Нависандаи пурсиш: Ризо Розӣ Тарихи пурсиш: 15/10/2016

Оё мард метавонад бе далил ва аз рӯйи майл занашро талоқ диҳад?

Оё мард метавонад ғиёбӣ дар ҳузури ду шоҳид занашро талоқ диҳад?

Оё зан метавонад ба далили мушкилдор будани мард дар бачадор шудан аз ӯ талоқ бигирад? Таклифи зан чист? Хуб зан бача мехоҳад вале мард мушкил дорад.

Посух ба пурсиши шумораи: 1 Тарихи посух ба пурсиш: 17/10/2016

Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:

1 . Талоқ додани зан бидуни далил уқалойи нест ва зоҳиран ҳеҷ оқиле занашро бидуни далил талоқ намедиҳад; Чароки дастким аз чизе дар ӯ кароҳат дорад ва кароҳат доштан аз чизе дар ӯ далил маҳсуб мешавад. Бо ин васф, метавон гуфт ки назар ба умум ва итлоқи оёт ва ривоёт, талоқ додани зан ба ҳар далил «Саҳиҳ» аст ва мурод аз «Саҳиҳ» он аст ки воқеъ мешавад, на инки «Мубоҳ» аст; Зеро талоқ додани зан назар ба мафосиде ки барои фард ва ҷомеъа дорад, ҳеҷ гоҳ мубоҳ нест, балки баста ба далили он гоҳе ҳаром, гоҳе макрӯҳ, гоҳе мустаҳаб ва гоҳе воҷиб аст; Ба ин тартиб ки ҳаргоҳ бидуни айбе дар ақида ё амал ё зоҳири зан ва танҳо ба қасди озурдани ӯ бошад, ҳаром аст; Чароки Худованд фармуддаст: ﴿وَالَّذِينَ يُؤْذُونَ الْمُؤْمِنِينَ وَالْمُؤْمِنَاتِ بِغَيْرِ مَا اكْتَسَبُوا فَقَدِ احْتَمَلُوا بُهْتَانًا وَإِثْمًا مُبِينًا﴾[1]; «Ва касоне ки мардон ва занони мӯъминро бидуни чизе ки касб карда бошанд меозоранд ҳароина бӯҳтон ва гуноҳи ошкореро бар дӯш мегиранд»; Чунонки аз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ривоят шудааст ки вақте шунид Абу Аъюби Ансорӣ мехоҳад занашро талоқ диҳад, фармуд: «إِنَّ طَلَاقَ أُمِّ أَيُّوبَ لَحُوبٌ»; «Бегумон талоқи Умми Аъюб гуноҳ аст»[2] Ва ин ба сабаби он буд ки Умми Аъюб занӣ солеҳ буд ва ҳаргоҳ бидуни айби бузурге дар ақойид ва амали зан ва бештар ба далили айбе дар зоҳири ӯ бошад, макрӯҳ аст; Чароки Худованд фармудааст: ﴿فَإِنْ كَرِهْتُمُوهُنَّ فَعَسَى أَنْ تَكْرَهُوا شَيْئًا وَيَجْعَلَ اللَّهُ فِيهِ خَيْرًا كَثِيرًا﴾[3]; «Пас агар аз он занон кароҳат доред, чи басо аз чизе кароҳат доред ва Худованд дар он хайри касире қарор додааст» Ва ҳаргоҳ ба далили айби бузурге дар амали зан ба андозаи «Фисқ» бошад монанди инки бар тарки воҷиб ё иртикоби ҳароме исрор дошта бошад, мустаҳаб аст; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿أَفَمَنْ كَانَ مُؤْمِنًا كَمَنْ كَانَ فَاسِقًا ۚ لَا يَسْتَوُونَ﴾[4]; «Оё касе ки мӯъмин аст монанди касе аст ки фосиқ аст?! Яксон нестанд» Ва фармудааст: ﴿فَإِنْ تَرْضَوْا عَنْهُمْ فَإِنَّ اللَّهَ لَا يَرْضَى عَنِ الْقَوْمِ الْفَاسِقِينَ﴾[5]; «Агар шумо аз онҳо розӣ шавед Худованд аз гурӯҳи фосиқон розӣ намешавад» Ва аз қавли Мӯсо алайҳи салом фармудааст: ﴿فَافْرُقْ بَيْنَنَا وَبَيْنَ الْقَوْمِ الْفَاسِقِينَ﴾[6]; «Пас миёни мо ва миёни гурӯҳи фосиқон ҷудойи бияндоз» Ва ҳаргоҳ ба далили айби бузурге дар ақидаи зан ба андозаи «Куфр» ё «Нифоқ» бошад монанди инки бар эътиқод ба холиқ ё шореъ ё ҳокиме ҷуз Худованд ё инки яке аз заруриёти Ислом исрор дошта бошад, воҷиб аст; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿وَلَا تُمْسِكُوا بِعِصَمِ الْكَوَافِرِ﴾[7]; «Ва ҳамсарӣ бо занони кофирро нигоҳ надоред». Хулоса онки талоқ додани зан бидуни айбе дар ақида, амал ва зоҳири ӯ ва танҳо бо ҳадафи озурданаш, ҳаром ва бидуни айби бузурге дар ақида ва амали ӯ ва бештар бо лиҳози айбе дар зоҳираш, макрӯҳ ва ба далили айби бузурге дар амали ӯ ба андозаи «Фисқ», мустаҳаб ва ба далили айби бузурге дар ақидаи ӯ ба андозаи «Куфр», воҷиб аст ва дар ҳеҷ ҳоле мубоҳ маҳсуб намешавад; Зеро агар далиле барои тарҷиҳи он вуҷуд надошат бошад, марҷуҳ аст.

