Нависандаи пурсиш: Бинтул Ҳудо Тарихи пурсиш: 9/10/2016

Бо таваҷҷуҳ ба ояи 11 сураи Тағобун, назари ҳазрати аллома дар мавриди чашми захм чист ва роҳи муқобила бо онро баён кунед.

Посух ба пурсиши шумораи: 5 Тарихи посух ба пурсиш: 13/10/2016

«Чашми захм» ба маънои зарар расондан ба дигарӣ бо нигаристан ба сӯӣ ӯ аз рӯйи ҳасуд ё эъҷоб, ақлан ва шаръан мумкин аст; Ақлан ба далили инки ваҷҳе барои истиҳолаи он вуҷуд надорад ва зарар расондан ба дигарӣ аз тариқи оддӣ монанди сеҳр бо таҷриба собит шуда ва шойеъ аст ва чи басо барои он тавзиҳотӣ илмӣ вуҷуд дорад, монанди инки инержии манфӣ ношӣ аз ҳасуд ё эъҷоб, метавонад бар рӯӣ модда асари манфӣ бигзорад ва шаръан ба далили инки Худованд дар китоби худ фармудааст: ﴿وَإِنْ يَكَادُ الَّذِينَ كَفَرُوا لَيُزْلِقُونَكَ بِأَبْصَارِهِمْ لَمَّا سَمِعُوا الذِّكْرَ وَيَقُولُونَ إِنَّهُ لَمَجْنُونٌ[1]; «Ва наздик аст касоне ки кофир шуданд туро бо чашмоҳи худ бияндозанд ҳангоме ки Қуръонро мешунаванд ва мегӯянд ки ӯ девона аст» Ва ривоёти расида аз Паёмбар бо ин мазмун ки «الْعَيْنُ حَقٌّ»; «Чашми захм ҳақ аст», тавотури маънавӣ, балки лафзӣ доранд[2]. Албатта рӯшан аст ки ин зарар расондан ба дигарӣ бо нигаристан ба сӯӣ ӯ аз рӯӣ ҳасуд ё эъҷоб монанди зарар расондан ба ӯ аз тариқи дигар, бо ояи 11 сураи Тағобун мунофоте надорад; Зеро дар ин оя омадааст: ﴿مَا أَصَابَ مِنْ مُصِيبَةٍ إِلَّا بِإِذْنِ اللَّهِ; «Ҳеҷ мусибате намерасад магар бо изни Худованд» ва «Чашми захм» низ мусибате аз масоъиб аст ва бо ин васф, ҷуз бо изни Худованд намерасад ва мурод аз изни Худованд барои масоъиб, «Изни ташриъии» Ӯ нест, балки «Изни таквинии» Ӯ ба маънои эҷоди имкон барои онҳо дар низоми офариниш ва монеъ нашудан аз онҳо пеш аз эҷоди асбобашон тавассути мардум аст, бо таваҷҷуҳ ба инки агар мехост имконе барои онҳо қарор намедод ё пас аз эҷоди асбобашон тавассути мардум монеъ аз онҳо мешуд ва аз ин рӯ, фармудааст: ﴿وَمَا أَصَابَكُمْ مِنْ مُصِيبَةٍ فَبِمَا كَسَبَتْ أَيْدِيكُمْ وَيَعْفُو عَنْ كَثِيرٍ[3]; «Ва ҳар мусибате ки ба шумо мерасад ба сабаби чизе аст ки дастҳотон касб кардааст ва аз бисёрӣ чашм мепӯшад», ба ин маъно ки аз бисёрӣ монеъ мешавад то ба мусибат наянҷомад, вале адолати Ӯ ва масолеҳи олияи ҷаҳон эҷоб мекунад ки дар маҷмӯъ ихтиёри мардумро салб накунад ва ба онон иҷоза диҳад ки масири зиндагии худро интихоб кунанд ва натойиҷи аъмолашонро бубинанад. Бинобарин, чашми захми дигарон бидуни изни Худованд нест, ҳамчунонки қатл, ҷарҳ, зарб ва озори онон бидуни изни Ӯ воқеъ намешавад, дар ҳоле ки ҳамаи ин корҳо назди Ӯ ҳаром аст.

