Нависандаи пурсиш: Ризо Розӣ Тарихи пурсиш: 3/9/2016

Ҳукми издивоҷ бо дуҷинсаҳо чист? Равиши ташхиси [ҷинсияти онҳо] чи тавр аст? Таклифи онҳо дар ҷомеъа чи мешавад? Амали тағйири ҷинсият ҷойиз аст?

Посух ба пурсиши шумораи: 9 Тарихи посух ба пурсиш: 7/9/2016

Ба инсоне ки ҳар ду олоти таносулӣ мардона ва занонаро дорад, дар истилоҳ «Хунасо» мегӯянд ва ӯ бар ду гуна аст: Инсоне ки яке аз ду олоти таносулӣ дар ӯ намуд ва коркарди бештаре дорад, монанди инки пешоб аз он бештар ё пештар хориҷ мешавад ва ба ӯ дар истилоҳ «Хунасои ғайри мушкил» мегӯянд ва инсоне ки яке аз ду олоти таносулӣ дар ӯ намуд ва коркарди бештаре надорад, монанди инки пешоб аз он бештар ё пештар хориҷ намешавад ва ба ӯ дар истилоҳ «Хунасои мушкил» мегӯянд.

«Хунасои ғайри мушкил» бино бар намуд ва коркарди яке аз ду олоти таносулиаш ба яке аз ду ҷинс мулҳақ мешавад ва табъан метавонад бо ҷини дигар издивоҷ кунад, вале «Хунасои мушкил» дар сурате ки сойири хусусиёти яке аз ду ҷинс монанди ҳайз ва пистони занона ё эҳтилом ва риши мардонаро дошта бошад, бино бар он ва дар ғайри ин сурат, бино бар қуръа ба яке аз ду ҷинс мулҳақ мешавад; Зеро қуръа дар Ислом барои тарҷеҳи чизе аст ки мураҷҷаҳе надорад ва метавонад кошиф аз ҳукми воқеъӣ бошад; Чунонки Худованд дар бораи Юнус алайҳи салом фармудааст: ﴿فَسَاهَمَ فَكَانَ مِنَ الْمُدْحَضِينَ[1]; «Пас қуръа андохт ва аз бозандагон шуд» Ва дар бораи Закариё алайҳи салом фармудааст: ﴿وَمَا كُنْتَ لَدَيْهِمْ إِذْ يُلْقُونَ أَقْلَامَهُمْ أَيُّهُمْ يَكْفُلُ مَرْيَمَ وَمَا كُنْتَ لَدَيْهِمْ إِذْ يَخْتَصِمُونَ[2]; «Ва ту назди онон набудӣ ҳангоме ки қаламҳои худро (барои қуръакашӣ) меандохтанд то кадомашон Марямро кафолат кунад ва ту назди онон набудӣ ҳангоме ки низоъ мекарданд»; Ҳамчунонки дар ривоёти мутавотир бар эътибори он дар ин қабил умур таъкид шуда ва ба унвони намуна омадааст: «کُلُّ مَجْهُولٍ فَفِیهِ الْقُرْعَةُ»; «Ҳар маҷҳуле дар он қуръа аст» Ва омадааст: «القُرْعَةُ لِکُلِّ أَمْرٍ مُشْتَبَهٍ»; «Қуръа барои ҳар амри муштабаҳе аст» Ва ин мубтанӣ бар он аст ки «Хунасо» дар Ислом ба унвони ҷинси севвум ба расмият шинохта нашуда, бал дар воқеъ яке аз ду ҷинс аст ки бо ҷинси дигар муштабаҳ шудааст; Чунонки яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт:

