Чоршанбе 2 декабр 2020 мелодӣ баробар бо 16 рабеъ-ул-сони 1442 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
(36) Мансури Ҳошимии Хуросонӣ сирфан олимӣ мусалмон аст ки бо ҳадафи зоҳир сохтани Маҳдӣ ва расондаи ӯ ба қудрат, қиём кардааст ва мусалмононро ба байъат бо он ҳазрат ба ҷойи байъат бо ин ва он фаро мехонад ва бадин сон барои иқомаи Исломи холис ва комил дар ҷаҳон заминасозӣ мекунад ва ба ҳамин ҷиҳат, ҳимоят аз ӯ бар ҳар мусалмоне воҷиб аст. (Бахши: Нақдҳо ва баррасиҳо)
loading
Пурсиш ва посух
 

Ба назари шумо воқеъгароӣ беҳтар аст ё ормонгароӣ?

Ба назар мерасад ки манзур аз <<Воқеъгароӣ>> муқаддам доштани воқеъият ва манзур аз <<Ормонгароӣ>> муқаддам доштани ормон аст ва бо ин васф, пурсиши шумо аз як пешфарзи нодуруст бархоста ва он ин аст ки миёни <<Воқеъият>> ва <<Ормон>> лузуман мунофоте вуҷуд дорад, дар ҳоле ки чунин мунофоте собит нест; Чароки <<Ормон>> метавонад бо <<Воқеъият>> созгор бошад ва он ҳангоме аст ки аз омӯзаҳои Паёмбарон бархурдор бошад; Чунонки ба унвони намуна, таҳаққуқи адолати ҷаҳонӣ дар пртуви ҳокимияти халифаи Худованд дар замин, агарчи як ормони фавқулъода маҳсуб мешавад, комилан воқеъӣ ва имконпазир аст ва бо ин васф, гароиш ба он наметавонад бо <<Воқеъгароӣ>> мунофот дошта бошад. Бо ин ҳисоб, <<Воқъгароӣ>> ва <<Ормонгароӣ>> дар рӯӣ як сикка ҳастанд, машрут ба инки мубтанӣ бар воқеъиятҳо ва ормонҳои Исломӣ бошад. Чунонки даъвати ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ба сӯӣ иқомаи Исломи холис ва комил дар ҷаҳон, ҳар чанд ормонгароёна ба назар мерасад, воқеъгароёна аст; Зеро иқомаи Исломи холис ва комил дар ҷаҳон, ормони ҳамаи Паёмбарон будааст ва онон ҳакимтар аз он будаанд ки чизе мавҳум ва ғайри амалиро ормони худ қарор диҳанд ва орзуӣ хомро дар сар бипарваранд; Бал иқомаи Исломи холис ва комил дар ҷаҳон ба масобаи натиҷи ҳокимияти халифаи Худованд дар замин ва муқаддами адолати ҷаҳонӣ, ваъдаи Худованди ҳаким аст ва Худованди ҳаким ваъдаи худро хилоф намекунад ва бо ин васф, гароиш ба сӯӣ он, хобу хаёл ва таваҳҳум нест, бал ормонгароӣ аст ки айни воқеъиятгароӣ шумурда мешавад.

Бале, дар сурате ки <<Воқеъгароӣ>> ро ба маънои тамоюл ба ҳифзи вазъи мавҷуд ва <<Ормонгароӣ>> ро ба маънои тамоюл ба ислоҳи он бидонем, метавонем бигӯйем ки <<Ормонгароӣ>> аз <<Воқеъгароӣ>> беҳтар аст; Чароки ислоҳи вазъи мавҷуд, оқилонатар аст ва камол шумурда мешавад ва ба илова, бо хостаи Худованд ва рӯйкарди Паёмбаронаш ҳамоҳангтар аст; Бо таваҷҷуҳ ба инки Худованд ҳамеша ба ислоҳи вазъи мавҷуд амр карда ва Паёмбаронаш ҳамвора барои он иалош кардаанд ва бо ин васф, Ислом як ойини ормонгаро шумурда мешавад.

Ҳосил онаки агар мурод аз <<Ормонгароӣ>> муқаддам доштани ормон ва мурод аз <<Воқеъгароӣ>> муқаддам доштани воқеъият бошад, лузуман миёни он ду мунофоте нест; Чароки ормони Ислом воқеъияти он ва воқеъияти он ормони он аст, вале агар мурод аз <<Ормонгароӣ>> ислоҳоталабӣ ва мурод аз <<Воқеъгароӣ>> муҳофизаткорӣ бошад, бидуни шак <<Ормонгароӣ>> аз <<Воқеъгароӣ>> беҳтар аст; Чароки Ислом дар пайи ҳифзи вазъи мавҷуд нест, балки мусалламан дар пайи ислоҳи он аст.

Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ Бахши посухгӯӣ ба пурсишҳо
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок бигзоред.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Метавонед ин матлабро ба забонҳои зер низ мутолеъа кунед:
Агар бо забони дигаре ошнойи доред, метавонед ин матлабро ба он тарҷума кунед. [Фори тарҷума]
×
Фори тарҷума
Лутфан коди амниятиро ворид кунед.
Captcha
Навиштани пурсиш
Корбари гиромӣ! Шумо метавонед пурсишҳои худро дар бораи осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш посух дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Мумкин аст номи шумо ба унвони нависандаи пурсиш дар пойгоҳ намоиш дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.
Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:
1 . Мумкин аст ба пурсиши шумо дар пойгоҳ посух дода шуда бошад. Аз ин рӯ, беҳтар аст пеш аз навиштани пурсиши худ, пурсишҳои муртабитро мурур ё аз имкони ҷустуҷӯ дар пойгоҳ истифода кунед.
2 . Аз сабт ва ирсоли пурсишҳои ҷадид пеш аз дарёфти посухи пурсиши қаблӣ, худдорӣ кунед.
3 . Аз сабт ва ирсоли беш аз як пурсиш дар ҳар навбат, худдорӣ кунед.
4 . Авлавияти мо, посухгӯйи ба пурсишҳои марбут бо имом Маҳдӣ алайҳи салом ва заминасозӣ барои зуҳури ӯст; Чароки дар ҳоли ҳозир, аз ҳар чизе муҳимтар аст.
* Лутфан коди амниятиро ворид кунед. Captcha loading