2 . Талоқ додани зан ба сурати ғиёбӣ, саҳиҳ аст; Чароки Худованд дар ҳеҷ як аз оёти худ, онро ба ҳузур дар назди зан муқайяд насохта, вале риъояти таҳорати зан аз ҳайз ва нифос дар сурати имкон ва гирифтани ду шоҳиди одил барои эйқоъи талоқ воҷиб аст; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿إِذَا طَلَّقْتُمُ النِّسَاءَ فَطَلِّقُوهُنَّ لِعِدَّتِهِنَّ﴾[8]«Ҳаргоҳ занонро талоқ медиҳед пас ононро дар иддаашон (яъне ҳолати туҳр) талоқ диҳед» Ва фармудааст: ﴿وَأَشْهِدُوا ذَوَيْ عَدْلٍ مِنْكُمْ﴾[9]; «Ва ду марди дорои адолат аз худатонро шоҳид бигиред»; Ҳамчунонки воҷиб аст вуқуъи талоқро ба иттилоъи зан бирасонад то битавонад аз замони он идда нигоҳ дорад.

3 . Зан дар ҳеҷ ҳоле наметавонад аз мард талоқ бигирад, вале метавонад бо мард сулҳ кунад то дар изои гирифтани бахше аз маҳри ӯ ё ҳамаи он ё молӣ дигар талоқаш диҳад; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿الطَّلَاقُ مَرَّتَانِ ۖ فَإِمْسَاكٌ بِمَعْرُوفٍ أَوْ تَسْرِيحٌ بِإِحْسَانٍ ۗ وَلَا يَحِلُّ لَكُمْ أَنْ تَأْخُذُوا مِمَّا آتَيْتُمُوهُنَّ شَيْئًا إِلَّا أَنْ يَخَافَا أَلَّا يُقِيمَا حُدُودَ اللَّهِ ۖ فَإِنْ خِفْتُمْ أَلَّا يُقِيمَا حُدُودَ اللَّهِ فَلَا جُنَاحَ عَلَيْهِمَا فِيمَا افْتَدَتْ بِهِ ۗ تِلْكَ حُدُودُ اللَّهِ فَلَا تَعْتَدُوهَا ۚ وَمَنْ يَتَعَدَّ حُدُودَ اللَّهِ فَأُولَئِكَ هُمُ الظَّالِمُونَ﴾[10]; «Талоқ ду бор аст, пас (дар ҳар бор) ё нигоҳ доштан ба шойистагӣ ва ё раҳо кардан бо некӣ аст ва барои шумо ҳалол нест ки чизе аз ончи ба занон пардохтаедро пас бигиред магар инки он ду (зан ва шавҳар) битарсанд ки ҳудуди Худовандро барпо надоранд, пас агар тарсидед ки ҳудуди Худовандро барпо надоранд ишколе надорад ки зан чизеро фидя бидиҳад (то мард ӯро талоқ диҳад), инҳо ҳудуи Худованд аст пас аз онҳо таҷовуз накунед ва ҳар кас аз ҳуҳуди Худованд таҷовуз кунад онон ҳамоно золимонанд». Оре, дар сурате ки мард ба далили арузи сафоҳат, аҳлияти худро аз даст бидиҳад, вале ӯ метавонад бо риъояти маслиҳаташ занашро талоқ диҳад; Ҳамчунонки агар ҳуқуқи шаръии занашро напардозад, ҳокими шаръи метавонад ӯро ба пардохти он ё талоқ додани занаш маҷбур кунад.

↑[1] . Аҳзоб/ 58
↑[2] . Нигоҳ кунед ба: Табаронӣ, Ал-Мӯъҷамул Кабир, ҷ12, с151; Зимахшарӣ, Ал-Фоъиқ Фий Ғурбатул Ҳадис, ҷ1, с285; Зейлаъӣ, Тахриҷул Аҳодисул Осор, ҷ1, с279; Ъайнӣ, Умдатул Қорӣ, ҷ14, с57; Кулайнӣ, Ал-Кофӣ, ҷ6, с55.
↑[3] . Нисоъ/ 19
↑[4] . Саҷда/ 18
↑[5] . Тавба/ 96
↑[6] . Моъда/ 25
↑[7] . Мумтаҳина/ 10
↑[8] . Талоқ/ 1
↑[9] . Талоқ/ 2
↑[10] . Бақара/ 229