«سَأَلْتُ الْمَنْصُورَ عَنِ الْخُنْثَى، فَقالَ: إِنَّ اللّهَ تَعَالَى یَقُولُ: ﴿لِلَّهِ مُلْكُ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ ۚ يَخْلُقُ مَا يَشَاءُ ۚ يَهَبُ لِمَنْ يَشَاءُ إِنَاثًا وَيَهَبُ لِمَنْ يَشَاءُ الذُّكُورَ ۝ أَوْ يُزَوِّجُهُمْ ذُكْرَانًا وَإِنَاثًا ۖ وَيَجْعَلُ مَنْ يَشَاءُ عَقِيمًا ۚ إِنَّهُ عَلِيمٌ قَدِيرٌ! أَتَرَى فِي هَذَا خُنْثَى؟! قُلْتُ: لا! قالَ: فَذَلِكَ خَلْقٌ غَیَّرَهُ الشَّیْطانُ فَأَلْحِقُوهُ بِأَحَدِ الْجِنْسَیْنِ مَا اسْتَطَعْتُمْ فَإِنْ أَشْکَلَ عَلَیْکُمْ فَساهِمُوا»; «Аз Мансур дар бораи хунасо пурсидам, пас фармуд: Худованди баландмартаба мефармояд: <Ҳукумати осмонҳо ва замин барои Худованд аст, ҳар чи мехоҳад меофаринад, ба ҳар кас мехоҳад духтар мебахшад ва ба ҳар кас мехоҳад писар, ё писар ва духтар ҳар дуро барояшон ҷамъ мекунад ва ҳар касро мехоҳад нозир месозад, ҳароина Ӯ донойи тавоност>[3]! Оё дар ин (сухани Худованд) хунасо мебинӣ? Гуфтам: На! Фармуд: Пас он хилқате аст ки шайтон тағйираш додааст, пас онро то ҷойе ки метавонед ба яке аз ду ҷинс мулҳақ кунед, пас агар бар шумо мушкил шуд қуръа бияндозед»!

Ин ба маънои он аст ки «Хунасои мушкил» дар ҳайрат раҳо намешавад, балки –ҳар чанд бино бар қуръа– ба мардон ё занон мулҳақ мешавад ва сипас бидуни тафовуте бо онон дар ҳуқуқ ва таколифи шаръӣ, машмули ҳамаи аҳкоми онон дар абвобе монанди таҳорат, намоз, ҳаҷ, ҷиҳод, никоҳ, ирс, ҳудуд, қасос ва диёнат аст ва табъан узви дигари ӯ ба манзалаи гӯштӣ зиъоди маҳсуб мешавад; Чунонки яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт:

«سَأَلْتُ الْمَنْصُورَ عَنِ الْخُنْثَی الْمُشْکِلِ أُقْرِعَ لَهُ فَأُلْحِقَ بِالنِّساءِ، قالَ: إِنَّ اللّهَ قَدْ حَکَمَ فِیهِ فَلَهُ ما لَهُنَّ وَ عَلَیْهِ ما عَلَیْهِنِّ! قُلْتُ: کَیْفَ؟! وَ قَدْ یَکُونُ لَهُ قَضِیبٌ مِثْلُ قَضِیبِ الْحِمارِ! فَضَحِكَ مِنْ قَوْلي وَ قالَ: ما هُوَ إِلّا بِضْعَةٌ زائِدَةٌ»; «Аз ҳазрати Мансур дар бораи хунасои мушкил пурсидам ки барои ӯ қуръа андохта пас ба занон мулҳақ шудааст, фармуд: Ҳароина Худованд дар бораи ӯ ҳукм карда, пас барои ӯ ҳар чизе аст ки барои занон аст ва бар ӯҳдаи ӯ ҳар чизе аст ки бар ӯҳдаи занон аст! Гуфтам: Чигуна?! Дар ҳоле ки барои ӯ нарае монанди нараи хар аст! Пас аз сухани ман хандааш гирифт ва фармуд: Он ҷуз пораи гӯштӣ изофе нест»!

