Нависандаи пурсиш: Ҳомид Тарихи пурсиш: 15/2/2023

Ҳаддиақалли ҳиҷоб ва пӯшиши воҷиб барои мард чист?

Посух ба пурсиши шумораи: 10 Тарихи посух ба пурсиш: 25/2/2023

Ҳиҷоби воҷиб барои мард, дар иртибот бо сойири мардон ва дар иртибот бо заноне ки маҳрам ҳастанд, пӯшонидани аврат яъне ду фарҷ аст, ҳар чанд бо таваҷҷуҳ ба ривоёти мутавотир, пӯшондани ноф то зону дар иртибот бо онон, мустаҳабби муъаккад аст, то ҳадде ки тарки он ҷуз дар мавориди зарурат кароҳат дорад ва муҷиби заволи мурувват мешавад, вале дар иртибот бо занони номаҳрам, пӯшонидани ин қисмат кофӣ нест; Чароки Худованд занонро монанди мардон ба фуру пӯшонидани нигоҳ амр карда ва фармудааст: ﴿قُلْ لِلْمُؤْمِنِينَ يَغُضُّوا مِنْ أَبْصَارِهِمْ وَيَحْفَظُوا فُرُوجَهُمْ ۚ ذَلِكَ أَزْكَى لَهُمْ ۗ إِنَّ اللَّهَ خَبِيرٌ بِمَا يَصْنَعُونَ ۝ وَقُلْ لِلْمُؤْمِنَاتِ يَغْضُضْنَ مِنْ أَبْصَارِهِنَّ وَيَحْفَظْنَ فُرُوجَهُنَّ[1]; «Ба мардони мӯъмин бигӯ ки дидагони худро фуру пӯшонанд ва фарҷҳои худро пос доранд, ин барояшон покизатар аст, ҳаройина Худованд ба коре ки мекунанд огоҳ аст ва ба занони мӯъмин бигӯ ки дидагони худро фуру пӯшонанд ва фарҷҳои худро пос доранд» Ва ваҳдати сиёқ дар амри Ӯ далили бар ваҳдати таклиф аст; Ба ин маъно ки мардон ва занон ҳар ду мукаллаф ба як чиз ҳастанд ва он худдорӣ аз нигоҳ ба ҷойе аз бадани номаҳрамон аст ки маъмулан пӯшонида мешавад ва он дар занони мусалмон, ҳамаи бадан ба истиснои рӯй ва кафи дасти онон аст ки пӯшониданаш бар онон воҷиб аст ва дар мардони мусалмон, ҳамаи бадан ба истиснои сар, рӯй, дастҳо то оринҷ ва поҳо то ду баромадагӣ аст ки дар вузу шуста ё масҳ мешавад ва ин назари аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло аст; Чунонки яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт:

«قُلْتُ لِلْمَنْصُورِ: مَاذَا يَجُوزُ لِلْمَرْأَةِ أَنْ تَنْظُرَ إِلَيْهِ مِنَ الرَّجُلِ الَّذِي لَيْسَ لَهَا بِذِي مَحْرَمٍ؟ قَالَ: تَنْظُرُ إِلَى مَا يَكْشِفُ عَنْهُ لِلْوُضُوءِ، وَلَا تَنْظُرُ إِلَى مَا وَرَاءَ ذَلِكَ، فَإِنَّ اللَّهَ يَقُولُ: ﴿قُلْ لِلْمُؤْمِنَاتِ يَغْضُضْنَ مِنْ أَبْصَارِهِنَّ﴾، قُلْتُ: إِنَّهُمْ يَقُولُونَ: تَنْظُرُ إِلَى مَا فَوْقَ السُّرَّةِ وَتَحْتَ الرُّكْبَةِ، قَالَ: ذَاكَ لِذَاتِ الْمَحْرَمِ»; «Ба Мансур гуфтам: Нигоҳ кардан ба кадом қисмат аз бадани марди номаҳрам барои зан ҷойиз аст? Фармуд: Ба ҷоҳойе ки барои вузу ошкор мекунад менигарад ва ба ҷоҳои дигар нигоҳ намекунад; Чароки Худованд мефармояд: <Ба занони мӯъмин бигӯ нигоҳашонро фуру пӯшонанд>, Гуфтам: Онон мегӯянд: метавонад ба болои ноф ва зери зону нигоҳ кунад, фармуд: Он барои зани маҳрам аст».

Бинобарин, барои зан ҷойиз нест ки ба ҷойе аз бадани марди номаҳрам, ҷуз сар, рӯй, дастҳо то оринҷ ва поҳо то ду баромадагӣ нигоҳ кунад, ҳар чанд аз рӯӣ шаҳват набошад; Зеро ин кор, монанди нигоҳ кардани мард ба ҷойе аз бадани зани номаҳрам ҷуз рӯй ва ду кафи дасти ӯст ки мутлақан ҳаром аст. Ҳар чанд мутаъассифона бештари занони мусалмон, аз ин ҳукм ғофил ҳастанд ва мепиндоранд ки нигоҳ кардан ба ҳамаи бадани мардони номаҳрам ҷуз авраташон барои онон ҷойиз аст; Ҳамчунонки бештари мардони мусалмон низ аз ин ҳукм огоҳӣ надоранд ва аз ин рӯ, гоҳ пироҳан ва ҳатто шалвори худро дар баробари занони номаҳрам дармеоваранд ва аз инки сина, камар, шикам, рон, соқ ва бозуҳояшон барои онон ошкор шавад, боке надоранд; Гӯйи ки шаҳват барои мардон аст ва барои занон вуҷуд надорад, дар ҳоле ки қатъан чунин нест ва занон низ метавонанд монанди мардон бо нигоҳ кардан ба бадани номаҳрам дучори барангехтагии ҷинсӣ шаванд, балки ривоят шудааст: «جُعِلَتِ الشَّهْوَةُ عَلَى عَشَرَةِ أَجْزَاءٍ، وَجُعِلَتْ تِسْعَةُ أَجْزَاءٍ مِنْهَا فِي النِّسَاءِ، وَوَاحِدَةٌ فِي الرِّجَالِ»[2]; «Шаҳват даҳ ҷузъ дорад ки нӯҳ ҷузъи он дар занон ва як ҷузъи он дар мардон қарор дода шудааст» Ва бо ин ҳисоб, занон ба худдорӣ аз нигоҳ ба бадани номаҳрам, аз мардон сазовортаранд; Хусусан бо таваҷҷуҳ ба инки ҳаёъ барои онон, ба иқтизоъи табиъаташон, заруритар аст ва нигоҳ ба бадани номаҳрам, ҷуз ҷоҳойе ки дар вузу ошкор мешавад, бо ҳаёъ мунофот дорад.[3]

↑[1] . Нур/ 30-31
↑[2] . Бингаред ба: Одобул Нисоъ Абдулмолик ибни Ҳабиб, с183; Кофии Кулайнӣ, ҷ5, с338; Мӯъҷамул Авсат Табаронӣ, ҷ1, с178; Ал-Хисол ибни Бобувей, с438; Ахбори Исфаҳон ибни Наъими Исфаҳонӣ, ҷ1, с387.
↑[3] . Барои огоҳии бештар дар ин бора, ба пурсиш ва посухи 535 Арабӣ муроҷиъа кунед.