Нависандаи пурсиш: Ризо Розӣ Тарихи пурсиш: 3/9/2016

Оё барои масси Қуръон воҷиб аст вузу гирифта шавад? Масси номи Паёмбар ва аҳли байти Ӯ чи тавр?

Посух ба пурсиши шумораи: 2 Тарихи посух ба пурсиш: 4/9/2016

Масси Қуръон бидуни таҳорати шаръӣ ҷойиз нест; Ба далили зоҳири сухани Худованд ки фармудааст: ﴿لَا يَمَسُّهُ إِلَّا الْمُطَهَّرُونَ[1]; «Ҷуз покизагон онро мас намекунанд» Ва ба далили умуми сухани Худованд ки фармудааст: ﴿وَمَنْ يُعَظِّمْ شَعَائِرَ اللَّهِ فَإِنَّهَا مِنْ تَقْوَى الْقُلُوبِ[2]; «Ва ҳар кас шаъоири Худовандро бузург дорад, он аз тақвои дилҳост»; Ҳамчунонки эҳтиёти воҷиб дар тарки масси ﴿اسْمُ اللَّهِ бидуни таҳорати шаръӣ аст; Чароки он қадосати хоссе дар дин дорад; Чунонки яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт:

«ما وَجَدْتُ اللّهَ فِي صَدْرِ عَبْدٍ أَعْظَمَ مِنْهُ فِي صَدْرِ الْمَنْصُورِ فَسَمِعْتُهُ یَقُولُ: لَیَنْبَغِي لِمَنْ یَذْکُرُ اسْمَ اللّهِ عَلَى غَیْرِ وُضوءٍ أَنْ یُضْرَبَ عُنُقُهُ وَ لَكِنَّ اللّهَ قَدْ عَفَى عَنْهُ»; «Худовандро дар синаи бандаи азимтар аз ӯ дар синаи Мансур наёфтам, пас шунидам ки мефармояд: Ҳароина барои касе ки номи Худовандро бидуни вузу мебарад шойиста аст ки гарданаш зада шавад, вале Худованд ӯро авф фармудааст»!

Оре, масси номи Паёмбар ва аҳли байти Ӯ бидуни таҳорати шаръӣ –бино бар асли ибоҳа– ҷойиз аст, ҳар чанд тарки он аз боби бузургдоши шаъоири Худованд, некуст.

↑[1] . Воқеъа/ 79
↑[2] . Ҳаҷ/ 32