Оре, ривоёте расида ки саҳми «Хунасои мушкил» аз ирсро ниме аз саҳми мард ва ниме аз саҳми зан донистааст, вале ин ривоёт қобили илтизом нест; Зеро аз як сӯ дар таъоруз бо ривоёте аст ки мабнои таъйини саҳми чунин касеро қуръа дониста ва аз сӯӣ дигар дар таъоруз бо китоби Худованд аст; Бо таваҷҷуҳ ба инки дар китоби Худованд ҷуз барои мард ва зан саҳме аз ирс таъйин нашудааст ва бо ин васф, касе ҷуз ба унвони мард ё зан саҳме аз ирс намебарад; Чунонки яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт:

«سَأَلْتُ الْمَنْصُورَ عَنْ میراثِ الْخُنْثَى، فَقالَ: کانَ عَلِيٌّ عَلَیْهِ السَّلامُ یُوَرِّثُهُ مِنْ مَوْضِعِ مَبالِهِ! قُلْتُ: فَإِنْ جاءَ بَوْلُهُ مِنَ الْمَوْضِعَیْنِ؟ قالَ: یُوَرَّثُ مِنْ أَیِّهِما سَبَقَ! قُلْتُ: وَ إِنْ لَمْ یَسْبَقْ مِنْ أَحَدِهِما؟ قالَ: فَمِنْ أَیِّهِما اسْتَدَرَّ! قُلْتُ: فَإِنِ اسْتَدَرَّ مِنْهُما جَمِیعاً؟ قالَ: یُنْظَرُ إِلَیْهِ فَإِنْ حاضَ فَهُوَ امْرَأَةٌ وَ إِنِ احْتَلَمَ فَهُوَ رَجُلٌ! قُلْتُ: إِنَّهُ لا حَیْضَ لَهُ وَ لَا احْتِلامَ أَوْ یُکُونانِ لَهُ جَمِیعاً! قالَ: إِذا کانَ ذَلِكَ فَیُقْرِعُ لَهُ خَلِیفَةُ اللّهِ فِي الْأَرْضِ أَوْ عَبْدٌ صالِحٌ مِنْ مَوالِیهِ فَیَکْتُبُ عَلَى سَهْمٍ <عَبْدَ اللّهِ> وَ عَلَى سَهْمٍ <أَمَةَ اللّهِ> ثُمَّ یَذْکُرُ اللّهَ کَثِیراً وَ یُصَلِّي عَلَى نَبِیِّهِ وَ مَعَهُ طائِفَةٌ مِنَ الْمُؤْمِنینَ ثُمَّ یَقُولُ: <اللّهُمَّ أَنْتَ لا إِلهَ إِلّا أَنْتَ عالِمُ الْغَيْبِ وَ الشَّهادَةِ أَنْتَ تَحْكُمُ بَيْنَ عبادِكَ فِيما كانُوا فِيهِ يَخْتَلِفُونَ، فَبَيِّنْ لَنا أَمْرَ مَخْلُوقِكَ هَذَا كَيْفَ يُوَرَّثُ ما فَرَضْتَ لَهُ فِي كِتابِكَ؟>، ثُمَّ یُجِیلُ السِّهامَ فَیُوَرِّثُهُ عَلَى ما خَرَجَ! قُلْتُ: جُعِلْتُ فِداكَ إِنِّي سَأَلْتُ الْفُقَهاءَ عَنْ ذلك فَخالَفُوكَ وَ قالُوا: لَهُ نِصْفُ میراثِ الرَّجُلِ وَ نِصْفُ میراثِ الْمَرْأَةِ! قالَ: لَیْسَ فِي کِتابِ اللّهِ نِصْفُ میراثِ الرَّجُلِ وَ نِصْفُ میراثِ الْمَرْأَةِ وَ لَكِنْ فِیهِ ﴿لِلذَّكَرِ مِثْلُ حَظِّ الْأُنْثَيَيْنِ! فَلَوْ أَنَّ هَؤُلَاءِ اتَّبَعُونِي لَحَمَلْتُهُمْ عَلَى کِتابِ اللّهِ وَ فِیهِ تِبْیانٌ لِكُلِّ شَيْءٍ وَ لَكِنَّهُمْ عَصَوْنِي وَ اتَّبَعُوا أَمْرَ كُلِّ جَبَّارٍ عَنِيدٍ! ثُمَّ قالَ: کُلُّ حَدِیثٍ لا یُوافِقُ کِتابَ اللّهِ فَهُوَ باطِلٌ»; «Аз ҳазрати Мансур дар бораи мероси хунасо пурсидам, пас фармуд: Алӣ алайҳи салом ӯро аз ҷойи бувлаш мерос медод! Гуфтам: Пас агар бувлаш аз ҳар ду ҷо биёяд? Фармуд: Аз ҳар як аз он ду ки пешӣ мегирад! Гуфтам: ва агар аз ҳеҷ як пешӣ нагирад? Фармуд: Аз ҳар як аз он ду ки (бо шиддати бештаре) равон шавад! Гуфтам: Ва агар аз ҳар ду (бо шиддати яксоне) равон шавад? Фармуд: Ба ӯ назар мешавад, пас агар ҳоъиз шуд зан аст ва агар муҳталим шуд мард аст! Гуфтам: Ӯ на ҳайз дорад ва на эҳтилом ё ҳар дуро бо ҳам дорад! Фармуд: Агар чунин аст пас халифаи Худованд дар замин ё бандаи солеҳе аз ёронаш барои ӯ қуръа меандозад, (ба ин тартиб ки) бар як гузина менависад <Бандаи Худо> ва бар гузинаи дигар менависад: <Канизи Худо>, сипас Худоро бисёр ёд мекунад ва бар Паёмбараш дуруд мефиристад, дар ҳоле ки шуморе аз мӯъминон бо ӯ ҳастанд, сипас мегӯяд: <Худовандо! Ҳеҷ Худойе ҷуз Ту нест, Ту олими ба пинҳон ва ошкор ҳастӣ! Ту миёни бандагонат дар бораи чизе ки дар он ихтилоф мекунанд ҳукм мефармойи, пас барои мо кори ин офаридаатро рӯшан кун ки чигуна чизе ки дар китобат барои ӯ таъйин кардаиро мерос мебарад?> Сипас гузинаҳоро меомезад, пас ӯро бино бар гузинае ки берун меояд мерос медиҳад! Гуфтам: Фидоят шавад, ман аз фуқаҳо дар ин бора суъол кардам, пас онҳо бо ту мухолифат карданд ва гуфтанд: Барои ӯ ниме аз саҳми мард ва ниме аз саҳми зан аст! Фармуд: Дар китоби Худованд ниме аз саҳми мард ва ниме аз саҳми зан вуҷуд надорад, вале дар он аст: <Барои мард монанди саҳми ду зан аст>[4]! Пас агар онҳо аз ман пайравӣ мекарданд ҳароина онҳоро ба китоби Худованд во медоштам ва дар он баёне барои ҳар чизе аст, вале онҳо аз ман рӯй гирифтанд ва аз амри ҳар ҷаббори саркаше пайравӣ карданд! Сипас фармуд: Ҳар ҳадисе ки бо китоби Худованд созгорӣ надорад ботил аст»!