Аммо аз оёт ва ривоёт дониста мешавад ки пешгирӣ аз «Чашми захм» тавассути чашм зананда ва касе ки чашм зада мешавад, мумкин аст; Ба ин тартиб ки чашм зананда аз ҳасодат дурӣ ҷӯяд ва ҳаргоҳ чизи эъҷоббарангезе дар дигарон мебинад, офаридагорашро ёд кунад ва бузург шуморад ва бигӯяд: ﴿مَا شَاءَ اللَّهُ لَا قُوَّةَ إِلَّا بِاللَّهِ; «Ин чизе аст ки Худованд хостааст ва ҳеҷ қуввате ҷуз ба сабаби Худованд нест»; Чунонки Худованд ба унвони намуна фармудааст: ﴿وَلَوْلَا إِذْ دَخَلْتَ جَنَّتَكَ قُلْتَ مَا شَاءَ اللَّهُ لَا قُوَّةَ إِلَّا بِاللَّهِ ۚ إِنْ تَرَنِ أَنَا أَقَلَّ مِنْكَ مَالًا وَوَلَدًا[4]; «Чаро ҳангоме ки ба боғи худ дохил шудӣ нагуфтӣ: Мошоъаллоҳ Ло Қуввата Иллоҳ Биллоҳ агар мебинӣ ки ман аз ту мол ва фарзанди камтаре дорам?!» Ва касе ки метарсад чашм зада шавад, то ҳадди мумкин аз худнамойи дурӣ ҷӯяд ва монанди Қорун набошад ки Худованд дар бораи ӯ фармудааст: ﴿فَخَرَجَ عَلَى قَوْمِهِ فِي زِينَتِهِ ۖ قَالَ الَّذِينَ يُرِيدُونَ الْحَيَاةَ الدُّنْيَا يَا لَيْتَ لَنَا مِثْلَ مَا أُوتِيَ قَارُونُ إِنَّهُ لَذُو حَظٍّ عَظِيمٍ[5]; «Пас дар зинати худ ба миёни қавмаш берун шуд, касоне ки зиндагии дунёро мехоҳанд гуфтанд эй кош барои мо ҳам чизе буд ки ба Қорун дода шуд, ӯ ба ростойи дорои баҳраи азим аст» Ва монанди писарони Яъқуб алайҳи салом бошад ки Худованд дар бораи онон фармудааст: ﴿وَقَالَ يَا بَنِيَّ لَا تَدْخُلُوا مِنْ بَابٍ وَاحِدٍ وَادْخُلُوا مِنْ أَبْوَابٍ مُتَفَرِّقَةٍ ۖ وَمَا أُغْنِي عَنْكُمْ مِنَ اللَّهِ مِنْ شَيْءٍ ۖ إِنِ الْحُكْمُ إِلَّا لِلَّهِ ۖ عَلَيْهِ تَوَكَّلْتُ ۖ وَعَلَيْهِ فَلْيَتَوَكَّلِ الْمُتَوَكِّلُونَ[6]; «Ва гуфт эй писарони ман! Ҳамагӣ аз як дарвоза ворид нашавед (ки таваҷҷуҳи дигаронро ба худ ҷалб кунед) ва аз дарвозаҳои мухталиф ворид шавед ва ман шуморо аз Худованд дар бораи чизе бениёз намекунам, ҳукм танҳо барои Худованд аст, бар Ӯ таваккул мекунам ва таваккул кунандагон бояд бар Ӯ таваккул кунанд» Ва Худовандро бисёр ёд кунад ва бар неъмате ки ба ӯ додаст сипос гузорад ва монанди Қорун набошад ки Худованд дар бораи ӯ фармудааст: ﴿قَالَ إِنَّمَا أُوتِيتُهُ عَلَى عِلْمٍ عِنْدِي[7]; «Гуфт ҷуз ин нест ки онро бо илме аз пеши худам ба даст овардаам» Ва сипас аз шарри ҳосидон ба Худованд паноҳ барад; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿قُلْ أَعُوذُ بِرَبِّ الْفَلَقِ ۝ مِنْ شَرِّ مَا خَلَقَ ۝ وَمِنْ شَرِّ غَاسِقٍ إِذَا وَقَبَ ۝ وَمِنْ شَرِّ النَّفَّاثَاتِ فِي الْعُقَدِ ۝ وَمِنْ شَرِّ حَاسِدٍ إِذَا حَسَدَ[8]; «Бигӯ ба Парвардигори сапедаи субҳ паноҳ мебарам аз шарри чизе ки офаридааст ва аз шарри ҳар торикӣ ҳангоме ки фаро мегирад ва аз шарри занони афсунгар ки дар гиреҳҳо медаманд ва аз шарри ҳар ҳосиде ҳангоме ки ҳасодат мекунад» Ва монанди мушрикон набошед ки сангеро ба худ мебанданд ва мепиндоранд ки ононро ҳифз мекунад, дар ҳоле ки он қодир ба ҳифзи чизе нест; Чунонки яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт:

