أَخْبَرَنَا يُونُسُ بْنُ عَبْدِ اللَّهِ الْخَتْلَانِيُّ، قَالَ: قُلْتُ لِلْمَنْصُورِ: خَرَجْتُ صَائِمًا وَالْعَطَشُ يُؤْذِينِي فَوَجَدْتُ نَهْرًا فَغَمَسْتُ فِيهِ رَأْسِي حَتَّى أَحْسَسْتُ بَرْدَ الْمَاءِ فِي حَلْقِي، فَظَنَنْتُ أَنَّ السَّمَاءَ سَقَطَتْ! قَالَ: عَلَيْكَ الْقَضَاءُ! قُلْتُ: أَلَيْسَتْ كَفَّارَةٌ؟ قَالَ: لَا وَلَوْ قَصَدْتَ شُرْبَ الْمَاءِ لَكَانَ عَلَيْكَ الْكَفَّارَةُ!

Тарҷумаи гуфтор:

Юнус ибни Абдуллоҳи Хатлонӣ моро хабар дод, гуфт: Ба Мансур гуфтам: Дар ҳоли рӯза берун омадам ва ташнагӣ озорам медод, пас наҳреро ёфтам, пас сари худро дар он фурӯ бурдам то инки хунакии обро дар гулӯям эҳсос кардам, пас (аз тарс) пиндоштам ки осмон афтод! Фармуд: Бар ӯҳдаи ту қазо аст! Гуфтам: Оё каффорае нест? Фармуд: На ва агар нӯшидани обро қасд карда будӣ, бар ӯҳдаи ту каффора буд!

Шарҳи гуфтор:

Бино бар назари он ҳазрат, се чиз аст ки рӯзаро ботил мекунад: Наздикӣ кардан, хӯрдан ва ошомидан; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿فَالْآنَ بَاشِرُوهُنَّ وَابْتَغُوا مَا كَتَبَ اللَّهُ لَكُمْ ۚ وَكُلُوا وَاشْرَبُوا حَتَّى يَتَبَيَّنَ لَكُمُ الْخَيْطُ الْأَبْيَضُ مِنَ الْخَيْطِ الْأَسْوَدِ مِنَ الْفَجْرِ ۖ ثُمَّ أَتِمُّوا الصِّيَامَ إِلَى اللَّيْلِ[1]; «Акнун бо онон наздикӣ кунед ва чизе ки Худованд бароятон муқаррар доштаастро биҷӯйед ва бихуред ва биёшомед то он гоҳ ки хатти саппедаи фаҷр бароятон аз хатти сиёҳ мутамойиз шавад, он гоҳ рӯзаро то шаб идома диҳед». Бо ин васф, фурӯ бурдани сар дар об дар сурате ботил кунандаи рӯза аст ки мисдоқи ошомидани об бошад; Ба ин тартиб ки аввалан аз рӯйи амд бошад, пас агар саҳван дар об бияфтад ё аз рӯйи фаромӯшӣ сарро дар он фурӯ бибарад, ишколе надорад, сониян ба ғайри зарурат бошад; Пас агар аз рӯйи зарурат ин корро анҷом диҳад ишколе надорад, солисан сабаби расидани об ба ҳалқ шавад; Пас агар сарро дар об фурӯ бубарад, вале чизе аз он ба ҳалқи ӯ нарасад, ишколе надорад. Бинобарин, дар сурате ки амдан ва бидуни зарурат сари худро дар об фурӯ бибарад ва чизе аз он нохоста ба ҳалқи ӯ фурӯ равад, бояд қазойи рӯзаро ба ҷо оварад, ҳар чанд каффорае бар ӯҳдаи ӯ нест.

↑[1] . Бақара/ 187