1 . أَخْبَرَنَا مُحَمَّدُ بْنُ عَبْدِ الرَّحْمَنِ الْهَرَوِيُّ، قَالَ: نَهَى الْمَنْصُورُ عَنْ بَيْعِ الْأَثْمَانِ إِلَّا مِثْلًا بِمِثْلٍ لَا يُزَادُ وَاحِدٌ عَلَى الْآخَرِ وَقَالَ: الصَّيَارِفَةُ عَلَى شَفَا حُفْرَةٍ مِنَ النَّارِ!

Тарҷумаи гуфтор:

Муҳаммад ибни Абдурраҳмони Ҳиравӣ моро хабар дод, гуфт: Мансур аз харид ва фурӯши пулҳо наҳй фармуд, магар мисл дар баробари мисл, ба сурате ки (арзиши) ҳеч як бештар аз (арзиши) дигарӣ набошад ва фармуд: Саррофҳо бар лабаи партгоҳе аз оташанд!

2 . أَخْبَرَنَا ذَاكِرُ بْنُ مَعْرُوفٍ الْخُرَاسَانِيُّ، قَالَ: سَأَلَهُ صَيْرَفِيٌّ عَنْ كَسْبِهِ فَقَالَ: إِنِّي أَسْتَبْدِلُ الْكَلْدَارَ بِالْأَفْغَانِيِّ فَآخُذُ عَلَى ذَلِكَ الْأَجْرَ! قَالَ: أَلَيْسَ النَّاسُ يَأْتُونَكَ؟ قَالَ: بَلَى، قَالَ: أَلَيْسَ لَكَ مَؤُونَةٌ؟ قَالَ: بَلَى، قَالَ: فَلَا بَأْسَ بِهِ! ثُمَّ قَالَ: أَتَقْبَلُ مِنِّي إِنْ أُوصِيَكَ؟ قَالَ الرَّجُلُ: وَاللَّهِ إِنْ أَوْصَيْتَنِي بِتَرْكِ مَكْسَبِي لَتَرَكْتُهُ! قَالَ: خُذْ سَوَاءً وَلَا تُشَارِطْ!

Тарҷумаи гуфтор:

Зокир ибни Маъруфи Хуросонӣ моро хабар дод, гуфт: Мардӣ сарроф аз он ҳазрат дар бораи касби худ пурсид ва гуфт: Ман калдорро ба афғонӣ табдил мекунам ва дар изои ин кор уҷрат мегирам! Фармуд: Оё на ин аст ки мардум ба наздат меоянд? Гуфт: Бале, фармуд: Оё на ин аст ки барои ту ҳазина дорад? Гуфт: Бале, фармуд: Пас ишколе надорад! Сипас фармуд: Оё аз ман мепазирӣ агар туро васият кунам? Мард гуфт: Ба Худо савганд агар манро амр кунӣ ки касбу корамро тарк кунам онро тарк мекунам! Фармуд: Масовӣ бигир ва шарт накун!

Шарҳи гуфтор:

Барои хондани шарҳе бар ин ду гуфтори нуронӣ, ба пурсиш ва посухи 140 муроҷиъа кунед.