Нависандаи пурсиш: Алӣ Розӣ Тарихи пурсиш: 7/11/2015

Оё ёд гирифтани сеҳр ва ҷоду ба манзури ботил кардан ва бе асар кардани он ва ё истифода дар ҷиҳати машрӯъ (масалан зарба задани ба душманони Ислом) ҷойиз аст?

Посух ба пурсиши шумораи: 5 Тарихи посух ба пурсиш: 11/11/2015

Ҳамчунонки оташ бо оташ хомӯш намешавад, ҷоду бо ҷоду ботил намешавад, балки бо дуъо ба даргоҳи Худованд ва тиловати оёти Ӯ ботил мешавад; Чунонки фармудааст: ﴿قَالَ مُوسَى مَا جِئْتُمْ بِهِ السِّحْرُ ۖ إِنَّ اللَّهَ سَيُبْطِلُهُ[1]; «Мӯсо гуфт: Чизе ки овардед ҷоду аст, ҳаройина Худованд онро ботил хоҳад кард». Вонгаҳе чизе ки ба душманони Ислом зарба мезанад ҷоду нест, балки иқомаи Ислом аст ва бо ин васф, ҷодугарӣ мутлақан ҷойиз нест, ҳар чанд огоҳӣ ёфтан аз равишҳои он барои пешгирӣ аз он ё тамйизи он аз мӯъҷиза дар мавоқеъи зарурат, ишколе надорад; Чунонки Худованд дар бораи Ҳорут ва Морут фармудааст: ﴿وَمَا يُعَلِّمَانِ مِنْ أَحَدٍ حَتَّى يَقُولَا إِنَّمَا نَحْنُ فِتْنَةٌ فَلَا تَكْفُرْ[2]; «Ва (ҷодуро) ба аҳаде наёмӯхтанд магар он гоҳ ки мегуфтанд: Мо танҳо озмойише ҳастем пас кофир нашав»; Яъне аз чизе ки фаро мегирӣ истифода накун; Ҳамчунонки иртибот бо шаётин ҷуз барои халифаи Худованд дар замин ҷойиз нест; Чунонки дар бораи Сулаймон алайҳи салом фармудааст: ﴿وَمِنَ الْجِنِّ مَنْ يَعْمَلُ بَيْنَ يَدَيْهِ بِإِذْنِ رَبِّهِ[3]; «Ва аз ҷин касоне пеши рӯи ӯ ба изни Парвардигораш кор мекарданд» Ва ошкор шудани онон барои авлиёъи Худованд, иртибот бо онон шумурда намешавад; Чароки яке аз ёронамон моро хаба дод, гуфт:

«ذُكِرَ عِنْدَ الْمَنْصُورِ أَحْمَدُ الْحَسَنُ، فَقَالَ: أَدْرَكْتُ شَيْطَانَهُ بِمُلْتَقَى الطَّرِيقَيْنِ، فَأَرَدْتُ أَنْ أَقْتُلَهُ فَهَرَبَ مِنِّي! أَلَا وَاللَّهِ لَوْ قَتَلْتُهُ لَارْتَاحَ الرَّجُلُ كَأَنَّمَا نَشِطَ مِنْ عِقَالٍ! قُلْتُ: أَلَهُ شَيْطَانٌ -جُعِلْتُ فِدَاكَ؟ قَالَ: نَعَمْ، وَيُقَالُ لَهُ الْمُتَكَوِّنُ، يَأْتِيهِ وَأَصْحَابَهُ فِي كُلِّ صُورَةٍ فَيُغْوِيهِمْ، إِلَّا أَنَّهُ لَا يَأْتِيهِمْ فِي صُورَةِ الْمَهْدِيِّ»[4]; «Назди Мансур аз Аҳмадул Ҳасан ёд шуд, пас фармуд: шайтонашро бар сари дуроҳӣ ёфтам, пас хостам ки ӯро бикушам, вале аз ман гурехт! Ба Худо савганд агар ӯро мекуштам, мард роҳат мешуд, чунонки гӯйи аз банд раҳо шудааст! Гуфтам: Оё барои ӯ шайтоне ҳаст -фидоят шавам? Фармуд: Оре ва номи он <мутакаввин> аст, бо ҳар чеҳрае ба назди ӯ ва ёронаш меояд ва ононро мефиребад, ҷуз инки бо чеҳраи Маҳдӣ ба назди онон намеояд».

↑[1] . Юнус/ 81
↑[2] . Бақара/ 102
↑[3] . Сабаъ/ 12
↑[4] . Гуфтори 19, фақараи 7