Аммо бардоштани узви дигар пас аз таъйини ҷинсият бино бар аммора ё қуръа, ҳаргоҳ бидуни хатари ҷонӣ мумкин бошад, ишколе надорад; Чароки он пас аз таъйини ҷинсият, «بِضْعَةٌ زائِدَةٌ»; «Пораи гӯштӣ изофӣ» маҳсуб мешавад ва табъан бардоштанаш тағйири хилқати Худованд маҳсуб намешавад, балки бино бар гуфтори ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ арвоҳуно фидо, «فَذَلِكَ خَلْقٌ غَیَّرَهُ الشَّیْطانُ»; «Он хилқате аст ки шайтон тағйираш додааст» Ва бо ин васф, бардоштани он на танҳо тағйири хилқати Худованд нест, балки бозгардондани хилқати Худованд ба ҳолати аслӣ ва табиъӣ аст. Оре, бардоштани яке аз ду узв пеш аз таъйини ҷинсият бино бар аммора ё қуръа, ҷойиз нест; Чароки ҳар як аз ду узв пеш аз таъйини ҷинсият, метавонад узви воқеъӣ бошад ва бардоштани узви воқеъӣ, «Мусла» маҳсуб мешавад ва ҷойиз нест; Ҳамчунонки тағйири ҷинсият барои касе ки ҷинсияти ӯ маълум аст, тағйири хилқати Худованд маҳсуб мешавад ва корӣ шайтонӣ аст.

