Нависандаи нақд: Мӯҳсини Ҷаъфарзода Тарихи нақд: 11/7/2019

Худованд имомамон Маҳдӣ ва заминасози зуҳураш Мансурро аз шарри ҷамъи шаётини инсӣ ва ҷиннӣ ҳифз бифармояд.

Дар яке аз гуфторҳо, хитоб ба эшон гуфта шудааст: «أَشْهَدُ أَنَّكَ مِنَ الرَّاسِخِينَ فِي الْعِلْمِ»; «Гувоҳӣ медиҳам ки ту аз росихони дар илм ҳастӣ». Гурӯҳе аз шиъаён бо истинод ба ривоёте аз аҳли байти Паёмбар алайҳиму салом, тасаввур мекунанд ки шахси ғайри маъсум наметавонад аз «Росихони фил илм» бошад. Чигуна бояд ба ин гурӯҳ фаҳмонд ки ин гуна нест?

Посух ба нақди шумораи: 8 Тарихи посух ба нақд: 16/7/2019

«Росихони дар илм» касоне ҳастанд ки илм дар вуҷуди онон реша давонда ва муҳкам шуда ва рӯшан аст ки чунин ҳолате ба табаъи илм, дорои маротиб аст ва дар болотарин мартабаи он, анбиёъ ва авсиёъ қарор доранд ва дар маротиби поёнтари он, пайравони сиддиқ ва солеҳи онон ки ба онон иқтидо кардаанд; Чунонки унвони «Уламо» низ ҳамин гуна аст; Чароки аз аъимаи аҳли байт ривоят шудааст: «نَحْنُ الْعُلَمَاءُ وَشِيعَتُنَا الْمُتَعَلِّمُونَ وَسَائِرُ النَّاسِ غُثَاءٌ»[1]; «Мо уламо ҳастем ва пайравонамон мутаъаллимон ҳастанд ва сойири мардум хошоканд», дар ҳоле ки ба бархӣ пайравони сиддиқ ва солеҳи онон низ «Уламо» гуфта мешавад; Чароки аз илми онон ҳаззи вофир гирифтаанд; Монанди Саломни Форсӣ ки дар бораи ӯ ривоят шудааст: «سَلْمَانُ بَحْرُ الْعِلْمِ»[2]; «Салмон дарёи илм аст» Ва ривоят шудааст: «أَدْرَكَ الْعِلْمَ الْأَوَّلَ والْعِلْمَ الْآخِرَ وَهُوَ بَحْرٌ لا يُنْزَحُ»[3]; «Илми пешин ва илми пасинро ба даст овард ва ӯ дарёйе аст ки поён надорад» Ва ривоят шудааст: «إِنَّمَا صَارَ سَلْمَانُ مِنَ الْعُلَمَاءِ لِأَنَّهُ امْرُؤٌ مِنَّا أَهْلَ الْبَيْتِ، فَلِذَلِكَ نَسَبْتُهُ إِلَى الْعُلَمَاءِ»[4]; «Салмон ба ин далил аз уламо шуд ки ӯ марде аз мо аҳли байт аст, аз ин рӯ, ӯро аз уламо донистам». Бинобарин, мисдоқи икмоли росихини дар илм, анбиёъ ва авсиёъ ҳастанд, аммо пайравони сиддиқ ва солеҳи онон низ ба навбаи худ росихони дар илм дониста мешаванд; Чунонки Худованд ҳатто гурӯҳе аз яҳудиёнро «Росихони дар илм» дониста ва фармудааст: ﴿لَكِنِ الرَّاسِخُونَ فِي الْعِلْمِ مِنْهُمْ وَالْمُؤْمِنُونَ يُؤْمِنُونَ بِمَا أُنْزِلَ إِلَيْكَ وَمَا أُنْزِلَ مِنْ قَبْلِكَ[5]; «Вале росихони дар илм