехонанд, балки ба назди якдигар мераванд ва ниёзи худро ҳузуран изҳор медоранд. Аз ин рӯ, бар мусалмонон воҷиб аст ки ба назди Маҳдӣ алайҳи салом бираванд ва аз ӯ бихоҳанд ки барояшон дуъо ва истиғфор кунад ва агар ин кор ҳамакнун барояшон мақдур нест, ба сабаби тақсири худашон дар таъмини муқаддамоти он аст ва бо ин васф, бар онон воҷиб аст ки фавран муқаддамоти онро таъмин кунанд, на инки ба нишастан дар гӯшае ва хондани Маҳдӣ алайҳи салом аз дур басанда кунанд ва таъмини муқаддамоти он бо иҷтимоъи шуморӣ кофӣ аз онон барои ҳифозат ва ҳимоят аз он ҳазрат мумкин аст ки ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъалло парчами онро барафроштааст ва ба сӯӣ он даъват мекунад.

Бале, дуъои мусалмонон ба даргоҳи Худованд бо васила қарор додани ваҷоҳат ва ҳурмати Маҳдӣ алайҳи салом ба ин тартиб ки аз Худованд бихоҳанд то ба ваҷоҳат ва ҳурмати он Ҳазрат, гуноҳонашонро бибахшад ва ҳоҷаташонро бароварда созад, ишколе надорад; Зеро чизе ки сабаби истеҳбоб ё вуҷуби талаби дуъо ва истиғфор аз он Ҳазрат аст, ваҷоҳат ва ҳурмати ӯ назди Худованд аст ва бо ин васф, васила қарор додани он дар дуъо ба даргоҳи Худованд, мунофӣ бо ақл ва шаръ нест; Ҷуз онки дуъои мушаххас ва мӯътабаре барои ин кор ривоят нашуда ва дуъоҳои расида, ғолибан фоқиди санад аст; Фориғ аз авроди ғарибе ки хитоб ба Маҳдӣ алайҳи салом фароҳам омада ва умуман сохтагӣ аст ва хондани онҳо бо эътиқод ба расиданашон аз он Ҳазрат ё падарони бузугворашон ҷойиз нест, балки муроқибат бар онҳо ба унвони амалӣ ибодӣ аз масодиқи бидъат шумурда мешавад ва бо ин васф, беҳтар аст ки ҳар мусалмоне бо ибороти худ ба даргоҳи Худованд дуъо кунад ва аз Ӯ бихоҳад ки ба ваҷоҳат ва ҳурмати Маҳдӣ алайҳи салом, гуноҳони ӯро бибахшад ва ҳоҷаташро бароварда созад; Ҳамчунонки шойиста аст бо ибороти худ ба даргоҳи Худованд дуъо кунад ва аз Ӯ бихоҳад ки ба фазлу раҳматаш, Маҳдӣ алайҳи саломро аз ҳамаи офот ва шарур ҳифз кунад ва мусалмононро ҳар чи зудтар ба заминасозӣ барои зуҳури он Ҳазрат ҳидоят фармояд; Чароки бисёр Бахшоянда ва Мерубон аст ва ганҷинаҳои эҳсонашро поёне нест.

↑[1] . с 289
↑[2] . Нисоъ/64
↑[3] . Мунофиқун/5
↑[4] . Анъом/50
↑[5] . Аъроф/188
Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ Бахши посухгӯйи ба пурсишҳо
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок гузоред, то ба густариши илм ва маърифати динӣ кӯмак кунед. Шукронаи ёд гирифтани як нуктаи ҷадид, ёд додани он ба дигарон аст.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Метавонед ин матлабро ба забонҳои зер низ мутолеъа кунед:
Агар бо забони дигаре ошнойи доред, метавонед ин матлабро ба он тарҷума кунед. [Форми тарҷума]
Навиштани пурсиш
Корбари гиромӣ! Шумо метавонед пурсишҳои худро дар бораи осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш посух дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Мумкин аст номи шумо ба унвони нависандаи пурсиш дар пойгоҳ намоиш дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.
Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:
1 . Мумкин аст ба пурсиши шумо дар пойгоҳ посух дода шуда бошад. Аз ин рӯ, беҳтар аст пеш аз навиштани пурсиши худ, пурсишҳои муртабитро мурур ё аз имкони ҷустуҷӯ дар пойгоҳ истифода кунед.
2 . Аз сабт ва ирсоли пурсишҳои ҷадид пеш аз дарёфти посухи пурсиши қаблӣ, худдорӣ кунед.
3 . Аз сабт ва ирсоли беш аз як пурсиш дар ҳар навбат, худдорӣ кунед.
4 . Авлавияти мо, посухгӯйи ба пурсишҳои марбут бо имом Маҳдӣ алайҳи салом ва заминасозӣ барои зуҳури ӯст; Чароки дар ҳоли ҳозир, аз ҳар чизе муҳимтар аст.