Муҳаммад расули Худо

Дар ин рӯзҳое ки рахват ва хоболудагӣ бар мусалмонони ҷаҳон соя андохтааст, шоҳиди мавҷи ҷадиде аз иҳонат ба Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ва ҳимояти густарда ва аланӣ аз иҳонаткунандагон ба он Паёмбари раҳмат дар кишварҳои ғарбӣ хусусан Фаронса ҳастем ки тавассути мақомоти расмии ин кишвар ҳимоят ва ташвиқ мешавад.

Ин густохии бешармона, ҷилваи дигаре аз фарҳанги пушолӣ ва мунҳатти кофирони ғарбиро ошкор мекунад ки бо вуҷуди иддаъоҳои рангорангашон, ҳанӯз бадеҳиёт ва усули аввалияи инсонӣ монанди эҳтиром ба ақойиди дигаронро наёмӯхтаанд ва озурдану ҷариҳадор кардани эҳсосоти беш аз якуним милиёрд инсон дар ҷаҳон ва тавҳин ба муқаддасоти ононро ҳаққи ҳар кас ва мисдоқи озодии баён мешуморанд! Ин ҳамон чеҳраи воқеъии ғарб дар паси ниқоби демокросӣ ва ҳуқуқи башар аст ки ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло дар бораи он фармудааст:

«Зеро машҳуд аст ки бештари кофирон хусусан дар сарзаминҳои ғарбӣ, ба сабаби дур мондан аз марокизи тамаддун, аз лиҳози фарҳангӣ дар вазъияте наздик ба таваҳҳуш қарор доранд ва аз ҳйси инсонӣ, рушди кофӣ накардаанд ва бо ин васф, ба таълим ва тарбияти мусалмонон ниёзманданд... фарҳанги ҳоким бар ҷаҳони куфр, хусусан дар Аврупо ва Амрикои шимолӣ, намунаи комиле аз як барбарияти навин аст ки бар пояи ғароизи афсоргусехтаи ҳайвонӣ ва дар тазод бо қавонини фитрӣ ва инсонӣ шакл гирифта ва бо фарҳанги ваҳшии бархӣ қабоили бадавӣ, қобили муқоиса аст.»[1]

Бидуни шак ин иқдоми шарурона ва шайтонӣ, ба шиддат маҳкум ва мағзуби Худованд ва анбиёъ ва авлиёъ ва фариштагон Ӯ ва ҳамаи мусалмонон ва инсонҳои озода ва бо виҷдони ҷаҳон аст ва сукуту бетафовутӣ дар баробари он ба ҳеч ваҷҳ ҷойиз нест. Аз ин рӯ, мусалмонони ҷаҳон, дасти кам дар чунин бурҳае, бояд ихтилофоти худро канор бигзоранд ва яксадо ва ҳамоҳанг, дар баробари ҳаҷмаи кофирон ба асли Ислом ва Паёмбари азимушоъни он бойистанд ва бо иқдомоти худҷӯш ва санҷида, вокунишҳои муносиб ва муъассирро анҷом диҳанд ва дар айни ҳол, ҳокимони танбал ва фурумояи худро низ ба вокунишҳои лозим водоранд.

Дар ин росто, метавон чанд роҳкори амалиро пешниҳод дод:

1 . Интизор меравад пеш аз ҳар кас, худи мусалмонони Фаронса ки теъдодашон кам ҳам нест, дар маҳкумияти иҳонт ба Паёмбари Ислом таҷаммуъ кунанд ва тазоҳуроти густардаеро анҷом диҳанд ва нафрату хашми худ аз ин иқдоми зишт ва палидро ба гӯши масъулони ин кишвар ва иҳонаткунандагон ва ҳомиёни онон бирасонанд то беш аз ин ҷуръат пайдо накунанд ва дигар ба шарорати худ идома надиҳанд.

