Нависандаи пурсиш: Алӣ Розӣ Тарихи пурсиш: 21/10/2015

Шиъа ба раҷъати бархӣ авлиё ва сиддиқин ва шуҳадо баъд аз зуҳури ҳазрати Маҳдӣ алайҳи салом эътиқод доранд. Назари аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар ин маврид чист?

Посух ба пурсиши шумораи: 1 Тарихи посух ба пурсиш: 23/10/2015

Раҷъати бархӣ мурдагон ба дунё пеш аз рӯзи Қиёмат, муҳол нест, балки мумки аст; Чароки Худованд дар китоби худ аз вуқуъи он хабар дода ва фармуддаст: ﴿أَلَمْ تَرَ إِلَى الَّذِينَ خَرَجُوا مِنْ دِيَارِهِمْ وَهُمْ أُلُوفٌ حَذَرَ الْمَوْتِ فَقَالَ لَهُمُ اللَّهُ مُوتُوا ثُمَّ أَحْيَاهُمْ ۚ إِنَّ اللَّهَ لَذُو فَضْلٍ عَلَى النَّاسِ وَلَكِنَّ أَكْثَرَ النَّاسِ لَا يَشْكُرُونَ[1]; «Оё надидӣ касонеро ки аз бими марг аз диёри худ берун шуданд дар ҳоле ки ҳазорон нафар буданд, пас Худованд ба онон фармуд бимиренд, сипас зиндаашон кард? Ҳаройина Худованд дорои фазле бар мардум аст, вале бештари мардум сипос намегузоранд»; Ҳамчунонки аз раҷъати гурӯҳе аз банӣ исроъил пас аз кушта шудан бо соъиқа[2] ва раҷъати Узайр алайҳи салом пас аз маргӣ сад сола[3] ва раҷъати мурдагоне бо дуъои Исо алайҳи салом ва иҷобати Худованд[4] хабар додааст; Балки гуфтори Худованд дар ояи ﴿وَحَرَامٌ عَلَى قَرْيَةٍ أَهْلَكْنَاهَا أَنَّهُمْ لَا يَرْجِعُونَ ۝ حَتَّى إِذَا فُتِحَتْ يَأْجُوجُ وَمَأْجُوجُ وَهُمْ مِنْ كُلِّ حَدَبٍ يَنْسِلُونَ[5]; «Ва ҳаром аст бар сарзамине ки онро нобуд кардем [ки бозгарданд], онон ҳаргиз боз намегарданд; То он гоҳ ки яъҷуҷ ва маъҷуҷ гушуда шаванд дар ҳоле ки аз ҳар баландӣ сарозер мешаванд» Зоҳир дар ин аст ки раҷъати ҳалокшудагон пас аз гушуда шудани яъҷуҷ ва маъҷуҷ, ҳаром нест; Чароки ﴿حَتَّى; «ё» ҳарфи ғоят аст ва бар интиҳои ҳурмати мазкур далолат дорад, ҷуз онки интиҳои ҳурмати мазкур мусталзими вуҷуби раҷъат нест. Бо ин васф, эътиқод ба имкони раҷъати бархӣ мурдагон ба дунё пеш аз рӯзи Қиёмат, воҷиб аст, вале эътиқод ба вуқуъи қатъии он, воҷиб нест; Чароки вуқуъи қатъии он, аз Қуръон ва суннати мутавотир дониста намешавад ва ақл низ зарурати онро дарк намекунад, агарчи имкони онро мепазирад; Бо таваҷҷуҳ ба инки Худованд бар ҳар коре тавоност.

↑[1] . Бақара/ 243
↑[2] . Бақара/ 56
↑[3] . Бақара/ 259
↑[4] . Моъида/ 110
↑[5] . Анбиёъ/ 95-96
Шумораи таълиқ: 1 Нависандаи таълиқ: Доввуд Тарихи таълиқ: 31/1/2020

Бо таваҷҷуҳ ба ояи 83 сураи Намл, оё байни рӯзе ки ҳар уммате гурӯҳе аз онон ки оёти Худоро такзиб мекунанд маҳшур мешаванд бо рӯзи Қиёмат ки ҳама маҳшур мешаванд тафовуте вуҷуд дорад? Агар бале оё ишора ба раҷъат аст? Худованд ба шумо тавфиқ диҳад.