аз онон ва мӯъминон, ба чизе ки бар ту нозил шуд ва чизе ки пеш аз ту нозил шуд имон меоваранд» Ва ин сариҳи дар он аст ки касоне ҷуз анбиёъ ва авсиёъ низ метавонанд «Росихоони дар илм» бошанд, ҳаргоҳ ба анбиёъ ва авсиёъ имон оваранд. Бинобарин, набояд ривоёти расида аз аъимаи аҳли байтро бар хилофи китоби Худованд тафсир кард; Зеро ин ривоёт нозири ба пайравони сидиқ ва солеҳи аъимаи аҳли байт нестанд, бал нозир ба касоне ҳастанд ки худро дар арзи аъимаи аҳли байт қарор медиҳанд ва бидуни пайравӣ аз онон иддаъои росихи дар илм доранд, монанди аъимаи мазоҳиб; Чунонки дар ривояти расид аз Амири Мӯъминон ба ин нукта ишора шуда ва омадааст: «أَيْنَ الَّذِينَ زَعَمُوا أَنَّهُمُ الرَّاسِخُونَ فِي الْعِلْمِ دُونَنَا كَذِبًا وَبَغْيًا عَلَيْنَا»[6]; «Куҷоянд касоне ки пиндоштанд онон ҷудои аз мо росихони дар илм ҳастанд, бо дурӯғ бастан ва ситам кардан бар мо» Ва ин гӯёи ин аст ки иддаъои росихони дар илм бо дурӯғ бастан ва ситам кардан бар аъимаи аҳли байт нодуруст аст, на бо таъаллум ва табаъият аз онон; Зеро росихони дар илм барои касоне ки таъаллум ва табаъият аз онон доранд, ба росихони дар илм барои онон боз мегардад ва фуруъи бар он аст. Аз ин рӯ, дар ривояти дигаре аз Амири Мӯъминон, «Росихони дар илм» касоне дониста шудаанд ки ба ҷаҳли худ дар бораи бархӣ мавзӯъот иқрор доранд ва аз таъаммуқ дар чизе ки ба донистани кунҳи он таклиф нашудаанд мепардозанд; Чунонки омадааст: «اعْلَمْ أَنَّ الرَّاسِخِينَ فِي الْعِلْمِ هُمُ الَّذِينَ أَغْنَاهُمْ عَنِ اقْتِحَامِ السُّدَدِ الْمَضْرُوبَةِ دُونَ الْغُيُوبِ، الْإِقْرَارُ بِجُمْلَةِ مَا جَهِلُوا تَفْسِيرَهُ مِنَ الْغَيْبِ الْمَحْجُوبِ، فَمَدَحَ اللَّهُ تَعَالَى اعْتِرَافَهُمْ بِالْعَجْزِ عَنْ تَنَاوُلِ مَا لَمْ يُحِيطُوا بِهِ عِلْمًا، وَسَمَّى تَرْكَهُمُ التَّعَمُّقَ فِيمَا لَمْ يُكَلِّفْهُمُ الْبَحْثَ عَنْ كُنْهِهِ رُسُوخًا»[7]; «Бидон росихони дар илм касоне ҳастанд ки иқрорашон ба надонистани тафсири чизе ки дар пардаи ғайб аст, ононро аз кӯшиш барои гушудани дарҳои бастаи ғайб бениёз кардааст. Пас Худованди баландмартаба эътирофи онон ба нотавонишон аз дарёфти чизе ки дар ҳийтаи илмашон нестро сутуда ва худдоришон аз таъаммуқ дар чизе ки ононро ба ҷустуҷӯи кунҳи он таклиф накардаро русухи (дар илм) номидааст».