2 . Лозим аст ки сойири мусалмонон дар кишварҳои мухталиф аъам аз Исломӣ ва ғайри Исломӣ низ, тазоҳуроти ҳамоҳанг ва густардаеро шакл диҳанд ва хашму инзиҷори худро аз ин кори шайтонӣ эълом намоянд то ҳамаи ҷаҳониён дарёбанд ки мусалмонон беғайрат нестанд, балки нисбат ба муқаддасоти худ бисёр ҳассос ҳастанд ва иҳонат ба Паёмбарашонро ба ҳеч ваҷҳ таҳаммул намекунанд.

3 . Лозим аст ки дар фазои маҷозӣ низ, ҳамзамон бо фазои воқеъӣ, компайне тавассути мусалмонон, хусусан ҷавонони мутаъаҳҳиди фаъол дар ин ҳавза, дар маҳкумияти ин иқдоми шарурона ба роҳ бияфтад, то бо барҷаста кардани иборатҳои ҳимоятӣ ва тренд шудани хештегҳо дар сатҳи ҷаҳон, таваҷҷуҳи мардум, ҳукуматҳо ва ниҳодҳои фарҳангӣ ҷалб шавад ва ҳамагон табаъоти ин иқдомоти разилонаро дарк кунанд.

4 . Лозим аст ки тавлидоти Фаронса ва ҳар кишвари дигаре ки дар он озодона ба муқаддасоти мусалмонон иҳонат мешавад, тавассути ҳамаи мусалмонони ҷаҳон таҳрим шавад; Хоҳ ба сурати расмӣ ва давлатӣ ва хоҳ тавассути худи мардум ба сурати худҷӯш; Чароки зарари молӣ барои ин кофирони моддӣ ва дунёпараст аз ҳар чизи дигаре муҳимтар ва боздорандатар аст.

5 . Лозим аст ки ҳукуматҳои мусалмон, сафарӣ худро аз Фаронса ва ҳар кишвари дигаре ки дар он озодона ба муқаддасоти мусалмонон иҳонат мешавад, фаро бихонанд ва равобити худро то замони узрхоҳии расмии масъулони он кишвар ва тазмини адами такрори ин кори шайтонӣ қатъ кунанд; На онки ҳамзамон бо авҷгирии иҳонатҳо ба муқаддасоти мусалмонон, ба оддӣ крадани равобир худ бо Исроъил бипардозанд, то бо ин кори маънодор ва хоъинона, нифоқи худро ба намоиш бигзоранд ва ба Ислом ва мусалмонон даҳон каҷӣ кунанд!

Умед меравад ки бо ин тадобири муносиб ва санҷида, оташи иҳонат ва фитнаангезӣ дар кишварҳои ғарбӣ хомӯш шавад ва дигар кор ба ҷойе нарасад ки мусалмонӣ хашмгин, иҳонаткунандаеро дар хиёбон биёбад ва сар бибурад ва бо ин кори худ, баҳона ба дасти кофирон бидиҳад то бар иҳонатҳои худ бияфзоянд ва аз иҳонаткунандаи шарур, қаҳрамонӣ миллӣ бисозад!

Албатта шакке нест ки ҳамаи ин тадобир, муваққати ҳастанд ва чизе ки барои ҳамеша ба ҷавлони кофирон поён медиҳад, таҳаққуқи ҳокимияти Худованд бар замин тавассути халиваи Ӯ имом Маҳдӣ алайҳи салом аст ки бо ирода ва ҳиммати мусалмонон дар ростои ҳимояти кофӣ аз ӯ амалӣ аст ва ин заминасозӣ барои зуҳури ӯ маҳсуб мешавад ки таҳти раҳбарии ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуроснӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло ва дар чаҳорчӯбӣ наҳзати «Бозгашт ба Ислом» дар ҳоли анҷом аст ва умед меравад ки бо ҳамкорӣ ва ҳамандешии бештари мусалмонони озода ва ғаюр, суръати бештаре бигирад.

↑[1] . Бозгашт ба Ислом, с 72 ва 73