Нависандаи пурсиш: Алӣ Розӣ Тарихи пурсиш: 21/10/2015

Оё эъҷози ададии Қуръон саҳиҳ аст? Бархӣ аз уламо тибқи ояи охири сураи Ҷин ва ояи 59 сураи Анъом ва оёту ривоёти дигар онро таъйид мекунанд. Масалан бархӣ аз шиъаён ба ҳамин далил мисолҳоеро аз Қуръон ҷиҳати исботи усули ақойид матраҳ мекунанд аз ҷумла инки теъдоди оёте ки дар онҳо калимаи имом ё аъима омада 12 ҳастанд ки бо теъдоди имомон ва хулафои Паёмбар баробар аст ва ин аз эъҷози Қуръон аст ва мавориди дигар.

Посух ба пурсиши шумораи: 1 Тарихи посух ба пурсиш: 23/10/2015

Ҳеч чиз дар китоби Худованд Ҳаким, бидуни ҳикмат нест ва бо ин васф, ҳамоҳангии аъдод дар он бо масодиқи берунияшон, метавонад шоҳиде барои ҳаққонияти он шумурда шавад, ҳар чанд наметавон ин ҳамоҳангиро далиле барои исботи чизе қарор дод ки қатъи назар аз он қобили исбот нест ва илм танҳо аз ҷониби Худованд Парвардигори ҷаҳониён аст.