Нависандаи пурсиш: Аҳмад Тарихи пурсиш: 7/8/2016

Назари мубораки оқоямон дар хусуси тавофи нисоъ чист? Агар касоне аз бархӣ мазоҳиб ин тавофро анҷом надиҳанд оё ҳамсаронашон барои онон ҳаром мешаванд? Дар ин сурат, таклифи кӯдаконе ки аз онҳо ба дунё меоянд чист?

Дигар инки оё мақоми ҳазрати Иброҳим алайҳи салом ҳақиқат дорад? Ва зиёрати он воҷиб аст?

Бо ташаккури фаровон

Посух ба пурсиши шумораи: 4 Тарихи посух ба пурсиш: 13/8/2016

Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:

1.Тавофи дуввум дар поёни маносики ҳаҷ ва тибқи бархӣ ривоёт дар поёни маносик умра ба ҷуз умраи таматтуъ, бино бар назари аҳли байти Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам аст ва назари онон бино бар ҳадиси Сақалайн кошиф аз назари Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам аст ва табъан ҳуҷҷат маҳсуб мешавад; Хусусан бо таваҷҷуҳ ба сухани Худованд ки фармудааст: ﴿ثُمَّ لْيَقْضُوا تَفَثَهُمْ وَلْيُوفُوا نُذُورَهُمْ وَلْيَطَّوَّفُوا بِالْبَيْتِ الْعَتِيقِ[1]; «Сипас бояд олудагиҳошонро бизудоянд ва назрҳошонро вафо кунанд ва хонаи кӯҳнаро тавоф намоянд», бо таваҷҷуҳ ба инки аз як сӯ зудудани олудагиҳо шомили истифода аз бӯйи хуш, пас аз тавофи аввал ҳалол аст ва аз сӯӣ дигар «Татаввуф» ба такрори тавоф ишъор дорад ва он бо тавофӣ дигар пас аз тавофи аввал ҳосил мешавад; Чунонки яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт:

«سَمِعْتُ الْمَنْصُورَ الْهاشِميَّ الْخُراسانِيَّ یَقُولُ: لا یَتِمُّ حَجُّ أَحَدِهِمْ حَتَّى یَقْضِيَ تَفَثَهُ وَ یُوفِيَ نُذُورَهُ وَ یَطُوفَ بِالْبَیْتِ الْعَتِیقِ طَوافَیْنِ»; «Шунидам ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ мефармояд: Ҳаҷҷи ҳеҷ як аз онон тамом намешавад то он гоҳ ки олудагиҳояшро бизудояд ва назрҳояшро вафо кунад ва ду бор хонаи кӯҳнаро тавоф намояд»!

Ин тавофи дуввум дар ривоёти аҳли байти Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам «Тавофи нисоъ» номида шудааст; Зеро бино бар назари онон бо ин тавоф занон барои мардон ҳалол мешаванд, вале сойири уламои мазоҳиб онро бо ин ном нашинохтаанд, бал аз тавофе бо номи «Тавофи видоъ» ёд кардаанд ки ба назари бештари онон воҷиб аст, беонки нақше дар ҳалол шудани занон бар мардон дошта бошад; Чароки ба назари онон, ҳамаи муҳаррамоти ношӣ аз эҳром, бо тавофи аввал ҳалол мешаванд. Бо ин васф, ба назар мерасад ки «Тавофи нисоъ» ва «Тавофи видоъ», як амал бо ду номи мухталиф аст; Чунонки яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт:

«سَأَلْتُ الْمَنْصُورَ عَنْ طَوافِ النِّساءِ فَقالَ: واجِبٌ وَ کانَ عِنْدَهُ رَجُلٌ مِنَ الْمالِکِیَّةِ فَقالَ الرَّجُلُ: وَ ما طَوافُ النِّساءِ؟! فَقالَ لَهُ الْمَنْصُورُ: یُرِیدُ طَوافَ الْوِداعِ! قالَ الرَّجُلُ: أَهُوَ واجِبٌ؟! قالَ: نَعَمْ إِلّا عَلَی الْحائِضِ إِذا خافَتْ»; «Аз ҳазрати Мансур дар бораи тавофи нисоъ пурсидам, пас фармуд: Воҷиб аст, дар ҳоле ки марде аз Моликия назди ӯ буд, пас мард гуфт: Тавофи нисоъ чист? Ҳазрати Мансур ба ӯ фармуд: Манзураш тавофи видоъ аст! Мард гуфт: Оё он воҷиб аст?! Фармуд: Оре, магар бар зани ҳоъиз ҳаргоҳ (аз ҷо мондан) битарсад»!