Посух ба таълиқи: 1 Тарихи посух ба таълиқ: 4/2/2020

Мутакаллимони шиъа барои исботи вуқӯъи раҷъат, ба ояи 83 сураи Намл истинод кардаанд ки фармудааст: ﴿وَيَوْمَ نَحْشُرُ مِنْ كُلِّ أُمَّةٍ فَوْجًا مِمَّنْ يُكَذِّبُ بِآيَاتِنَا فَهُمْ يُوزَعُونَ; «Ва рӯзе ки аз ҳар уммате дастаеро аз касоне ки оётамонро такзиб мекунанд маҳшур мекунем, пас онон ба ҳам мулҳақ мешаванд», бо ин тафсир ки маҳшур кардани дастаи аз касоне ки оёти Худовандро такзиб мекунанд, наметавонад дар рӯзи Қиёмат анҷом шавад; Бо таваҷҷуҳ ба инки дар рӯзи Қиёмат ҳамаи онон маҳшур мешаванд, на дастае аз онон; Чунонки фармудааст: ﴿وَحَشَرْنَاهُمْ فَلَمْ نُغَادِرْ مِنْهُمْ أَحَدًا[1]; «Ва ононро маҳшур мекунем пас аҳаде аз ононро фуру намегузорем». Бинобарин, ояи мазкур бар раҷъати бархӣ такзиб кунандагони оёти Худованд пеш аз рӯзи Қиёмат далолат дорад[2], вале инсоф он аст ки ин тафсир саҳиҳ нест; Чароки «даста» дар ояи шарифа, пеш аз инки нозир ба такзиб кунандагони оёти Худованд бошад, нозир ба «уммат» аст; Чунонки фармудааст: ﴿مِنْ كُلِّ أُمَّةٍ فَوْجًا; «Аз ҳар уммате дастаеро» ва ин аз он рӯст ки такзиб кунандагони оёти Худованд аз ҳар уммате, ҳамаи он нестанд, балки дастае аз он ҳастанд; Бо таваҷҷуҳ ба инки дар ҳар уммате мӯъминоне ҳам вуҷуд доштаанд; Ҳамчунонки такзиб кунандагони оёти Худованд аз ҳар уммате, дастае аз такзиб кунандагони оёти Худованд ҳастанд, на ҳамаи онон; Бо таваҷҷуҳ ба инки дар умматҳои дигар такзиб кунандагони оёти Худованд маҳшур намешаванд, бал ин аст ки ҳамаи онон дар дастаҳои ҷудогона -аз ҳар уммате дастае- маҳшур ва сипас ﴿يُوزَعُونَ; «Ба якдигар мулҳақ мешаванд» ва ин чизе аст ки оёти дигар низ баён кардаанд; Монанди ояе ки фармудааст: ﴿يَوْمَ يُنْفَخُ فِي الصُّورِ فَتَأْتُونَ أَفْوَاجًا[3]; «Рӯзе ки дар Сур дамида мешавад, пас даста даста меоянд» ва ояе ки фармудааст: ﴿وَسِيقَ الَّذِينَ كَفَرُوا إِلَى جَهَنَّمَ زُمَرًا[4]; «Ва касоне ки кофир шуданд даста даста ба сӯи Ҷаҳаннам ронда мешаванд» ва ояе ки фармудааст: ﴿كُلَّمَا أُلْقِيَ فِيهَا فَوْجٌ سَأَلَهُمْ خَزَنَتُهَا أَلَمْ يَأْتِكُمْ نَذِيرٌ[5]; «Ҳар бор ки дастае дар он афканда мешаванд нигаҳбононашон аз онон мепурсанд ки оё шуморо бим диҳандае наёмад?!». Ба илова, чизе ки зуҳури оя дар рӯзи Қиёматро меафзояд, ояи пас аз он аст ки дар бораи дастаҳои маҳшур шуда фармудааст: ﴿حَتَّى إِذَا جَاءُوا قَالَ أَكَذَّبْتُمْ بِآيَاتِي وَلَمْ تُحِيطُوا بِهَا عِلْمًا أَمَّاذَا كُنْتُمْ تَعْمَلُونَ[6]; «То инки меоянд, пас (Худованд) ба онон мефармояд: Оё оётамро такзиб кардед дар ҳоле ки онҳоро ба дурустӣ нашинохтед ё чи кор буд ки мекардед?!», дар ҳоле ки мусалламан ин муъохиза ва хитоби бевоситаи Илоҳӣ, дар рӯзи Қиёмат анҷом мешавад, на дар дунё ва бо ин васф, далолати оя бар рӯзи Қиёмат возеҳ аст ва аз ин рӯ, ривоёти маъдуде ки онро бар раҷъат ҳамл кардаанд, қобили қабул нестанд; Бо таваҷҷуҳ ба инки аҳли байт ҳеч гоҳ бар хилофи китоби Худованд сухан намегӯянд; Чунонки фармудааст: «مَا أَتَاكُمْ عَنَّا مِنْ حَدِيثٍ لَا يُصَدِّقُهُ كِتَابُ اللَّهِ فَهُوَ بَاطِلٌ»[7]; «Ҳар ҳадисе аз мо ба шумо расид ки китоби Худованд онро тасдиқ намекунад, он ботил аст» ва фармудааст: «كُلُّ حَدِيثٍ لَا يُوَافِقُ كِتَابَ اللَّهِ فَهُوَ زُخْرُفٌ»[8]; «Ҳар ҳадисе ки бо китоби Худованд мувофиқат надорад, музахраф аст».

↑[1] . Каҳф/ 47
↑[2] . Бингаред ба: Ал-Эътиқодот Фий Дин Ал-Имомия ибни Бобувей, с62
↑[3] . Ан-Набаъ/ 18
↑[4] . Зумар/ 71
↑[5] . Мулк/ 8
↑[6] . Ан-Намл/ 84
↑[7] . Ал-Маҳосин Барқӣ, ҷ1, с221
↑[8] . Ал-Маҳосин Барқӣ, ҷ1, с221; Ал-Кофӣ Кулайнӣ, ҷ1, с69