↑[1] . Соффот/ 141
↑[2] . Оли Имрон/ 44
↑[3] . Шӯро/ 49 ва 50
↑[4] . Нисоъ/ 11
Шумораи таълиқ: 1 Нависандаи таълиқ: Форсон Тарихи таълиқ: 7/9/2016

Суъоле ки матраҳ шуда бештар дар мавриди буъди ҷисмонии ин афрод ва мушкили буъди ҷисмонии онҳо мебошад. Дар мавриди касоне ки буъди ҷисмонии онҳо мушаххас аст, аммо аз назари руҳӣ худро мутаъаллиқ ба ҷинси дигар медонанд чи вазъе ҳоким аст? Масалан фарде аз назари ҷисмӣ солим ва мард аст, аммо аз назари руҳӣ ва равонӣ дӯст дорад зан бошад ва ҳолоту рафтор ва атвори занонаро меписандад ва аз ӯ сар мезанад.

Посух ба таълиқи: 1 Тарихи посух ба таълиқ: 12/9/2016

Милоки ҷинсият дар Ислом олоти таносулӣ аст ва бо ин васф, касе ки олоти таносулии мардро дорад, шаръан мард маҳсуб мешавад, агарчи ба далили бархӣ бемориҳои руҳӣ ё ҳурмунӣ, эҳсосоти занона дошта бошад ё дӯст бидорад ки зан бошад. Ин ба маънои он аст ки тағйири ҷинсияти чунин касе бо лиҳози эҳсосот ва алоқаи ӯ ваҷҳе надорад, бал воҷиб тағйири эҳсосот ва алоқаи ӯст ки чи басо аз тариқи пизишкӣ ё равонпизишкӣ мумкин аст.

Оре, доштани эҳсосоти занона ва алоқа ба зан будан, метавонад аз тавонойии руҳии чунин касе барои анҷоми бархӣ корҳои мардона монанди ҷиҳод ва идораи хонавода бикоҳад, вале ин низ далиле барои ҷавози тағйири ҷинсияти ӯ намешавад; Чароки аз савияӣ бисёре аз мардон ба далили тарсу будан ё заъфи ҷисмӣ ё сафоҳат, қодир ба ҷиҳод ва идораи хонавода нестанд ва бо ин ҳол, шаръан мард маҳсуб мешавад ва тағйири ҷинсият барои онон ҷойиз нест ва аз сӯӣ дигар бисёрӣ аз занон тавонойии ҷиҳодро касб мекунанд ва аз ӯҳдаи идораи хонавода дар ғиёби сарпараст бар меоянд ва бо ин васф, доштани эҳсосоти занона ё алоқа ба зан будан, лузуман ба маънои нотавонӣ аз ҷиҳод ва идораи хонавода нест.

Ҳосил онки ин қабил афрод бояд барои эҳсосот ва алоқаи худ тадбире бияндешанд, на инки олоти таносулии худро қатъ кунанд; Чароки қатъ кардани олоти таносулӣ, «Мусла» маҳсуб мешавад ва тағйири ҷинсият, тағйри хилқати Худованд ва ҳеҷ як дар Ислом ҷавоз надорад.