Нависандаи пурсиш: Ризвон Тарихи пурсиш: 25/8/2016

Оё эшон дар шаройити феълӣ таъаддуди завҷотро ба салоҳ медонанд. Бо таваҷҷуҳ ба инки дар бархӣ кишварҳои Исломӣ ба далили ҷанг, теъдоди занони бесарпараст зиёд шуда ва дар бархӣ кишварҳо ҳам ба далили мушкилоти иҷтимоъӣ ва иқтисодӣ мизони издивоҷ коҳиш ва мизони талоқ афзойиш ёфтааст. Агар салоҳ медонанд роҳкори иҷройи он чист?

Посух ба пурсиши шумораи: 8 Тарихи посух ба пурсиш: 28/8/2016

Ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло мутиъи Парвардигори ҷаҳон аст ва табъан наметавонад чизеро ба салоҳ надонад ки Парвардигори ҷаҳон ба салоҳ донистааст. Ҷавози таъаддуди завҷот яке аз аҳкоми Ислом аст ки ба сароҳат дар китоби Худованд омада ва танҳо шарти он адами хавф аз беадолатӣ аст; Чунонки фармудааст: ﴿وَإِنْ خِفْتُمْ أَلَّا تُقْسِطُوا فِي الْيَتَامَى فَانْكِحُوا مَا طَابَ لَكُمْ مِنَ النِّسَاءِ مَثْنَى وَثُلَاثَ وَرُبَاعَ ۖ فَإِنْ خِفْتُمْ أَلَّا تَعْدِلُوا فَوَاحِدَةً أَوْ مَا مَلَكَتْ أَيْمَانُكُمْ ۚ ذَلِكَ أَدْنَى أَلَّا تَعُولُوا[1]; «Ва агар метавонед ки дар бораи ятимон (дар сурати издивоҷ бо онон) адолат наварзед, пас бо ҳар чи аз занони (дигар) ки хуш доред ду то ва се то ва чаҳор то издивоҷ кунед, пас агар метарсед ки (дар бораи онон ҳам) адолат наварзед пас (ба) яке ё чизе ки (аз канизон) молик шудаед (басанда кунед), ин наздиктар аст ба онки ситам накунед» Ва рӯшан аст ки мабнои ташриъи аҳком дар Ислом масолеҳи ҳақиқии ҷомеъа аст ва бо ин васф, ҷомеъа ба таъаддуди завҷот ниёз дорад ва ҷуз бо он ислоҳ намешавад ва агар ҷуз ин буд, Худованд онро ташриъ намекард; Чунокни ба унвони намуна, вуҷуди занони муталлақа ва бесарпараст дар ҷомеъа маншаъи бисёрӣ аз ҷароъим, мафосид ва осебҳои иҷтимоъӣ аст, дар ҳоле ки шумори камтаре аз мардон ба издивоҷ бо онон рағбат мекунанд ва аз ин рӯ, таъаддуди завҷот муносибтарин роҳкор барои таъмини ниёзҳои онон ва коҳиши ҷароъим, мафосид ва осебҳои иҷтимоъӣ аст; Машрут ба инки ҳамроҳ бо адолат бошад ва мурод аз адолат риъояти тасовӣ миёни онон дар нафақа ва ҳамхобагӣ аст.