↑[1] . Сафор, Басоъирул Дараҷот, с28; Кулайнӣ, Ал-Кофӣ, ҷ1, с34
↑[2] . Муфид, Ал-Ихтисос, с222
↑[3] . Ибни Саъд, Ал-Табақотул Кубро, ҷ2, с346; Табаронӣ, Ал-Мӯъҷамул Кабир, ҷ6, с213
↑[4] . Сафор, Басоъирул Дараҷот, с45; Кулайнӣ, Ал-Кофӣ, ҷ1, с401
↑[5] . Нисоъ/ 162
↑[6] . Наҳҷул Балоға, Хутбаи 144
↑[7] . Наҳҷул Балоға, Хутбаи 91
Шумораи таълиқ: 1 Нависандаи таълиқ: Салмон Тарихи таълиқ: 31/8/2019

Бо эҳтиром, далили истифодаи ёрони ҳазрати аллома аз лафзи «Аллома» барои ёд намудан аз эшон чист? Оё саҳиҳ аст ки дар бархӣ манобеи ривойи, матолибе дар наҳй аз истеъмоли ин вожа дорем?

Посух ба таълиқи: 1 Тарихи посух ба таълиқ: 4/9/2019

Лафзи «Аллома» ба маънои олими бузур ва барҷаста аст ва далиле барои ҳурмати итлоқи он бар ғайри маъсум вуҷуд надорад; Чароки ғайри маъсум ҳам метавонад бо таъаллум ва табаъият аз маъсум, олимӣ бузург ва барҷаста шавад; Чунонки дар ривояте омадааст: «دَخَلَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّی اللَّهُ عَلَیْهِ وَآلِهِ وَسَلَّمَ الْمَسْجِدَ فَإِذَا جَمَاعَةٌ قَدْ أَطَافُوا بِرَجُلٍ، فَقَالَ: مَا هَذَا؟ فَقِيلَ: عَلَّامَةٌ، فَقَالَ: وَمَا الْعَلَّامَةُ؟ فَقَالُوا لَهُ: أَعْلَمُ النَّاسِ بِأَنْسَابِ الْعَرَبِ وَوَقَائِعِهَا وَأَيَّامِ الْجَاهِلِيَّةِ وَالْأَشْعَارِ الْعَرَبِيَّةِ، فَقَالَ النَّبِيُّ صَلَّی اللَّهُ عَلَیْهِ وَآلِهِ وَسَلَّمَ: ذَاكَ عِلْمٌ لَا يَضُرُّ مَنْ جَهِلَهُ وَلَا يَنْفَعُ مَنْ عَلِمَهُ»[1]; «Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ба масҷид дохил шуд ва дид ки ҷамоъат, гирди мардеро гирифтаанд, пас фармуд: Чи хабар аст? Гуфтанд: Алломае аст, фармуд: Муродатон аз аллома чист? Гуфтанд: Олимтарини мардум ба насабҳои Араб ва вақоъи он ва торихи ҷоҳилият ва ашъори Арабӣ, пас Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фармуд: Ин илме аст ки надоштанаш заразе намерасонад ва доштанаш суде намерасонад» Ва нафармуд ки итлоқи ин лафз бар ғайри маъсум ҷойиз нест. Аз ин рӯ, ҳамаи мусалмонон –хоҳ шиъа ва хоҳ аҳли суннат– ин лафзро бар бархӣ олимони худ итлоқ кардаанд; Монанди аллома Ҳиллӣ, аллома Аминӣ, аллома Таботабоӣ, аллома Ҷаъфарӣ ва ... дар миёни шиъа ва аллома Нававӣ, аллома Зийлаъӣ, аллома Суютӣ, аллома Иқбол ва ... дар миёни аҳли суннат, беонки эътирози касеро барангеха бошад. Аз инҷо дониста мешавад ки эътирози бархӣ ба итлоқи ин лафз бар ҷаноби Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳулоҳ таъоло, аз ҷойи дигаре бархоста ва он ҳамоно адами иқрори ин ҳасудон ва мутакаббирон ба шаън ва мақоми илмии ин олими ҷалилул қадр аст ки бо ҳикмат ва мавъизаи ҳасана, ононро аз парастиши тоғут боз медорад ва ба парастиши Худованди ягона дар партуви ақл ва ба дур аз тақлид, таъассуб ва хурофагароӣ даъват мекунад; Чунонки шайх Солеҳи Сабзаворӣ дар дарси сиву нӯҳум аз шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом», пас аз ишора ба ҷилваҳойе аз азимати илмии ин олими бузург ва барҷаста гуфтааст:

<Бо ин ҳама, касоне ҳам ёфт мешаванд ки ба мо айб мегиранд ва мегӯянд ки чаро ба ин мард «Аллома» мегӯйед?! «Аллома» ба маънои мардӣ бисёр олим аст ва инҳо мӯътақиданд ки набояд бар ин бузургвор итлоқ шавад! Дуъонависҳо ва истихорачиҳо ва равзахонҳои инҳо ҳамагӣ «Ҳуҷҷатул Ислом» ва «Оятуллоҳ» ҳастанд, вале ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ки маъдани улуми Раббони ва махзани маъорифи Раҳмония аст, «Аллома» нест! Маълум аст ки инҳо бисёр тангназар ва кӯтоҳфикранд ва аслан нафаҳмидаанд ки чи хабар аст! Инсон бояд садоқат дошта бошад ва ҳаққро бигӯяд ва набояд мутакаббир ва лаъим бошад! Оё ин бузургвор марди бисёр олиме нест?!>

↑[1] . Кулайнӣ, Ал-Кофӣ, ҷ1, с32; Ибни Бобувей, Маъониул Ахбор, с141; Ибни Идрис, Мустатрафотул Сароъир, с626; Ибни Абдубир, Ҷамъ Байнул Илм Ва Фазила, ҷ2, с23