   «رَأَی الْمَنْصُورُ حَجَراً فِي عُنُقِ رَجُلٍ فَقالَ لَهُ: ما هَذَا؟! قالَ: حَجَرٌ یَدْفَعُ عَنِّي الْبَلاءَ! فَأَخَذَهُ مِنْ عُنُقِهِ وَ أَلْقاهُ فِي النَّهْرِ ثُمَّ قالَ: ما دَفَعَ عَنْ نَفْسِهِ الْبَلاءَ فَکَیْفَ یَدْفَعُهُ عَنْكَ؟! تَوَكَّلْ عَلَى اللَّهِ وَ كَفَى بِاللَّهِ وَكِيلًا»; «Мансур сангеро бар гардани марде дид, пас ба ӯ фармуд: Ин чист? Гуфт: Санге аст ки балоро аз ман дафъ мекунад! Пас онро аз гардани ӯ гирифт ва дар ҷӯй андохт ва сипас фармуд: Балоро аз худаш дафъ накард, пас чигуна аз ту дафъаш мекунад?! Бар Худо таваккул кун ки Худо ба унвони мудофеъ кофӣ аст»!

Аммо оё барои дармони касе ки чашм зада шудааст роҳкоре афзун бар дуъо ва муъолиҷоти оддӣ вуҷуд дорад? Ривояти фаровоне бо ин мазмун расидааст ки агар чашм зананда аз обе вузу бигирад ё даст ва рӯйи ва пойи худро дар он бишӯяд ва сипас аз он бар рӯйи касе ки чашм зада шудааст рехта шавад ё ӯ аз он вузу бигирад, ба ӯ суд мерасонад ва чи басо ӯро дармон мекунад Ин Шоъ Аллоҳ[9] ва ин чизе аст ки ақлан муҳол нест ва агар касе –бо таваҷҷуҳ ба ривояти мазкур– аз рӯӣ раҷоъ анҷом диҳад, ишколе надорад.

↑[1] . Қалам/ 51
↑[2] . Нигоҳ кунед ба: Ҳаммо ибни Манба, с43; Мусаннафи Абдурраззоқ, ҷ11, с17 باب الرّقی و العین و النفث; Мусаннафи ибни Абӣ Шейба, ҷ5, с447; Муснади Аҳмад, ҷ1, с294; Ҳамон, ҷ2, с222 ва 420; Ҳамон, ҷ3, с447; Ҳамон, ҷ4, с67; ҷ5, с70 ва 146; Саҳиҳул Бухорӣ, ҷ7, с23 باب العین حقّ; Саҳеҳул Муслим, ҷ7, с13; Сунани ибни Моҷа, ҷ2, с1159; Сунани Абӣ Довуд, ҷ2, с224 باب ما جاء فی العین; Сунани Тирмизӣ, ҷ3, с268 باب ما جاء أنّ العین حقّ و الغسل لها; Насоъӣ, Ал-Сунанул Кубро, ҷ4, с380 Бобул Аъйн; Ҳоким, Ал-Мустадрак, ҷ4, с215; Сунани Байҳақӣ, ҷ9, с351 باب الإستغسال للمعین; Ибни Бастом, طبّ الأئمّة; с121 باب عوذة للعین; Табарсӣ, Макоримул Ахлоқ, с386.
↑[3] . Шӯро/ 30
↑[4] . Каҳф/ 39
↑[5] . Қасас/ 79
↑[6] . Юсуф/ 67
↑[7] . Қасас/ 78
↑[8] . Фалақ/ 1-5
↑[9] . Нигоҳ кунед ба: Сунани Тирмизӣ, ҷ3, с268 باب ما جاء أنّ العین حقّ و الغسل لها; Сунани Байҳақӣ, ҷ9, с351 باب الإستغسال للمعین.