Нависандаи пурсиш: Ризо Розӣ Тарихи пурсиш: 21/9/2016

Оё биринҷ закот дорад? Нисоби он чиқадар аст?

Оё закот додан фақат барои масраф кунанда аст ё касе ки ба қасди тиҷорат, гандум ё тилло ва ... ро мехарад то ду рӯз баъд бифурӯшад ҳам бояд закот диҳад?

Посух ба пурсиши шумораи: 7 Тарихи посух ба пурсиш: 24/9/2016

Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:

1 . Ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло дар китоби шарифи «Бозгашт ба Ислом»[1] руъуси аҳкоми «Закот» ро табйин фармудааст. Мутобиқ бо баёни эшон, Расули Худо саллаллоҳ алайҳи ва олиҳи ва саллам закотро дар гандум, ҷав, хурмо, кишмиш, тилло, нуқра, шутур, гов ва гӯсфанд қарор дода ва дар биринҷ қарор надодааст, вале халифаи Худованд дар сурати салоҳдид метавонад онро ба фарохури замон ва макон дар чизҳои дигаре аз ҷумла биринҷ қарор диҳад. Оре, ривоёте аз аҳли байт расидааст ки аз вуҷуди закот дар ҳар маҳсули зироъӣ паймонае монанди биринҷ ҳикоят дорад, вале ин ривоёт дар таъоруз бо ривоёти дигаре аз онон аст ки бар адами вуҷуди закот ҷуз дар маҳсулоти зироъии чаҳоргона ҳикоят дорад ва бо ин васф, ҳамли бар истиҳбоби закот дар ҳар маҳсули зироъӣ паймонае монанди биринҷ мешавад.

2 . Нисоби закот дар маҳсулоти зироъӣ бино бар ривоёти мутавотир, 5 васқ аст ки ҳар васқ 60 соъ ба соъи Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам аст ва ҳар соъи он ҳазрат бино бар назари машҳур 4 мудд дар ҳудуди 3 келограм ва бино бар назари ҳазрати аллома ҳафизаҳуллоҳ таъоло 5 мудд дар ҳудуди 3/5 келограм аст[2] ва бо ин ҳисоб, нисоби закот дар маҳсулоти зироъӣ, бино бар назари машҳур ҳудуди 850 келограм ва бино бар назари ҳазрати аллома ҳафизаҳуллоҳ таъоло ҳудуди 1044 келограм (сарфи назар аз тафовути вазни ҳаҷмӣ миёни гандум, ҷав, хурмо ва кишмиш) маҳсуб мешавад. Оре, пардохти закоти маҳсулоти зироъӣ ҳаргоҳ ба ин нисоб нарасанд, мустаҳаб аст, вале ҳар чи ба ин нисоб наздиктар мешаванд, истеҳбоби он муъаккадтар мешавад ва ҳаргоҳ андаке аз ин нисоб камтар бошанд, эҳтиёти воҷиб дар пардохтани закоти онҳост.

3 . Пардохтани закоти маҳсулоти зироъӣ бар ӯҳдаи молики онҳо дар рӯзи дарав кардан аст; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿وَآتُوا حَقَّهُ يَوْمَ حَصَادِهِ[3]; «Ва ҳаққи онро дар рӯзи дарав карданаш бипардозед»; Бо таваҷҷуҳ ба инки «Ҳаққи он» ё сирфан закот аст, бино бар қавл ба адами вуҷуди ҳаққе ҷуз закот дар мол ки қавли машҳур миёни мазоҳиби Исломӣ аст ва ё закотро дар бар мегирад, бино бар қавл ба вуҷуди ҳаққе ҷуз закот дар мол ки қавли Имомия ва Шфеъия аст ва бо ин васф, иддаъои бештари онон мабнӣ бар инки закотро дар бар намегирад, ба далили инки пардохти закот танҳо пас аз тасфия ва андозагирии маҳсул имкон дорад, мардуд аст; Чароки аз як сӯ тасфия ва андозагирии маҳсул «Дар рӯзи дарав карданаш» мумкин аст ва аз сӯӣ дигар «Дар рӯзи дарав карданаш» метавонад васфе барои «Ҳаққи он» бошад, на қайде барои «Бипардозед» ва бо ин васф, мумкин аст муроди Худованд вуҷуби пардохти ҳаққе бошад ки дар рӯзи дарав кардани маҳсул ба он таъаллуқ мегирад, агарчи миқдори он пас аз тасфия ва андозагирӣ маълум мешавад.

↑[1] . с322
↑[2] . Бингаред ба: Пурсиш ва посухи 143.
↑[3] . Анъом/ 141