Нависандаи нақд: Ҳамид Тарихи нақд: 4/1/2015

Ин бузургвор мӯътақид аст ки мардум дар зоҳир набудани Маҳдӣ муқассиранд ва ман ҳам инро қабул дорам, вале суъолам ин аст ки ҳоло дар шароъити феълӣ ки Маҳдӣ зоҳир нест, ба ҳар ҳол мардум чигуна метавонанд яқин ба аҳкоми Ислом пайдо кунанд?!

Посух ба нақди шумораи: 0 Тарихи посух ба нақд: 4/1/2015

Дар шароъити феълӣ ки Маҳдӣ зоҳир нест, мардум наметавонанд яқин ба аҳкоми Ислом пайдо кунанд ҷуз дар ҳадди заруриёт ва ин асари вазъӣ ва зоҳир набудани ӯст ки аз тақсири онон нашъат гирифта ва уқубате барои онон аз ҷониби Худованд ба сабаби ин тақсир аст; Чунонки фармудааст: ﴿ذَلِكَ بِمَا قَدَّمَتْ أَيْدِيكُمْ وَأَنَّ اللَّهَ لَيْسَ بِظَلَّامٍ لِلْعَبِيدِ[1]; «Он ба сабаби чизе аст ки дастҳотон пеш фиристода ва Худованд ба бандагон ситамкор нест». Ин дар ҳоле аст ки занн ба аҳкоми Ислом барои онон кифоят намекунад; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿إِنَّ الظَّنَّ لَا يُغْنِي مِنَ الْحَقِّ شَيْئًا[2]; «Бегумон занн чизеро аз ҳақ кифоят намекунад» Ва ин ба маънои бечорагии онон дар ғайбати Маҳдӣ аст ки бовараш барои онон сахт аст, вале вокеъият дорад ва ҳазрати Мансур аз он хабар медиҳад. Дар воқеъ эшон кӯшиш дорад ба мусалмонон бифаҳмонад ки вақте касе зарфи оби худро дар биёбонӣ хушк гум кардааст, наметавонад ташнагии худро бо чизи дигаре монанди рег ё хори биёбон бартараф намояд ва ҳалокати ӯ дар ин ҳолат, асари вазъӣ ва табиъӣ тақсири ӯ дар ҳифзи зарфи об аст, магар онки кӯшиш кунад ва зарфи оби худро бозёбад. Ҳол агар ӯ мепурсад ки то замони бозёфтани зарфи об, чигуна метавонад ташнагии худро бартараф намояд, посухе барои пурсиши ӯ вуҷуд надорад; Чароки мусалламан наметавонад аз реги тафтидаи биёбон ё хори газандаи он истифода намояд; Бо таваҷҷуҳ ба инки он барои ӯ кифоят намекунад ва ҷойгузине барои зарфи обаш нест. Ин ба он маъност ки Худованд чорае аз халифаи худ дар замин қарор надода ва ниёзи ба ӯро сарнавишти маҳтум ва абадии мардум сохта ва бо ин васф, муҷодилаи онон ба манзури ёфтани ҷойгузине барои ӯ бефоида аст. Ба иборати дигар, зоҳир набудани Маҳдӣ, мусибатӣ узмо ва зойеъаи ҷубронопазир аст ва талошҳои мардум барои пур кардани ҷои холии ӯ, пуч ва беҳуда аст. Дар чунин вазъияти ҳувлнок ва асафаборе, барои мардум беҳтар аст ки ба ҷои талаф кардани вақт ва неруи худ бо ин қабил муҷодилот ва талошҳои беҳосил, ҳар чи зудтар нидои Мансурро лаббайк гӯянд ва заминаи зуҳури Маҳдиро фароҳам созанд; Чароки ин оқилонатарин кор барои бечорагон ва саргаштагони биёбон аст, вале афсӯз ки бештари онон аҳли таъаққул нестанд.

↑[1] . Оли Имрон/182
↑[2] . Юнус/36