Ин дар ҳоле аст ки мутаъассифона бисёрӣ аз ҷавомеъи мусалмон таҳти таъсири илқоъоти кофирон, таъаддуди завҷотро корӣ ношойист пиндоштаанд ва мавонеъи бисёре бар сари роҳи он қарор додаанд, то ба хиёли худ аз мафосиди он пешгирӣ кунанд, дар ҳоле ки ба мафосиди бузуграте дучор омадаанд! Ин ҷавомеъи бадбахт ки ба рӯшанӣ аз Ислом фосила гирифтаанд ва ба кофирон наздик шудаанд, ба пайравӣ аз аҳвоъи худ шурути дигареро бар шарти адолат афзудаанд ки Худованд онҳоро мӯътабар надонистааст, дар ҳоле ки барои онон шойиста буд ба шарте ки Худованд мӯътабар донистааст басанда кунанд; Чароки Худованд маслиҳати ононро беҳтар аз худашон мешиносад; Чунонки фармудааст: ﴿وَعَسَى أَنْ تَكْرَهُوا شَيْئًا وَهُوَ خَيْرٌ لَكُمْ ۖ وَعَسَى أَنْ تُحِبُّوا شَيْئًا وَهُوَ شَرٌّ لَكُمْ ۗ وَاللَّهُ يَعْلَمُ وَأَنْتُمْ لَا تَعْلَمُونَ[2]; «Ва чи басо чизеро хуш намедоред дар ҳоле ки он хайре барои шумост ва чи басо чизеро хуш медоред дар ҳоле ки он шарре барои шумост ва Худованд медонад ва шумо намедонед» Ва фамрудааст: ﴿فَلَا تَضْرِبُوا لِلَّهِ الْأَمْثَالَ ۚ إِنَّ اللَّهَ يَعْلَمُ وَأَنْتُمْ لَا تَعْلَمُونَ[3]; «Пас барои Худованд масал назанед! Ҳароина Худованд медонад ва шумо намедонед»!

Албатта рӯшан аст ки таъаддуди завҷот воҷиб нест ва зоҳиран мустаҳаб низ шумурда намешавад, вале бидуни шак мубоҳ аст; Магар барои марде ки қодир ба таъмини нафақаи завҷот ё риъояти адолат миёни онон ё нигоҳ доштани онон бидуни фиребкорӣ ва дурӯғ нест; Бо таваҷҷуҳ ба инки таъмини нафақаи онон ва риъояти адолат миёнашон воҷиб ва фиребкорӣ ва дурӯғ ҳаром аст. Бинобарин, мардӣ муҷоз ба ихтиёри ду ё се ё чаҳор ҳамсар аст ки аввалан қодир ба таъмини нафақаи онон бошад; Сониян қодир ба риъояти адолат миёни онон дар нафақа ва ҳамхобигӣ бошад; Солисан қодир ба нигоҳ доштани онон бидуни фиребкорӣ ва дурӯғ бошад.

Аммо роҳкори иҷройи барои ин кор, ислоҳи нигариши мардум ба наҳве аст ки аз як сӯ масолеҳи мавҷуд дар ин корро дарк кунанд ва дар баробари ҳукми Худованд таслим шаванд ва аз хоҳишҳои кофирон ва ҷоҳилон табаъият накунанд ва аз сӯӣ дигар онро ба бастаре барои зулм, фиребкорӣ ва дурӯғ дар хонавода ва ҷомеъа мубаддал насозанд.

↑[1] . Нисоъ/ 3
↑[2] . Бақара/ 216
↑[3] . Наҳл/ 74
Шумораи таълиқ: 1 Нависандаи таълиқ: Раҳмони Тарихи таълиқ: 8/2/2019

Дар идомаи пурсиш ва посухи 173, оё ризояти ҳамсар ё ҳамсарони қаблӣ барои издивоҷҳои баъдӣ, аз шурути лозим аст?

Посух ба таълиқи: 1 Тарихи посух ба таълиқ: 10/2/2019

Чунонки дар боло тавзиҳ дода шуда, таъаддуди завҷот ба се шарт ҷойиз аст: Тавони таъмини нафақаи онон, тавони адолат миёни онон дар нафақа ва ҳамхобагӣ ва тавони нигоҳ доштани онон бидуни фиребкорӣ ва дурӯғ. Бинобарин, ризояти завҷа ё завҷоти қаблӣ барои издивоҷи баъдӣ шарт нест, вале воқеъ ин аст ки нигоҳ доштани онон бидуни фиребкорӣ ва дурӯғ, ҷуз бо иттилоъ ва ризояти онон муяссар намешавад. Аз ин рӯ, мард барои издивоҷи баъдӣ амалан ногузир ба ҷалби ризояти завҷа ё завҷоти қаблӣ аст то битавонад бидуни фиребкорӣ ва дурӯғ ва албатта бо созгорӣ ва ҳусни муъошират ононро нигоҳ дорад. Бинобарин, ризояти завҷа ё завҷоти қаблӣ, шарти ҷавози издивоҷи баъдӣ нест, вале метавонад лозимаи шарти ҷавози он бошад.