Бинобарин, касоне ки ин тавофро анҷом медиҳанд, хоҳ онро «Тавофи нисоъ» биноманд ва хоҳ онро «Тавофи видоъ», ҳаҷҷи худро итмом мекунанд ва метавонанд ба ҳамсарони худ наздик шаванд, бал касоне ки онро аз рӯӣ ҷаҳл ба вуҷубаш анҷом намедиҳанд низ ба сабаби наздикӣ бо ҳамсарони худ зинокор нестанд; Чароки наздикӣ бо ҳамсар –ҳатто бо илми ба эҳром– зино маҳсуб намешавад, балки муҷиби каффора аст ва бо ин васф, бидуни шак фарзандони онон ҳалолзода ҳастанд; Чунонки яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт:

«سَأَلْتُ الْمَنْصُورَ عَنِ الرَّجُلِ یُجامِعُ أَهْلَهُ قَبْلَ أَنْ یَطُوفَ طَوافَ النِّساءِ، فَقالَ: یُهْرِیقُ دَماً وَ یَطُوفُ! قُلْتُ: إِنَّهُ قَدْ طافَ طَوافَ الْحَجِّ وَ هُوَ لا یَعْلَمُ طَوافَ النِّساءِ! قالَ: أَ یَعْلَمُ طَوافَ الْوِداعِ؟ قُلْتُ: نَعَمْ، قالَ: فَیَطُوفُ وَ لَیْسَ عَلَیْهِ شَيْءٌ»; «Аз ҳазрати Мансур дар бораи марде пурсидам ки бо ҳамсари худ наздикӣ мекунад пеш аз онки тавофи нисоъро анҷом диҳад, пас фармуд: Хуне мерезад ва тавоф мекунад! Гуфтам: Ӯ тавофи ҳаҷро анҷом додааст ва аз тавофи нисоъ огоҳӣ надорад! Фармуд: Оё аз тавофи видо огоҳӣ дорад? Гуфтам: Бале, фармуд: Пас тавофи мекунад ва бар ӯ чизе нест»!

2 . Мақоми Иброҳим алайҳи салом дар Масҷидул Ҳаром, аз оёти баййинот аст; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿فِيهِ آيَاتٌ بَيِّنَاتٌ مَقَامُ إِبْرَاهِيمَ[2]; «Дар он оёти баййиноте (чун) мақоми Иброҳим аст» Ва бар тавоф кунандагон воҷиб аст ки пушти онро намозгоҳ қарор диҳанд; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿وَاتَّخِذُوا مِنْ مَقَامِ إِبْرَاهِيمَ مُصَلًّى[3]; «Ва аз мақоми Иброҳим намозгоҳе бигиред», вале оё мавзеъи он дар замони Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам мавзеъи кунунӣ буд? Дар ин бора ду ривоят аст: Бино бар ривояте, мавзеъи он мавзеъи кунунӣ буд, вале дар замони Умар ибни Хаттоб ба сабаби селе ба Каъба пайваста шуд ва ӯ онро бино бар муҳосибаи марде ба номи Муталлиб ибни абӣ Вадоъаи Саҳмӣ ба мавзеъи он ки мавзеъи кунунӣ аст баргардонд[4] ва бино бар ривоятӣ дигар, мавзеъи он мавзеъи кунунӣ набуд, балки ба Каъба пайваста буд ва Умар ибни Хаттоб онро аз рӯӣ иҷтиҳоди худ, ба мавзеъи кунунӣ мунтақил кард[5]. Албатта ҳар як аз ин ду ривоят саҳиҳ бошад, намоз дар мавзеъи кунунӣ ишколе надорад; Чароки қатъан дар пушти мақоми Иброҳим алайҳи салом аст.

↑[1] . Ҳаҷ/ 29
↑[2] . Оли Имрон/ 97
↑[3] . Бақара/ 125
↑[4] . Азрақӣ, Ахбори Макка, ҷ2, с33
↑[5] . Молик ибни Анас, Ал-Мадунатул Каъба, ҷ1, с452; Муҳаммад ибни Аҳмади Маккӣ, Торихи Маккаи Мушаррафа, с128